Кори курси аз педагогика
Мафҳумҳои асосии педагогика
Зермавзӯъҳо:
1.Педагогика – илм дар бораи тарбия
2.Пайдоиш ва инкишофи педагогика
3.Мафҳумҳои асосии педагогика
1.Педагогика номи худро аз калимаи юнони қ адим «Paidagogos» гирифта, маънояш бачабар аст. Дар юнони қадим ѓуломонеро, ки аз дасти фарзандони хӯҷаинҳои худ дошта ба мактаб мебурданд, ин номро доштанд. Бо мурури замон калимаи «Paidagogos» ба маънои васеи умумибашарӣ барои ифода кардани санъати тарбия, таълим ва инкишофи рӯҳию ҷисмонии насли наврас истифодаи «Педагогика – раҳнамои ҳаёти атфол»-ро гирифтааст. Аз ин лиҳ оз педагогика илмест, барои тарбияи инсон.
Тарбия ҳодисаи муҳим ва басо мураккаби иҷтмоист. Вай баробари пайдоиши одам дар замонҳои хеле қадим дар рафти фаъолияти меҳнатии одамон, дар натиҷаи ҷудошавии касбу ҳунарҳо ба вуҷуд омадааст. Таърихи башарият шаҳодат медиҳад, ки дар ҳама гуна замонҳо, ҷомеаҳо – аз давраҳои ҳаёти қабилавӣ сар карда, то замони мо тарбия буд, ҳаст ва мемонад. Тарбия ҳамчун ҳодисаи ҷамъиятӣ нисбати одам категорияи доимӣ ва абадӣ мебошад, вале шаклу мазмун ва методҳои он вобаста ба таѓйирёбандагии муносибатҳои ҷамъиятӣ низ дигар мешавад.
2. Дар ибтидо илми педагогика бо фалсафа пайваст буд ва як қисми он ҳисоб мешуд. Аз ҷиҳати илмӣ – назариявӣ аввалин собиткунандаи педагогика ҳамчун илм дар ҷаҳон олим, нависанда ва классики педагогика, педагоги чех Ян Амос Коменский мебошад. Ўро ҳамчун асосгузори илми педагогика шуморидаанд. Ин олими маъруф китоби «Дидактикаи бузург»-ро офаридааст, ки нахустин асари педагогист. Педагогика ҳамчун илми мустақил соли 1623 пайдо шудааст.
Калимаи педагогикаро дар Руссия аввалин маротиба соли 1873 Н.И. Новиков дар асари худ «Дар бораи тарбия ва насиҳати бачагон» таъриф дода буд: «Педагог шасест, ки ба таълиму тарбия машѓул аст.»
Ба таърихи афкори педагогии халқамон назар кунем, ҳамаи шоирону мутафаккирони мо дар бораи зарурияти дониш, омӯхтани таҷрибаи ҳаёт сухан гуфтаанд. Дар эҷодиёти А. Рӯдакӣ, А. Фирдавсӣ, А. Сино, С. Шерозӣ, А. Ҷомӣ ва дигарон инро дидан мумкин аст. Дар даврони шӯравӣ педагогҳои тоҷик: С. Айнӣ, А. Лоҳутӣ, А. Ҳамдӣ, А. Алиев, А. Бузургзода низ саҳми босазое гузоштаанд. Баъди соҳибистиқлол гаштани Тоҷикистон (соли 1991) педагогикаи тоҷик боз ҳам рушд ёфт, профессорон: М. Орифӣ (ёдаш ба хайр), Б. Раҳимов; академикҳо: И. Обидов,
М. Лутфуллоев хизмати арзанда нишон додаанд.
3. Педагикаи муосир ҳамчун илм мафҳумҳо, категорияҳои нави худро истифода мебаранд. Тарбия, таълим, маълумот, инкишоф ва камолот мафҳумҳои асосии педагогика мебошанд.
Дар зер шарњи мухтасари мафњумњои асосии педагогика пешнињод карда мешавад:
– тарбия калимаи арабӣ буда, маънояш парвариш, таълим омӯхтан, адаб омӯхтан аст;
– таълим истилоҳи арабӣ буда, маънои ба касе чизеро омӯхтан, ёд доданро дорад. Таълим дар маънои маҳдудаш хондан аст;
– маълумот – ҷараён ва натиҷаҳои гирифтани донишҳои илмӣ, малакаю маҳорат мебошад;
– камолот – раванди ташаккули одам ҳамчун мавҷудоти иҷтимоӣ бо таъсири ҳамаи омилҳо мебошад. Камолот гуфта ташаккули комили шахсиятро мегӯянд;
– инкишоф – ин ҷараёни барқароршавӣ ва ташаккули шахсияти фард таҳти таъсири омилҳои берунӣ ва ботинӣ мебошад.
Ба ѓайр аз ин худтарбиякунӣ ва худомӯзӣ мафҳумҳое ҳастанд, ки дар педагогика онњоро истифода мебаранд. Худтарбиякунӣ ин кӯшиш барои ислоҳи камбудиҳои худ мебошад. Худомӯзӣ бошад, ин бо роҳи омӯзиши мустақилона андӯхтани дониш аст.
Адабиёт:
1. Аҳмадов Т., Ашӯрова Д. Педагогика дар саволу ҷавобҳо, – – Душанбе, 2007.
2. Вульфов Б. З., Иванов В.Д. Основа педагогики. – Москва, 2000.
3. Миралиев А.М., Давлатов М. Педагогика ва психология. – — Душанбе, 2007.
4. Харламов И.Ф. Педагогика учебное пособие. – Москва, 1990.
5. Хайрулло Раҳимов. Педагогика. – Душанбе, 1997.
Источник
Зермавзўъҳо:
- Моҳият ва вазифаҳои курси «Таърихи педагогикаи чаҳон»
- Қисматҳои таърихи педагогикаи ҷаҳон
- Омузиши курси «Таърихи педагогикаи ҷаҳон» ва саҳми мутафаккирони тоҷик дар он.
Моҳият ва вазифаҳои курси «Таърихи педагогикаи ҷаҳон»
Курси «Таърихи педагогикаи ҷаҳон», таҷрибаи фарҳангию маънавии инсониятро дар ҷодаи таълиму тарбия аз ибтидо то замони муосир вобаста ба давраҳои гуногуни таърихи омўхта қонуниятҳои таърихии инкишофи назария ва амалияи тарбияро муайян мекунад. Назарияи философӣ ва педагогии мутафаккирони гузашта ба донишҳои таърихӣ – педагогӣ ворид гашта, асоси методологии равандҳои муосири курси мазкурро ташкил медиҳад. Омўзиши таърихи «Педагогикаи ҷаҳон», барои инкишофу ташаккули башардустонаи ҷаҳонбинии касбии донишҷў кумак расонида, вазифаҳои зеринро иҷро мекунад:
- Такмили мазмун, восита ва таърихи таълиму тарбия.
- Куллан баланд бардоштани сифати дониш ва имкониятҳои эҷодии мутахасисон – омузгорони оянда.
- Донишҳои тахассуси, қонуниятҳои таърихӣ, инкишофи назария ва амалияи тарбияро такмил додан.
- Дар тайёр намудани омузгорони баландихтисос барои мактабҳои таҳсилоти умумӣ, касбӣ ва маҳсус саҳми арзанда гузоштан.
- Тарғибу ташаккули анаъанаҳои педагогикаи инсонпарвариро (гумманистӣ) дар раванди нкишофи умумии анъанаҳои афкори шарқу ғарб омўхтан.
Барои амали гардондани ин вазифаҳо қабл аз ҳама аз сарчашмаҳои асосии таърихии педагогикаи ҷаҳон: маводҳои бойгонӣ, ёдгориҳои хатии қадим, эҷодиёти халқӣ, асарҳои педагогӣ, хуҷҷатҳои муҳими давлатӣ, китобҳои дарсӣ, барномаҳо, дастурҳою раҳнамо ва гайраҳо зарур аст.
Қисматҳои курси «Таърихи педагогикаи ҷаҳон»
Курси «Таърихи педагогикаи ҷаҳон », аз қисматҳои зерин иборат мебошад:
Кисми I . Пайдоиши тарбия ва моҳияти он дар тамаддуни шарқу ғарб.
Кисми II. Таърихи инкишофи мактабу маориф, таълиму тарбия ва педагогика дар кишварҳои ҷаҳон.
Кисми III. Ақидаҳои педагогии мутафаккирони ҷаҳон.
Кисми IV. Инкишофи мактабу маориф дар давраи шуравӣ ва ҷомеаи муосир.
Бидуни донистани инкишофи назарияи таълиму тарбияи насли наврас дар гузашта, ҳалли илмии тарбияи ҷавонони имрўза ғайри имкон мебошад.
3.Омузиши курси «Таърихи педагогикаи ҷаҳон» ва саҳми мутафаккирони тоҷик дар он.
Омузиши курси умумии таърихи педагогика дар нақшаи таълимии мактабхои олӣ мавқеи махсусро ишғол менамояд. Азхуд намудани ин курс дар тайёр намудани омузгорони оянда кумаки босазое хохад расонид. Омўзиши ин фан малакаю махорати донишчуёнро доир ба таълимӣ фанҳои соҳаи педагогикаю психология васеъ намуда, онҳоро бо таърихи мактаб ва афкори тарбиявии мутафаккирони олам ошно месозад.
Қайд бояд намуд, ки то соҳибистииқлол гардидани Ҷумҳурии Тоҷикистон, донишҷуёни мактабхои олӣ ва омузишгоҳҳою коллеҷҳои омузгории мамлакатамон асоан аз таърихи мактаб ва афкори педагогии Россия, кишварҳои Аврупо ва дигар мамлакатҳои хориҷӣ сабақ меомухтанданд. Аз сабаби барзиёдии маводи таълим дар барномахои мактабҳои олӣ ва омузишгоҳҳои омузгорӣ имконияти дохил намудани омузиши таърихи инкишофи таълиму тарбия, мактабу маориф имконият набуд. Дар барномаи таълимии ин фан ва китоби дарсии «Таърихи педагогикаи ҷаҳон»-и /1982/ бошад оиди ақидаҳои педагогии мутафаккирони тоҷик маълумот дода нашуда буд.
Қайд намудан ҷоиз аст, ки дар барномаи умумии ин фанни «Таърихи педагогикаи ҷаҳон» дохил намудани мавзўъҳои махсус доир ба омузиши таърихи мактабу маориф ва ақидаҳои педагогии мутафаккирони тоҷик зарур аст. Ин вазъият дар давоми дахсолаҳо ба он оврда расонд, ки толибилми тоҷик аз таърихи мактаб, маориф ва афкори педагогии гузаштагони худ бенасиб монд. Имрўз, ки имконияти омузиши мероси педагогии гузаштагонамон даст додаст, мо бояд аз ин вокеияти таърихӣ истифода бурда, омузишу таълими таърихи мактаб ва ақидаҳои педагогии мутафаккирони халки точикро дар мактабҳои олӣ ва омузишгоҳҳои педагогии худ ҷори намоем.
Таърихи тарбия, мактаб ва ақидаҳои педагогии халқи тоҷик хеле қадима буда, ба қарнҳои пеш аз мелод мерасад. Таърихи таълиму тарбия дар мардуми эронинажод /тоҷикон/ роҳи тулонии тараққиётро аз сар гузаронидааст. Ақидаҳои педагогӣ дар ин сарзамин аз давраҳои қадим сар шуда, дар замони пайдоиши дини зардуштӣ ва китоби мукаддаси эронинажодҳо «Авесто» тақвият ёфтааст. Аз асри VIII сар карда то замони мо ба авҷи камолоти худ расидааст. Фикрҳои баланди таълиму тарбия ва панду ахлоқие, ки А.Рудакӣ, А.Фирдавсӣ, А. Сино, С. Шерозӣ, А.Ҷомӣ ва дигар бузургони форсу тоҷик дар тули асрҳо гуфтаанд, ҳоло ҳам қиммати тарбиявии худро гум накардааст, аз ин лиҳоз саҳми мутафаккирони тоҷик дар пешравии илми таърихи педагогикаи ҷаҳон, назарияи таълиму тарбия хеле калон аст.
Адабиёт:
1.Константинов Н.А «Таърихи педагогика» М., 1982
2.Энсиклопедияи педагогӣ. Ҷилди 1-4 М.,1980
3.Харламов И.Ф. Педагогика учебное пособие. – Москва, 1990.
4.Хайрулло Раҳимов. Педагогика. – Душанбе, 1997.
Источник
Дар Точикистони соҳибистиқлол соҳаи таълиму тарбияи наcли наврас дигаргуниҳои муҳим ва чашмрасро соҳиб шуда, тағйиротхои қобили таваччуҳро ба амал овардааст.
Дар боби бозсозии маънавияти халқ, такмил ва пешбурди он тадбирҳои пурманфиат пиёда мешаванд. Зеро, ҳар як давлат ва ҳар як миллат на танҳо бо сарватҳои зеризаминиву руизаминии худ, қудрати ҳарби ва иқтидори истеҳсолии худ, балки пеш аз ҳама, бо фарҳанг ва маънавияти волои худ муқтадир аст. Аз ин ру, акнун сахифаҳои пешгар пурсояи осори пурмаънии алломаҳои гузашта аз қаъри таърих ру ба равшани меоранд.Фанни педагогика ҳам дар заминаи тағйир ёфтани мақсади таълиму тарбия, ки вобаста ба талаботи чамъият ва хусусиятҳои пешрафти он ба вучуд омадааст, ба худ мазмун ва моҳияти нав касб намуда, пайваста роҳҳои самарабахши таълиму тарбия, робитаи қисмҳои таркибии педагогика, танзими ҳамкории онро бо дигар илмҳои ҳамравия чустучу менамояд. Ичрои чунин вазифаҳо, пеш аз ҳама ба ривоч ва пешрафти назарияи педагогика вобаста аст. Маҳз назарияи педагогика тачрибаҳоеро, ки дар соҳаи таълим ва тарбия мавчуданд, умуми намуда, истиқболи ривочи минбаъ-даи педагогикаи умуми ва роҳҳои амали намудани онро барраси мекунад. Дар Қонуни Чумҳурии Точикистон «Дар бораи маориф» гуфта шудааст, ки соҳаи таълим дар тараққиёти ичтимоии Чумҳурии Точикистон дар чои устувор карор дорад. Вазифаи таълиму тарбия, қабл аз ҳама, офаридани имкониятҳои ақливу амали барои чавонон буда, он бояд ба ошкор сохтани қобилияти эчоди, таъмини ривочи интеллектуалии наврасон, интихоб ва мукаммал омухтани касби дилхоҳи ондо нигаронида шавад.
Дар чамъияти инсони аз азал саволе ба миён гузошта мешуд: дар боби таълиму тарбия чи бояд кард, бо кадом роҳ бояд пеш рафт, ба чи бояд эътибор дод, то авлод аз
ачдоди худ хубтар зиндаги кунанд ва саодати бештаре дошта бошанд? Ба ин ва дигар саволҳои шабеҳи он ҳамеша фанни педагогика чавоб медод ва медиҳад. Манбаъҳо шадодат медиҳанд, ки аз замони зуҳури чамъияти инсони барои таълими тачрибаҳо ба насли оянда эдтиёч пайдо гардид. Дар натича нахустин омилҳои таълим ва тарбия падид омаданд. Дар асоси тачрибаҳо оид ба табиат ва даёти ичтимои донишҳои муайян руз аз руз такмил ёфтанд. Мураббиёне,ки бо кори таълиму тарбия машғул буданд, ба сифати ҳомиёни касбу ҳунар чудо шудан гирифтанд. Фаъолияти онҳо дар соҳаи таълиму тарбия ва тачрибаҳои андухтаи онон ва мавриди истифода қарор гирифтани он ҳама, боиси пайдоиши фанни педагогика гардид. Дар ҳамин асно муассисаҳои ибтидоии амсоли мактаб ба вучуд омада, тараққи ёфтанд.
Ниҳоят, педагогика ба фанне табдил ёфт, ки мақсад ва вазифаҳои таълиму тарбия, мазмун, усул ва шаклҳои ташкилкунандаи онҳоро дар бар мегирад. Маълум аст, ки тарбия санъати бағоят нозук ва чараёни басо ноҳамвор буда, ба худ муносибати чидди меходад. Алалхусус, касонеро, ки кори педагогиро барои худ касб интихоб кардаанд, лозим аст ин фанро амиқ, ва пухта донанд. Мураббиёне, ки аз илми педагогика бехабаранд, боиси ба вучуд овардани камбудиву нуқсонҳо дар тарбия ва албатта дар хулқу атвори насли наврас мешаванд. Онҳо наметавонанд истеъдоди шогирдонро инкишоф диҳанд, ба тараққиёти савияи дониши онҳо халал мерасонанд.
Фанни педагогика тақозо мекунад, ки он чи аз чиҳати назари ва чи аз бобати амали хеле мукаммал омухта шавад. Дарки мақсади таълиму тарбия ва дар заминаи он додани донишҳои нав шарти ҳатми ва дурусти тарбия аст. Илова бар ин, маҳз меҳнати беғаразонаи тарбиятгар, меҳнати фидокоронаи у самаранокии тарбияро таъмин хоҳад кард.
Пас, педагогика фаннест, ки барои чун инсони солимфикр ба воя расонидани насли наврас, барои муайян намудани мазмуни таълиму тарбия, конунҳои умуми ва
роҳҳои татбиқи онро дар амал меомузад.Ахамияти илми педагогикаро дар чамъият ба инобат гирифта, давлат ва чамъият бояд кафили инкишофи доими ва такмили мунта-зами системаи маориф ва тайёркунии мутахассисон бошанд. Дар ин замина ба ҳамагон маълум аст, ки яке аз панч тамоилҳое, ки модели миллии Точикистон ном гирифтааст, гузаронидани ислохот дар тамоми Чабҳаҳои зиндаги мебошад ва он мархилаи зина ба зина Чори намудани ислохотро пешбини карда, вазифаҳои зеринро дар бар мегирад: .
— истифодаи самараноки иқтидори илму истехсолот барои тайёр намудани мутахассисони баландихтисос дар таълимгоҳҳои шакл ва хелашон гуногун; .
—муайян намудани пешомади талаботи умумидавлати, минтақави ба мутахассисони сохибиқтидор аз руи тахассус ва сатхи касбии онҳо; .
— такмили фаъолияти муассисаҳои давлати ва чамъиятии тамоили касби;
—тарбияи чавонони ватандуст, некуахлок, ва бомаърифати ба мехнат вичдонан муносибат дошта;
— таъмини пурраи муассисахои маориф, пеш аз хама мактабҳои таълими хамагони аз чониби давлат, вусъат додани меъёрҳои молияви ва моддию техники ва такмили
механизми онҳо; .
— истифодаи васеи имкониятҳои моддиву молиявии ниёзмандони системаи тайёркунии кадрҳо барои мустаҳкам намудани базаи моддию молиявии мактабҳои касбҳои техники ва таълимгоҳҳои оли;
— дар чаҳорчубаи конунгузори вогузории ҳуқуқи мустақилона муайян сохтани нақшаи таълим, барнома ва дастурҳо, истифодаи усули худидоракуни ба муассисаҳои маориф ва ба мактабҳои оли
#ь
Источник
Чунон ки дар боло зикр кардем, тарбия аз пайдоиши ҷамъияти инсонӣ сарчашма гирифта, то кунун хеле ривоҷу равнақ ёфта омадааст. Лиҳозо дар асоси маҷмӯи таҷрибаҳои ғуншудаи зиндагӣ ва инкишофи қувваҳои истеҳсолӣ бо талаботи зарурии зиндагӣ назарияи донишҳои тарбия – илми педагогика кор карда шуд. Аввалҳо ин соҳаи дониш дар дохили илми фалсафа вуҷуд дошт. Сониян педагогика ҳамчун фанни алоҳида ва мустақил аз ибтидои қарни XVII аз фалсафа ҷудо шуд, ки дар ин бобат хидмати педагоги чех Ян Амос Коменский (1592 – 1670) басо калон аст.
Илми педагогика чун дигар илмҳо мафҳумҳои асосии худро дорад: инкишоф, маълумот, таълим, тарбия. Нисбати ин мафҳумот ин ҷо мо ба тариқи зайл маълумоти назарӣ медиҳем, зеро онҳо дар қисматҳои дигари китоби мазкур ба таври муфассал ифшо ёфтаанд.
Инкишофи шахсият мувофиқи консепсияи диалектика аз раванди дигаргунии миқдорӣ ва сифатӣ иборат буда, аз давраи тавлиди фард то нафаси охирини шахс тибқи қонунияти анатомӣ – физиологӣ ва рӯҳӣ (психилогӣ) сурат мегирад. Инкишоф аз амалиёти паст ва баланд, аз оддӣ ба мураккаб, аз номукаммал ба мукаммалӣ ноилшавии ҷисмонӣ ва рӯҳии шахс аст.
Инак, инкишофи инсон – ин раванди ташаккулёбии он фард, ки тавассути таъсири омилҳои зоҳирӣ ва ботинӣ, идорашаванда ва табиӣ рух медиҳад.
Инкишофи рӯҳӣ, ҷисмонӣ ва умумии шахсиятро бояд фарқ кард. Дар таҳти инкишофи рӯҳӣ (психологӣ) рушди зеҳнӣ, ирода, эҳсос, инчунин талабот, қобилият ва феълу атвори шахсият фаҳмида мешавад. Икишофи ҷисмонӣ рушди организм: мушакҳо, қаду қомат, гардиши хун, мутаҳаррикии банду буғумҳо ва ғайраро ифода мекунад. Инкишофи умумӣ рушди муштараки рӯҳиву ҷисмонӣ, ахлоқӣ ва дигар ҷиҳатҳои шахсиятро фаро мегирад. Шахсият ин натиҷаи қонунии таъсиррасонии мутақобили омилҳои зиёд. Қисме аз ин омилҳо новобоста ба ирода ва шуури шахс каму беш таъсир мекунад. Ба ин табиати биологии шахс, дараҷаи қонунии болоравии истеҳсолот, муносибати иҷтимоӣ, ҳодисаҳои психологияи иҷтимоӣ (талқинёбӣ, тақлидкунӣ ва амсоли инҳо), шаклҳои робитаи байниҳамдитарӣ, шароити микромуҳит дохил мешаванд.
Омилҳои дигаре, ки ба ирода ва шуури одамон кам ва ё беш вобастагӣ доранд, ин идеология, фаъолияти созмонҳо, давлат, муассисаҳои ҷамъятӣ мебошад. Ниҳоят гурӯҳи саввуми омилҳо – ин инкишофи муташаккилона. Дар инкишофи муташаккилона донишу ҳунарҳое дар як муддати кӯтоҳ ёд дода мешаванд, ки дар такомулоти онҳо гузаштагон давру замонҳои тӯлонӣ ба харҷ додаанд. Чунончи, хонандагон дар мактаб қоидаҳои грамматикии забонро дар як муддати муайян (7 – 9 сол) меомӯзанд. Ҳол он ки барои мукаммалу такомулоти он мутахассисон асрҳои аср сарф кардаанд. Ҳамаи ин омилҳо дар маҷмӯъ ташаккули шахсиятро таъмин мекунад.
Маълумот – раванд ва натиҷаи азхудкунии системаи донишҳои илмӣ, маҳорату малакаҳои маърифатӣ ва дар асоси онҳо ташаккулёбии ҷаҳонбинӣ, ахлоқ ва дигар сифатҳои шахсият, инкишофи қудрату қобилияти эъҷодии хонандагон.
Дараҷаи маълумот таҳти қобилияти худомӯзии мунтазам ва сермаҳсули ин ё он соҳаи фаъолияти иҷтимоии шахс намоён мегардад. Малумот тавассути фаъолиятҳои зерин ҳосил мешавад: худомӯзӣ, таҳсил дар курсҳо, лекторияҳо, ахбори оммавӣ, дар истеҳсолот ва ғайра. Аммо роҳи дуруст ва боэътимодноки маълумотгирӣ ин таълими мунтазами муташаккилонааст. Дараҷаи маълумотноки гуногун мешавад: ибтидоӣ, миёна, олӣ. Маълумотнокӣ ба ину он қисмати дониш, мавзӯъ ва ё ягон масъала низ мансубият дошта метавонад: маълумот дар бораи ҷумла, маълумот оиди обу ҳаво, малумот дар бораи ашхос ва ғайра.
Таълим ин раванди мақсаддорӣ якҷояамалкунии муаллим ва хонандагон, ки дар он маълумотгирии шахс таъмин мегардад. Фаъолият ва ҳамкории муаллиму хонандагон барои бо донишҳои зарурӣ мусаллаҳ гардондан ва ҳосил намудани маҳорату малакаҳо, инкишоф додани қобилияти дарккунӣ ва эҷодии хонандагон равона карда мешавад.
Тарбия (парвариш) ба манои махсуси педагогӣ – ин раванд ва натиҷаи мақсаддорӣ таъсиррасонӣ ба инкишоф, муносибат, хислат, сифат, ақида, эътиқод, тарзи рафтори шахсият дар ҷомеа.
Хусусияти хоси тарбия нисбати дигар омилҳои инкишофи шахсият дар он аст, ки тарбиятдиҳанда шуурона мақсади муайян мегузорад ва барои ноил шудан ба он саъю кӯшиш намуда, воситаҳои амалӣ гардонидани мақсадро пайдо мекунад.
Мавзӯи педагогика ва масъалаҳои асосии тадқиқоти он.
Ҳар фан мавзӯи тадқиқотии худро дорад. Дар педагогика бо анъанаи пештара мавзӯи тадқиқоти педагогикаро тарбия, яъне чӣ тавр ба меҳнат омода кардани насли наврас дар назар дошта мешуд. Аммо инкишофи назарии педагогика чунин муайянкунии мазӯи тадқиқоти фанни мазкурро маҳдуд ва сатҳӣ мешуморад. Сустии муайянкунии мавзӯи тадқиқотии педагогика дар он аст, ки чизи асосӣ – дар кадом асоси педагогика назария ва методикаи тарбияро кор карда мебарояд, муайян намекунад. Биноан, мавзӯи тадқиқоти педагогика аз он робитаҳои қонуние, ки байни инкишофи шахсият ва тарбия вуҷуд доранд ва дар ҳамин асос масъалаҳои назарӣ ва фаъолияти тарбиявӣ кор карда мешаванд, иборат аст, гуфтан дуруст аст. Равшантар карда гӯем, мавзӯи педагогика тадқиқоти моҳияти инкишоф ва ташаккули шахсияти инсон ва дар ҳамин асос муайянкардани назария ва методикаи тарбия ҳамчун раванди муташаккилонаи махсуси педагогӣ мебошад.
Чунин саҳеҳи нисбати мавзӯи педагогика барои тадқиқотбаранда ҳам, барои муаллим ҳам оиди ҳамаҷониба сарфаҳмравии раванди инкишофи шахсият, инчунин робитаи тарбия мушаххас муайян мегардад.
Ҳамин тавр, мавзӯи педагогика на фаъолияти маълумот, таълим, тарбия, балки равонакунии таъсиррасонӣ ба инкишоф ва ташаккулдиҳии шахсият аснои омӯзиш, маълумот ва тарбия мебошад.
Дар инкишофи шахсият беҳтар ба ҳолати рӯҳии шахс эътибор дода мешавад. Зеро ташаккули олами ботинии шахс ба рафтору муносибати вай вобаста аст. Агар таъсирбахшии тарбия чунончи, омӯзиши хониш ба шахсият таъсири мусбӣ расонад, ба вай завқу шавқ бедор мекунад, пеш меравад. Ва, агар баръаксу ин таъсирбахшии тарбия таъсири манфӣ расонад, вай ба ин эътибор намедиҳад, биноан роҳи таъсиррасониро бояд ба харҷ дод. Коркарди ин ғояро инкишофи назарияи педагогика ва методикаи тарбия пеш меронад.
Мавриди коркарди назария ва методикаи тарбия педагогика амиқии механизм, инкишофи шахсият, раванди махсус ташкилкардашудаи тарбияро, ки аз зарурияту талаботи ҷомеа ба миён меояд, бояд омӯзад.
Ин имконияти баҳисобгирии масъалаҳои умдаи назарӣ ва таҳқиқотиеро медиҳад, ки фанни педагогика бо онҳо сарукор дорад. Ба ин масъалаҳои зайл шомил мешаванд:
- Омӯхтани моҳият ва қонуниятҳои инкишоф ва ташаккули шахсият дар шароитҳои махсус ва ташкилкардашудаи тарбия;
- Муайян кардани мақсади табия;
- Кор кардани мазмуни тарбия;
- Тадқиқи методҳои тарбия.
Источник