Кори курси аз математика

Кори курси аз математика thumbnail

27 09 2017     
admin      
Пока нет комментариев


алгебраАлгебра
ҳамчун қисми таркибии илми ҳисоб (арифметика) муддати тӯлонӣ бо вай якҷоя инкишоф ёфт. Дар доираи илми ҳисоб ҳанӯз 4000 сол пеш бобулиҳо, мисриҳо, баъдтар юнониҳо, хитоиҳо ва ҳиндуиҳои қадим ишораҳои алоҳида истифола бурда, масъалаҳои гуногунро ҳал менамуданд.

Махсусан дар Осиёи Миёна ва Ҳиндустони асримиёнагӣ (асрҳои IX-XI) ин фанни қадима хеле пеш рафт ва бо кашфиётҳои Навин ғанӣ гашт. Дар нимаи аввали IX донишманди бузурги Шарқ Муҳаммади Хоразмӣ (780-850) асаре бо номи “Ҳисоб ал-ҷабр в-ал-муқобала” иншо намуд, ки дар он илми алгебра ҳамчун фанни мустақил омӯхта шуд. Истилоҳи “aлгебра” дар натиҷа бо забони лотинӣ ба ҳамин шакл тарҷума шудани асари номбурда ба миён омад. Худи Хоразмӣ нахустин шахсе буд, ки ба фанни алгебра асос гузоштаас  Алгебраи Хоразмӣ дар давоми асрҳои XII – XVI дар тарҷумаи лотиниаш мавриди омӯзиши аврупоиён қарор гирифта, барои дар Ғарб тараққӣ ёфтани ин фанни бостонӣ замина гузошт. То асри XV ҳамаи бузургиҳо, амалҳо бо онҳо, ҳалҳову ҷавобҳои масъалаҳо танҳо бо ибораҳо ифода меёфтанд. Бинобар ҳамин, математикаи то он давра мавҷударо математикаи риторикӣ ё иборавӣ меноманд.

Ифодаҳои ададӣ, ифодаҳои ҳарфӣ ва аломатҳову ишораҳои оҳиста-оҳиста дар илм ҷои устувореро соҳиб шуданд.

Дар нимаи дуюми асри XV дар Италия, Олмон ва мамлакатҳои дигари Аврупо баъзе аломатҳои алгебравӣ қабул шуданд, ба истифода аз ҳарфҳо асос гузошта буданд. Масалан, дар охири асри XV олими фаронсавӣ Франсуа Виет (1540-1603) на танҳо барои ифодаи номаълум, балки барои навишти адади дилхоҳ низ ҳарфҳои алифбои лотиниро истифода бурда, ба кашфи ифодаҳову формулаҳо асос гузошт. Рафта-рафта дар асри XIII дар математика аллакай бузургиҳои гуногунро бо ҳарфҳои гуногун ифода мекардагӣ шуданд. Минбаъд, бо ҳарфҳо низ ҳамаи амалҳои ҳисоб иҷро мешуданд, ки барои ададҳо ҷой доштанд.

Ба сифати аломати зарб истифода шудани нуқта низ аз ҳамин давра оғоз гардидааст. Барои ифодаи амали тақсим асосан дар Осиёи Миёна аломати «-» истфода мешуд. Ҳам аломати зарбу ҳам аломати тақсим (дар шакли ду нуқта) дар охири асри XVII аз тарафи математики олмонӣ Г. Лейбнитс (1646-1716) қабул шудаанд.

Дар ибтидои асри XVII аломатҳои баробарӣ ва қавсҳо дохил гардиданд: қавсҳои нимдавраро математики итолиёвӣ Н. Тарталия, қавсҳои квадратиро ҳамватани ӯ Р. Бомбелӣ ва қавсҳои фигуравиро Ф. Виет пешниҳод намуданд. Аз соли 1637 сар карда, аз тарафи математики олмонӣ Р. Декарт (1596-1662) номаълум бо яке аз ҳарфҳои охири алифбои лотинӣ ва ададҳои додашуда бо яке аз ҳарфҳои аввали ҳамин алифбо ишора шудан гирифт. Ҳамин тавр, Декарт аввалин шуда ба рамзҳои алгебравӣ шакли муосирро додааст.

Аломатҳои > («калон») ва < («хурд») соли 1631 аз тарафи Т. Гарриот, аломати баробарӣ бори нахуст аз тарафи Р. Рекорд (соли 1557) қабул шуданд. Ишорати амали тарҳ низ дар охири асри XV аз тарафи математикҳои олмонӣ пешниҳод шудааст.

Амалҳо бо дараҷаҳо ва аз ин ҷо бо бисёраъзогиҳо ҳанӯз аз замонҳои хеле қадим маълум буданд. Танҳо камбудӣ дар он аст, ки ин амалҳо на бо ишоратҳои ҳарфӣ, балки бо ибораҳо ифода ёфтаанд, ки барои истифода ноқулай ҳисоб меёбанд. Аз ибтидои асри XVII cap карда амалҳо бо дараҷаҳо ва якаъзогйҳо ҳамон тавре, ки мо холо бо онҳо одат кардаем, дар Аврупо паҳн гаштан гирифтанд. Аз ин ҷо имкони зарби якаъзогӣ бо якаъзогӣ, якаъзогӣ бо бисёраъзогӣ ва сипас бисёраъзогӣ бо бисёраъзогӣ ба миён омад. Ба ибораи дигар, алгебра оҳиста-оҳиста шакли ҷиддиву пай дар пайро соҳиб гашт. Тақрибан дар охирҳои асри XVII ва ибитдои XVIII ба ҳамон мундариҷае соҳиб гашт, ки мо ҳоло онро дар мактабҳо меомӯзем. Дар барқароршавӣ ва устуворшавии алгебра ҳамчунин шохаи мустакили математика олимони бисёр мамлакатҳо, хусусан Осиёи Миёна саҳмгузоранд.

Агар поягузори алгебра ҳамчун илм олими бузург Муҳаммад Хоразмӣ (787-850) ҳисоб ёбад, файласуф ва математику ситорашиноси дигари форсу тоҷик Умари Хайём (1048-1123) пас аз се асри ҳаёти ӯ ин илми бостониро қуввату илҳоми тоза бахшид.

Дар инкишофи алгебра ҳиссаи олимони итолиёвии асри XVI Тарталия (1499-1557) ва Кардано (1501-1576) олими бузурги олмонӣ Декарт (1596-1650), олими франсавӣ Франсуа Виет (1540-1603) низ калон аст.

Вале ҳеч ягон фан, алалхусус математика, ки аз эҳтиёҷи ҳаррузаи инсон пайдо шуда, дар корҳои сохтмонӣ, шиноӣ, баҳрӣ, ҳатто парвозҳои кайҳонӣ ҳамчун ёрдамчии беминнат хизмат мекунад, сукут накарда, ҳамеша рӯ ба тараққист, инкишоф меёбад, ғанӣ мегардад. Аз ин ҷост, ки дар давоми асрҳои XVII- XIX аз алгебра шохаи нав, аз қабили алгебраи бисёраъзогиҳо ба миён омад.

Читайте также:  Инкубационный период при кори у детей

Риёзидонони Осиёи Миёна, аз Хоразмӣ cap карда, ифодаҳои дуаъзогӣ ва сеаъзогии квадратиро ба ду гурӯҳ содда ва мураккаб ҷудо намуда, дар асоси онҳо 6 намуди мухталифи муодилаҳоро ҳал намудаанд. Дар ин кори захматталаб инчунин номи олими тоҷик Алӣ Кушчиро (асри XV), Баҳоваддини Омулӣ, Наҷмиддин Алихонро бо некӣ ёдоваршудан мумкин аст. Онҳо дар баробари пешниҳод намудани формулаҳои ҳалли муодилаҳои аз бисёраъзогиҳои дараҷаи ду тартибёфта, инчунин муодилаҳои тартиби болотарро низ бо тарзҳои сунъи ҳал намуда, дар назарияи муодилаҳои тартибӣ се ва чор тағйироти чиддӣ ворид сохтаанд.

Таърих – Формулаҳои квадрати сумма, куби сумма, квадрати фарқ, куби фарқ, аз замонҳои хеле қадим маълуманд. Ҳанӯз пеш аз милод олимони хитой формулаҳои мазкурро барои мақсадҳои амалӣ истифода мебурданд. Вале, азбаски онҳо амалҳои математикиро бо сухан ифода менамуданд, баёни формулаҳо низ хеле мураккаб буданд.

Олимони Юнони Қадим масъалаҳои алгебравиро асосан бо тарзи геометрӣ ё шаклҳо маънидод менамуданд. Формулаи квадрати фарқро низ ҳангоми a>b будан маънидод намудан мумкин аст. Ҳангоми а>0, b>0 ва с>0 будан формулаи квадрати суммаи се ҷамъшавандаро низ шарҳ додан мумкин аст. Формулаҳои зарби мухтасарро аз формулаи умумитаре, ки бо номи формулаи биноми Хайём ном дорад, ҳосил намудан мумкин аст.

Умари Хайём дар «Мушкилоти ҳисоб» ном асараш тарзи ёфтани решаи бутунро бо нишондиҳандаи дилхоҳи натуралӣ аз ададҳои бутун нишон додааст. Дар асари хеш овардааст, ки ӯ тарзи ёфтани решаҳои квадратӣ ва кубии ҳиндиро (ба формулаҳои квадрат ва куби суммаи ададҳо такя намуда) исбот намудааст. Мутаассифона, ин асари пурарзиш то замони мо боқӣ намондааст. Баъди аз тарафи И. Нютон барои нишондиҳандаи касрӣ низ ҳосил намудани формулаи Хайём формулаи мазкур бо номи биноми Нютон ёдовар шудааст. Ҳоло дар таърихи математика онро ҳамчун биноми Хайёму Нютон ёдовар мешаванд.

Соли 1556 математики итолиёвӣ Тарталия (1449-1557) дар асараш «Тадқиқоти умумии ададҳо ва ченакҳо» ҷадвали бо ном «коэффитсиентҳои биномиро» ҷой дода буд, ки барои ёфтани коэффитсиентҳои намуди формулаҳои зарби мухтасар дошта хизмат мекард. Масалан, ҳангоми ба дараҷаи ду бардоштани дуаъзогии а+b коэффитсиентҳои 1,2,1; ҳангоми ба дараҷаи се бардоштани он коэффитсиентҳои 1,3,3,1 ва ғайра ҳосил мешуд. Минбаъд, Паскал (1623-1662) ҳамин коэффитсиентҳоро дар шакли секунҷа овардааст, ки дар таърих бо номи секунҷаи Паскал ё секунчаи арифметикӣ маъруф аст.

© 2020 Univer.tj · Истифодаи маводҳои сомона дар дигар сайтҳо қатъиян манъ карда шудааст

Источник

Дар компютерҳои фардӣ яке аз масъалаҳои асосӣ сохтани барнома мебошад. Барои сохтани барномаи ҳалли ягон масъала бояд аввал алгоритми он тартиб дода шавад. Баъд дар асоси алгоритми тартибдодашуда бо истифода аз ягон забони барномаронӣ коди он сохта мешавад, ки барнома ва ё коди барнома номида мешавад.

Бо мафҳуми алгоритм одамон дар ҳар қадам дучор меоянд, аммо ба он эътибор намедиҳанд. Таърифи алгоритм чунин аст:

Давоми матн пас аз блоки реклама

Пайдарпаии амалҳои мақсадноке, ки иҷро карда шудани онҳо ба ҳалли масъала меоваранд, алгоритми ҳалли масъала номида мешавад.

Кори курси аз математика

Яъне ҳар он коре, ки мо дар зиндагӣ мекунем, аз рӯи алгоритме иҷро карда мешавад. Масалан, пухтани хӯрок, сохтани ягон асбоб, сохтани хона аз рӯи нақша, пӯшидани фарши хона ва ғайраҳо.

Калимаи алгоритм аз талаффузи лотиникардашудаи номи математики бузурги қарни IX –Алхоразмӣ пайдо шудааст.

Ин мафҳум дар аввали пайдоишаш ҳамчун қоидаи иҷрои амалҳои арифметикӣ барои ададҳои бисёррақама фаҳмида мешуд.

Аз нуқтаи назари Алхоразмӣ миқдори қадамҳои алгоритм охирнок ва беохир мешаванд. Ҳоло барои ин ду ҳолат мисолҳо меорем. Масалан, барои гирифтани натиҷаи тақсими адади 77 ба 7 дар расми зер алгоритми охирнок пешниҳод шудааст. Дар расми дигар бошад, алгоритми беохири натиҷаҳои тақсими адади 10 ба 3 пешниҳод шудааст

Кори курси аз математика

Алгоритм аз рӯи сохтор се хел мешавад: алгоритми хаттӣ, шоханок (шартӣ) ва даврӣ.

Хосиятҳои алгоритм.

1.Дискретӣ – тақсимкунии алгоритм ба марҳалаҳои (қадамҳои) алоҳидаи охирнок.

2.Аниқӣ – аз рӯи тартиби муайян ва мушаххас иҷро гаштани қадамҳо.

3.Детерминантӣ(муайянӣ) – фаҳмо ва қобили қабул будани ҳар як қадам барои иҷрочӣ.

4.Натиҷанокӣ – пас аз иҷрои ҳамаи қадамҳо ҳатман соҳиби натиҷаи зарурӣ шудан.

Читайте также:  Прививка от кори и паротита проявления

5.Оммавӣ – истифодаи алгоритм барои ҳалли синфи масъалаҳои навъи якхела.

Таъминоти барномавии компютер. Компютер бе истифодаи барнома ягон амалро иҷро карда наметавонад. Барномаҳо дар хотираи компютер ҷойгир карда мешаванд. Як барномаро бо барномаи дигар иваз намуда, компютерро барои ҳалли масъалаи тамоман дигар истифода бурдан мумкин аст.

Тарзи иҷрои компютерии барнома чунин аст. Аввал протсессор барномаро аз хотираи беруна (масалан, винчестер) ба хотираи фаврӣ ҷеғ мезанад. Пас аз он фармонҳои барномаро пай дар пай мехонад ва бо додаҳое, ки барои иҷрои ин фармонҳо лозиманд, амалҳои заруриро иҷро менамояд. Баъд натиҷаи ҳосилшударо аз хотираи фаврӣ ба хотираи беруна мефиристад.

Маҷмӯи барномаҳои дар хотираи компютер маҳфузбуда таъминоти барномавии компютерро ташкил медиҳад.

Таъминоти барномавии компютерҳои муосир ҳазорҳо барнома, аз қабили бозиҳои компютерӣ, барномаҳои коркарди матнҳо, ҷадвалҳои электронӣ, пойгоҳи додаҳо, барномаҳои хидматӣ ва ғайраро дар бар мегирад.

Барои ба воситаи компютер иҷро намудани алгоритмҳо забонҳои махсуси алгоритмӣ эҷод шудаанд. Онҳоро забонҳои барномарезӣ мегӯянд. Яке аз чунин забонҳо Фортран (Fortran: Formula Translator – тарҷумони формулаҳо) ном дошт, ки дар охири солҳои 50-уми асри ХХ пайдо шудааст. Забони дигаре, ки дар пешрафти илми информатика ва пайдоиши дигар забонҳои барномарезӣ таъсири калон расонидааст, Алгол-60 (Algol: Algorithmic Language – забони алгоритмӣ) ном дошт, ки вай солҳои 60-уми асри гузашта эҷод шудааст. Забонҳои дигари барномарезӣ Ассемблер, Ада, Бейсик, Кобол, PL/1, Паскал, Си, Visual Basic, JAVA, С++ ва ғайра мебошанд.

Калидвожаҳо: Алгоритм маълумоти точики, Тарзхои тасвири алгоритм, Хосиятхои алгоритм, реферат, кори курси, маводхои точики, забони барномасози, аввалин забони барномасози, Мафхуми алгоритм, алгоритм чист?, намудхои алгоритм, алгоритм чи тавр тасвир карда мешавад?

Дигар маводҳо пас аз блоки реклама

Источник

Илми фарҳангшиносӣ яке аз илмҳои қадима буда, комёбиҳои фарҳангии давраҳои гуногуни ҷомеаи инсониро фаро мегирад. Омӯзиши илми фарҳангшиносӣ ба аҳли башар им­коният медиҳад, ки аз дастовардҳои бузурги фарҳангу тамаддуни гузаштаю имрӯзаи худ огоҳ шаванд ва ба пешрафти он мусоидат намоянд.

Ҳанӯз дар охири асри XIX ва ибтидои асри XX дар Евро­па омӯзиши илми фарҳангшиносӣ ба роҳ монда шуда буд, ки он мақсаду вазифаҳои муайяни худро дошт. Бо омӯзиши фарҳанг инсон мушкилоту камбудиҳои тамоми форматсияҳои чамъиятиро барои худ ошкор намуда, барои дар оянда содир нашудани онҳо кушиш ба харҷ медиҳад.

Давоми матн пас аз блоки реклама

Кори курси аз математика

Ягон фард худ одами маданӣ тавлид наёфтааст, балки дар ҷомеа хусусиятҳои маданиро аз бар карда, онро зина ба зина ташаккул додааст. Таърих собит намудааст, ки дар ҷомеаи инсонӣ шахсиятҳое буданду ҳастанд, ки ба пешрафти фарҳангу тамаддуни инсоният саҳми арзанда гузоштаанд ва мегузоранд. Ва таърих шахсонеро ҳам медонад, ки ба пешрафти фарҳангу тамаддуни аҳли башар таъсири манфӣ расонидаанд ва мерасонанд.

Маданият ва предметҳои он аз тарафи инсон аз давраҳои кадим то инҷониб ба вуҷуд оварда шудаанд. Аз ин рӯ, инсон соҳиби маданият ва маданият хоси инсон дониста шуда, фарҳанг хамчун субъект инсонро ба объекти худ табдил дода­аст.

Инсон предметҳои гайримадании тайёри табиатро бомақсадона истифода бурда, аз онҳо предметҳои маданӣ меофарад.

Намояндагони зиёди илму фарҳанги Шарқу Ғарб ибораҳои гуногуни фарҳангро истифода бурдаанд.

Мутаффакири барҷастаи Шарқ Абунасри Форобӣ дар вақташ лоиҳаи итгтиҳоди ормонии одамонро пешниҳод намуда буд, ки аз рӯи он мардум дар иттиҳод дар асоси амали қонун арзи зист доранд ва ҳукми қонун кафили хушиву хуррамии онҳо аст. Ба андешаи Форобӣ шаҳри ҳақиқӣ бояд дар чои мувофиқ бунёд ёфта, талаботи мардумро қонеъ намояду, миёни аҳолӣ ахлоқи нек ва эҳтироми байниҳамдигарӣ устувор бошад. Дар шаҳри намунавии Форобӣ ҳамаи табақаҳои ахолӣ паҳлӯи ҳам хушу хурсандона кор ва зиндагӣ мекунанд. Олимони давраи навтарин А. Кребер, Коган, Шербина, Д. Лоренс, Т. Рейтер аз рӯи хусусиятҳояш таърифи гуногуни фарҳангро додаанд. Ба ақидаи Д.Кребер «Маданият — кулли фаъолияти ҷамъиятии ин­сон acт», аз нигоҳи Т.Рейтер бошад «Маданият чизҳои моддӣ ва ғайри моддии аз ҷониби инсон бунёд шуда» дониста мешавад. Д.Лоренс «Маданиятро рафтору кирдори ба қоидаву Қонун даровардашуда медонад». То имрӯз аз тарафи мутафакирони олам зиёда аз 300 намуд таърифи фарҳанг ба вудуд опарда шудааст. Ин таърифҳо давраҳои қадим, имрӯз ва ояндаро дар бар гирифта, метавонанд дар оянда инкор шаванд.

Ибораҳои некӣ, бофарҳанг, мардӣ, мехнатдустӣ, каҳрамоиӣ, хирадмандӣ, ватанпарварӣ хусусиятҳоеро нишон медиҳанд, ки фаъолияти хуби ба анҷом расонидаи инсонро мефаҳмонад. Инсон аввалин предметҳои мадании худро аз масолеҳҳои тайёри табиат сохта, оташу яроқҳои оташфишон, техникаи замонавӣ, қасрҳои боҳашамат ва ғайрахоро ихтироъ намудааст.

Читайте также:  Корь симптомы во рту фото

Ҳамаи ин комёбиҳо мақсаду мароми инсон буда, барои аз байн бурдани мушкилоти зиндагиаш нигаронида шудааст. Бо вувуди он, ки омӯзиши илми фарҳангшиносӣ дар замони муосир ба роҳ монда шуда бошад ҳам, предметҳои он аз давраҳои қадим дар илмҳои ивтимоиёт, санъат, фалсафа, забон, адабиёт, ахлоқ, ҳукуқ риёзиёт, таърих ҷуғрофия омӯхта, таҳқиқ карда шудаанд, то ба фанни мустауил табдил ёфтанаш фарҳангшиносеӣ илмҳои табиию вамъиятиро пурмазмунтар нигардонида, қимату мартабаи онҳоро баланд мебардошт.

Фарҳангшиносӣ барои пешрафти ҷомеа ва комёбиҳои инсоният дороӣ аҳамияти бузург мебошад, аз ин рӯ омӯзиши он имрӯзу оянда аз аҳамият холӣ нахохад буд.

НАЗАРИЯИ ФАРХАНГ ВА ИНЪИКОСИ ОН ДАР ИЛМИ ФАРХАНГШИНОСИ, Максад, вазифа ва мавзуи илми фархангшиноси, реферат, кори курси аз фархангшиноси бо забони точики

Дигар маводҳо пас аз блоки реклама

Источник

Кори курси аз математикаКори курси аз математика

Таҷлили Рўзи Рўдакӣ дар Китобхонаи миллӣ

Нашр шуд 2020-09-23 17:03

Таҷлили Рўзи Рўдакӣ дар Китобхонаи миллӣ

Имрӯз қабл аз зӯҳр, бо ташаббуси  Маркази Конуни забони тоҷикӣ ва омӯзиши забонҳои хориҷии Китобхонаи миллии Тоҷикистон мизи мудаввар бахшида ба  “Рӯзи Рӯдакӣ” зери унвони “Соҳибқирони шоирон Устод Рӯдакӣ”доир  гардид.

Муовини якуми Директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон Салима Раҷабзода маҳфилро ҳусни оғоз бахшида, таваҷҷӯҳи ҳозиринро ба муҳимтарин тадқиқоти рӯдакишиносон ҷалб намуд. Чунончӣ, Салима Раҷабзода қайд намуд, 

Ёде аз се Дӯстӣ: Дӯсти Некӣ, Дӯстии Самарқандӣ, Дӯстии Бадахшӣ

Нашр шуд 2020-09-23 16:43

Кори курси аз математика                                            Дўсти Некӣ

Дўсти Некӣ машҳур ба Мулло Дўсти Некӣ, шоири тоҷики асри 16 буд. Зодгоҳи Дўсти Некӣ Ҳисор буда, дар Бухоро таҳсил кардааст. Дар бораи ин шоир тазкиранигор Мутрибӣ маълумот додаст. Ба қавли Мутрибии Самарқандӣ, ашъори наку, суханони дилҷў, пурмаънӣ ва ширин дошт. Ин байт аз ўст:

Китоби нав: “Академик Муҳаммад Осимӣ ва омўзиши масоил тамаддуни Осиёи Марказӣ”

Нашр шуд 2020-09-23 15:50

Кори курси аз математикаЧунин ном дорад китоби наве, ки ахиран бо талоши Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониши Академияи милии илмҳои Тоҷикистон чоп шудааст.  Дар муаррифии китоб омада:  Таҳқиқоти дастаҷамъии академӣ, ки манзури аҳли илм ва фарҳанг мешавад, ба ифтихори 100 – умин солрўзи донишманди барҷаста, ходими намоёни давлатию ҷамъиятӣ, поягузори анҷумани тоҷикон ва форсигўёни ҷаҳон « Пайванда», аъзо – корреспонденти Академияи илмҳои СССР, барандаи ҷоизаи байналмилалии ба номи Ҷ. Неру, академик Муҳаммад Осимӣ  (1920 – 1996) бахшида шудааст.

Хеле ибратомӯз. Порае аз “Фиҳӣ мо фиҳӣ”-и Мавлоно Мавлавии Балхӣ

Нашр шуд 2020-09-23 15:48

Кори курси аз математика

Саге, ки ақлу идрок  надорад, чун гурусна шавад ва нонаш набошад, пеши ту  меояду дунбак меҷунбонад, яъне «Маро нон деҳ, ки маро нон нест ва туро  ҳаст», ин қадар тамйиз дорад. Охир, ту  кам аз саг нестӣ, ки ў ба он розӣ намешавад, ки дар хокистар бихўсбаду гўяд, ки «Агар хоҳад, маро худ нон диҳад». Лоба мекунаду дум меҷунбонад, ту низ дум биҷунбон ва аз Ҳақ бихўру гадоӣ кун, ки пеши чунин мўътӣ гадоӣ кардан азим матлуб аст. Чун бахт надорӣ, аз касе бахт бихоҳ, ки ў сохиббахт асту соҳибдавлат аст.

Ҳизбе, ки ошён дар умқи дили халқ дорад. Чанд ҳарф аз таърихи таъсиси Ҳизби Халии Демократӣ аз забони муассиси он Эмомалӣ Раҳмон. Бахши аввал

Нашр шуд 2020-09-22 15:37

Кори курси аз математикаҲизби мо ҳизби табиатан халқӣ ва демократӣ мебошад ва он маҳсули тафаккуру эҷоди халқи фарҳангофар ва созандаи мост. Мо пойбанди ҳеҷ як идеологияи бегона набудем ва нестем. Мо худ идеологияи ин ҳизбро ба вуҷуд овардем. Ба хотири мардуми азияткашидаамон ин ҳизбро созмон додем. Дар сафҳои он аз рӯзи аввал мардуми оддӣ ҷамъ омаданд. Ҳеҷ гуна элитаи хос надоштем. Ин элитаи ба вуҷудомадаи худрӯи халқист, ки баъдтар ба он зиёиён ва намояндагони элитаи сиёсии кишвар низ пайвасти як модели хуби ваҳдати миллиро 

Маҳфили навбатии “Ҳамешабаҳор”

Нашр шуд 2020-09-22 15:24

Кори курси аз математикаМаҳфили навбатии «Ҳамешабаҳор»–и шоири шинохта Хайрандеш бо хонандагони фаъоли шубаи кўдакон ва наврасони Муассисаи давлатии Китобхонаи миллӣ баргузор гардид.

Чун ҳарвақта маҳфил аз 7– равза иборат буд. Дар ин маҳфил сўҳбату баҳсу мунозираҳои шавқовар баргузор гардид.  

Дар маҳфил муаллима Боқиева Гулбибӣ ва навқаламони узви маҳфил:  Нозанини Шўҳрат,

Страницы

Источник