Как умер кори абдулбосит

Как умер кори абдулбосит thumbnail

Абдулбосит Муҳаммад Абдуссамад (ар. عبد الباسط عبد الصمد‎, машҳур ба Қорӣ Абдулбосит; 1927, Армант, Миср — 30 ноябри 1988, Қоҳира, Миср) — яке аз ҳофизон ва қориёни бузурги Қуръон, ки тавоноии хос дар қироати Қуръон бо савти хуш дошт. Ӯ аз чаҳор ҳофизи бузурги Қуръон дар Миср ба шумор меравад. Ӯ ҳамчунин аввалин нафар дар Анҷумани қориён дар Миср будааст. Вай дар саросари ҷаҳон тарафдорон ва муқаллидони фаровоне дорад.

Зиндагинома[вироиш]

Абдулбосит Муҳаммад Абдуссамад соли 1927 дар рустои Алмазоъиза яке аз тавобеи шаҳри Армант дар устони Қино дар ҷануби Миср ба дунё омадааст. Насаби хонаводагии вай аз курдҳои муҳоҷире мебошад, ки ба ҳангоми лашкаркашиҳои Салоҳуддин Айюбӣ ба ҳамроҳи вай ба теъдоди касире аз Туркия ба Миср муҳоҷират карданд. Падараш Абдуссамад яке аз мударрисини ҳифз ва таҷвиди Қуръони карим буд. Абдулбосит дар 6 солагӣ ба мактаб Алқарон дар Армант рафт. Дар 10 солагӣ ҳофизи кулли Қуръон шуд. Пас аз инки Абдулбосит ба синни 12 солагӣ расид аз ҳар шаҳр ва русто дар устони Қино ва махсусан аз ҷониби Осфун Аламтоъна даъватҳое ба сӯи ӯ равона шуд, чаро ки гувоҳи устод Салим, ки ба Абдулбосит эъто шуда буд нуқтаи итминони ҳама мардум буд.

Ӯ дар соли 1950 ба маросиме, ки барпо шуда буд рафт. Дар он маҷлис яке аз наздикон Абдулбосит аз масъулини маҷлис иҷоза хост то ӯ 10 дақиқаеро ба тиловат бипардозад. Абдулбосит оёте аз сураи Аҳзобро тиловат кард ва ин тиловат Абдулбосит 1,5 соат идома пайдо кард ва бисёр мавриди истиқболи мардум қарор гирифт.

Дар сол 1951 Абдулбосит ба радиои Миср рафт. Ӯ пас аз ба даст овардан шӯҳрате, ки дар тӯли чанд моҳ ба даст оварда буд ба Қоҳира муҳоҷират кард. Бо мулҳақ шудани ӯ ба радио истиқболи мардум дар Миср барои харид гирандаҳои радиёӣ зиёд шуд ва дар аксар хонаҳо густариш ёфт.

Читайте также:  Осложнение от кори энцефалит

Оила[вироиш]

Қорӣ Абдулбосит дар 19 солагӣ бо духтари амакаш хонадор шуд. Натиҷаи ин издивоҷ чор фарзанди писар ба номҳои Ҷамол, Муҳаммад, Ториқ ва Холид мебошад. Дар байни фарзандонаш Ториқ Абдулбосит, ки афсари пулис мебошад, ба унвони идомадиҳандаи роҳи падар шинохта шудааст ва акнун наворҳои тартили ӯ дар Миср забт ва таксир шудааст[2].

Сафарҳо[вироиш]

Қорӣ Абдулбосит баъди шогирд шуданаш назди Устод Муҳаммадсалим тавонист, ки ба баландтарин қуллаи қироати Қуръон бирасад. Тавре худи ӯ мегӯяд, пас аз он ки дар даҳсолагӣ Қуръонро ҳифз намудам, дар синни дувоздаҳсолагӣ ашараро аз худ кардам, ки ин ҳам як намуди тиловати Қуръон бар тариқи гуногун мебошад. Ҳамзамон дар синни чордаҳсолагӣ, яъне ҳамаи қироатҳои даҳгонаро омӯхтам ва онро аз худ кардам. Дар идома қорӣ Абдулбосит баён медорад, ки ман тамоми вақти худро сарфи Қуръон кардаам ва тамоми зиндагиям сарфи таълими Қуръон ва ҷаласаҳои динӣ шудааст. Кори ман бештар ба қироати Қуръон ва баргузории шабҳои қуръониву даъватҳои шахсӣ аз кишварҳои исломӣ ва барномаҳои радиоӣ ва телевизионӣ буд. Ҳамеша кӯшиш мекардам, то чизеро аз каломи поки Худованд ба гӯши шунаванда бирасонам. Ҳангоме ки 19 сол доштам дар соли 1951 барои аввалин бор ба Қоҳира рафтам. Ин дар ҳоле буд, ки ман дар ин замон аз зумраи ҳофизони Қуръон будаму шӯҳрати беандозаеро дар минтақаи Саъид касб карда будам. Дар ин замон ба муносибати мелоди Паёмбар (с) ҷашне барпо буд. Баъзеҳо маро дар ин маҳфил мешинохтанд ва майл доштан ман дар баъзе аз муносибатҳову ҷашнҳо Қуръон бихонам. Аммо ман аз сабабе, ки дар ин шаҳр ғариб будам ва аз ҳузури қориёни маъруф дар дил тарс доштам. Вале новобаста аз ҳама ин мушкилот яке аз олимоне, ки дар ин маҳфил ҳузур дошту бо ман аз пеш ошноӣ пайдо карда буд, аз ман дархост кард, ки даҳ дақиқа Қуръон бихонам. Ман пазируфтам, ки даҳ дақиқа Қуръон бихонам, аммо якуним соат тӯл кашид. Тавфиқе аз ҷониби Худованд буд ва дар ин ҳангом масҷид пур аз одам шуд ва ҳама аз ман мехостанд, ки боз ҳам бештар ба тиловат машғул бошам ва ман тиловат мекардаму мардум ба ман гӯш медоданд. Ба ҳамин минвол тиловати ман дар Қоҳира чанд рӯз давом кард ва мардуми бисёре атрофи ман ҷамъ мешуданду ба тиловати Қуръон гӯш медоданд. Ҳамин тариқ Шайх Абдулбосит бештар дар моҳи мубораки Рамазон аз тарафи кишварҳо ва маҳфилҳои гуногуни исломӣ даъват мешуд ва барои онҳо тиловати Қуръони карим мекард. Аз ҷумлаи кишварҳое, ки Шайх Абдулбосит ба он кишварҳо сафар кардааст, кишвари Ҳинд, Лондон, Фаронса ва ғайра мебошанд, ки ӯ дар ин кишварҳо низ мақоми хоса дорад. Ғайр аз ин ӯ ба аксар кишварҳои арабӣ сафар кардааст. Ба ин минвол ӯ тавонист, ки шӯҳрати ҷаҳониро барои худ касб намояд. Дар баробари ин ӯ дар машҳуртарин масҷидҳо ва маконҳои муқаддаси исломӣ маҳфилҳои қуръониро барпо кардааст.

Читайте также:  Прививка корь краснуха паротит как переносится 6 лет

Даргузашт[вироиш]

Абдулбосит Абдуссамад рӯзи 30 ноябри 1988 бар асари саратони гулӯ ва бемории диабети қанд ва илтиҳоби ҷигар даргузашт.

Эзоҳ[вироиш]

Пайвандҳо[вироиш]

  • ‘Абдулбосит дар сайти Musulmanin.com
  • quran
  • ‘Абдулбосит дар сайти Assajda.com
  • ‘Абдулбосит дар сайти Islamweb.net
  • Абдулбосит дар сайти Everymuslim.net
  • Сайт Tanzil.net, бахшида ба қироати Қуръон
  • Лоиҳаи қуръонии Zekr

Источник