Кори тарохони точик либосхои миллии точики 2017

Кори тарохони точик либосхои миллии точики 2017 thumbnail

Либоси миллии тоҷикон — либосе, ки мардуми тоҷик мепӯшиданд.

Либоси аҷдодони қадимтарини тоҷикон[вироиш]

Маълумотҳои қадима оид ба либоси аҷдодони қадимтарини тоҷикон дар асарҳои муаррихони юнонӣ ва чинӣ вомехӯранд. Бозёфтҳои археологӣ, суратҳои рӯи деворҳо ва тасвироти рӯи санг шаҳодат медиҳанд, ки аҷдодони тоҷикон аз давраи ташаккули таърихиашон дорои намудҳои гуногуни каллапӯшу кулоҳ ва предметҳои ороишу зебу зинати миллӣ будаанд. Тадқиқоти бозёфтҳо, хусусан материалҳои асри 19 ва аввали асри 20 гувоҳӣ медиҳанд, ки либоси тоҷикони қисми шимол ва ҷануби Тоҷикистони ҳозира аз якдигар андаке фарқ дошт. Ин фарқият ба иқтисодиёт ва шароити географӣ вобаста буд. Либоси занон аз курта, эзор, пойафзол, сарбанд, ороиши сару гардан, саргирак ва фаранҷию чашмбанд (асосан дар шимоли Тоҷикистон) иборат буд. Ду намуди курта маълум буд: якқад (тунико), ки ҳоло фақат дар деҳоти дурдаст пиразанҳо мепӯшанд ва камзулчадор, ки ҳоло ҳам мепӯшанд. Куртаи якқадро ду хел медӯхтанд: камартангу доманвасеъ ва дарозу доманаш каме васеъ, ки аз ду паҳлуяш тирез меандохтанд. Поёни куртаҳои дароз то ба буҷулаки по мерасид. Дар қисми шимоли Тоҷикистон як намуди куртаи расмӣ медӯхтанд, ки он чуртча ном дошт. Пушти ин хел куртаҳо якқад буда, камзӯлчаи пешаш чин-чин дӯхта ме шуд. Дар Тоҷикистон куртаҳои кӯтоҳ расм буд, ки вай куртаи таг ном дошт ва онро аз зери курта мепӯшиданд. Гиребоии куртаҳои занонаро ду хел медӯхтанд: пешкушод ё буғак. Куртаи гиребонаш пешкушодро асосан занҳои солхӯрда мепӯшиданд, ки он камарча ё тугма дошт. Куртаи гиребонаш буғакро духтарону арӯсону ҷавонзанон мепушиданд. Куртаҳои занона аз духтарона фақат бо дӯхти гиребон фарқ мекарданд. Гиребони чунин куртаҳо уфуқӣ бурида шуда, бо мағзи, зеҳгулу гулдӯзӣ оро дода мешуд. Дар ҷануби Тоҷикистон куртаҳои идона, туёна ва рӯзмарраро гул мепартофтанд ва юрмадӯзӣ мекарданд. Дар шимол гиребони курта ва баъзан домани онро юрма ё гулдӯзӣ мекарданд.

Пойафзоли миллӣ[вироиш]

Пойафзоли занона аз маҳсӣ, кафши чӯбин ва чармин иборат буд. Занон вақти кор баъзан чоруқу мӯза мепӯшиданд. Либоси тагпӯши мардон аз эзори дарози васеъ ва курта иборат буд. Буриш ва дӯхти курта дар ҳама ҷо як хел буда, фақат бо шакли гиребон фарқ мекард. Дарозии он одатан аз зону поён буд, вале барои ҷавонон кӯтоҳтар медухтанд. Гиребони куртаро уфуқӣ ё шоқулӣ, баъзан уфуқию шоқулӣ бурида, мағзӣ медавонданд ё шероза мечаспонданд. Дар шимоли Тоҷикистон куртаҳои гиребонбуғаки тугмадор расм буд. Дар аксари ноҳияҳои Тоҷикистон аз болои курта яктаҳ, ҷелаки беастар мепӯшиданд. Дар Қаротегин, Дарвоз, Яғноб, Мастчоҳ дар пеши ҷелак аз зер матои чоркунҷаи дарозрӯя медӯхтанд, ки он вазифаи куртаро адо мекард. Дар шимоли Тоҷикистон яктаҳҳои пешкушодро ба ҷои курта мепӯшиданд. Дар Помир ва баъзе қишлоқҳои Дарвоз аз рӯи курта камзӯлчаҳои кутоҳи беостин (васкат) мепӯшиданд. Ҷомаҳои серпахтаю кампахтаи абраю астардор, ки дар лаби доман, сар остинаш зеҳ мешинонданд, инчунин чакмани моҳутӣ, пашмин ва пӯстин либоси зимистона ҳисоб меёфтанд.

Замони шӯравӣ[вироиш]

Баъди ба Русия ҳамроҳ карда шудани Осиёи Миёна дар байни сокинони он, аз ҷумла тоҷикон, хелҳои нави пойафзол ва ғайра пайдо шуда, либоси аврупоӣ расм шуд. Ҳоло ҷои куртаҳои якқаду чакман, чоруқу мукиро палтою костюм, плащ, мӯзаю ботинка мегирад. Вале анъанаҳои беҳтарини либоси миллии тоҷикон такмил меёбанд ва аҳамияти худро гум накардаанд.

Нигаред ба аксҳо[вироиш]

Боз нигаред[вироиш]

  • Либос

Адабиёт[вироиш]

  • Пещерева Е.М., Домашняя и семейная жиэнь. Дар кит. Культура и быт таджикского колхозного крестьянства, «Тр. Ин-та этнографии АН СССР», т. 24, М.— Л., 1954;
  • Андреев М.С., Таджики долины Хуф, Сталинабад. 1958;
  • Ершов Н.Н. и Широкова 3.А., Альбом одежды таджиков, Д., 1969;
  • Широкова 3.А., Одежда. Дар кит. Таджики Каратегина и Дарваза, в. 2, 1970;
  • Рассудова Р.Я., Материалы по одежде таджиков верховьев Зеравшана. Дар кит. Традицнонная культура народов Передней и Средней Азии, Маҷ. МАЗ.

Сарчашма[вироиш]

Источник

Кори тарохони точик либосхои миллии точики 2017    Суннатҳои либосдўзию либоспўшии тоҷикон дорои мазмунҳои фарҳангию иҷтимоӣ ва асотирию эътиқодӣ мебошанд. Онҳо зинаҳои рушду тараққиёти ниёгони мардуми тоҷикро аз даврони бостон то ба имрўз дар худ инъикос кардаанд. Қабл аз ҳама гуфтан лозим аст, ки тоҷикон ба интихоби ранги либос таваҷҷуҳи махсус доранд. Аз замонҳои қадим ниёгони тоҷикон – суғдиёну бохтариён аз матоъҳои пахтагин ва баъдтар абрешимини сафедранг бештар либос медўхтанд. Ранги сафеди либос рамзи покию озодагӣ, беолоишӣ, бахти сапед ва сулҳу амониро ифода мекард.

    Дар баробари он дар рўзҳои  идҳои суннатию ҷашнҳои маишӣ ва рўзҳои хурсандӣ тоҷикон, ҳам марду ҳам зан, либосҳои рангаю гулдор ва мунаққашро ба бар мекарданд, ки он орзую омоли рангин ва хушбахтии мардумро бозтоб менамуд. Ин анъанаҳо дар тўли садсолаҳо мардуми тоҷикро ҳамроҳӣ карда, то ба имрўз омада расидаанд. Имрўзҳо низ либосҳои ҷашнии бонувони тоҷик бештар аз газвораҳои атласу адрас, шоҳӣ, матоъҳои гулдўзишуда, чакану гулбаст ва монанди инҳо дўхта мешаванд.

       Ба либосҳои занонаи миллии тоҷикӣ курта, пойҷома, камзўлча, калтача, ҷома, яктак, рўймол, тоқӣ, ҷуроб ва кафш дохил мешаванд. Куртаҳои  суннатии занона дорои остину домони дарозу кушод буда, гиребону нўги остинҳо ва қисми поении доманашон гулдўзӣ мешуданд. Аз таги куртаҳои гулдўзӣ пушидани пироҳани сафед маъмул буд, ки онро куртаи тагпўшӣ меномиданд. Дар водии Рашту Дарвоз ва Бадахшон ба куртаҳои занона шерозҳои пургули ранга часпонида мешуд. Баъзе ҳунармандон шерозҳоро дар худи матои курта ба воситаи даравшак медўхтанд. Махсусан, пеши барии куртаҳо пурра гулдўзӣ мешуд, ки он пешак ном дошт. Пойҷомаҳои бонувон кушоду дароз буда, то буҷулаки пой мерасид. Онҳоро аз матоъҳои читу карбос, атласу адрас ва беқасаб медўхтанд. Ба қисми поении пойҷома шероз ё ҷияки гулдўзишуда мечаспониданд.

Читайте также:  Вспышка кори в екатеринбурге 2016

      Дар шаҳрҳо занҳои нисбатан доро куртаҳои шоҳӣ, атласу кимхо ва камзўлу ҷомаҳои зардўзӣ мепўшиданд.

      Тоқиҳои занона дар ноҳияҳои шимоли кишвар чоркунҷа буда, дар водиҳои Ҳисору Рашт, вилояти Хатлону Бадахшон тоқиҳои гирд маъмул буданд. Тоқиҳои чамандигул, ироқӣ ва зардўзиро бештар духтарону наварўсон ба сар мегузоштанд. Занҳо тоқӣ пўшида, аз болои он ба сар рўймол мепартофтанд.

        Рўймолҳои шол, фаранг, заргаронӣ, рубаст хеле роиҷ буданд. Ҷавонон рўймолҳои рангашон равшан мебастанду занҳои калонсол рўймолҳои нисбатан торикрангро меписандиданд. Тарзу шеваи рўймолбандӣ дар минтақаву навоҳии кишвар гуногун мебошад. Ҷавондухтарон одатан рўймоли хурдро дуқат карда, ба сар гузошта, ду гўшаи онро ба қафои сар бурда, гиреҳ мекарданд. Занҳои миёнсол рўймоли калонро ба сар гузошта, ду канори онро ба қафо мепартофтанд. Усулҳои рўймолбандии таги манаҳ, пешонабанд, мушки бегиҷон, гирди сар, гўшгардон ва чанде дигар роиҷ буд.

        Либосҳои анъанавии мардона аз курта, таҳпўш, шалвор, яктак, ҷома, ҷелак, рўймоли миёнбанд, тоқӣ, салла, кафш, маҳсӣ, мўза ва чанде дигар иборат мебошад. Дар кўҳистон инчунин либоси болоии чакман ва пўстин низ маъмул аст.

         Куртаҳои мардонаи тоҷикӣ аз матои читу карбос дўхта шуда, сари гиребони онҳо гулдўзӣ мешуд. Қади онҳо камарро пўшондида, то ба рони пойҳо мерасид. Дарозии остини куртаҳо то банди даст расида, чандон кушод набуд. Куртаҳои пешина тугма надоштанд, гиребони онҳо васеъ буда, курта аз болои сар пўшида мешуд.

        Яктак як навъ либоси мардонаи болопўш буда, мисли ҷома пешаш кушода аст ва бо рўймол миёнашро мебастанд. Яктак асосан аз матои сўф ё карбоси сафед дўхта шуда, мардон онро дар фаслҳои гарм аз болои курта мепўшиданд ва дар зимистон аз зери ҷома ба бар мекарданд. Навъи дигари яктакро ҷелак меноманд, ки аз матоъҳои адрасу алоча ва беқасаб дўхта мешавад.

       Ҷомаи мардонаро маъмулан аз матоъҳои алоча, беқасаб, сатин ва шоҳӣ медўзанд. Дар байни абраю астари ҷома пахта гузошта, бо сўзан ба таври амудӣ лаганда карда мешавад. Аз болои ҷома бо рўймоли миёнбанд камари худро мебанданд.

     Кори тарохони точик либосхои миллии точики 2017

    Дар солҳои 1950-60 дар баробари либосҳои мардонаи суннатӣ либосҳои замонавии аврупоӣ ба истифода даромад ва то ба имрўз мардони тоҷик шиму костюм, курта, шим, джемпер, палто, боронӣ, кулоҳ, либосҳои варзишӣ ва монанди инҳоро ҳамарўза ба бар мекунанд.

      Либосҳои анъанавии мардуми тоҷик имрўзҳо низ дар деҳоти ноҳияҳои кишвар истифодаи васеъ доранд. Дар шаҳрҳо низ дар баробари либосҳои аврупоӣ либосҳои миллӣ мавқеи худро нигоҳ доштаанд. Аммо як андоза дар шаклу сохтор ва тарзи дўхти онҳо тағйирот ба вуҷуд омадаанд. Илова бар ин дар асоси либосҳои миллӣ сару либоси замонавӣ эҷод шудаанд, ки он, бегуфтугў, идомаи анъана вобаста ба шароити ҷаҳонишавӣ мебошад.

    Бозчоп аз Мероси фарҳанги ғайримоддӣ дар Тоҷикистон / Мураттиб: Д. Раҳимов; Муҳаррир Ш. Комилзода. – Душанбе: ЭР-граф, 2017. – С. 123-125.

Дар Китобхонаи миллӣ дар бораи либоси миллӣ боз метавонед ин мақолаҳоро низ бихонед:

 Раҳимова, М. Либоси миллӣ-арзиши миллӣ: Мақолаҳо оиди либосҳои миллӣ // Минбари халқ. – 2013. – 20 март.

Раҷабова, Д.Қ., Иброҳимов, М.Ф. Либоси миллии тоҷикон: таърих ва анъанаҳо // Мероси Ниёгон. – 2016. – №18. – С. 103-104.

Шодмон, С. Либоси миллӣ-шиносномаи миллат // Ҷумҳурият. – 2016. – 17 март.

Сафар, М. Либоси миллӣ эҳтироми он эҳтироми миллат низ ҳаст // Ҷумҳурият. – 2016. – 4 август.

Саидаҳмад, Ҳ. Либоси миллӣ-рукни муҳими фарҳанги миллӣ // Илм ва ҳаёт. – 2017. – №4. – С. 7-9.

Абдуқаҳхор, А. Либоси миллӣ-мубалиғи симои миллат // Баҳори Аҷам. – 2017. – 7 июн; Чархи гардун. – 2017. – 12 июл.

Хидирзода, М. Ҳикмати либоси миллиро бояд шинохт: Нақши занону модарон дар раванди арзишҳои миллию фарҳангӣ ва либоси миллӣ // Дин ва ҷомеа. – 2017. – №8. – С. 14-15.

Насрулло, К.  «… Тарки ному либоси миллӣ на исломро ғанитар мекунаду на моро мусулмонтар…»: Оиди фарҳанг ва либоси миллӣ // Дин ва ҷомеа. – 2017. – №8. – С. 16-18.

Комилзода, Ш., Зубайдӣ, А. ва диг. Ба арзишҳои миллӣ арҷ гузорем: Оиди фарҳанги либоси миллӣ // Минбари халқ. – 2017. – 2 август.

Комилзода, Ш., Зубайдӣ, А. ва диг. Арҷгузорӣ ба фарҳанги миллӣ: Оиди фарҳанги либосҳои миллӣ // Адабиёт ва санъат. – 2017. – 3 август.

Ҳасанова, О. Пироҳани тоҷикӣ зеботар аст: Оид ба либосҳои миллӣ // Набзи Қурғонтеппа. – 2017. – 22 август.

Читайте также:  Что обозначает имя кори

Холова, И. Ба фарҳанги миллӣ арҷ гузорем: Дар бораи либоси миллӣ // Набзи Қурғонтеппа. – 2017. – 22 август.

Аъзами, Х. Либоси миллӣ-рукни ҳуввияти миллӣ // Ҳақиқати Суғд. – 2017. – 12 сентябр.

Салим, М. Либоси миллӣ-муаррифгари фарҳанг: Суҳбати Нозукбибии Темур бо нависандаи шинохтаи тоҷик Маҷид Салим // Мароми пойтахт. – 2017. – 20 сентябр.

Амрохон, Ф. (Фарангис) Либоси миллӣ-шохае аз фарҳанги миллат // Субҳи Шаҳритуз. – 2017. – 22 сентябр.

Бобоева, Г. Либос-нишони фарҳанги воло: Оиди либоси миллӣ // Насими Исфара. – 2017. – 4 октябр.

Давлатов, И. Тарғиби либоси миллӣ ва пешгирии сару либоси ба фарҳанги мо бегона // Мавҷи Хингоб. – 2017. – №11. – ноябр.

 Нуъмонзода, М. Аз либоси миллӣ ифтихор мебояд // Садои мардум. – 2018. – 13 январ.

Шамсиддинзода, Ҳ. Либос-ифодагари фарҳанги миллист: Оиди либоси миллӣ // Мароми пойтахт. – 2018. – 17 январ.

Шукруллозода, Д. Либоси миллӣ ҷузъи худшиносии миллист: Оиди корҳои фаҳмондадиҳии масъулони ноҳияи Бохтар оиди либоси миллӣ // Ҷумҳурият. – 2018. – 18 январ.

Мирзоева, Р. Ҷомаи миллиро муаррифӣ мебояд: Либоси миллӣ // Садои мардум. – 2018. – 23 январ.

Саидзода, Ҷ. Либоси миллӣ ва фарҳанги либоспўшӣ: Доир ба эҳтиром гузоштани либоси миллӣ  ва фарҳанги миллӣ // Шуғл ва муҳоҷират. – 2018. – 2 феврал.

Ҳомид, Ҳ. Либоси миллӣ ифтихори миллист // Ҷумҳурият. – 2018. – 13 феврал.

Ватаншо, Г. Либоси миллӣ зеби миллат аст: Оид ба фарҳанги либоспўшӣ ва риояи он // Нақлиёт. – 2018. – 7 март.

Давлатова, Ҷ. Бояд нусхаи дигарон набошем: Мусоҳибаи  Д. Мирзо бо мудири кафедраи забон ва адабиёти тоҷикӣ Донишгоҳи омўзгории Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт бобати либоси миллӣ // Садои мардум. – 2018. – 8 март.

Ҳомид, Ҳ. Либоси миллӣ-рукни муҳими фарҳанги миллӣ: Доир ба либоспўшӣ ва либосҳои миллӣ // Бинокорон. – 2018. – 18 июл.

Қодирова, Ш. Рангинкамони пироҳани тоҷикӣ: Либос рукни чеҳрасози ҳар як миллат // Ҷумҳурият. – 2018. – 30 август.

Таҳияи Насиба Даниярова

корманди шуъбаи библиографияи миллӣ

Источник

Дар Тоҷикистон дастурамале таҳия шудааст, ки намуди либоси духтарону занонро дар фаслҳои сол, ҷашну идҳо ва маросими дигар танзим мекунад.

Ин дастурамал ҳосили кори се идораи давлатӣ – Вазорати фарҳанг, Кумитаи занон ва Кумитаи ҷавонон аст.Қарор аст, «Дастурамали либосҳои тавсиявӣ барои духтарон ва занони Тоҷикистон” моҳи оянда нашр шавад.

Абдулло АШӮРОВ, радиои «Озодӣ”

Сабоҳат Маҳмадалиева, як масъули бахши таҳлил ва иттилооти Кумитаи занон ва оилаи назди ҳукумати Тоҷикистон, рӯзи 28-уми ноябр дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ин дастурамал, ки аз 11 бахш ва 6 фасл иборат аст, ҳоло омодаи нашр аст.

Ба қавли масъулони кумита, идеяи таҳияи чунин як дастурамал пас аз он ба вуҷуд омад, ки «дар рейдҳои тарғиби либоси миллӣ” миёни занон бисёриҳо суол мекарданд, дар сурати маҳдуд шудани пӯшидани либоси мазҳабии ба қавли мақомот «бегона”, занони тоҷик чӣ либос ба бар кунанд? Маҳмадалиева гуфт, ки ин дастурамал бо ҷалби тарроҳону донандагони анъанаҳои либоси миллӣ таҳия шудааст, ба занону духтарони синни гуногун – аз 7 то 60-сола ва аз он боло пӯшидани навъҳои либосҳои ба қавли муаллифон «миллии муосири тоҷикӣ”-ро машварат медиҳад.

Ба гуфтаи ин масъули Кумитаи занон ва оила, дастурамал ба ҷуз аз танзими либоси занон вобаста ба синну сол тартиби пӯшидани либоси занонро вобаста ба рӯзҳои сол ва макон ҳам танзим мекунад. Дар даҳ бахши аввал намунаи либосҳои бонувоне, ки дар мақомоти давлатӣ ва маҳаллӣ кор мекунанд, лисбоси занон дар рӯзҳои ҷашнҳои миллӣ, давлатӣ, дар рӯзҳои истироҳати шанбеву якшанбе ва дар бахшҳои алоҳида муайян шудааст.

Тарҳу намуди либоси занону духтарон барои сайру гашт дар кӯчаю хиёбон, гулгаштҳо, боғҳои фарҳангиву истироҳатӣ, театр ва толорҳои консертӣ бахши алоҳидаи ин дастурамал аст. Либосҳои арӯсӣ ва шакли либоси занон дар маросими азодорӣ низ дар бахшҳои ҷудогонаи ин дастурамал ҷо дода шудаанд.

Дастурамали мазкур бо ду бахши ниҳоӣ хотима меёбад, ки яке андоза ва тарзи пӯшидани либосҳои занонро муқаррар мекунад. Бахши 11-ум ва ниҳоии ин дастурамал намунаи либосҳоест, ки пӯшидани он дар Тоҷикистон тавсия намешавад.

Мукаррама Қаюмова, тарроҳ ва пажӯҳишгари таърихи либосҳои миллӣ дар Тоҷикистон, яке аз муаллифон ва мушовирони ин дастурамал аст. Ӯ рӯзи 28-уми ноябр гуфт, ҳамаи либосҳои дарҷшуда дар ин дастурамал бо назардошти рукну анъанаҳои фарҳанги миллии либоспӯшӣ таҳия шудаанд.

«Солҳои ахир занону духтарони мо ба бар кардани рӯсарӣ ва либосҳои ба мо бегонаро пеш гирифтанд. Хусусан дар тақлид ба шакли либоспӯшии занони Эрону Туркия, ки ба бозорҳои мо ворид шуданд. Мақсади мо решакан кардани ин анъанаҳои бегонаи либоспӯшӣ ва роиҷ сохтани тарзи либоспӯшии миллии худамон аст”, — афзуд ӯ.

Дар Тоҷикистон солҳо боз маъракаи, ба гуфтаи ҳукумат, тарғиби либоспӯшии миллӣ ва ҷилавгирӣ аз тақлидкорӣ ба либосҳои бегона идома дорад, ки қисми муҳофизакори ҷомеа онро «чодаркашӣ аз сари занон” ном мебарад. Аммо масъулони давлат мегӯянд, ин маърака танҳо ҳадафи ҳифзи фарҳанги миллии либоспӯширо дорад.

Читайте также:  Фото картинки при кори

Бонувони тоҷик дар замина мегӯянд, интихоби либос бештар кори сирф инфиродии ҳар як шахс аст ва дахолати давлат ба ин як навъ маҳдуд сохтани ҳуқуқи занон аст.

Маҳпора Киромова, хабарнигори тоҷик, мегӯяд, «бидуни ин гуна тавсияҳо низ занони тоҷик ҳамвақт медонистанд, ки дар куҷо ва кадом маърака чӣ гуна либос ба бар кунанд. То ин дам касе ба занон либосеро тавсия накард ва ҷомеа тинҷу ором буд.”

Мавзӯи либоспӯшии занон дар Тоҷикистон солҳо боз матраҳ аст ва ахиранГулрухсор Сафиевадар ин робита гуфт, ба бар кардани либоси миллӣ танҳо дар рӯзҳои ҷашну идҳо хуб аст, аммо дар фасли зимистон имкон надорад. «Агар дар зимистон мо либоси миллӣ ба бар кунем, моро сармо мезанад”, — гуфт Сафиева.

Мукаррама Қаюмова, тарроҳ ва аз муаллифони ин дастурамал, мегӯяд, воқеан чунин як мушкил вуҷуд дорад ва онҳо барои занон либоси зимистонае, ки миллӣ бошад, пайдо накарданд. Ӯ гуфт, ковишҳои онҳо нишон дод, ки танҳо сокинони Бадахшон як навъ либоси миллии зимистона доранд, ки аз пӯстини буз таҳия мешавад, аммо бинобар мувофиқ набудани ин либос ба талаботи замони нав онҳо ин навъ либосро дар ин дастурамал ворид накарданд.

Источник

Куртахои точики украшения фасон кисми 8

04:11
5.51 MB
49.3K

Куртахои точики украшения фасон кисми 13

06:09
8.09 MB
11.9K

Куртаи миллии точики Тожик миллий либоси

12
269.53 KB
3.9K

Куртахои аруси фасон

07:42
10.13 MB
19.6K

Куртахои точики украшения фасон кисми 3

06:21
8.36 MB
65.8K

Куртахои милли точики

06:18
8.29 MB
5.2K

Куртахои паплин хархел духтхо

05:13
6.87 MB
12.1K

Куртаи гиребондор

14:55
19.63 MB
15.5K

Сумка ришта либосхои аруси кастюми чинс

18:17
24.06 MB
25.1K

Фасон воротники для платьев

03:06
4.08 MB
425.8K

Тарзи духтани стойка дар куртаи паплин

16:57
22.31 MB
32.1K

Куртахои занона

13:01
17.13 MB
44.7K

Украшение национального платье часть 12

05:18
6.98 MB
215.1K

ОРОИШИ КУРТАХОИ НИГИНА АМОНКУЛОВА

03:01
3.97 MB
158.7K

Моддахои фасони точики 2020

05:36
7.37 MB
13K

ЛИБОСИ МИЛЛИ ТОҶИК

02:34
3.38 MB
4.4K

Нархи куртаи аруси дар Точикистон

12:00
15.79 MB
14.1K

Какеткаи точики

09:09
12.04 MB
13.3K

Национальное Таджиское платье

17:10
22.59 MB
137.3K

Тарзи пора кардани паплин барои куртаи какеткадори точики

08:57
11.78 MB
21.9K

КУРТАХОИ ЗАНОНА

11:19
14.89 MB
29.3K

Нигина либоси туйона фото шопинг

01:37
2.13 MB
32.1K

03 08 2019

02:01
2.65 MB
3.3K

Туйи Точики Исломи Туйи Мухибулло МаШаАллах Богатая Таджикская Свадьба 2

04:45
6.25 MB
206.8K

Нигина Амонкулова Фотосессия 2019 премьера

02:41
3.53 MB
88.1K

Духти куртаи паплин кисми 1

09:02
11.89 MB
54.9K

Шок Самые красивые Попур Куртахои зебо

06:13
8.18 MB
2.8K

Духтархои точик самые красивые

03:09
4.15 MB
215.2K

Exclusive Collection Of Gala Patti Neckline Designs

03:08
4.12 MB
22.7K

Душанбе корвон куртаи атлас ба медузем рахи корвон сити

11:01
14.50 MB
12.1K

Хочи Мирзи барои либоси аруси

03:50
5.04 MB
1.3K

Куртаи точики

06:47
8.93 MB
6.7K

Latest New Neck Designs 2019 Neck Designs For Kurti 40 Beautiful Neck Designs T F

03:30
4.61 MB
23.9K

Сабина Шаймарданова ФОТО СЛАЙД ШОУ 2018

03:50
5.04 MB
42.9K

Украшение таджикских платьев Как красиво украсить таджикских платьев

01:20
1.75 MB
76.1K

Модель показала современные таджикские наряды

02:56
3.86 MB
424.8K

Либосхои Точикона занона

02:23
3.14 MB
48.3K

Духтархои точик самые красивые 2 часть

03:22
4.43 MB
120K

Либосхои аруси аз Дубай рузи дароз кори артель

08:51
11.65 MB
10.5K

Куртаи точики моддаи нав давомаш

08:04
10.62 MB
25.4K

Либоси мусулмони 29

28
628.91 KB
1K

Либоси миллии замонавӣ барои мардони тоҷик

03:32
4.65 MB
13.1K

ТАРЗИ ДУХТАНИ ПОПУР НАЦИОНАЛЬНОГО ПЛАТЬЯ ПОПУР

05:41
7.48 MB
3K

Духтари Малика Саидова дар туй ракси хушру Точикдухтар Tajik Girl Dance

01:01
1.34 MB
1.1M

Куртаи точики моддаи нав

08:45
11.52 MB
15.5K

Украшение национальный платье часть 4

04:05
5.37 MB
598.7K

Ороиши куртахо

10:07
13.31 MB
15.5K

Украшать таджикский платья

07:44
10.18 MB
10.7K

Приколи точики хайвон бдай 2017

01:55
2.52 MB
119.7K

Тарроҳони тоҷик либоси миллиро тарғиб мекунанд

02:52
3.77 MB
23.1K

Для вашего поискового запроса Либоси Милли Бо Тарзи Замонави мы нашли 50 песен, соответствующие вашему запросу.
Теперь мы рекомендуем загрузить первый результат Куртахои точики украшения фасон кисми 8 который загружен Модельер Роза размером 5.51 MB, длительностью 4 мин и 11 сек и битрейтом 192 Kbps.

Обратите внимание:

Перед загрузкой вы можете послушать любую песню, наведите курсор и нажмите «Слушать» или «Скачать» для загрузки mp3-файла высокого качества. Первые результаты поиска – с YouTube, которые будут сначала преобразованы, после чего файлы можно загрузить, но результаты поиска из других источников могут быть сразу же загружены в MP3 без какого-либо преобразования.

Источник