Кори курси аз фанни макроиктисод

Кори курси аз фанни макроиктисод thumbnail

Назарияи   макроиқтисод.
Таркиб таносубҳои иқтисоди миллӣ

1. 1  Назарияи макроиқтисод

1.2. Мафҳум, таркиб ва мақсадҳои иқтисоди миллии муосир.

1.3.Таносубҳои иқтисоди миллӣ.

1. 1  Назарияи макроиқтисод

              Яке аз қисматҳои асосии назарияи иқтисодӣ –
макроиқтисод мебошад. Макроиқтисод ҳодисаҳои умумиеро тадқиқ мекунад, ки рафтори иқтисоди миллиро инъикос менамоянд.

Макроиқтисод – як
қисми назарияи иқтисодӣ мебошад, ки шароит, омилҳо ва
натиҷаҳои тараққиёти иқтисоди миллиро меомӯзад.

Назарияи макроиқтисодро олимони Юнони Қадим Афлотун ва Арасту ба вуҷуд овардаанд. Ин назария дар охири асри XIX
ва оғози асри XX аз ҷониби мактабҳои гуногуни назарияи иқтисодӣ, хусусан аз ҷониби намояндагони мактаби марксиста, кейнсчигӣ, монетаристӣ ва мактаби институтсионализми иҷтимоӣ инкишоф дода шудааст.

Объектҳои асосии
омӯзиши макроиқтисод чунин масъалаҳои асосии иқтисодӣ ба ҳисоб мераванд: шуғли аҳолӣ, беқурбшавии пул, дахолати давлат ба иқтисод, рушди иқтисодӣ, истеъмолот, маблағгузорӣ, маҷмӯи арза, маҷмӯи
тақозо ва ғайра.

1.2. Мафҳум, таркиб ва мақсадҳои иқтисоди миллии муосир

          Мафҳуми «иқтисоди миллӣ» яке аз фаҳмишҳои марказии
назарияи макроиқтисод ба ҳисоб меравад. Ин мафҳумро бори аввал олими амрикоӣ Василий Леонтев ҳамчун низоми худтанзимшаванда, ки аз фаъолиятҳои гуногуни ба ҳамдигар алоқаманд таркиб ёфтааст, истифода карда буд.

Иқтисоди
миллӣ низоми таърихан
бавуҷудомадаи такрористеҳсоли ҷамъиятӣ, ё
маҷмӯи соҳаҳою шаклҳои истеҳсолоти ба ҳамдигар
алоқамандеро меноманд, ки тамоми шаклҳои меҳнати ҷамъиятиро фаро гирифтааст.

Асоси иқтисоди миллиро корхонаҳо, фирмаҳо, ташкилотҳо,
хоҷагиҳои хонагӣ ва дигар субъектҳои хоҷагидорӣ ташкил медиҳанд, ки онҳо дар низоми тақсимоти ҷамъиятии
меҳнат вазифаҳои гуногунро иҷро мекунанд.

Иқтисоди миллӣ аз соҳаи истеҳсолӣ ва ғайриистеҳсолӣ иборат
аст.

Соҳаи истеҳсолӣ маҷмӯи соҳаҳои тавлидкунандаи маҳсулоти ҷамъиятӣ буда, ба он асосан саноат, хоҷагии қишлоқу
савдо, нақлиёт ва дигар соҳаҳои тавлидкунандаи мол дохил мешаванд.

Соҳаи истеҳсолӣ дар навбати худ ба истеҳсолоти
моддӣ ва истеҳсолоти ғайримоддӣ ҷудо мешавад:

         Истеҳсолоти моддӣ
истеҳсолотест, ки дар он воситаҳои истеҳсолот ва предметҳои истеъмолӣ истеҳсол
карда мешаванд. Дар назарияи иқтисод
истеҳсолоти моддиро ба истеҳсоли воситаҳои истеҳсолот (соҳаи I) ва истеҳсоли
чизҳои истеъмолӣ (соҳаи II) низ ҷудо
мекунанд. Агар сухан дар бораи саноат равад, онҳоро гурӯҳи А ва гурӯҳи Б меноманд.

Истеҳсолоти ғайримоддӣ аз истеҳсолоти моддӣ бо маҳсулоти худ, ки шакли ғайримоддиро дорад,
фарқ мекунад. Ба истеҳсолоти ғайримоддӣ соҳаҳои илм, санъат, маданият, маориф,
тандурустӣ ва ғайра дохил мешаванд, бинобар
ҳамин, онро соҳаи истеҳсоли хизматҳо низ меноманд.

Соҳаи ғайриистеҳсолӣ соҳае мебошад, ки маҳсулот истеҳсол накарда, балки дар тақсимоти он ширкат меварзад. Ба соҳаи ғайриистеҳсолӣ мудофиа,
ҳифзи ҳуқуқ, муассисаҳои динӣ ва дигар ташкилотҳои ҷамъиятӣ дохил
мешаванд.

Дар
назарияи иқтисод таркиби истеҳсолӣ, таркиби
иҷтимоӣ, таркиби соҳавӣ ва таркиби минтақавии
иктисоди миллиро аз ҳамдигар фарқ мекунанд.

Таркиби
истеҳсолӣ тақсими истеҳсолкунандагони миллиро ба
субъектҳои иқтисодии асосӣ инъикос мекунад. Аслан се гурӯҳи истеҳсолкунандагони асосиро аз ҳамдигар фарқ мекунанд:
хоҷагиҳои хонагӣ, фирмаҳо ва давлат.

Таркиби
иҷтимоии иқтисоди миллӣ тақсимоти онро мувофиқи
шаклҳои моликият ифода мекунад. Ба таркиби иҷтимоӣ соҳаи (сектори) давлатӣ, соҳаи коллективӣ, соҳаи хусусӣ, соҳаи
шахсӣ ва соҳаи омехта дохил мешаванд. Таркиби иҷтимоӣ ҳангоми       таҳлили      иқтисоди     миллӣ
   нақши    муҳим    мебозад    ва   
ба инкишофи ин соҳаҳо асосан мувофиқи
ҳиссаи онҳо ба маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ё даромади миллӣ баҳо медиҳанд. Масалан,
соли 2005 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳиссаи
соҳаи иқтисод нисбат ба маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД) чунин буд: истеҳсоли
молҳо – 48,9%, хизматрасонӣ –
39,6% ва андозҳо – 11,5%.

        Таркиби соҳавии иқтисоди
миллӣ тақсими онро бо соҳаҳои гуногуни вазифаи ягонаи иҷтимоӣ-иқтисодиро
иҷрокунанда ифода менамояд. Ба таркиби соҳавии иқтисоди миллӣ саноат, хоҷагии қишлоқ,
илм, сохтмон ва дигар соҳаҳо дохил мешаванд, ки ҳар яки онҳо аз зерсоҳаҳо иборат мебошанд.

Таркиби
минтақавии иқтисоди миллӣ мувофиқи ҷойгир шудани
қувваҳои истеҳсолкунандаи миллӣ дар кишвар
муайян карда мешавад. Асосан ба
таркиби минтақавӣ ноҳияҳои иқтисодиро дохил
мекунанд. Масалан, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ноҳияҳои шимолӣ, ноҳияҳои ҷанубӣ,
ноҳияҳои марказӣ (тобеи марказ) ва ноҳияҳои Бадахшони Кӯҳиро аз ҳамдигар ҷудо
намудан мумкин аст.

Мақсадҳои асосии ҳама гуна иқтисоди миллӣ инҳо мебошанд:

            
таъмини суръати бештари афзоиши ҳаҷми истеҳсолоти миллӣ ба хотири паст намудани шиддати
бӯҳрони иқтисодӣ;

таъмини дараҷаи устувори нархҳо ба
хотири баланд бардоштани курби пули миллӣ ва таъмини мувозинати тақозою арза;

             таъмини содироти бештари молу хизматҳо ба
хотири афзоиши содироти соф (фарқи байни содирот ва воридот) ва таъмини ҷиҳати мусбии тавозуни пардохт;

                 таъмини дараҷаи баланди шуғли
аҳолӣ ба хотири таъмини ҳамаи аҳолӣ бо
музди кор, ҷои кор ва талаботи бо маблағ таъминбуда.

Читайте также:  Корь в зрелом возрасте

1.2 Таносубҳои иқтисоди миллӣ

           Таносубҳои
иқтисоди миллӣ ва таъмини мувозинати онҳо яке аз масъалаҳои асосии макроиқтисод ба ҳисоб мераванд.

        Таносубҳои
иқтисоди миллӣ гуфта, муносибати миқдории байни қисматҳо ва соҳаҳои гуногуни истеҳсолоти
ҷамъиятӣ, инчунин муносибати
байни соҳаҳои гуногуни иқтисоди миллиро меноманд. Таносубҳои иқтисодиро
таносубҳои макроиқтисодӣ низ меноманд, ки
вобаста ба ҳар як низоми иктисодӣ хусусияти ташкилшавии худро доранд. Масалан, дар
шароити иқтисоди бозорӣ онҳо дар асоси қонунҳои бозор ташкил карда мешаванд.

Низоми таносубҳои
макроиқтисодӣ аз қисмҳои зерин иборат  аст:

  1. Таносубҳои умумииқтисодӣ, яъне таносубҳо байни
    соҳаҳои калонтарини иқтисоди миллӣ. Масалан,
    дар байни истеҳсолоту истеъмолот, дар
    байни истеъмолот ва пасандоз, дар байни соҳаҳои истеҳсолоти моддӣ ва ғайримоддӣ.
  2. Таносубҳои байнисоҳавӣ, яъне дар байни соҳаҳои иқтисоди
    миллӣ. Масалан, дар байни саноат ва
    хоҷагии қишлок.

3)       Таносубҳои минтақавӣ, яъне таносубҳои
умумииқтисодӣ ва соҳавӣ дар ҳудуди
минтақаҳои алоҳида.

4) Таносубҳои
байнидавлатӣ, яъне таносуб байни давлатҳо
дар асоси тақсимоти байналхалқии меҳнат.

       Таносубҳои макроиқтисодиро
инчунин вобаста ба шакли инъикосшавиашон ба таносубҳои ашёӣ-натуравӣ,
таносубҳои арзишӣ ва таносубҳои тақсимоти захираҳои меҳнатӣ низ ҷудо мекунанд.

       Таносубҳои ашёӣ-натуравӣ муносибати байни истеҳсол ва
истеъмоли молу хизматҳои алоҳидаро
инъикос мекунад. Масалан, байни истеҳсол ва истеъмоли равғани растанӣ ва ғайра. Таносубҳои мазкур дар
асоси тавозуни моддӣ таҳлил карда мешаванд.

       Таносубҳои арзишӣ муносибати байни унсурҳои алоҳидаи
маҷмӯи маҳсулоти миллиро инъикос мекунанд. Масалан, даромади байни корхонаҳо,
байни давлатҳо, байни гурӯҳҳои аҳолӣ ва ғайра.

       Таносубҳои тақсимоти
захираҳои меҳнатӣ муносибати
байни захираҳои меҳнатии соҳаҳои истеҳсолот ё
минтақаҳои алоҳидаро инъикос мекунанд. Масалан, таносуби байни захираҳои меҳнатии
шаҳру деҳот ва ғайра.

Мувофиқи ақидаи бештари иқтисодшиносон таносубҳои асосии
иқтисоди миллӣ ин таносуб байни соҳаи I (истеҳсоли воситаҳои истеҳсолот) ва
соҳаи II (истеҳсоли чизҳои истеъмолӣ), инчунин
таносуб байни фонди истеъмол ва фонди
маблағгузорӣ мебошанд, зеро ки аз ин таносубҳо суръати афзоиши такрористеҳсоли
ҷамъиятӣ вобастагии бештар дорад. Азбаски таносубият (мувофиқат) байни
таносубҳо устувор нест, бинобар ҳамин мувозинати иқтисоди миллӣ низ
устувор буда наметавонад. Сабаби ҷой доштани
чунин ҳолат дар он аст, ки дар зери таъсири прогресси илмию техники ва истеъмолоти умумӣ таносубҳо низ тағйир меёбанд.

Источник

Рӯйхати корҳои курсӣ барои магистрон

Рӯйхати мавзӯъҳои корҳои курсӣ аз фанни «Таърихи афкори сиёсӣ»

барои магистрони курси 2-юми кафедраи сиёсатшиносӣ

1.       Ташаккули афкори сиёсӣ дар давраи қадим. Таълимоти сиёсии зардуштия

2.       Ақидаҳои сиёсии монавия ва маздакия

3.       А.Фирдавсӣ ва андешаҳои сиёсии ӯ.

4.       Низомулмулк ва «Сиёсатнома»-и ӯ

5.       Таълимоти сиёсии Мир Саид Алии Ҳамадонӣ

6.       Таълимоти сиёсӣ дар Рим ва Юнони Қадим

7.       Таълимоти сиёсӣ дар давраи замони нав

8.       Таълимоти сиёсӣ дар асри ХХ

9.       Ташаккул ва инкишофи назарияи сиёсии либерализм

10.    Таълимоти сиёсии замони нави Осиёи Марказӣ

11.    Таълимоти сиёсии Н.Макиавеллӣ, Ж.Ж.Руссо

12.    12.Таълимоти сиёсии давраи асрҳои миёна

13.    Таълимоти сиёсӣ дар нимаи дуюми асри Х1Х (А.Дониш, Ш.Шоҳин)

14.    Ҷадидия: моҳият ва хусусиятҳои инкишоф

15.    Таълимоти сиёсии Ҳ.В.Кошифӣ ва сохти давлатдории ӯ

Рӯйхати мавзӯъҳои корҳои курси аз фанни «Асосҳои назариявии илми сиёсатшиносӣ»

барои магистрони курси 1-уми кафедраи сиёсатшиносӣ

1.       Механизми низоъ ва вазъияти он.

2.       2.Системаи сиёсии ҷомеа ва режими сиёсӣ.

3.       Ҳокимияти иҷрои дар низоми идораи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

4.       Лоббизм ва хусусиятҳои он дар раванди сиёсӣ

5.       Модернизатсияи сиёсӣ дар Тоҷикистониохири асри ХХ

6.       Мақсад ва самтҳои сиёсати иҷтимоӣ дар Тоҷикистони муосир

7.       Хусусиятҳои раванди демократикунонии ҳаёти сиёсӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

8.       Системаи интихоботӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

9.       Мақоми воситаҳои ахбори омма дар сиёсат ва вазифаҳои он

10.    Давлат ҳамчун унсури асосии системаи сиёсӣ

11.    Мақоми масъалаи миллӣ дар системаи муносибатҳои сиёсӣ

12.    Саҳми сарвари сиёсӣ дар бунёди ҷомеаи демократӣ

13.    Ташаккул ва принсипҳои таснифоти ҳизбҳои сиёсӣ

14.    Ҷараёнҳои асосии идеологӣ дар ҷаҳони ҳозира

15.    Сиёсат ва муносибатҳои байналхалқии давлати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо давлатҳои Осиёи Миёна

Рӯйхати мавзӯъҳои корҳои курсӣ аз фанни «Масъалаҳои муосири геополитикӣ»

барои магистрони курси 2-юми кафедраи сиёсатшиносӣ

1.   Тамолюҳои асосии глобаликунонии сиёсат

2.   Воқеаҳои геополитики олами муосир

3.   Ташаккули ҳудуд ва таъсиси мақоми геополитики Тоҷикистон

4.   Манбаъҳои асосии ташаккули геополитикӣ

5.   Муҳоҷирати меҳнати ҳамчун масъалаи геополитикӣ дар замони имрӯза

6.   Муносибатҳои иқтисодиё ҳарбии давлатҳои Осиёи Миёна аз диди имрӯзаи ҷомеа

7.   Масъалаҳо ва самтҳои ташаккули иттиҳоди нави ҷаҳонӣ

Читайте также:  Как выражается корь у детей

8.   Воқеаҳои геополитики олами муосир дар байни давлатҳои абадқудрат

9.   Манфиатҳои миллӣ ва хусусиятҳои он

10.    Моҷароҳои сиёсӣ дар олами муосир

11.    Ташаккули ҳудуд ва таъсиси мақоми геополитики Тоҷикистон

12.    Манфиатҳои геополитики Тоҷикистон ва мақоми он дар низоми нави ҷаҳони

13.    Муносибатҳои миллии ҷаҳон дар назари амалҳои террористӣ

14.    Фазои геополитикӣ ва рушди ҳуқуқӣ байналхалкӣ дар байни давлатҳо

15.    Муносибатҳои геополитики Тоҷикистон бо давлатҳои ИДМ

Рӯйхати мавзӯъҳои корҳои курсӣ аз фанни «Сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон» барои магистрони курси 1-уми

кафедраи сиёсатшиносӣ

1.       Сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даврони истиқлолият

2.       Дарҳои кушоди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо давлатҳои Осиёи Миёна

3.       Ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо давлатҳои Аврупо аз ҷиҳати сиёсӣ ва иқтисодӣ

4.       Муносибатҳои ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Федератсияи Россия

5.       Муносибатҳои сиёсии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо давлатҳои ИДМ

6.       Сиёсати экологии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи гузариши ҷомеаи демократӣ

7.       Сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муҳоҷирати меҳнатӣ ба давлатҳои СНГ

8.       Муносибатҳои сиёсии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо давлатҳои исломӣ: Покистон, Афғонистон ва Эрон

9.       Муносибатҳои иқтисодии сиёсати хориҷии ҶТ бо давлатҳои Осиёи Марказӣ.

10.    Муносибатҳои сиёсии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо давлатҳои Франсия, Германия, Америка

Источник

Рефератхо ва лексияхои точики аз фанни Иформатика ва Технологияи информатсиони.

MS SQL Server ва тарзи сохтани чадвал дар он

11/07/2020
Фании Информатика

181

MS SQL Server ва тарзи сохтани ҷадвал дар он Дар аввали солҳои 70-ум меҳнати самараноки муҳаққиқ (тадқиқотчи) аз ширкати IBM доктор Еф Кодд (E.F.Codd)  оғоз намуд ба сохтани мавод,  пайвастшавӣ бо ахбороти модели маълумот аз номи  SEQUEL (Structured English Query Language, структурированный английский язык для запросов) чанд вақт баъд табдил …

Читать далее

Асосхои кор бо Фотошоп

23/05/2020
Фании Информатика

262

Мундариља 1. Сарсухан……………………………………………………… 3 2. Равзанаи барномаи Adobe photoshop………………………4 3. Палитрањо……………………………………………………. 6 4. Сканеркунии Тасвир……………………………………….. 7 5. Ќабулкуни ва равонкунии тасвирњо …………………….. 7 6. Људокунии ќисмњо …………………………………………. 8 7. Расмкашї ва тањриркунї ………………………………… 9 8. Интихоби Ранг……………………………………………… 11 9. Кор Бо Ќабатњо…………………………………………….. 11 10. Каналњо ва ниќобњо………………………………………..12 11. Кор Бо …

Читать далее

Протсессори матнии MS Word 2010

12/04/2020
Фании Информатика

196

Протсессори матнии MS Word 2010 Амалиётҳои қисмати “Главная”. Маълумот оиди таърихи барнома Зерқисмати “Буфер обмена”. Зерқисмати “Шрифт”. Зерқисмати “Абзац”. Зерқисмати “Редактирование” Фаъол намудани ҳуруфи тоҷикӣ ва вобаста кардани он ба комбинатсияи клавишҳо. Барои навиштани мактуб, ҳуҷҷатҳои матнӣ барномае истифода бурда мешавад, ки он таҳриргари матн ном дорад. Яке аз маъмултарин …

Читать далее

Сохтани манбаи додашудахо дар барномаи Microsoft Visual Basic 6.0

29/03/2020
Фании Информатика

398

Сохтани манбаи додашудахо 1.Барои сохтани манбаи додашудахо мо аз барномаи Microsoft Visual Basic 6.0 истифода мебарем. Мо ба барномаи Microsoft Visual Basic 6.0 дохил шуда формаи нав мекушоем. Формаи худро ба тартиб дароварда ва кодгузори менамоем. 2.Барои сохтани формаи логин ва парол 3 Lable, 2 Text, 2 Command Button истифода …

Читать далее

Протседураҳо и функсияҳо

29/03/2020
Фании Информатика

140

Функсия; Проседура. Хулоса ва мустаҳкамкунии дарс Адабиёт Фаронов В.В. Система программирование Delphi. – СПб.: БВХ-Петербург, 2003. – 912 с.: ил. с. 170-187. https://gluk.webhost.ru/delphi.html. Бисёр вақт пайдарпаии инструксияҳо дар ҷойҳои гуногуни программа якчанд маротиба такрор мешаванд. Бинобар ин зарурияти истифодабарии проседураҳо ва функсияҳо пайдо мешавад. Хар яки инро дар алоҳидагb дида …

Читать далее

Сохторҳои идоракунандаи забони DELPHI 7

29/03/2020
Фании Информатика

201

Инструксияҳои if (шарт) ва case (интихоб); Сиклҳо. Инструксияҳои for, while, repeat, goto. Хулоса ва мустаҳкамкунии дарс Адабиёт 1. Фокс Дж. Программное обеспечение и его разработка / Пер. с англ. — М.: Мир, 1985. – 368 с., ил. 2. Фаронов В.В. Система программирование Delphi. – СПб.: БВХ Петербург, 2003. – 912 …

Читать далее

Массивҳо

29/03/2020
Фании Информатика

165

Эълони массив Амалиётҳо бо массивҳо Дохилкунии массив Хулоса ва мустаҳкамкунии дарс Адабиёт 1. Зелковиц М., Шоу А., Гэннон Дж. Принципы разработки программного обеспечения / Пер. с англ. — М.: Мир, 1982. — 386 с., ил. 2. Фокс Дж. Программное обеспечение и его разработка / Пер. с англ. — М.: Мир, …

Читать далее

Замимаҳои консолӣ

29/03/2020
Фании Информатика

138

Инструксияҳои write ва writeln Инструксияҳои read ва readln Тартиб додани замимаҳои консолb Хулоса ва мустаҳкамкунии дарс Адабиёт 1. Зелковиц М., Шоу А., Гэннон Дж. Принципы разработки программного обеспечения / Пер. с англ. — М.: Мир, 1982. — 386 с., ил. 2. Фокс Дж. Программное обеспечение и его разработка / Пер. …

Читайте также:  Что это такое корь и как она проявляется

Читать далее

Символҳо (рамзҳо) ва сатрҳо

29/03/2020
Фании Информатика

139

Символҳо Сатрҳо Хулоса ва мустаҳкамкунии дарс Адабиёт 1. Зелковиц М., Шоу А., Гэннон Дж. Принципы разработки программного обеспечения / Пер. с англ. — М.: Мир, 1982. — 386 с., ил. 2.Фаронов В.В. Система программирование Delphi. – СПб.: БВХ Петербург, 2003. – 912 с.: ил. 3. https://gluk.weӣhost.ru/delphi.html. 1. Символҳо Барои нигоҳдорӣ …

Читать далее

Асосҳои програмасозии DELPHI7

29/03/2020
Фании Информатика

235

Элементҳои забон Таѓирёбанда Инструксияи бахшиш Функсияхои стандартӣ Функсияихои мубадалкунонӣ Дохилкунӣ ва хориҷкунии маълумот Истифодаи окнои хабардиҳӣ Хулоса ва мустаҳкамкунии дарс Адабиёт 1. Фаронов В.В. Система программирование Delphi. – СПб.: БВХ Петербург, 2003. – 912 с.: ил. саҳ. 32-43. 2.Мирзоахмедов Ф., Ахмедов А. Асосҳои алгоритмиронӣ ва забонҳои алгоритмӣ. Васоити таълимӣ -Хуҷанд, …

Читать далее

Источник

25.04.2018
Илм

931 Показы

mikrobiologiyaМИКРОБИОЛОГИЯ, илмест доир ба мавчудоти хурде, ки онхоро бо чашм натавон дид. М. сохти микробхо, таркиби химияви ва конунияти фаъолияти хаётии онхоро муайян намуда, тагйирпазири ва ирсияту робитаи мутакобилаи микрбхоро бо диг. организмхо, аз чумла бо одам ва хайвонот, инчунин мавкеи онхоро дар ташаккули биосфера меомузад. Дар рафти инкишоф М. бо шохахои зерин чудо шуд: умуми, кишоварзи, ветеринари, тибби ва саноати.
М.-и умуми конунияти фаъолияти хаётии микробхоро хамчун организм ва мавкеи онхоро дар нигахдории хаёти руи замин, аз чумла дар гардиши карбон, нитроген, энергия меомузад. М.-и кишоварзи фаъолияти микробхоро дар ташаккули хок, гизои растани, консервонии хуроки чорво (силос), инчунин таъсири онхоро дар инкишофи касалихои растани муайян менамояд. Вазифаи М-и техники ё саноати омузиши чараёни химиявие мебошад, ки зери таъсири микробхо пайдо шуда, ба хосил гаштани атсетон, спирт, кислотахои оганики ва г. мусоидат мекунад. Солхои охир дар сохаи М.-и техники истехсоли витаминхо, аминокислотахо ва антибиотикхо хеле пеш рафтааст. Ба М.-и тибби бактериология дохил мешавад, ки он ангезандаи беморихои сироятиро меомузад. Микология, протозоология, вирусология низ ба М-и тибби мансубанд. Микология занбуругхои бемориангез, протозоология организмхои якхучайраи касалиовар ва вирусология вирусхои беморизоро меомузад.
Бори аввал маълумоти сахех оид ба микробхо, дар нимаи дуюми а.17 аз тарафи олими голанди А. Левенгук ба даст оварда шудааст. у бо микроскопи оддие, ки ашёро 250 – 300 маротиба калон нишон медихад, дар об, чирки дандон ва киёмхо «мавчудоти зинда»-еро мушохида намуд. Аммо М. чун илм аз нимаи дуюми а. 19 баъд аз тадкикоти олими франсави Л. Пастер, олими немис Р. Кох ва олимони рус И. И. Мечников, С. Н. Виноградский ва Д. И Ивановский босуръат инкишоф ёфтааст. Дар аснои тадкикоти Л. Пастер тарз (механизм)-хои гуногуни туршшави дарёфт шуда, мавкеи микробхо дар амали гардонидани механизми туршшави муайян гашт. Тадкикоти Л. Пастер доир ба ангезандаи вабои мург, сухтани ва хори бахри пешгирии беморихои сирояти замина гузоштанд. Пажухишхои Р. Кох ба мукаррар намудани ангезандахои сухтани, сил ва вабо имкон доданд. И. И Мечников асосгузори таълимоти хозираи масунияти одам ва хайвон нисбат ба беморихои сирояти мебошад. у чараёни фагоситозро кафш намуд ва дар раванди он вазифаи лейкоситхо, хучайрахои сипурз ва магзи устухонро муайян кард. Тадкикоти С.И. Виноградский мавкеи бактерияхоро дар гардиши нитрогени табиат муайян намуд, ки бахри серхосилии зироат ахамияти калон дорад. Дар асоси дастовардтхо муяссар гашт, ки беморихои сирояти кам, баъзе касалихои бенихоят вазнин, ба монанди нагзак ва тоун нест карда шаванд.
Дар Точикистон аз с-хои 40 ин чониб дар сохаи М. тадкикот мебаранд. Дар навбати аввал лозим омад, ки таркиб ва хусусияти микрофлораи хок омухта шаванд. Сипас тадкики густариши гурухи бактерияхои азотандузи аэроби дар хокхои Точикистони Шимоли ва микроорганизмхои хокхои чумхури огоз ёфт. С.-хои 50-ум роли микроорганизмхо дар хосил кардани сода (карбонати натрий) ва шурхоки карбонати дар чануби чумхури, бо таъсири актиномисетхо тагйир ёфтани таркиби хок омухта шуданд. Баробари таъсис ёфтани Ин-ти тадкикоти илмии санитарию бактериологи дар Душанбе (1931) М.-и тиббии назарияви ва амали ташаккул ёфт. Аз тарафи бактериологхои чумхури этиологияи беморихои руда, гулузиндонак ва ахамияти шаклхои тагйирёфтаи бактерияхои исхоли хунин мавриди тадкик карор гирифтанд.
Ниг. низ Бактериология.

С. Сатторов.

Инчунин кобед

sayora-olim

Барои чи диккати олимони аврупоиро, дар чустучуи хаёт дар дигар сайёрахо нею

Савол: Барои чи диккати олимони аврупоиро, дар чустучуи хаёт дар дигар сайёрахо нею махз Титан …

Источник