Кори курси молия ва карз

Кори курси молия ва карз thumbnail

Кафедраҳои факултет

  • Молия
  • Фаъолияти бонкӣ
  • Фаъолияти биржавӣ ва бозори қоғазҳои қимматнок

Маълумот дар бораи факултет

Moliya600.jpgБо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 марти соли 2018 таҳти №169 Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон ба Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон табдил дода шуд. Факултети молия ва қарз бо қарори Шӯрои олимони донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон (ҳозира Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон) таҳти рақами №1 аз 30 майи соли 2012 ва фармоиши Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти № 39 аз 31 майи соли 2012 таъсис дода шудааст. Бояд қайд кард, ки ба факултети молия ва қарз таҳти роҳбарии номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент Сандалов Ҳакимбек Абдулалимович қарор дорад. 


Факултети молия ва қарз фаъолияти худро барои тайёр намудани мутахассисони баландихтисоси ҷавобгӯ ба талаботи бозори меҳнат пеш мебарад. Алҳол дар факултет кафедраҳои тахассусии молия, фаъолияти бонкӣ ва фаъолияти биржавӣ фаъолият намуда, мутахассисонро ба шароиту вазъияти бозори меҳнат мутобиқ аз рӯи ихтисосҳои зерин тайёр менамоянд: 


• 1-25010401 – молия; 
• 1-25010402 – фаъолияти бонкӣ; 
• 1-25010202 – иқтисодиёти молиявӣ ва бонкӣ; 
• 1-25010408 – бозори фондӣ; 
• 1-25010409 – молия ва назорат дар соҳаи фаъолияти гумрук. 


Аз рӯйи ихтисосҳои дарҷгардида кадрҳо барои соҳаҳои иқтисодиёти миллии кишвар бо дараҷаи маълумоти олӣ-бакалавр, олӣ-мутахассис (маълумоти олии дуюм) тайёр карда мешавад. Солҳои охир бо ташаббуси бевоситаи раёсати донишгоҳ дар факултет қабули донишҷӯён аз рӯйи ихтисоси молия ва қарз, фаъолияти бонкӣ ба магистратура ва доктор PhD ба роҳ монда шудааст. Қайд кардан зарур аст, ки дар давраи таъсиси таълимгоҳ то ба имрӯз факултети молия ва қарзро аз рӯйи ихтисосҳои мавҷудаи шуъбаи рӯзона ва ғоибона мутахассисони зиёд хатм намуда, хатмкунандагон дар соҳаҳои гуногуни иқтисодиёти кишвар фаъолият доранд. 


Базаи моддию техникии факултет низ сол то сол беҳтар гардида, тахтаҳои электронии ҳозиразамон насб ва аз тарафи устодон пурра мавриди истифода қарор гирифта шуда, ба донишҷӯён бо усулҳои муосири таълим (слайдҳо) дарс гузаронида мешавад. Дар факултет ду синфхонаи забономӯзӣ (лингафонӣ) ва як синфхонаи компютерӣ мавҷуд аст, ки он бо лавозимоти забономӯзии муосир таҷҳизонида шуда, барои омӯзиши забонҳои хориҷӣ ва информатика мусоидат мекунад. Бояд иброз дошт, ки 35,6%-и ҳайати устодони факултетро омӯзгорони дараҷаи илмидошта ташкил медиҳад. Факултет ба тайёр намудани кадрҳои илмӣ диққати ҷиддӣ дода, ҳамасола натиҷаи тадқиқоти илмии устодони он дар маҷмӯаи корҳои илмӣ-тадқиқотии донишгоҳ ва конфронсҳои сатҳи байналхалқӣ ва маҷаллаҳои дохилию хориҷӣ ба нашр мерасанд. 


Мусаллам аст, ки алоқамандии назария бо амалия ин роҳи асосии омодасозии кадрҳои баландихтисос аст. Дар факултет бо ин мақсад кушодани бонки таълимӣ ва синфхонаҳои нави компютерӣ ба нақша гирифта шудааст. Умуман, факултет метавонад дар оянда як мактаби бузурги соҳаи молия ва бонкдорӣ бошад ва дар омода намудани кадрҳои боэътимоди соҳа хизмат намояд. 


Moliya400.jpgКафедраи молия 


Кафедраи молия кафедраи тахассусӣ буда, мутахассисони баландихтисоси ҷавобгӯ ба талаботи бозори меҳнати дохилӣ ва ҷаҳониро дар соҳаи молия ва қарз тайёр менамояд. Дар кафедраи мазкур нақшаи маҳфили зеҳн, ки дар доираи он устодони ҷавони кафедра ба корҳои илмӣ-тадқиқотӣ машғул шуда, паҳлуҳои гуногуни муносибатҳои молиявию қарзиро таҳлил менамоянд. Бо мақсади сайқал додани малакаю маҳорат ва баланд бардоштани савияи дониши донишҷӯён ва ҷалб кардани онҳо ба корҳои илмӣ-тадқиқотӣ дар назди кафедра маҳфили илмии донишҷӯён бо номи «Ҷустуҷӯйи эҷодӣ» фаъолият менамояд, ки нақши он дар такмили маҳорату касбияти тахассусии донишҷӯён назаррас аст.


Bank400.jpgКафедраи фаъолияти бонкӣ 


Ташкил ва инкишофи кафедра бевосита бо таъсиси Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон вобастагии калон дорад. Дар факултети молия ва қарз кафедра ҳамеша мақоми хос дошта, он маркази омӯзиш ва тадқиқоти илмии яке аз соҳаҳои асосии иқтисодиёти миллӣ – низоми бонкдорӣ мебошад. Бартарияти асосии кафедраи мазкур дар он аст, ки пеш аз ҳама, кадрҳои он дар бозори молиявии кишвар талабгор дошта, вазифаҳои асосиро барои устувории қурби пули миллӣ ва муносибатҳои молиявиро дар тақсим ва азнавтақсимкунии воситаҳои пулию қарзӣ ба роҳ мемонад. 


Аз давраи фаъолият то инҷониб кафедраи фаъолияти бонкӣ бо Бонки миллии Тоҷикистон ва бонкҳои тиҷоратии кишвар ҳамкории зич дошта, мутахассисонро вобаста ба самтҳои зарурӣ тайёр менамояд. Дар баробари ин, кафедра барои беҳтар ба роҳ мондани самти таълим ва илм мутахассисонро аз бонкҳои тиҷоратӣ ва ташкилотҳои қарзӣ барои дарсгузарӣ даъват менамояд. 


Birja400.jpgКафедраи фаъолияти биржавӣ 


Кафедраи фаъолияти биржавӣ тахассусӣ ба ҳисоб рафта, донишҷӯёнро аз рӯи ихтисосҳои бозори фондӣ, молия ва назорат дар соҳаи фаъолияти гумрук тайёр менамояд. Бо мақсади вусъат бахшидан ба робитаҳои таълимию илмӣ, ворид шудан ба фазои ягонаи таҳсилот, густариши ҳамкориҳо бо муассисаҳои таҳсилоти олии хориҷи кишвар бархе аз устодон дар донишгоҳҳои Академияи молияи Нидерландия ва Гурҷистон такмили ихтисос намудаанд. Дар робита бо сохторҳои идоракунии давлатии дар шаҳру вилоятҳои ҷумҳурӣ қарордошта, бо биржаи фондии Осиёи Марказӣ муносибатҳои илмӣ-таҷрибавӣ барқарор карда шудааст, ки ба сайқалдиҳии дониши назариявӣ, амалӣ ва таҷрибаомӯзии донишҷӯён мусоидат менамояд. 


Ҳамаи ин таҷрибаҳоро ба инобат гирифта, Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон дар омода намудани мутахассисони баландихтисос диққати махсус зоҳир менамояд. Натиҷаи онро мо дар тариқи озмун бо ҷойи кор таъмин шудани хатмкардаҳои факултети молия ва қарз эҳсос мекунем. 


Ҳокимбек Сандалов, декани факултет, н.и.и., дотсент

Источник

Карзи байнидавлати дар худ харакати сармояи карзиро дар сатхи муносибатхои байналхалкии иктисоди тачассум менамояд, ки бо пешниходи захирахои моли ва арзи бо шартхои баргардони, мухлатноки ва пардохти фоиз, дар шакли фоиз гирифтани даромад аз заемхо, карзхои тичорати депозитхо ва гайрахо алокаманд аст. Карзи байнидавлати яке аз шаклхои кадимтарини муносибатхои иктисодии байналхалки мебошад, ки дар асрхои 14 – 15 таъсис дода шуда ба вучуд омада буд.

Сарчашмахои карзи байнидавлати:

– фонди амортизациони;

– фонди музди мехнат ;

– гункунии сармоя;

– гункунии пулхои ахоли;

– дигар пулхои мувакаттан озод.

Пайдоиши талабот ба карзи байнидавлати алокаманд аст бо:

– гирдгардиши воситахо дар хочагихо;

– хусусияти истехсоли ва фуруш ;

– фаркияти хачм ва мухлати шартномахои иктисодиети хорича;

– зарурияти якбора сармоягузории пурра барои васеъкунии истехсолот.

Вазифахои карзи байнидавлати, ки хусусияти харакати сармояи карзиро дар сатхи муносибатхои иктисодии байналхалки инъикос менамояд, инхо мебошад;

1. Азнавтаксимкунии сармояи карзи байни давлатхо барои таъминкунии талаботи такрористехсоли васеъшуда.

2. Сарфи харочотхо, муомилот дар сохаи хисоббаробаркунии байналхалки бо рохи иваз кардани пулхои асли ба пулхои карзи.

3. Тезонидани чалбнамои ва марказонидани воситахои пули дар бонкхо .

4. Вазифаи идоракунии иктисодиетро ичро мекунад ва худаш низ объекти идоракуни мебошад.

Дар шароити муосир карздихии байналхалки пеш аз хама аз руи займхо

Читайте также:  Антитела к кори igg положительный что это значит

амали мегардад. Займхо аз худ кардани воситахои карздиханда бо фоизи муайян ва дар мухлати мукарраршуда мебошад. Ба сифати карздиханда ва карздор метавонанд хукумати мамлакатхои гуногун, бонкхо, ширкатхои иктисодии байналхалки фирмахои шахси ва гайрахо баромад кунанд.

Воситаи асосии азхудкуни ва карздихии байналхалки, ки дар баланси пардохт инъикос карда мешавад, инхоянд:

Карзхои тичорати – Талабот ва пассивхо, ки дар натичаи пешниходи карз ба таъминкунандагон ва харидорон аз руи шартнома бо молхо ва хизматрасонихо ва пардохтхои аванси барои кор, ки дар асоси ин шартнома амали гардидааст, ба вучуд омадааст. Карзхои тичорати метавонанд хам ба хукумат, хам барои муассисахои шахси ва инчунин барои муассисахои гайридавлати пешниход гарданд. Чунин карзхо, аз руи коида, ба мухлати кутох бо максади тезонидан ва осонкунии муомилоти молхо ва хизматрасонихо байни давлатхо пешниход карда мешавад.

Займхо – Активхои молиявианд, ки дар асоси карздории воситахои карздиханда ба карзгиранда, ки дар натичаи он карздиханда, е ки ягон хел ухдадории хаттии кафолати аз карзгиранда намегирад, е ин ки когази кимматноки карзиро мегирад. Ба катори займхо, займхо барои молиякунонии савдо, дигар займхо ва авансхо, инчунин займхои ипотеки ва карзхои Фонди Байналхалкии Асъор дохил мешавад.

Займхо метавонанд ба хукумат, бонкхо ва дигар секторхои идоракунии пешниход гардад ва ба кутохмуддат ва дарозмуддат таксим мешавад.

Асъор – бонкнотахо ва тангахои дар муомилот буда барои ичрокунии пардохт истифодашуда, инчунин асъори миллии тахти идоракунии резидентхо мебошад, активхо ба хисоб мераванд. Асъор метавонад тахти идоракунии хокимияти пули ва бонкхо бошад.

Депозитхо – Ба асъори милли е ба асъори хорича мубодилашуда депозитхои интиколи, ки бо талаби амонатгузор бе чуну чаро метавонад ба пули накд баргардонида шаванд ва барои пардохткуни истифода бурда мешавад. Депозитхои резидентхо дар хорича хамчун пассив, депозитхои гайрирезидентхо дар дохили чумхури актив ба хисоб мераванд.

Дигар активхо ва пассивхо – категорияи бокимонда, ки тамоми шаклхои сармояи харакаткунанда, масалан пардохтхои давлатхо ва ширкатхои байналхалкиро дар бар мегирад.

Харакати сармояи карзи дар кадом шакле, ки набошад, дар иктисодиети байналхалки хамчун холати махсуси савдо фахмида мешавад. Аз як тараф карзгиранда бо гирифтани карз имконияти зиёдкунии истеъмолоти чориро аз хисоби камкунии истеъмол дар оянда дорад зеро, ки вай бояд карзи гирифтаашро бо фоизаш баргардонад.

Аз тарафи дигар бошад, карздиханда бо пешниходи карз, аз имконияти истифодабарии ин маблагхоро барои истеъмоли чори, махрум мегардад.

Лекин бо камкунии истеъмоли чори, карздиханда имконияти дар оянда зиёдкунии истеъмоли худро дорад.

Дар сатхи микроиктисоди ин вазъият ки аз качхатаи даромад ва истеъмоли даврахои чори ва оянда бо СоIо и С1I1 нишон дода шудааст. Агенти иктисоди имконияти чудо намуданро дар хамаи нуктахои хатти АВ, ки сатхи истеъмолотхои муайянкардашуда дар давраи чори ва оянда мебошад, мутобик мегардонад.

Дар качхатаи беэътиноии додашудаи у нуктаи Е, ки дар качхатаи беэътиноии U2 хати рости АВ-ро мерасад. Дар ин холат дар давраи чори у назар ба даромадаш камтар истеъмол менамояд. Фаркияти байни даромад ва истеъмол ба у имконияти пасандоз дар давраи чориро медихад, кибаробаранд ба Iо-Cо. Бо чунин интихоб агенти иктисоди истеъмоли чориро кам карда пасандозхои худро ба карз пешниход карда, истеъмоли давраи ояндаро зиёд менамояд. Хачми истеъмоли у дар оянда баробари истеъмоли чори зарби

( 1+i ), аст ки дар ин чо i ставкаи фоиз-и мебошад. Хамин тавр, истеъмоли давраи ояндаи агенти иктисоди С1=I1+(Iо-Со)(1+i)

Графики 1. Даромад ва истеъмоли давраи чори ва оянда.

Он чизе, ки барои агенти алохидаи иктисоди хакикист, ба давлат низ дуруст аст. Хар як давлати иттиходи чахон интихоб менамояд: истеъмоли хамаи даромадхои гирифташуда е ин ки, кисми онро пасандоз намоянд, яъне бо истеъмолоти давраи ояндаро имконияти зиёднамуданро доранд е худ карз гиранд ва истехсолотро зиёд истеъмол намоянд.

Маълум аст, ки хангоми интихоби варианти якум харакати сармояи карзи байни давлат ва иттиходияи чахони амали намегарданд. Карздихии байналхалки ва карзгири хангоми интихоби дуюм ва сеюм амали мегардад.

Агар давлат пасандозхои худро ба дигар давлатхо пешниход намояд, у ба сифати карздиханда баромад мекунад. Вакте ки у худ аз карзхои хоричи истифода мебарад, карзгиранда мебошад. Мамлакати карздиханда истеъмоли чории худро мефурушад, бо умеди дар оянда истифодабарии он . Вазъияти давлати карзгиранда бошад баръакс аст: у истеъмоли ояндаро бар ивази истеъмоли чори мефурушад.

Дар назарияи иктисоди байналхалки мисоли дар боло овардашуда тичорати миёнгохи номида мешавад.

Тасаввури графикиро оиди тичорати миёнгохи расми 2 медихад:

график

Дар ин расм, аз руи качхатаи истеъмоли чори ( С ) ва базавии ( С ) давлати додашуда як молро истеъмол намуда, дар 2 давр чори ва базави вучуд дорад. Ин имконияти ташкилкунии сархади истехсолии АВ-ро дар даврхо медихад.

Конфигурацияи ин сархад барои давлатхои алохида якхела нест ва аз руи тавсифоти интихоб намудаи истикоматкунандагони он муайян карда мешавад. Агар ахоли истеъмолоти хакикиро интихоб намояд, хати АВ аз руи качхатаи горизонтали гузаронида мешавад.

Фарз мекунем, ки ахолии давлати додашуда интихоби худро дар нуктаи Е гузоштанд, ин чунин маъно дорад, ки истеъмоли чори ОF ва базави OD мебошад.

Агар давлати додашуда дар системаи карзгузории байнидавлати хавасманд гардонида шуда бошанд, камкунии истеъмоли чори аз OF то OG, бо хачми озодшуда ба андозаи GF=LE метавонад хамчун карз ба дигар давлатхо пешниход гардонида шавад. Дар натича, баъди баргардонидани карз бо фоизаш, истеъмоли ояндаи мамлакат метавонад аз OD то OH афзояд. Маълум аст, ки HD=GF(1+i).

Чи хеле ки кайд карда шуда буд, конфигурацияи хати АВ барои давлатхои алохида якхела нест. Он давлатхое, ки истеъмоли чориро интихоб менамоянд, яъне аз истехсол зиёд истеъмол менамоянд, мачбуранд аз хорича карз гиранд. Ва баръакс он давлатхое, ки истеъмолоти чориро барои зиёдкунии истеъмол дар оянда кам мекунанд, имконияти пешниходоти карзро доранд. Дар натича, асос барои вусъатдихии тичорати миёнгохи е ин ки ин ба тараккиети системаи байналхалкии карзгири ва карздихи гузошта мешавад.

Карздихии байнидавлати одатан дар таксимоти карзгири ва карздихии дарозмуддат нишон дода шуда, одатан дар маблаги холис ифода мегардад

( карздихии байналхалки тархи карзгирии байналхалки ). Дар мачмуи баланси пардохтхо, додан ва пардохтани карзхои байнидавлати танхо дар таксимоти карзхо, ки аз хисоби бучаи давлати хукумат медихад, карзхое, ки хокимиятхои пули (бонки маркази е давлати) ва бонкхои тичорати, инчунин ташкилотхо медиханд, нишон дода мешавад. Ба доираи карзи байнидавлати давлат ба таври васеъ мухокима карда, ширкатхои байналхалкиро дар асосе, ки массаи асосии карзи байнидавлатиро пешниход мекунанд дохил мекунад, (масалан, Бонки чахони, Фонди байналхалкии асъор байнидавлати мебошанд). Ба категорияи карзхои байнибонки хокимиятхои пули бо бонкхои тичорати алокаманданд, чунки бисер бонкхои маркази карзхои байналхалкиро ба воситаи бонкхои тичорати пешниход менамоянд.

Читайте также:  Прививка от кори статистика

Дар миенаи солхои 90-ум такрибан 50% карзхои байналхалки карзхои байнибонки , 30% карзхои байнидавлати ва 20% карзхои дигар ширкатхоро ташкил мекард.

Харакати байналхалкии сармояи карзи ( млрд…$ ) [1]

1987 сол

1990 сол

1993 сол

Умуми

додан

-153,4

-249,8

-257,9

пардохт

-95,8

-152,5

-223,4

Карзи байнихукумати

додан

-58,3

-84,7

-88,5

пардохт

35,3

47,6

51,4

Карзхои байнибонки

додан

-64,8

-124,7

-147,0

пардохт

41,9

79,1

137,4

дигар карзхо

додан

-30,3

-40,4

-40,4

пардохт

18,6

25,8

34,3

Карздихандагони асоси хукумати Япония, Олмон, Франсия ва ШМА, бонкхои Олмон, Япония, Голландия, дигар секторхои Япония ва Италия мебошад. Хокимияти мамлакатхои алохидаи тараккиефта ( Хитой, ЮАР, Кувейт, Кореяи Чануби ) низ карз пешниход менамояд, лекин вазни онхо дар карзгузории умумичахони он кадар нест. Гирандагони калонтарини карзхои байнихукумати Австралия, Дания ва Швеция, аз катори мамлакатхои тараккикарда – Мексика, Покистон ва Аргентина мебошанд.

  1. Сарчашма:IMF Balance of Payments Statistics Yearbook.-1998/- Part 2.-P.78,84,90 ↑

Источник

Адабиёт:
1. Бањромбеков В., Миров Ф. Асосњои сотсиология. – Душанбе: “Матбуот”, 2015.
2. Бањромбеков В.A., Зеваров Х., Миров Ф. ва диг. Муќаддимаи кори иљтимої. –Душанбе,2011.
3. Кори иљтимої: Фарњанги мухтасари энсиклопедии тољикї-русї.-Душанбе,2010.
4. Новикова К.Н. Социология социальной защиты населения. – М.: РГСУ, 2013.
Мафњумњои калидї:
“Сотсиология”, “объект”, “предмет”, “категория”, “ќонун”, “иљтимоиёт”, “љамъият”, “микросотсиология”, “макросотсиология” ва ѓайрањо

Кори иљтимої аз ибтидои пайдоиши љомеаи инсонї њамчун шакли фаъолияти амалї њамеша вуљуд дошт. Дар давоми асрњои зиёд ва таърихи фарњанги њалќњои форсу тољик кори иљтимої дар шакли хайрхоњї, кори савоб, кўмак ба бечорагон, ѓамхорї ба ятимону барљомондагон, накўкорї ва амсоли ин амалї мегардид. Бо пешрафти љомеа кори иљтимої низ мазмуну моњияти тозаро касб менамуд ва дар шаклу намудњои гуногун таљассум меёфт.
Имрўз бошад кори иљтимої ба як намуди фаъолият ва як самти сиёсати иљтимоии давлат табдил ёфтааст. Њукумату давлати Љумњурии Тољикистон барои кўмак ба эњтиёљмандон ва шахсони ќобилияти амаликуниашон мањдуд пайваста ѓамхорї менамояд. Њатто дар Сарќонун (Конститутсия)-и кишварамон омадааст, ки Тољикистон давлати иљтимої аст ва зиндагии сазовор ва шоистаи њар як шањрвандамонро кафолат медињад. Соли 2010 дар Тољикистон барои амалигардонии сиёсати иљтимої (суѓуртаи иљтимої ва њифзи иљтимої) 831,9 млн сомонї људо гардидааст, ки нисбати соли 2006 таќрибан 552, 6 млн сомонї ё 279% зиёд аст. Ќариб 50%-и масрафи буљети давлат ба соњаи иљтимоиёт пешбинї шудааст. Соли 2011 низ барои маблаѓгузории соњаи њифзи иљтимої, таъминоти нафаќа ва маоши кормандони соњаи буљетї 4.1 миллиард сомонї ё 48 %-и буљаи давлат равона гардидааст.
Соли 2009 бо дастгирии ЮНИСЕФ 150 нафар кормандони иљтимоии навоњињои гуноногуни Љумњурии Тољикистон такмили ихтисос намуданд. Илова ба ин, бо кўмаку дастгирии ЮНИСЕФ барои омода намудани кормандони касбии иљтимої дар назди факултаи фалсафа, кафедраи сотсиологияи Донишгоњи Миллии Тољикистон ихтисоси «Корманди иљтимої» кушода шуд, ки айни замон донишљўёни нахустини ин ихтисос дар курси 3 тањсил менамоянд. Аз соли 2002 бо дастгирии фонди Сорос 13 нафар Донишгоњњои ИМА-ро хатм намуда, њоло дар ташкилотњо хориљї кор мекунанд. Дар доираи лоињаи «Нерўманд гардонидани иќтидори кормандоне, ки ба кори иљтимої машѓул мебошанд» дар Донишгоњи Стокголмс барои муассисањои иљтимої 25 корманди иљтимої омода карда шуданд. Соли 2004 бо дастгирии техникии ЮНИСЕФ ва якљо бо профессорони Донишгоњи Стокголм курси дусолаи омўзонидани кори иљтимої кушода шуд, ки дар натиља 35 нафар кормандони кори иљтимої такмили ихтисос намуданд. Аммо бо вуљуди њамаи ин тадбирњо кишварамон ба кормандони соњибтахассуси кори иљтимої сахт ниёз дорад. Умуман, дар Тољикистон зиёда аз 5000 кормандони иљтимої фаъолият менамоянд, ки аксарияти онњо такмили ихтисосро нагузаштанд ё дар ин соња аз рўи ихтисос кор намекунанд.
Њаёти иљтимої пайваста дар таѓйироту инкишоф аст, њар лањза сохтори худро иваз менамояд, шароитњои њаёти иљтимої, иќтисодї ва сиёсии ањолї дигаргун мегарданд. Њамзамон, дар њаёт инсонњо аз бадбахтї, беморї, садамањо ва дигар њодисањои нохуш, ки шахсони алоњида, оила ва гурўњњои иљтимоиро эхтиёљманду мўњтољи кўмак мегардонанд, эъмин нестанд. Мушкилоти иќтисодї, бекорї, маъюбї, беморї ва дигар њолатњои ногувор њар лањза одамонро тањдид менамояд. Мушкилоти оилавї, мољароњои оилавї метавонад дар њар як оила, новобаста аз вазъи иќтисодї ва маќоми иљтимої онњо сар занад. Аз ин рў, барваќт љањониён дарк намудаанд, ки кори иљтимої ба њама гурўњу табаќањо ва фардњои алоњида зарур мебошад, зеро дар њаёт њар як фард хоњу нохоњ ба кўмаки иљтимої ниёзманд мегардад. Илова ба ин, «њар як инсон дар дилхоњ замон ва дилхоњ давраи њаёт ба ќонеъ гардонидани манфиату талаботњои худ ниёз дорад. Дар њар як соњаи њаёту фаъолият онњо метавонанд нобаробар ќонеъ гарданд: шахси сарватманд ба њифз ва мустањкам гардонидани саломатї ниёз дорад,..шахси солим метавонад камбизоат бошад, имконияти амалї гардонидани ќобилияти худро надошта бошад, дар дилхоњ оила муносибатњои байни зану шавњар ва кўдакон тезу тунд гашта метавонад…, њар як инсон дар ин ё он сатњ ба дастгирї, кўмак ва муњофизат ниёзманд аст.» Дар байни ањолї чунин одамон, гурўњњо ва табаќањое вуљуд доранд, ки ба вазъи мушкили зиндагї гирифтор гардидаанд, бо нерўи худ пурра ё ќисман мушкилоти иљтимої ва дигар мушкилотњои худро њал карда наметавонанд. Дар ин маврид корманди иљтимої ба кўмаки онњо меояд.
Фардњо ва гурўњњои иљтимоиеро, ки аз кўмаки корманди иљтимої бархурдор мегарданд, мизољ номида мешаванд. Ба сифати мизољи хадамоти иљтимої дилхоњ аъзои љомеа, ки ба вазъи мушкили њаётї гирифтор гардидааст, баромад карда метавонанд. Дар бештари маврид, зери мафњуми «мизољ» он категорияи ањолї фањмида мешавад, ки ба кўмаку дастгирї, мутобиќшавї, офиятбахшї ва баъзан ба ислоњгардї ниёз доранд. «Мизољ»-и кори иљтимої метавонад фардї (кўдаконе, ки мавриди муносибати даѓалона ва зўроварї гирифтор гардидаанд, бепарастор мондаанд, мавриди истисмори иќтисодї ва шањвонї ќарор гирифтаанд; кўдакони маъюб, кўдакони каљрафтор ва љинояткор; заноне, ки мавриди зўроварии љисмонї ва шањвонї дучор гардидаанд, занони фоњиша; шахсоне, ки аз майхорагї, истеъмоли маводи нашъадор ва дигар намуди вобастагї ранљ мебаранд, шахсоне, ки дар мањбасхонањо ќарор доранд ё аз он љо пас аз адои љазо озод шудаанд; пиронсолон ва шахсони ќобилияти љисмонї ва амалкуниашон мањдуд; гурезагон ва муњољирони маљбурї; шахсоне, ки ба шароити душвори садамањои техногенї ва офатњои табиї дучор гардидаанд; шахсони иштирокчии амалиётњои љангї ва аз терроризм ва бандитизм зарардида; бекорон ва шахсони бесоњибу бехона ва умуман шахсоне, ки ба вазъи мушкили њаётї дучор гардидаанд ) ва ё гурўњї (оила, синфи мактабї, гурўњи маъюбон, коллективї мењнатї ва ѓ.) бошад. Аз њама љињати фарќкунандаи кори иљтимої аз дигар касбу ихтисосњо дар он зоњир мегардад, ки кўмак расонидан ба одамони эњтиёљманд барои таѓйир додани таъсири тарафайни онњо ва бо муњити атроф таъиноти асосии ин пеша ба њисоб меравад. Корманди иљтимої тавассути нерўи худи эњтиёљманд њаёти ўро таѓйир дода, кўшиш менамояд, ки мизољи худро аз вазъи мушкили њаётї рањої намояд. Пеш аз он, ки корманди иљтимої вазифањои худро ба анљом расонад, бояд донад, ки њар як мизољ дорои хусусиятњои хос ва сифатњои шахсии худ мебошад. Корманди иљтимоиро лозим аст, ки дар давоми фаъолияти худ ин сифатњои хоси шахсии мизољро ошкор намуда, мувофиќи онњо амал намояд. Новобаста аз он, ки мизољи корманди иљтимої шахси алоњида аст ё гурўњ, оила ва сохтори иљтимоии нисбатан Бузург, онњо дорои талаботњои махсус, низоми арзишњо, имкониятњо, сатњи дониш, низоми эътиќодот, таљрибаи ѓуншуда ва хусусиятњои љисмонию маънавї мебошанд. Корманди иљтимої агар ин хусусиятњоро наомўзад ва таваккалї кор кунад, дар натиља ба эњтиёљманд таъсире расонида наметавонад, кўшишу зањматњояш барбод меравад.
Чї хеле, ки ќаблан гуфта гузаштем, мизољи корманди иљтимої асосан шахсон ва гурўњњои иљтимоие мебошанд, ки ба вазъи мушкили зиндагї гирифтор гардидаанд ва мўњтољї ёрии иљтимої мебошанд. Пас саволе ба миён меояд, ки «вазъи мушкили зиндагї» чи гуна вазъияти иљтимої аст?
Вазъи мушкили зиндагї – ин вазъиятест, ки имкониятњои мўътадили амалу фаъолияти фардњо ва гурўњњои иљтимоиро хароб месозад ва ё ба фаъолияти мўътадили онњо хатар эљод менамояд. Дар Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи хизматрасонии иљтимої» омадааст: «Вазъи мушкили зиндагї-њолати объективиест, ки њаёту фаъолияти мўътадили инсонро хароб сохтааст ва инсон мустаќилона ќодир нест ин вазъиятро бартараф намояд: маъюбї, пиронсолї, беморї, натиљањои садамањои истењсолї ва беморињои касбї, аз даст додани саробон, танњої, бепарасторї, беназоратї, љойи зисти доимї надоштан, вобастагии равонии устувор, оќибатњои ногувори зўроварї ва њолатњои ба њаёт хатарнок ва дигар њолатњои вазнини њаётї». Вазъи мушкили зиндагии инсон њодисањои ѓайри ќобили ќабул ва нињоят мушкили инсонро номидан мумкин аст, ки барои бартараф намудани ин њолатњо ва барќарор намудани њаёту фаъолияти мўътадил объективан ниёзманди кўмаки дигарон, давлат, љомеа, муњити наздики иљтимої мебошад. Ба вазъи мушкили зиндагии инсон њолатњоеро, мисли ќурбони љиноят ва бемории табобатнашаванда гирифтор гардидани инсон, ба њаёт ва саломатї ё њаёту саломатии наздикони ў хатар тањдид менамояд, дохил намудан мумкин аст. Оила ва кўдаконе, ки дар вазъи мушкили зиндагї ќарор доранд – маљмўи шахсоне мебошанд, ки якљоя зиндагї намуда, бо њаёти маишї ва њуќуќу ўњдадорињои тарафайн алоќаманданд ва миёни аъзоён аќаллан як кўдаки то синни 18- сола мављуд аст. Вазъи мушкили зиндагї объективан њаёту фаъолияти онњоро хароб месозад ва натиљањои онро оила мустаќилона њал карда наметавонад. Давлат нисбати шахсоне, ки ба вазъи мушкили зиндагї гирифтор шудаанд, мувофиќи ќонунгузории љорї ёрии иљтимої мерасонад.
Дар аввал кори иљтимої мањз бо фардњои алоњида анљом дода мешуд, аммо минбаъд маълум гардид, ки кўшиши таѓйир додани вазъият ва рафтору амали фард, агар ба он бевосита атрофиён ва муњити наздики иљтимої таъсир нарасонанд, ањёнан самарнок хотима меёбад ва аксаран натиљаи дилхоњ намедињад. Бояд дар хотир дошта бошем, ки фард аъзои ин ё он гурўњ, коллективї мењнатї ва ё табаќаи иљтимої аст. Ин воќеият боис гардид, ки кори иљтимої бо оила ва гурўњ пайдо шавад. Таъсир расонидан ба оила бе таъсиррасонї ба њар як аъзои он ѓайриимкон аст. Таѓйир додани рафтор ва худэњсоснамоии аъзоёни алоњидаи оила ба таѓйир ёфтани шиддати муносибатњои тарафайни дохилиоилавї ва дигаргунгардии иртиботи оилавї мегардад.
Мушкилоти иљтимоии эњтиёљмандоне, ки корманди иљтимої њал менамояд, аз гурўњњои муайяни иљтимої-демографии ба он тааллуќдошта вобастагии зич доранд. Мушкилотњои калонсолон, пиронсолон ва нафаќахўрон ба худ хусусиятњои хос доранд. Мушкилоти шахсони камбизоат, шахсони бекасу танњо ва маъюб ба шакли ба худ хос зоњир мегарданд. Занон ва кўдакон ба категорияи махсуси мизољони кори иљтимої дохил мешаванд, зеро вобаста ба шароитњои объективї ва анъанавї, њолати физиологї ва иљтимої ба онњо хатарњои иљтимої бештар тањдид менамоянд. Кўдакон нисбатан заиф, вобаста ва дастнигар мебошанд, иљтимоишавии онњо ба ихтиёри дигарон аст, хатари ба зўроварии калонсолон гирифтор гаштани онњо эњтимолияти зиёд дорад. Аз ин рў, ин вазъият эњтиёљмандии онњоро ба кўмаки иљтимої ва муњофизат ба маротиб зиёд менамояд. Њаёти кўдакони маъюб, бепарастор, ятим ва каљрафторро бе ёрии корманди иљтимої тасаввур кардан имконнопазир аст. Мушкилотњои иљтимоие вуљуд доранд, ки корманди иљтимої онњоро якбора бартараф намуда наметавонад, барои њалли пурраи онњо корманди иљтимоиро лозим меояд, ки њамеша дар ин самт фаъолият намояд. Комилан пурра њал намудани мушкилотњои иљтимоии маъюбон, камбизоатон ва пиронсолон ѓайриимкон аст, аммо зарур аст, ки ин мушкилотњоро корманди иљтимої такрор ба такрор њал намояд, ба шахсони алоњида ва гурўњњои иљтимої мунтаззам кўмак расонад. Аз ин рў, њангоми бартараф намудани мушкилоти иљтимої корманди иљтимої ба вазъияти иљтимої сарукор дорад.
Вазъи иљтимої предмети асосии кори иљтимої ба њисоб меравад, он майдони иљтимоиест, ки дар он корманди иљтимої зањмат кашида, кор мекунад. Маќсади асосии корманди иљтимої низ бењтар гардонидани вазъи иљтимоии мизољ, сабуктар гардонидани ранљу азоб ва њолати рўњии мизољ мебошад. Њар чанд корманди иљтимої ќодир нест аз љињати иќтисодї пурра мизољро таъмин намояд ё чизи аз дастрафтаи ўро баргардонад, аммо метавонад ба мизољ кўмаки иљтимої ва равонї расонад, ўро роњбаладї намояд ва машварати муфид дињад. Таъсири манфии оќибатњои њодисањои нохушро ба мизољ кам намояд ва ё пешгирї кунад. Махсусан, ин гуна кўмакрасонї ва дастгирии иљтимої ба маъюбон, пиронсолон ва шахсоне, ки ба зўроварии љисмонї, љинсї, маънавї ва иќтисодї дучор гардидаанд, нињоят манфиатнок аст.
Кори иљтимої имконият медињад, ки доираи васеи вазифањои њифзи иљтимоии ањолї њалли худро ёбанд. Корманди иљтимої эњтиёљмандонро ошкор намуда, мушкилоти онњоро омўхта, роњњои њалли ин мушкилотњоро пайдо намуда, тавассути субъектњои кори иљтимої ва муассисањои дахлдорї њифзи иљтимої мушкилотњои мизољонро ба ќадри имкон њал менамояд.
Аз ин љо метавонем хулоса барорем, ки кори иљтимої дар сатњи фард, оила, гурўњ, умумияти одамон вобаста ба њудуд, истењсолот, монандии мушкилотњо ва умуман дар сатњи тамоми љомеа амалї мегардад. Њангоми расониданї ёрии иљтимої корманди иљтимої бояд донад, ки ин кўмак ба чї ва кадом самт равона шудааст, дар рафти фаъолияти худ ба чї ноил шудан мехоњад, маќсади ў чист ва натиљањои кори худро ў чї гуна тасаввур менамояд.

Читайте также:  До какого года ставили прививки от кори

Источник