Техника ва технология дар асри 21 кори курси
Омили калидии мубориза алайҳи экстремизм ва терроризм
06-03-2019
Асри 21-ро асри илму техника ва технология меноманд. Ин моро водор месозад, то аз тамоми навгониҳои ҷаҳон бохабар бошему барои пешрафти кори худ ва рушди бемайлони тамоми соҳаҳои ҷамъиятӣ аз технологияи замони муосир истифода намоем.
Кашф гардидани компютер, ихтироъ ва роҳандозии шабакаи глобалии интернет аз нодиртарин кашфиёти асри 20 ба шумор меравад. Аммо дар асри 21 ин раванд, яъне электронигардонӣ якбора суръати баланд гирифта, кору зиндагии мардумро аз як ҷониб ба маротиб осон намуда, аз ҷониби дигар таъсирҳои манфиеро ба мардум расонид.
Агар мо аз рӯи ақлу хиради худ техника ва технологияро дуруст ва бомаврид истифода намоем, пас мо бурд мекунему ин муваффақияти мост ва агар баръакс бошад, пас моро хатари ҷиддие таҳдид менамояд.
Ба шакли мисол, аз як ҷониб рушди технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ ба пешрафти фаъолияти инсонӣ таъсири мусбат расонида, тараққии он муаррифии тамоми соҳаҳоро дар ҷаҳон хеле боло бурд ва аз ҷониби дигар гаравиши аҳолиро, алалхусус ҷавононро, ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ зиёд намуд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ҳамқадам бо давлатҳои дигари ҷаҳонӣ, пайи тараққӣ ва рушдёбии тамоми соҳаҳои басо ҳам муҳим тадбирандешӣ намуда истодааст.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон – Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳои худ оид ба вазъи имрӯзаи бархе аз мамлакатҳо, ки дар он ҷо терроризму экстремизм реша давондааст, бо изҳори нигаронӣ чунин қайд намуданд: «Бо дарназардошти воқеияти мавҷуда, мо дар сатҳи минтақа ва ҷаҳон пурзӯр кардани ҳамкориву шарикиро барои таъмини суботу амнияти фарогир тавассути андешидани иқдомҳои муштарак дар ҷодаи мубориза бо терроризму ифротгароӣ ва аз байн бурдани омилҳои дастгирии сиёсӣ, низомӣ ва молиявии онҳо ҳамчун самти амалии раҳоӣ аз ин вартаи хатарнок муҳим арзёбӣ мекунем».
Имрӯзҳо як вирус ҷомеаи ҷаҳонро нороҳат намуда истодааст, ки аз он башарият чашм пӯшида наметавонад ва ҳама якҷоя аз пайи нест намудани решаи он ҳастанд. Ҳамин аст, ки пайваста дар ҳар як гӯшаи олам ҳар гуна семинарҳо, конфронсҳо, мизҳои мудаввар ва суҳбатҳою вохӯриҳо дар мавзӯъҳои мухталиф, ба монанди «Ҳамкории байналмилалӣ ва минтақавӣ дар соҳаи мубориза бар зидди тундгароӣ ва ифротгароии хушунатомез: таҳдидҳо, чолишҳо ва имкониятҳои ҳамкорӣ», «Хусусиятҳои истифодаи забони душманӣ дар кори тарғибот ва зидди тарғиботи тундгароӣ», «Нақши воситаҳои ахбори омма дар мубориза бар зидди идеологияи тундгароӣ» доир гардида истодааст.
Ҷумҳурии Тоҷикистон низ яке аз мамлакатҳое мебошад, ки дар ин самт тадбирҳои мушаххас андешида, онҳоро амалӣ намуда истодааст. Соли 2016 бо Фармони Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба экстремизм ва терроризм барои солҳои 2016-2020” тасдиқ гардид.
Дарвоқеъ, ба мо маълум аст, ки роҳи давлатдорию давлатсозӣ пур аз монеаҳои сарпечида, хатарҳои сиёсӣ, бозиҳои сиёсӣ, мухолифатҳои сиёсии пӯшида, таҳаввулоти ногаҳонӣ, сӯиқасдҳо ва мушкилоти дигар аст. Ҳамаи ин монеаҳоро мо танҳо бо доштани ҳамон “силоҳ”-и пуриқтидор – зиракии сиёсӣ гузашта метавонем. Имрӯз яке аз шартҳои асосии пойдории давлат, таҳкими истиқлолият, сулҳу ваҳдат ва ягонагӣ дар кишвар ин сатҳи баланди зиракии сиёсии ҳар як сокини мамлакат, махсусан мо, шаҳрвандон, мебошад.
Б.Ҷабборов,
муовини ректор оид ба
корҳои тарбиявии Донишкадаи
соҳибкорӣ ва хизмат,
Ҷ.Абдиев,
мудири шуъбаи кор бо ҷавонони
Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат
Источник
Хусусиятҳои табиатшиносии асри 21
Дохил кард:
Санаи дохилгардида: 2017-10-24
Агар ба таърихи зиёда аз 2 ҳазору 500 солаи табиатшиносӣ назар андозем, дида мешавад, ки вай хусусан дар се садсолаи охир бо суръати бениҳоят баланд инкишоф ёфтааст. Дар ин муддат дар соҳаи физика аз тасаввуроти натурфалсафии олимони Юнони қадим то манзараи квантию релятивии микро-, макро- ва мегаолам, дар соҳаи химия аз тасаввуротҳои кимиёгарони асримиёнагӣ то химияи квантӣ, дар соҳаи кайҳоншиносӣ аз тасаввуроти геосентрӣ то манзараи муосири астрономии Олам ва дар соҳаи омўзиши табиати зинда аз биологияи тасвирӣ то биологияи молекулавию генетика роҳ паймуда шуд. Имрўз дар савияи микроолам просессҳое омўхта мешаванд, ки дар фосилаҳои вақти 10-23 сония (аз сад миллиард триллион як ҳиссаи сония) ва дар масофаҳои 10-17 метр (аз сад ҳазор триллион як ҳиссаи метр) мушоҳида карда мешаванд. Дар савияи мегаолам бошад олимон бо просессҳое сарукор доранд, ки дар фосилаҳои вақти 1018 сония (миллион триллион сония ≈ 13 млрд сол) ва дар масофаҳои 1026 м (сад триллион триллион метр) ҷорӣ мешаванд. Бо ёрии дастгоҳҳои астрономӣ объектҳои кайҳоние ба қайд гирифта шудаанд, ки рўшноии аз онҳо омада ҳанўз 12 млрд. сол пештар баромада буд. Агар ба хотир орем, ки системаи Офтобӣ тақрибан 5 млрд сол пештар ба вуҷуд омадааст, пас ин рўшноӣ аз объекти қайдшуда 7 миллиард сол пеш аз пайдоиши Замин баромадааст. Афканишоти реликтӣ, ки нишона аз «таркиши бузург» аст, имкон медиҳад, ки оид ба сонияҳо ва дақиқаҳои аввалини пайдоиши Олам маълумотҳои зарурӣ ба даст оварда шаванд.
Ин гуна мисолҳоро боз ҳам овардан мумкин аст, аммо хулосаи умумӣ иборат аз он аст, ки ин дастовардҳои илмӣ дер ё зуд дар амалия татбиқ карда мешаванд, яъне нақши илм дар ҷамъияти инсонӣ рў ба афзудан аст. ба дигар маънӣ, илм имрўз ба қувваи бевоситаи истеҳсолкунанда табдил ёфтааст. Натиҷаи ин табдилёбӣ пешрафти илмию техникӣ мебошад, ки дар заминаи технологияҳои информатсионии нав, воситаҳои замонавии техникаи ҳисоббарор, муҳандисии генетикӣ ва биотехнология тарзу низоми ҳаёти инсонро комилан дигаргун месозад.
Дар гузашта ақидае маъмул буд, ки мувофиқи он инкишофи илму дониш бо роҳи ҷамъшавии маълумотҳои нав ба нав сурат мегирад. Вале дар амал инкишофи илм танҳо аз ҷамъшавии холисонаи донишҳо иборат намебошад. Гузашта аз он, тағйиротҳои қатъӣ дар илм асосан бо инқилобҳои илмӣ алоқаманданд, ки дар ҷараёни онҳо ақидаҳо, принсипҳо ва усулҳои тадқиқоти пештара аз назари танқидӣ тафтиш ва ислоҳ мегарданд. Гузариш ба ин ақидаю усулҳои нави тадқиқот ба тавассути проссесҳои дифференсиатсия ва интегратсияи дониш амалӣ мегардад.
Дифференсиатсияи дониши илмӣ яке аз марҳилаи зарурии инкишофи илм ба ҳисоб рафта, иборат аз он аст, ки барои тадқиқи ҳаматарафаи объекти таҳқиқшаванда фанҳои алоҳидаи илмӣ бо мавзўю усули хусусӣ пайдо мешаванд. Масалан, дар Юнони қадим фанҳои ҷудогонаи илмӣ мавҷуд набуданд ва маҷмўи донишҳои маълум дар чаҳорчўбаи фалсафа гирд омада буд. Илмҳои алоҳидаи табиӣ бори аввал дар давраи Эҳё, вақте, ки табиатшиносии таҷрибавӣ пайдо шуд, арзи вуҷуд намуданд. Аввал механика ва сонитар фаслҳои дигари физика, химия, биология ва илмҳои бунёдии дигар оид ба табиат ба оҳистагӣ шакл гирифтанд.
Дар ибтидои асри 21 табиатшиносӣ ба марҳилаи нави инкишофи худ дохил гардид, ки дар он шаклҳои системавӣ ва байнисоҳавии тадқиқоти илмӣ ба мадди аввал мебароянд. Тадқиқотҳои байнисоҳавии муосир системаҳоеро мавриди омўзиш қарор медиҳанд, ки характери кушода, ғайрихаттӣ, ғайримувозинатӣ ва худташкилёбанда доранд. Яке аз чунин самти нави тадқиқот – синергетика ба шумор меравад, ки объекти омўзиши он системаҳои худташкилёбанда ва просессҳои худташкилёбӣ мебошанд.
Дифференсиатсияи илм ба он меоварад, ки донишҳо оид ба табиат аниқтар ва чуқуртар мешаванд, вале ҳамзамон алоқаи байни илмҳои алоҳида ва ҳамдигар-фаҳмии байни олимон суст мегардад. Ҳамин тавр, дар натиҷаи дифференсиатсия донишҳо илми ягона ба маҷмўи соҳаҳои маҳдуду ҷудогонаи тадқиқот табдил меёбад. Дар натиҷа олимон мавқеъ ва моҳияти кори хешро дар омўзиши олами ягона, яклухт ва объективӣ надида мемонанд.
Хушбахтона роҳи баромад аз ин вазъият мавҷуд аст ва онро худи инкишофи илм пешниҳод мекунад. Нуқтаи назари нав, ки ягонагию яклухтии табиатро инъикос менамояд интегратсияи дониши илмӣ мебошад. Мувофиқи он мафҳумҳо, назарияҳо ва усулҳои як соҳаи илм дар соҳаи илмҳои дигар истифода мешаванд. Масалан, дар натиҷаи истифодаи усулҳои физика дар биология илми нави биофизика бунёд гашт. Айнан ҳамин тавр биохимия, геофизика, геохимия ва ғайра пайдо шуданд.
Дидан карданд: 2928
Источник
Зермавзӯъҳо:
Маълумот дар бораи шаклҳои ташкилии кори таълим
Системаи таълимӣ
Хелҳои омӯзиш
- Шаклҳои ташкили таълим – ин ифодаи зоҳирии фаъолияти якҷоя мутобиқкардашудаи муаллим ва толибилмон аст, ки нисбати иҷрокунии тарзи муайяни омӯзиш дар мактаб мебошад. Шаклҳои таълим вобастагии иҷтимоӣ доранд, ба воситаи инкишофёбии системаи дидактикӣ пайдо шуда, такмил меёбад.
Дар замонҳои қадим наврасон фаъолияти одамони калонсолро дида, тақлидкунон тарзи зиндагиро ёд мегирифтанд. Бо ҳамин, гӯё, кӯдакон ба ҳаёт тайёр мешуданд. Мураккабшавии меҳнат ва донишҳо ба он оварда расонид, ки таълим ва шаклҳои кори таълим пайдо шуданд. Дар Чин, Миср, Юнони қадим дар мактабҳо шакли гурӯҳии таълим ҷорӣ шуда буд. Аввалҳо шакли фардии таълим вуҷуд дошт, ки як нафар устод ё муаллим як шогирдро таълим медод. Бо ин роҳ одамони саводноки бисёр тайёр кардан мушкил буд, аз ин лиҳоз шакли гурӯҳии таълимро ба вуҷуд оварданд.
Дар хусуси аҳамияти гурӯҳи таълими гурӯҳӣ ҳанӯз ҳазор сол пеш аз ин А. Сино чунин гуфта буд: «Таълими гурӯҳӣ ба ҷамъият имконияти калони тайёр намудани саводнокҳои сершуморро дорад». Дар мактабҳои асримиёнагӣ шаклҳои фардию гурӯҳии омӯзиш ҳукмфармо буд. Дар ин шакли таълим омӯзгор дар хонаи худ ё дар хонаи кӯдак сабақ меомӯхт. Дар шароити Тоҷикистон мактабҳои назди масҷид кор мекарданд, ки омӯзгор ба гурӯҳ сабақ меомӯхт. Бо мурури замон шаклҳои нави кори таълим пайдо шуда, қисми кӯҳна шуда аз байн рафт. Ҳоло дар мактаб шаклҳои зерини асосии таълим амал мекунад: дарс, вазифаи хонагӣ, экскурсия (саёҳат), корҳои берун аз синфӣ, берун аз дарсӣ.
- Дар ибтидои асри ХVII аз ҷониби педагоги барҷастаи чех Я. А. Каменский системаи дарсии синфӣ тавассути китоби «Дидактикаи бузург» (1632) кашф карда шуд. Дар ин шакли оммавии таълим талабагон мувофиқи синну сол ва дараҷаи донишашон ба гурӯҳҳо ҷудо шуда, омӯзонида мешуданд. Ба мактаб омадани хонандагон дар вақти муайяни сол ба низом дароварда шуда, соли таҳсил, рӯзи таҳсил, дарс, танаффуси байни машѓулиятҳо, чорякҳо, таътилҳо ташкил ёфт. Ҳамин тавр системаи дарсии синфӣ ба вуҷуд омад, ки он чунин таъриф дода мешавад: «Гурӯҳе, ки аз хонандагони синну солашон якхела иборат буда, таълим мегиранд, системаи дарсии синфӣ (синф) меноманд». Я.А. Каменский дар системаи дарсии синфӣ истифодаи аёниятро махсус қайд карда, онро «Принсипи тиллоии дидактика» номидааст.
Баъдтар барои таѓйир додани системаи дарсии синфӣ шаклҳои дигари таълим низ пайдо шуданд, ки онҳо чунин буданд:
- Бел-Ланкастерӣ – соли 1798 чунин номро аз барпокунандаи худ: руҳонии англис А. Белла ва муаллим Д. Ланкестера гирифтааст. Он дар як маврид дар Англия ва Ҳиндустон истифода бурда мешуд. Хонандагон таҳти роҳбарии муаллимон маводи таълимиро омӯхта, баъдтар дасти рафиқони хурдсоли худро гирифта меомӯзониданд.
- Далтон-план – соли 1905 дар шаҳри Далтони ИМА аз тарафи муаллима Елена Паркхерст таъсис ёфт. Ин системаро лабороторӣ ё худ устохонавӣ низ меномиданд. Хонанда ба ҷои синфҳои анъанавӣ дар устохонаҳои фаннӣ супоришҳоро мустақилона иҷро мекарданд. Дар ин система нақшаи умумӣ ва ҷадвали дарсӣ вуҷуд надошт.
- Лоиҳавӣ – дар аввалҳои асри 20 дар заминаи прогматизм (юнонӣ – кор, амал) дар ИМА ҷорӣ гардид. Ин системаи омӯзиш аз роҳи мунтазам ва чуқур азхуд кардани асосҳои илм баромада, кӯтоҳназарона фаъолияти асосиро ба ҳосил кардани маҳорату малакаҳои оддитарини меҳнатӣ равона карда буд.
Бояд гуфт, ки ин системаҳои нави пайдошуда ҷои системаи дарсии Я. А. Каменскийро гирифта, натавонист, ин аст, ки он 300 сол инҷониб дар тамоми дунё истифода шуда истодааст.
- Дар мактабҳои муосир се намуди хелҳои омӯзиш истифода бурда мешавад:
- таълими эзоҳиву тасвирӣ (анъанавӣ ё муқарарӣ);
- таълими проблемавӣ;
- таълими барномашуда, ки таълими компютерӣ ё компютеркунонидашуда, тараққӣ карда истода.
Таълими эзоҳиву тасвирӣ таърихи бисёрсола дошта, моҳияташро гум накардааст. Ин намуди омӯзиш-таълим вақтро сарфа карда, самарабахшии раванди таълимро таъмин мекунад.
Таълими проблемавӣ бо роҳи мустақилона ҳосил кардани донишҳо гузаронида мешавад. Бартарии таълими проблемавӣ ин дар натиҷаи ҷустуҷӯи мустақилона ҳосил кардани донишҳо бо роҳи фаъолияти эҷодии шахсӣ мебошад, ки қобилияти фикрронии хонандаро инкишоф медиҳад.
Омӯзиши барномашуда – ин беҳтар гардонидани идоракунии раванди таълим аст. Омӯзиши барномашуда аз дидактикаи амрикоӣ сарчашма гирифтааст, ки маънои амалиёти пай дар пай иҷрошавии натиҷаҳоро, ки пешакӣ ба нақша гирифта шудааст, ифода мекунад. Омӯзиши компютерӣ таъминкунандаи махсуси бо барнома омӯзандагон, самаранок мувофиқаткунонӣ баҳри ҳалли вазифаҳои дидактикӣ – нишон додани ахборот, идора кардани рафти омӯзиш, назорат ва ислоҳи натиҷаҳо, иҷрои машқҳои омодашавӣ, азхудкунии маълумотҳо дар бораи инкишофи раванди таълим ва ѓайраҳо мебошад. Омӯзиши компютерӣ дар дидактикаи ҷаҳонӣ технологияи нави таълимро ба вуҷуд овард.
Адабиёт:
- Вилямс Р., Маклин К. Компютери в школе. – Москва, 1988.
- Зотов Ю. Б. Организатсия современного урока. Москва, 1984.
- Лутфуллоев М. Дидактикаи муосир. – Душанбе, 2001.
- Раҳимов Х. Нуров А. Педагогика. – Душанбе, 2000.
#
Источник
Дарси 1. ПРЕДМЕТИ ФАННИ ТЕХНОЛОГИЯИ ИНФОРМАТСИОНИ
Асосхои информатика. Мафхуми информатика бо мачмуи илмхое алокаманд аст, ки онхо ба омузиши хосиятхо ва тарзхои гункуни, тасвир, коркард ва ирсоли информатсия тавассути воситахои техники сару кор доранд. Дар мамлакатхои англисзабон ба чои мафхуми информатика мафхуми computer science – илми компютери мавриди истифода карор дорад.
Асосхои назариявии информатикаро гурухи илмхои бунёди (фундаментали) ташкил менамоянд, ки онхоро дар як сатх хам ба математика ва хам ба кибернетика мансуб шумурдан мумкин аст: назарияи информатсия, назарияи алгоритмхо, мантики математики, назарияи забонхои формали ва грамматики, тахлили комбинатори ва гайра. Гайр аз ин, фанни информатика ба омузиши архитектураи компютер, системахои оператсиони, назарияи базаи маълумотхо, технологияи программасози ва дигар самтхои технологияхои информатсиони машгул аст.
Бояд кайд намуд, ки дар муддати начандон зиёди таърихи информатика аз як фанни техники дар бораи методхо ва воситахои коркарди маълумоти додашуда бо ёрии мошинхои электронии хисоббарор ба илми бунёди дар бораи информатсия ва равандхои информатсионии на танхо системахои техники, балки табиат ва чомеа табдил ёфтааст. Сабаби асосии ба чунин муваффакиятхо ноил гаштани илми информатика ба раванди бебозгашти саросар информатсиони гаштани чомеа вобаста аст, ки он як шакли зухуроти конуни умумии инкишофи башарият аст. Информатикунонии чомеа бо худ тахаввулоти илмию техники ва иктисодию ичтимоиро меоварад, ки он дар навбати худ хаёту фаъолият ва тафаккуру арзишхои инсониро дигаргун месозад. Тамоилот ва суръати ин дигаргуншави аз он гувохи медихад, ки асри ХХI асри информатика, технология ва чомеаи информатсиони хохад буд.
Информатика илмест, ки доир ба хосиятхои информатсия ва конуниятхои равандхои информатсиони бахс менамояд.
Технологияи информатсиони(ТИ). ТИ мачмуи мушаххаси воситахои техники ва таъминоти программави буда, барои гузаронидани амалиётхои гуногуни коркарди информатсия дар самтхои мухталифи фаъолияти инсон пешбини шудааст. Баъзан технологияи информатсиониро технологияи компютери ё информатикаи тадбики низ мегуянд. ТИ-ро чунин таъриф додан мумкин аст:
Технологияхои информатсиони яке аз сохахои тафаккури илми буда, ба воситаи системаи тахлилии ходисахои мухити атроф равандхои информатсионии бо суръати баланд вусъатёбандаро меомузад ва методу воситахои автоматии гункуни, кабулкуни, нигахдори, табдил, ирсол, сабт ва истифодаи информатсияро тавассути техникаи компютери мавриди омузиш ва коркард карор медихад.
Максади омузиши фанни ТИ. Сохаи таълимии фанни технологияи информатсиони дар ду чанба мавриди омузиш карор мегирад. Чанбаи аввал ба омузиши системаи информатсионии тасвири олам ва конуниятхои информатсионии умумии сохт ва тарзи кори системахои худидора – биологи, чамъияти ва автомати-техники бахшида шудааст. Ин гуна системахо дорои хосияти ичрои максадноки амалиёт буда, рафторашон тавассути узвхои кабул, табдил ва амаликунандаи информатсиониашон идора карда мешавад. Чанбаи мазкур, ки кариб фарогири хама сохахои умумитаълими мебошад, доираи хамбастагии фанхои «Информатика» ва «Кибернетика»-ро ташкил медихад.
ЭЗОХ: Кибернетика илм дар бораи хосиятхои умумии равандхои идоракуни дар системахои зинда ва гайризинда мебошад.
Чанбаи дуюми сохаи таълимии фанни ТИ ба омузиши методхо ва васоити техникии дарёфт, гункуни, захира, табдил, ирсол ва истифодаи информатсия бо ёрии компютер ва дигар воситахои электронии муосир бахшида шудааст. Ин чанба пеш аз хама ба тадбики маводи таълими дар хаёт ва ба фаъолияти эчоди омода сохтани хонандагон алокаманд мебошад. Сохаи таълимии фанни ТИ характери комплекси дорад.
Хар як кисми он дар ичрои вазифаи алохида ва мушаххаси сохаи таълим макоми хоса дорад ва бахри амали гаштани хадафхои зерин равона шудааст:
- Парвариши малакахои истифодаи мохирона ва пурсамари компютер дар раванди омузиш ва фаъолияти хамарузаи хонандагон
- Омодаги ба хаёти пурарзишу фаъоли чомеаи информатсиони
- Баланд бардоштани фарханги информатсионии хонандагон Тадбики технологияхои нави информатсиони дар муассисахои таълими
- Таъмини фарогирии устувори техника ва технологияи компютери дар хамаи самтхои хаёт
- Равшан гардонидани мохияти равандхои информатсиони дар чахонбинии илми ва накши ТИ дар чомеаи навин.
Вазифахо ва пайванду вобастагихои ТИ бо илмхои дигар.
Хангоми дар омузиши хама фанхои таълими чори намудани компютер, малакахои ба ном «саводнокии компютерии хонандагон» характери умумитаълими мегирад. Ташаккули муносибати нав ба фахмиши максадхои омузишии фанни ТИ пеш аз хама ба вазифахои умумитаълимии ин фан ва имкониятхои потенсиалии он дар халли масъалахои мухимтарини таълим, тарбия ва рушди зехнии мактаббачагон алокаманд аст.
Унсурхои алохидаи тахлили кибернетикии ходисахои мухити атроф инъикоси худро дар курсхои таълимии биология, физика, таърих, чамъиятшиноси, таълими мехнат ва гайра меёбанд. Фанни ТИ бошад дар системаи фанхои таълими накши пешбарандаро бозида, бахри дарёфти тасаввуроти ягонаи олами хасти ва эхсоси умумияти асосхои информатсионии раванди идораи табиати зинда, чомеа ва техника шароити мусоид фарохам меорад.
Хамин тарик, вазифаи асосии фанни ТИ аз таъмин намудани фарогирии дониши мустахкам ва бошууронаи хонандагон доир ба раванди табдил, ирсол ва истифодаи информатсия иборат буда, дар халли масъалахои маълумоти умумиинсони сахми арзанда дорад:
- Дар ташаккули асосхои чахонбинии илми:
тасаввуроти хонандагон оид ба информатсия хамчун ба яке аз се мафхуми бунёдии тасвири илмии олам модда, энергия, информатсия ташаккул дода мешавад;
фахмиши хонандагон доир ба принсипхои якхела ва ягонаи сохти системахои худидораи гуногунчабха ташаккул дода мешавад ва мавкеи технологияхои нави информатсиони дар тараккиёти чомеа ва дигаргуншавии мазмуну характери фаъолияти инсон муайян карда мешавад.
- Дар таракки додани сатхи тафаккури хонандагон:
илми равоншиносии муосир (психология) ахамияти ТИ-ро дар рушди тафаккури назарияви ва эчодиихонандагон тахлил намуда, ташаккули шакли нави тафаккур – тафаккури оператсиониро ба кайд гирифтааст;
як катор тадкикотхои равоншиноси аз он гувохи медиханд, ки хангоми истифодаи компютер дар хонандагон услуби самараноки модулию рефлексии фикррони ташаккул меёбад.
- Дар омодасозии хонандагон ба фаъолияти амалию мехнати:
накши ТИ дар ташаккули фарханги информатсионии хонандагон ва компонентхои омодагиашон ба тарзи нави хаётгузарони дар чомеаи информатсиони багоят бузург аст;
истифодаи методу васоити компютери хонандагонро ба давомдихии тахсил дар мактабхои касби хидоят менамояд.
Ба объектхои асосии фанни ТИ – информатсия, захирахои информатсиони, равандхои информатсионии системахои табиатан гуногун, воситахои информатикунони ва технологияхои информатсиони дохил мешаванд. Фанни ТИ хамчун илми мустакил на танхо сохаи тадкикоти, балки методхои хоси тадкикотии худро дорост.
Истифодаи ин методхо имконият медиханд, ки хосият ва конунхои умумии ходисахои мухити атроф ва чомеаро ошкор созем, тадкик ва тадбик намоем. Дар барномаи таълимии фанни ТИ чахор чихати парвариши тафаккури хонандагон пешбини шудааст:
- чахонбини – ташаккули тасвири системавию информатсионии олам, умумияти равандхои идоракуни дар табиати зинда, чомеа ва техника;
- технологи – ташаккули тасаввурот дар бораи компютер хамчун воситаи универсалии информатсиони, рушди саводи компютери ва фарханги информатсионии талабагон, омодасозии онхо ба фаъолияти мехнати ва идома додани тахсили касби;
- алгоритми – инкишофи тафаккури хонандагон доир ба алгоритм;
- тадкикоти – парвариши эчодкори ва тахлилнамои.
Худро санчед:
- Информатика чи гуна илм аст? ТИ чи?
- Максад ва вазифахои фанни ТИ аз чи иборат аст?
- Объектхои асосии фанни ТИ кадомхоянд?
Ичро кунед:
- Мавзуъро бодиккат хонед ва предмети фанни ТИ-ро накл кунед.
Источник