Тарзи кори компьютер ва он
Шиносои бо кисмхои функсионалии компютер. Аз худ намудани тарзи ба кор андохтан ва хомуш намудани компютер. Малакаи чидани харфхоро дар клавиатура баланд бардоштан.
Чуноне, ки қайд карда шуд, компютер аз 4 қисмҳои асосии ташкилкунанда иборат буда, ҳар яки он қисмҳо вазифаи алоҳидаи худро дорад.
расми 1.1 Намуди умумии компютер бо қисмҳои асосиаш
1.Блоки системави- яке аз қисмҳои асоси компютер ба ҳисоб меравад, зеро дар он хотираи дохилӣ ва беруна, плата, материнка, протсессор ҷойгир карда шудааст.
расми 1.2 Блоки системавӣ
2.Боз як қисми асосии ташкилкунандаи комютерҳои фардӣ ин монитор мебошад, ки он ҳамчун таҷҳизоти бароранаи маълумот хизмат мекунад, чунки дар он маълумотҳои дохил кардашуда бароварда мешавад.
Расми 1.3. монитор
ду намуди монитрохо мавҷуд аст, ки онҳо: ранга ва сиёҳу сафед мебошад.
3.Дигар қисми ташкилкунандаи ин технология ин клавиатура мебошад. Он барои дохил кардани маъулмот ба компютер хизмат мекунад. Он аз якчанд тугамачаҳо иборат меьбошад. Ки онҳоро вз рӯи иҷрои вазифаашон ба чунин қисмҳо тақсим мекунанд.
1.клавишаҳои функсионали – 12 тугмачае, ки дар қисми болоии клавиатура ҷойгир карда шудааст.
2.Клавишаҳои ҳарфӣ — иугмачаҳое, ки дар ҳарфҳо тасвир ёфта бо ёрии онҳо мантҳо ҳуруфчинӣ карда мешаванд.
3.Клавишаҳои ёрирасон – ин гунна клавишаҳо барои он ёрирасон ном гирифтаант, ки барои иҷрои ягон амал ёри мерасонанд, яъне барои варақгардон кардани ҳуҷҷат клавишаи ба боло (Page Up) ё ба поён(Pagedown) df ғайраҳо истифода мешаванд.
4.Клавишаҳои рақамӣ — он дар қисми чапи клавиатура ҷойгир карда шуда, барои дохил намудани маълумотҳои намудашон ададӣ истифода бурда мешавад.
5.Клавишаҳои ҳарфӣ-рақамӣ ин гуна клавишаҳо барои дохил намудани ҳам ҳарф ва ҳам ададҳо истифода мебаранд.
расми 1.4. клавиатураи муққарарӣ
4.қисми дигари комютерҳои фарди ин мушак мебошад, ки онро «монипулятор» мегуянд, зеро он фармонҳои лозимаи аз тарафи истифодаранда додашавандаро иҷро мекунад, он дар назар хело сода менамоянд, вале бисёр корҳои зиёдро ба анҷом мерасонад. Зеро дар истифода нисбати клавиатура кулайтар аст, ҷои зиёдро талаб намекунад. Ҳамчунин барои иҷрои боз дигар амалиётҳо истифода бурдан мумкин аст.
Расми 1.5. Мушак
мушак аз 2 ё з қисми иборат мебошад. Мушакҳои 2 қисма: ин намуди мушакҳое, ки аз қисми чап ва рост иборат мебоад, ки ҳар як қисм вазифаи худро иҷро мекунад.
Мушакҳои 3 қисма: мушакҳое, ки аз қисмҳои чап, рост ва мобайнӣ иборат мебошад, қисми мобайни одатан барои варақгардон кардани саҳифа истифода бурда мешавад, ки он низ барои осон кардани кори истифодабарнда сохат шудааст.
Ба ғайр аз инҳо компютер боз қисмҳоиловагиро дорад ба қатори ин кисмҳо дохил мешавад: Таҷҳизоти чопкнанда (принтер), таҷҳизоти аксгиранда (сканер), таҷҳизоти нусхагиранда (ксерокс), таҷҳизотҳои овозӣ (колонки), таҷҳизотҳои шабакави ба монанди модем, хап симҳо, конектор ва ғайрахо
Чуноне ки ба ҳамаи мо маълум аз имрӯзҳо технологияҳои компютери рӯз ба рӯз нав шуда, зиёд шуда истодааст, аз ҳамин сабаб мо бояд аз ин намуди компютерҳои фардӣ низ маълумоте дошта бошем. Яке аз чунин намудҳои компютерҳои фарди ин Notebook мебошад. Ин намуди комютерҳо аз комютерҳои мизи, яънеи муқаррари бо он фарқ мекунад, ки онро ба ҳар куҷо гирифта рафта кор фармудан мумкин аст, яъне ҳаҷман хурд, сабук, маълумоти мисли комютерҳои мизӣ нигоҳ дошта метавонад, боз як ҷиҳати фарқунандааш ин бо аккумулятор кор мекунад.
Расми 1.6. Ноутбук
мо доири комютерҳои мизӣ гуфта мегузарем. Инак тарзи ба кор омода созии компютер чи тавр ба амал оварда мешавад.
1.Ҳангоми хомуш будани комютер барои ба кор омода сохтани он аз кнопкае, ки дар пойёни блоки системави кнопкаи ба кор омодасозӣ мавҷуд аст, ҳангоми пахш намудани ин кнопка комютер ба кор омода мешавад, баъд мониторро ба кор омода месозад бо пахш намудан ба тугмачаи дар монитор буда. Клавиатура ва мушак автоматики ҳангоми ба кор омода шудани блоки системави ба кор тайёр мешавад.
2.Барои хомӯш намудани комютер якчанд роҳҳои амали сохтани он мавҷуд мебошад.
1.Аз менюи Пуск –фармони «Выключения»-ро интихоб карда лозим аст, баъд аз даричаи бароимада фармони «Выключение»-ро пахш мекунед, компютер ба хомушавӣ оғоз мекунад.
Расми 1.7. Тарзи ба кор анҷом бахшидан
2.Роҳи дкюми хомуш намудани компютер ин пахш намудан ба тугмачаи «Sleep» ки дар клавиатура дар қатори тугмачаҳои ёрирасон истоааст, мебошад.
3.Боз як роҳи дигари хомӯш намудани компютер ин бо пахш намудан ба тугмачаҳои «Alt+F4» клавиатура мебошад.
Чуноне, ки дар боло қайд шуд, клавиатура асосан барои чидани ҳарфҳо пешбинӣ карда шудааст, аз ҳамин сабаб барои ичдани ҳарфҳо бо ёрии клавиатура иҷро карда мешавад. Барои дар хотир нигоҳ доштани тарзи ҷойгиршавии ҳарфҳо бояд расми онро ба коғаз кашида, дар рӯи он ҳарф чиниро иҷро намудан лозим аст, зеро агар якбора бо клавиатураи комютер оғоз кунед, барои чидани як калима вақти зиёдро сарф мекунед.
Источник
Тавре ки аллакай медонем, компютер метавонад, информатсияи табиати дилхоҳдоштаро кор карда барояд. Информатсия метавонад ададӣ, матнӣ, графикӣ, тасвирӣ, садоӣ ва ғайра бошад. Аз тарафи дигар мо медонем, ки компютер танҳо бо кодҳои дуйӣ кор карда метавонад. Пас саволе ба миён меояд, ки информатсияи гуногун аз тарафи компютер чӣ тавр кор карда баромада мешавад?
Гап дар сари он аст, ки дар компютер ҳар гуна инфор матсия бо ёрии ададҳо кодгузорӣ карда мешавад. Компютер ҳангоми кор танҳо бо коди информатсия сару кор дорад.
Мо дар ҳаёти муқаррарии ҳаррўзаамон аз системаи ҳисоббарорие истифода мебарем, ки онро системаи даҳӣ мегўянд. Ҳар гуна адад дар ин система ба воситаи даҳ рақам – 0, 1, 2, 3, 4, 5, 6, 7, 8, 9 ифода карда мешавад. Донистани қонуну қоидаҳои иҷрои амалҳо дар ин система кифоя аст, ҳар гуна масъалаи ҳаётии дар наздамон гузошташударо ҳал намоем. Мо бо ин система чунон одат кардаем, ки ҳатто дар бораи вуҷуд доштани дигар системаҳои ҳисоббарорӣ фикр ҳам намекунем. Дар асл дар ҳаёт системаҳои ҳисоббарории зиёде мавриди истифода қарор гирифтаанд. Бале, ҳайрон нашавед! Ҳангоми азхудкунии принсипи кори компютер шумо аллакай бо яке аз чунин системаҳои ҳисоббарорӣ шинос хоҳед шуд.
Аслан протсессори компютер информатсияеро кор карда баромада метавонад, ки он бо ёрии сигналҳои электрикӣ ифода карда шуда бошад. Аз нуқтаи назари физикавӣ, ба протсессор хеле қулай аст, ки информат–сияи қабулнамудаашро бо ёрии ду вазъ (ҳолат) кодгузорӣ намонд:
- a) шиддати сигнали электрикӣ мавҷуд аст;
ӣ) шиддати сигнали электрикӣ мавҷуд нест.
Агар мо мавҷуд будани шиддати сигнали электрикиро ба воситаи рақами 1 ва мавҷуд набудани онро ба воситаи рақами 0 ишорат кунем, он гоҳ маълум мегардад, ки прот-
сессор ҳар гуна информатсияро бо ёрии танҳо ду рақам (1 ва 0) кодгузорӣ мекардааст. Системаи ҳисоббарориеро, ки танҳо рақамҳои 0 ва 1–ро истифода мебарад, системаи дуйӣ мегўянд.
Инсоният ба системаи даҳии ҳисоббарорӣ яку якбора наомадааст. Олимон бар он ақидаанд, ки асоси гузаштан ба системаи даҳиро, даҳ ангушти дастони инсон ташкил намудааст. Шояд ҳамин тавр ҳам бошад. Лекин биёед лаҳзае тасаввур кунем, ки мо дар ихтиёрамон танҳо рақамҳои 0 ва 1–ро дорем. Оё мо метавонем, ки ҳамаи ададҳоро бо ёрии ин ду рақам ифода намоем? Албатта метавонем. Масалан, мувофиқати якчанд ададҳои аввалаи бутуни мусбати системаи даҳӣ ва дуйӣ чунин аст:
Даҳӣ 0 1 2 3 4 5 6 7 8 9 10 11 12 13 14 15 16 17
Дуӣ 0 1 10 11 100 101 110 111 1000 1001 1010 1011 1100 1101 1110 1111 10000 10001
Тарзи аз як системаи ҳисоббарорӣ ба дигар система гузаштанро, дар мисоли адади даҳии 13, ки дар системаи дуйӣ ҳамчун 1101 тасвир карда мешавад, нишон медиҳем:
Дар мисол, тасвири адади додашуда ба разрядҳо ҷудо карда шудааст – 13 ду разряд дорад, 1101 – чорто. Протсессори Pentium, ки дар он барои интиқоли информатсия 32 сим хизмат мерасонад, яку якбора метавонад адади дуйии 32–разрядаро кор карда барояд. Азбас–ки протсессори Intel–80286 аз 16 сим иборат аст, ин протсессор аз Pentium дида ададҳоро ду маротиба сусттар интиқол мекунад.
Ҳангоми омўзиши хотираи компютер, мо қайд карда будем, ки разрядҳои дуйиро бит ва маҷмўи 8–битро байт ном мебаранд. Барои ченкунии ҳаҷми информатсияи дар хотираи компютер маҳфузбуда бошад, аз ченакҳои калонтар – килобайт (Кбайт), мегабайт (Мбайт), гигабайт (Гбайт) ва ғайра истифода мебаранд.
Масалан, дискети 3,5 дюймагӣ 1 457 664 байт информатсияро ғунҷонида метавонад, ки онро пас аз яклухткунӣ 1,4 (13)10=10+3=1101+3100=(1101)2=123+122+021+120=8+4+0+1=(13)10 13 1101
79 Мбайт мегўянд. Ин миқдор зиёд аст ё кам? Агар ба ҳисоб гирем, ки як символи матнӣ ба воситаи як байт ифода карда мешавад, он гоҳ гуфта метавонем, ки дар чунин диск тақрибан 1,5 миллион символ ё тақрибан 100 саҳифа китоб меғунҷад. Мутаассифона, имрўз ин миқдор информатсия хеле кам шумурда мешавад. Агар ин ададро ба информатсияи шакли овоздошта табдил диҳем, он гоҳ дар дискет ҳамагӣ 17 сония стереоовози сифатнокро ғунҷонидан мумкин асту халос. Расми рангаи формати А4 (варақи чопкунии андозааш 210х297 мм) аз 20 Мбайт зиёдтар ҳаҷмро талаб менамояд. Албатта дар ин мавридҳо на аз дискетҳо, балки аз компакт–дискҳо истифода мебаранд, ки ғунҷоиши онҳо аз 600 Мбайт зиёдтар аст.
Дар диски сахти компютер (винчестер) информат–сияи гуногун – программаҳо, матни ҳуҷҷатҳо, тасвирҳои графикӣ, видеоклипҳо, суруду мусиқиҳо ва ғайраҳо
маҳфузанд, ки ҳамаи онҳо маҳз бо ёрии ҳамон ду вазъи мантиқӣ – ҳаст ё нест, 1 ё 0, фурўзон ё хомўш ва ғайраҳо кодгузорӣ карда мешаванд.
Саволҳо:
- Кадом намудҳои информатсияро медонед?
- Компютер информатсияро чӣ тавр кор карда мебарояд?
- Протсессор информатсияро чӣ гуна кодгузорӣ менамояд?
- Чаро протсессори Pentium аз протсессори Intel–80286 информатсияро ду маротиба тезтар интиқол медиҳад?
- Дискети 3,5 дюймагӣ чанд байт информатсияро ғунҷонида метавонад?
Супориш:
- Матни мавзўъро бодиққат хонед ва онро нақл кунед.
- Доир ба тарзи коркарди информатсия дар компютер фикратонро дар дафтар баён намоед.
Источник
ПРИНСИПИ КОРИ КОМПЮТЕР ВА СОХТОРИ ОН.
Дата: 2015-10-06
МАҚСАДИ ДАРС: Ташаккул додани донишу малакаи донишҷўён оид ба қисмҳои асосӣ ва иловагии компютер.
НАҚШАИ ДАРСҲОИ НАЗАРИЯВӢ:
- Принсипҳои Ҷон Фон Нейман.
- Намудҳои хотираҳо.
- Қисмҳои асосии компютер.
- Микропротсессорҳо ва хотираи фаврӣ.
- Компютерҳои фардӣ: конфигуратсияи минималӣ; воситаҳои иловагӣ; сохтор; характеристикаҳои асосӣ.
Соли 1945 математики маъруф Ҷон фон Нейман дар маърўзаи худ навишта буд, ки барои самаранок ва универсалӣ шудани компютер он чӣ гуна сохт дошта бошад.
Пеш аз ҳама компютер бояд чунин қисмҳоро дошта бошад:
- Қисми арифметикӣ-мантиқӣ (ҚАМ), ки амалҳои арифметикӣ (ҳисобкунӣ) ва мантиқӣ (муқоисакунии бузургиҳоро) иҷро мекунад.
- Қисми идоракунӣ (ҚИ), ки раванди иҷроиши барномаҳоро ташкил мекунад.
- Хотираи фаврӣ (ХФ), ё ки хотира барои нигоҳ доштани барнома ва маълумот.
- Воситаҳои беруна (ВБ) барои воридот ва содироти информатсия.
Хотираи компютер бояд аз миқдори муайяни ячейкаҳои рақами тартибӣ дошта иборат бошад, ки дар ҳар яки онҳо маълумоти коркардшаванда ё ки дастури барномаҳо нигоҳ дошта шавад. Ҳамаи ячейкаҳо бояд барои қисмҳои дигари компютер якхела ба осонӣ дастрас бошанд.
Схемаи Ҷон фон Нейман (расми 1) алоқаи байни қисмҳои компютерро инъикос менамояд: порчаҳои самтдори бо хати яклухт кашидашуда алоқаҳои идоракунӣ; бо хати пунктир кашидашуда алоқаи информатсионӣ.
Хотираи компютер барои сабт, нигоҳдорӣ ва интиқоли маълумот кор фармуда мешавад. Хотира 2 намуд дорад:
- Хотираи фаврӣ;
- Хотираи доимӣ.
Дар хотираи фаврӣ барномаҳои корӣ ва хизматӣ, маълумоти ибтидоӣ, инчунин натиҷаҳои мобайнӣ ва интиҳоӣ яъне маълумотҳое, ки барои ҳалли масъалаҳои мушаххас кор фармуда мешаванд, нигоҳ дошта мешаванд. Хотираи фаврӣ маълумотҳоро тезтар, вале хотираи доимӣ суст кор карда мебарорад. Ба хотираи доимӣ чунин қисмҳо ба монанди лентаҳои магнитӣ, дискҳо мансубанд. Дар ҳақиқат ҳам дискҳо ё лентаҳои магнитиро аз техника ҷудо кардан мумкин аст. Лекин хотираи фавриро аз компютер ҷудо кардан мумкин, нест, вай қисми ҷудонашавандаи компютерро ташкил медиҳад.
Хотираи фаврӣ
Хотираи доимӣ
Қисми арифметикӣ ва мантиқӣ
Қисми идоракунӣ
ПРОТСЕССОР
Қисми барориш
Қисми дохилкунӣ
Расми 2. Қисмҳои асосии компютер
Компютерҳои фардии рўимизӣ аз чунин қисмҳои асосӣ иборат аст: блоки системавӣ, монитор, клавиатура ва муш.
Блоки системавӣ – қисми асосии компютер буда, дар дохили он ҷузъҳои нисбатан зарур ҷойгир шудаанд: платаи модарӣ, винчестер (диски сахти магнитӣ), ҷузъи таъминкунанда бо ҷараёни барқ (блок питания), муҳаррики компакт-дискҳо. Шакли қуттии блоки системавӣ уфуқӣ (горизонталӣ) ва амудӣ (вертикалӣ) мешаванд. Шаклҳои онро аз рўи андозаҳояш фарқ мекунанд: хурд (minitower), миёна (miditower) ва калон (bigtower).
Дар платаи модарӣ микропротсессор, хотираи асосӣ, адаптерҳо (портҳо), видеокарта, картаи овоз ва ғайра ҷойгиранд.
Монитор – барои ба экран баровардани информатсияи матнӣ ва графикӣ хизмат мекунад;
Клавиатура – барои дохилкунии фармонҳо ва информатсия хизмат мекунад;
Монитор – яке аз қисмҳои хеле муҳими компютер ба шумор рафта, барои ба экран баровардани информатсияи матнӣ ва графикӣ хизмат мерасонад. Раванди ба хотираи компютер дохилкунии информатсия низ бо ёрии монитор назорат карда мешавад. Мониторро дисплей (display – намоиш) ҳам мегўянд.
Монитор ба телевизор хеле монанд аст. Мониторҳо тасвирҳоро нисбат ба телевизорҳо саҳеҳтар ва дақиқтар намоиш медиҳанд. Монитор аз экран ва видеоплата иборат аст. Видеоплата сигналҳои электрикиро дар экран ба тасвир табдил медиҳад. Андозаи экрани мониторҳо яке аз нишондиҳандаҳои муҳим ба ҳисоб меравад. Андозаи экранро аз рўи бузургии диагонали монитор муайян месозанд ва бо дюймҳо чен мекунанд. Дюйм – ченаки дарозӣ буда, ба 2,54 смбаробар аст. Мониторҳои компютерҳои фардӣ аз 14 то 24 дюймро ташкил медиҳанд. Барои шахсоне, ки дар назди экран бисёр менишинанд, монитори 17-дюймагӣ монитори хуб ба шумор меравад. Бо принсипи кор мониторҳо намудҳои зиёд доранд ва аз ҳама паҳшудатаринашон кристалли моеъгӣ, сенсорӣ, электронию нурӣ ва плазмавӣ мебошанд.
Сифати тасвири монитор аз миқдори нуқтаҳои он вобаста аст, ки пиксел номида мешавад. Миқдори пикселҳо бо самти уфуқӣ (горизонталӣ) ва амудӣ (вертикалӣ) нишон дода мешаванд: 640х480, 800х600, 1024х768, 1280х1024, 1600х768 ва ғайра.
Клавиатура – таҷҳизотест, ки барои дохил кардани информатсия ва идоракунии системаи компютер истифода мешавад. Клавиатураи стандартии муосир зиёда аз 100 тугма (клавиш) дошта, тугмаҳои он ба 4 гурўҳи асосӣ ҷудо мешаванд: 1) Тугмаҳои ҳарфӣ, рақамӣ ва аломатҳои китобатӣ, 2) Тугмаҳои функсионалӣ (вазифагӣ) – F1-Ғ12, 3) Тугмаҳои хидматӣ – Alt, CapsLocr, Enter, Ctrl ва ғайраҳо, 4) Тугмаҳои рақамие, ки дар тарафи рост мавҷуданд. Ба ғайр аз ин боз як гурўҳи дигари тугмаҳо вуҷуд доранд, ки онро тугмаҳои идоракунии курсор меноманд. Ба монанди
Муш (Муш – Мouse) – манипуляторест, ки кори компютерҳоро осон мегардонад. Вай барои ба таври фаврӣ дохил намудани фармонҳо
ва идоракунии барномаҳо хизмат мекунад.
Муш – чунин таҷҳизотест, ки қариб ҳамаи барномаҳои муосир аз имкониятҳои он ба таври васеъ истифода мебаранд. Дар баъзе компютерҳо ба ҷои муш баъзе таҷҳизоти дигар – трекбол, панели сенсорӣ, трекпойнт ва ғайра истифода бурда мешаванд, ки онҳо аслан ивазкунандагони вазифаҳои муш ба ҳисоб мераванд. Ҳамаи ин таҷҳизот дар якчоягӣ механизм-нишондиҳандаҳо ном доранд, чунки ба воситаи онҳо ин ё он элементи экран нишон дода мешавад.
Мушҳои беноқил низ мавҷуданд, ки дар онҳо бо мавҷи радио ё тавассути нури инфрасурх алоқа бо блоки системавӣ амалӣ мегардад.
Микропротсессор – элементи аз ҳама муҳимтарин ва марказии компютер ба шумор меравад. Онро баъзан «майнаи» компютер ҳам мегўянд.
Микропротсессор схемаи электронии начандон калон (ҳамагӣ якчанд сантиметр) буда, ба воситаи он ҳамаи қисмҳои компютер идора, амалҳои арифметикию мантиқӣ иҷро ва информатсия кор карда баромада мешаванд. Микропротсессор метавонад садҳо намуд амалиётро, аз қабили ҷамъу тарҳкунӣ, зарбу тақсимкунӣ, муқоисакунӣ, дохилкунӣ, хориҷкунӣ ва ғайра бо суръати ниҳоят тез – садҳо ва ҳазорҳо миллион амал дар як сония, иҷро намояд.
Хотираи компютер – пас аз микропротсессор элементи дуюми асосӣ ҳисобида мешавад. Вазифаи асосии хотира аз нигоҳ доштани информатсия иборат аст. Компютер якчанд намуди хотираро дорад. Хотираи асосии он, ки ягон компютер бе он кор карда наметавонад, дар шакли микросхема (чип) сохта шудааст. Хотираи асосиро ба хотираҳои фаврӣ ва доимӣ тақсим мекунанд.
Хотираи фаврии компютер – хотираест, ки доимо бевосита бо микропротсессор сару кор дорад. Микропротсессор барномаҳо ва маълумотҳои заруриро аз хотираи фаврӣ гирифта, онҳоро кор карда мебарояд ва натиҷаҳои ҳосилшударо боз ба он равон месозад. Унвони «фаврӣ» гирифтани ин хотира беҳуда нест. Суръати кори ин хотира бениҳоят баланд буда, ҳангоми хондан ва сабти информатсия протсессор интизорӣ намекашад. Вале ҳамин ки компютер хомўш карда шуд, ҳамаи информатсияи дар он маҳфузбуда хориҷ мегардад. Хотираи фавриро бо калимаи RAM (Random access memory – хотирае, ки ҳамеша дастрас аст) ишорат мекунанд.
BIOS–Basic Input-Output System – Системаи базавии дохилкунӣ-хориҷкунӣ. Ба ғайр аз RAM ва ROM дар компютерҳои фардӣ хотираи начандон калоне мавҷуд аст, ки он барои нигоҳдории параметрҳои конфигуратсияи компютер хизмат мерасонад. Ин хотира нимдоимӣ буда, онро баъзан ҳамчун CMOS–xomupaном мебаранд. CMOS ном гирифтани ин хотира ба он вобаста аст, ки он аз рўи технологияи CMOS (Complement arymatal-oxide semiconductor) сохта шуда, қобилияти истеъмоли энергияи шиддаташ хеле пастро дорад.
Акнун қисмҳои иловагии КФ-ро дида мебароем.
Принтер – барои дар қоғаз ё дигар барандаи информатсия чоп намудани информатсияи матнӣ ва графикӣ хизмат мекунад. Мувофиқи принсипи кор намудҳои зиёди принтерҳо вуҷуд доранд. Дар замони ҳозира принтерҳои паҳншудатарин лазерӣ, фавворагӣ ва матритсагӣ мебошанд. Қайд кардан зарур аст, ки ҳоло принтерҳои фазогӣ яъне сеченака (3D) паҳн шуда истодааст, ки имконияти бо саҳеҳии калон тайёр намудани деталҳои пластмассагиро доранд ва ин деталҳоро дар ҳолатҳои зарурӣ ба ҷои оригинал истифода бурдан мумкин аст.
Инчунин дигар воситаҳои иловагии КФ-ро бо вазифаашон номбар мекунем:
Ҷойстик – манипулятор, барои идоракунии бозиҳои компютерӣ хизмат мекунад;
Модем – барои мубодилаи информатсионии байни компютерҳо, бо ёрии шабакаи телефонӣ ё таҷҳизоти дигар хизмат мекунад.
Картаҳои овозӣ – барои сабт ва шунидани садо хизмат мекунад.
хизмат мекунад.
Контроллёрҳо – схемаҳои электроние, мебошанд, ки онҳо кори таҷҳизоти компютери фардиро идора менамоянд. Ҳар як таҷҳизот усули махсуси ба контроллёри худ пайваст шуданро доранд.
САВОЛҲО БАРОИ ТАКРОР ВА ХУДСАНҶӢ:
- Кори КФ аз рўи принсипи Ҷон Фон Нейман чӣ гуна аст?
- Компютерҳои дар асоси принсипи Ҷон фон Нейман сохташуда аз кадом кисмҳо иборатанд?
- Сохти хотираи компютер чй гуна аст?
- Блоки системавӣ барои иҷрои кадом вазифаҳо хизмат мерасонад?
- Кадом таҷизот дар дохили блоки системавии компютер ҷойгиранд?
- Ба блоки системавӣ кадом таҷизотро аз берун пайваст кардан мумкин аст?
- Ба блоки системавӣ кадом таҷизотро аз дохил илова кардан мумкин аст?
- Контроллер гуфта чиро мефаҳмед?
- Корпуси блоки системавӣ дар кадом шаклҳо истеҳсол карда мешавад?
- Андозаи экрани мониторро бо кадом ченак чен мекунанд?
Просмотр: 6980
Источник