Кори курси аз фанни таърих

Кори курсӣ: Системаи ахбори идоракунӣ

Дохил кард: Ахмедов Бахром

Санаи дохилгардида: 2016-01-08

Нақша:

Сарсухан

1. Мафҳум ва моҳияти ахбори идоракунӣ
2. Гурўҳбандии ахбори идоракунӣ
3.Давраҳои инкишофи технологияи ахборӣ
2. Стратегияи коркард ва истифодаи ахбори идоракунӣ

Хулоса                                                                       
Феҳрасти адабиётҳои истифодашуда.

САРСУХАН
Фанни менеҷмент дар асоси қонуни умумии ба он хос–алоқаи мустақим ва бозгашти иттилоот ба вуҷуд омадааст ва аввало ҳамчун раванд, шакли фаъолият ва амалиёти идоракунӣ ифода ёфтааст, дуюм, ҳамчун гурўҳи мутахассисон (менеҷерон)–иҷрокунандагони фаъолияии роҳбар, сеюм ҳамчун системаи идоракунии комплексӣ барои гирифтани фоида бо сарфи ками хароҷот, чаҳорум, ҳамчун соҳаи дониш роҷеъ ба фаъолияти идоракуни инъикос шудааст.
Менеҷмент бо фанҳои кибернетика, назарияи иттилоот, системаи техники, равоншиноси (психология), фалсафа ва назарияи қабули қарорҳо алоқаи зич дорад. Дар ташаккулёбии менеҷерони қобилиятнок омўхтани илм дар бораи рафтори инсон дар ташкилот афзалият дорад.
Менеҷмент илми байналмилали буда, фалсафаи соҳибкори ва санъати идоракуни ба ҳисоб меравад. Калимаи «менеҷмент» англиси буда, маънояш дар луғати Оксфорди забони англиси ҳамчун тарз ва усули муносибат бо одамон, амрдиҳи (ҳукмрони) ва санъати идоракуни, маҳорат ва малакаи махсуси маъмури, мақомоти идоракуни ва воҳиди маъмури зикр Дар мамлакатҳои мутараққи баъзе олимон мафҳуми менеҷментро ҳамчун идоракунии истеҳсолот, қонуниятҳо, қоидаҳо, усулҳо, воситаҳо, шаклҳои идоракуни, ҳайати идоракунии маъмури (менеҷерҳо ва роҳбарони дараҷаҳои гуногун) кор карда баромадаанд ва онҳоро дар амал барои баланд бардоштани самаранокии истеҳсолот, ё ки фаъолияти дигари ҷамъияти истифода бурдаанд.
Мақсади менеҷмент ҳамчун шакли махсуси фаъолияти инсон барои ба даст овардани натиҷаҳои мусбат дар шакли фоида ифода ёфта, туфайли истифодаи меҳнати коргарони баландихтисос ва ҳавасмандкунии онҳо дар заминаи захираҳои лозими иҷро мешавадСозмондиҳӣ амали мустақ или идоракунӣ буда, фароҳам сохтани шароити мусоид баҳри ташкили кори самараноки якҷ ояи одамон барои расидан ба мақ сади корхона маҳсуб меёбад, барои ба низом даровардани фаъолияти мақ садноки менеҷ ер ва тобеон хидмат мекунад. Вазифаи ташкил, яъне созмондиҳӣ, дар иҷ рои амалиёти хоҷ агидорӣ аз тарафи шахс ё гурўҳи одамон ифода меёбад.
Дар ощози асри ХХ, дар он вақте, ки мактаби идоракунии илмӣ пайдо шуд, Тейлор ва ҳамзамонони ў  ҷамъи камбудиҳои музди меҳнати дар атрофи гуруснагӣ нигоҳдорандаро дарк намуданд. Хизмати Тейлор дар он буд, ки аз ҳисоби муайян намудани меъёри коркард ва принсипҳои илмии идоракунии меҳнат, навъи ҳавасмандкунии «қ амчин ва кулчақ анд»-ро хеле самараноктар намуд. Натиҷ аи истифодаи усули ў  дар қатори махсус гардонидан ва андоз намудан ба баландшавии суръатнокии меҳнат асос гашт

1. Мафҳум ва моҳияти ахбори идоракунӣ
Мақоми асосиро дар амали гардонидани функсияи идоракунӣ ва қабули қарор барои менеҷер ахбори идоракунӣ мебозад.
Ахбор – ин маълумоти амиқ оиди объект ё ҳодисае, ки дар вақти муайян ва дар макони муайян ба вуқўъ пайвастааст ва бо нишондиҳандаҳои ченакӣ ва сифатӣ инъикос мегардад
Таҷриба нишон медиҳад, ки аксари маврид роҳбароне пайдо мешаванд, ки ба ахбори дуруѓ дода мешаванд, дар натиҷа қарорҳои идоракунии нодуруст, ё худ беасос қабул менамоянд, ки дар оянда ба фаъолияти роҳбар таъсир расонида рушди корхонаро коста мегардонад.
Системаи ахбори идоракунӣ имрўз ягона системае мебошад, ки ҷараёни ташкил идоракунӣ ва баномасозию пешгўии фаъолияти корхонаро пурра дар бар гирифта, дар он роҳҳои ба низом тайёр кардан, коркард, расонидан ва истифодабарии тамоми намуди ахбор, ки дар корхона ва берун аз он вуҷуд дорад дида мешавад.
Қоидаҳои асосӣ ва мақсади ташкили низоми дохилии ахбори корхона ва истифодаи он чунин аст:

  • Кор кардан, истифода ба нигоҳдории ахбор шароити марказонидашуда ва ѓайри марказонидашуда идоракунӣ;
  • Муайян кардани воситаҳои техники ахбор барои ташкилот ва ҳар як сохтори таркибии истеҳсолот.
  • Кор карда баромадани барномасозии ахборот ва истифодаи бонки ахбор.
  • Гузаронидани вариантҳои гуногуни ҳисоб ва ҳисоббаробаркуниҳо дар ҷараёни кор кардани барномаи маркетинг ба нақшгирӣ, назорат ҷамовари ва коркарди ахбор;
  • Коркарди системави ахбор ва додани ахбори хаттӣ;
  • Таъмини асбобҳои техникӣ, телефон, телефакс, ва нусхабардорӣ ва дигар асбобҳои коммуникатсионӣ;
  • автоматикунонии ҷараёни идоракунии маъмурии меҳнат дар асоси истифодаи технологияи пешқадам.

Самаранокии кори идоракуни дар ҳамон вақт таъмин мегардад, ки агар ахбори сари вақтӣ ба дуруст истифода гардад.

2. Гурўҳбандии ахбори идоракунӣ
Ахбори идоракунӣ метавонад ба таври зерин гурўҳбандӣ карда шавад:
Вобаста аз инъикосёбӣ:

  • Муоинавӣ(визуалӣ);
  • Шунавоӣ(аудивидуалӣ);
  • Дигиталӣ (дар шакли нақша ва схема)
  • Омехта;

Вобаста аз сифат:

  • Дуруст;
  • Эҳтимолан дуруст;
  • Нодуруст;
  • Дурўѓ;

Вобаста аз муҳити фаъолияти ташкилот:

  • Иқтисодӣ;
  • Идоракуни;
  • Иҷтимоӣ
  • Технологӣ;

Вобаста намуди паҳнкунӣ:

  • Микронавор;
  • Навори видеоӣ;
  • Хаттӣ;

Вобаста намуди инъикосёбӣ:

Вобаста сарчашмаи бавуҷудоӣ:

  • Дохилиташкилотӣ;
  • Берунӣ;
  • Номураттаб;
  • Ногаҳонӣ;

Вобаста аз моқом дар раванди идоракунӣ:

  • Таҳлилӣ;
  • Пешгўӣ;
  • Илмӣ;
  • Меъёрӣ;

Андозаи талабот ва истифодаи ахбор кори мушкили ҳар як роҳбар мебошад, ки аз таҷрибаи кори ва лаёқатмандии роҳбар, инчунин функсияи он вобастагии калон дорад.
Дар даҳсолаи охири асри ХХ қариб дар тамоми ҷаҳон системаи автоматикунонии идоракуни (С.А.И.) ба дараҷаи аъло авҷ гирифт асосан, баъди пайдоиши мошинаҳои Э.В.М.-и ҷодаи 3-ум ташкили системаи алоқаи моҳворавӣ, марказҳои ахборию ҳисобарори ва марказҳои идоракуниҳои автоматӣ пайдо шуданд.
Системаи ахборӣ гуфта комплекси алоқаманди воситаҳои техники алоқа, ки дар як занҷири сарбаста, дониста мешавад.
Системаи техникии ахборӣ имкон медиҳад, ки миқдори зиёди ҳисобдорон, ки муҳосибон, иқтисодчиён инчунин дигар коргарони хизматрасон кам карда шавад.
Аксари фаъолияти ба ҳисоббарории бухгалтерии, омори ва ҳисоботи алоқаи кори муқаррари компутерҳо мебошанд, ки дар асоси барномаи пешаки сохташудаи компютер ҳисоб карда мешавад.
Дар натиҷаи инкишофи техникаи электронӣ самаранокӣ ва суръати ҳаракати ахборро тезонида, қисми зиёди коргарони техникиро кам мекунад, кори муҳосибот беҳтар шуда, сифати корҳои ҳисоботию банақшагирӣ хело ҳам хуб мегардонад.
Тарзи навишти ахбор – дар асоси барномаҳои махсуси компютерӣ сурат гирифта, кори идоракуниро осон мегардонад. Ба навиштаҷотҳои муҳим дохил мешаванд.

  • ҳуҷҷатҳои техникӣ, нақшаҳо ва ҳисобҳои конструкторӣ.
  • ҳуҷҷатҳои илмӣ – ҳар гуна ихтироот ва тадқиқотҳои илмиву дигар моликиятҳои зеҳнӣ.
  • ҳуҷҷатҳои хаттӣ – ҳаргуна шартномаҳо мактубҳои корӣ ҳуҷҷатҳои бухгалтерӣ ва ѓайраҳо
  • маълумотҳо – маълумотҳои оморӣ, бухгалтерӣ ва дигар нишондиҳандаҳои фаъолияти корхона, нишондиҳандаҳои оморӣ ва таҳлили фаъолияти корхона.
Читайте также:  Симптомы при кори у детей фото начальной стадии

Ташкили барномасозии махсус – вобаста аз хусусиятҳои фаъолияташон корхонаҳо барномаҳои махсуси худро дар компютерҳо месозанд, ки барои иҷрои кор хеле самаранок мебошад. Мисол, аллакай дар системаи бонкҳо, аэрокассаҳо, идораи киштиҳои кайҳонӣ, роҳҳои ҳавои ва ѓайраҳо барномаҳои махсус амал мекунанд.

3. Давраҳои инкишофи технологияи ахборӣ
Ҷараёни инкишофи технологияи ахборӣ имконоти пайдоиши шаклҳои нави соҳибкориро дар ҳамаи соҳаҳои иқтисодиёт муҳайё намуда, барои васеъ шудани шаклу усулҳои ҳамкории менеҷмент дар шароити глобализатсияи иқтисоди имконотҳои навро ба вуҷуд меорад. Истифодаи системаи глобалии Интернет ва сетҳои корпаративӣ ва инчунин системаи мунтазами озодӣ алоқа рақобатнокии корхонаро дар шароити бозор мустаҳкам гардонида, ҳосилнокии меҳнатро чанд карат зиёд мекунад. Инчунин имкон медиҳад, ки корхона ё ширкат худро ба шароити нави иқтисодӣ мутобиқ гардонида ва таѓйиротҳо ва ҳолатҳои беруна зуд хабардор гардад.
Панҷ давраи инкишофи технологӣ вуҷуд дорад, ки дар тараққиёти ҷомеа саҳми арзанда дорад:

  • Давараи якум – ин пайдоиши хат. Яке аз сабабҳои асосии инкишофи ҷомеа гардид. Яъне ин имкон фароҳам овард, ки одамон тавассути хат ва ҷамъоварии ахбор ба ояндагони худ маълумотҳои заруриро дастрас намоянд.
  • Давраи дуввум (миёнаҳои асри XVI) – Пайдоиш ва инкишофи навишти китобҳо. Ин воситаест, ки дар дасти инсон тарзи нави нигоҳ доштани иттилоот гардид.
  • Давраи сеюм (охири асри XIX) – пайдоиши қувваи барқ. Бавуҷудоии телеграф, телефон ва радио, ки имкон медиҳад, ки ахбор ба суръати баланд расонида мешавад.
  • Давраи чорум (солҳои 70-уми асри ХХ) – Пайдоиши технологияи микропросессорӣ ва компютерҳои фардӣ.
  • Давраи панҷум – (асри ХХI) – пайдоиши нанотехнология

Имрўзҳо Интернет ҳамчун як сети глобалии компютери қисмати асосии соҳибкори «раги хунгарди асосӣ» ба ҳисоб рафта, шакли соҳибкории нав гашта миллиардҳо одамонро бо худ пайваст мекунад.

4. Стратегияи коркард ва истифодаи ахбори идоракунӣ
Технологияи ахборӣ ба корхона имкон медиҳад, ки раванди кории худро тезонад, хароҷотҳои истеҳсолиро кам кунад ва ҳамоҳангҳои сохторҳои таркиби истеҳсолии худро таъмин созад ва дар ҷамъ ҳосилнокӣ ва боздеҳии захираҳоро хеле баланд бардорад.
Маълум аст, ки баландшавии ҳосилнокии меҳнат суръати гардиши воситаҳои гардони корхонаро тезонида, якбора хароҷотҳоро хеле кам мекунад ва ин дар навбати худ, нархи молро паст карда мавқеи молистеҳсолкунанда дар бозор мустаҳкам мегардад.
Чӣ хеле, ки дар боло қайд намудем яке аз бартарияти инкишофи системаи ахборӣ дар он аст, ки имрўз монеаҳои ҷуѓрофӣ ва бюрократӣ (қоѓазбозӣ) дар ин система дида намешавад.
Пайдоиши компютерҳои боқуввати фарди имконият пайдо намуд, ки мутахассисон дар кадом гўшаи дунё, ки набошад бо ҳам алоқа пайдо карда дар як муддати кўтоҳ ахборро ба корхонаи худ ба роҳбарони худ мерасонанд.
Тадқиқотчии америкоӣ Т.Питерс ва Р.Уотерман менависанд, ки «Камбудии таҳлили фаъолияти дохила доир ба қарордоди идоракунӣ дар он аст, ки одамон аксари маврид он нишондиҳандаҳоеро таҳлил мекунанд, ки маълум ҳастанд, он чизе ки маълум нест, диққат намедиҳанд». Технологияи ахборӣ акнун чунин имконият додааст, ки менеxерон ахбори зиёдеро истифода ва таҳлил намоянд. Инчунин муайян карда шудааст, ки қобилияти одамон барои кардани ахбор маҳдуд мебошад. Иқтисодчии америкоӣ Герберт А. Саймон, раванди қарори идоракуниро таҳлил карда, ба хулосае меояд, ки «Одамон қариб аксари мавриди ахбор ва маълумоти маҳдудро барои ҳалли масъалаҳо дар ҳисобкунӣ истифода мебаранд».
Аз ин хотир ў пешниҳод мекунад, ки «диққати менеҷерро» ҳамчун захираи маҳдуде, ки ба ҷараёни қабули қарори идоракунӣ таъсир мерасонад, қабул намудан мумкин аст.
Бечунучаро ҳангоми таҳлили идоракунӣ пеш аз ҳама сухан дар бораи баҳои иқтидори иқтисодии корхона, муқоиса он ба дигар ширкатҳо, инчунин муайян кардани мавқеи ширкат дар бозори мол мебошад.
Дар шароити имрўзаи иқтисоди корхонаҳои Тоҷикистон таҳлили идоракунӣ раванди хело мураккаб мебошад. Якчанд омилҳое вучуд доранд, ки таҳлилро мураккаб мегардонанд:
а)  дар аксари корхонаҳо шўъбаи махсуси таҳлил, ё аудит вуxуд надорад;
б)  аксари маврид ахборӣ идоракунӣ вуҷуд надорад, чунки дар корхонаҳо баҳисобгирии идоракунӣ бурда намешавад;
в)   худи роҳбарияти корхонаҳо хоҳиши таҳлили қарорҳои идоракуниро надоранд. Чунки хусусияти хоси роҳбарии шарқӣ, ки дар роҳбарони мо дида мешавад, намехоҳанд, ки камбудиҳои роҳбарии онҳо ошкор гардад ва кушода бошад. Як одати шарқӣ амал дорад, ки роҳбар чӣ кадар камбудӣ надошта бошад, eро қариб ки танқид намекунанд ва рўйрост намегуянд.
Дар баробари ин таxрибаи хориxиён нишон медиҳанд, ки дар маxмуъ панx гурeҳи хатогиҳо мавxуд мебошад, ки дар вақти ахборӣ таҳлилӣ идоракунӣ содир мешавад:
Хатогии якум – менеҷерҳо ба ахбори мукаммали зарури мўҳтоҷ мебошанд.
Олими англис Р.Л.Акофф менависад, ки аксари системаи ахборӣ факту рақамҳо ва фикрҳои тахминиро пешниҳод менамоянд, ки барои менеҷер аллакай камбудӣ пайдо мешавад. Ў қайд мекунад, ки аксари маврид менеҷерон ахбори зиёдатие доранд, ки аксаран нолозиманд. Бинобар ин аз миқдори зиёди ахбор истифода бурда наметавонанд ва камбудӣ зоҳир менамоянд. Аз ин хотир зарур мебошад, ки шўъбаи махсус ахборро тасниф карда, аз ҳама ахбори зарури ва дурустро ба менеҷер пешниҳод намояд.
Хатогии дуюм – менеҷер ба ахборе, ки мехоҳад гирад, зарурат дорад.
Аксари маврид коргарони шўъбаи ахбор аз менеҷер мепурсанд, ки кадом ахбор зарур аст ва чунин хаёл мекунанд, ки гуё менеҷерон ҳамаро медонанд. Аммо дар асл, ки ҳамаи менеҷерон медонанд, ки кадом ахбор барои онҳо лозим аст, бинобар ин доимо ахбори зиеди нолозимеро талаб мекунанд, ки баъдан худашон дар онхо раҳгум мемонанд. Системам ахборӣ қисми таркибии идоракунии ташкилӣ ва иқтисодӣ мо бошад ва ахбори идоравӣ бояд, ки дар корхона бошад ва таҳлил карда шавад.
Хатогии сеюм – чунин қабул шудааст, ки гуё менеҷер, ки ахбори заруриро гирифт, ҳатман қарори дуруст қабул мекунад.
Аммо дар аксари маврид дар қарори идоракунӣ якчанд вариантҳо пайдо мегардад, ки бояд дар назар дошта бошем.
Хатогии чорум – аксари маврид менеҷерон дар он андеша мебошанд, ки чӣ қадар дўстони зиёд ва алоқаҳои зиёд дошта бошанд ва маслихат гиранд, ҳамон қадар қарори идоракунӣ самаранок мебошад. Аслан гирем, ду корхонае, ки якхела мақсад доранд, ҳаракат мекунанд, ки аз якдигар зиёдтар ахбор дошта, дар бозор фонда и зиёд гиранд. Бинобар ин сохтори ташкилии идоракунии корхона чунин бояд бошад, ки баъзе нишондихандахои сифатии кори корхона махфӣ нигох, дошта шаванд.
Хатогии панҷум – аксари маврид коргарони шўъбаи ахбор чунин ақида доранд, ки менеҷерро шарт нест, ки дар бораи раванди коркарди ахбор маълумот дошта бошад. Аммо зарур мебошад, ки менеҷер дар бораи ахбор маълумоти зарурӣ дошта бошад ва дарк карда тавонад, ки ин дуруст аст, ё не.
Мисоли оддӣ, агар ба шумо оиди зиёдшавии истеҳсоли мол якбора 300% афзудааст гуфта ахбор диҳанд, албатта ин аз нигоҳи иқтисодӣ ҳайратовар буда, шубҳа пайдо мешавад. Менеҷере, ки инро мефаҳмад боз як маротибаи дигар аниқ карда баъд қарори идоракунӣ қабул менамояд.
Ҳамин тариқ, мо аниқ намудем, ки ахбор қисми таркибии фаъолияти идоракунӣ мебошад, ки дар боби оянда ба шумо пешниҳод мешавад.

Читайте также:  Корь чем опасна детям

ХУЛОСА
Усули нави хоҷагидори, ки дар шароити Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тарзи иқтисодиёти бозори ташаккул меёбад, ба мутахассисоне, ки соҳиби донишу малакаи мукаммали менеҷменти муосир мебошанд, беандоза ниёзманд аст. Хусусан, маҳз муассисаҳои савдо бештар ниёзманди чунин мутахассисонанд. Аз ин лиҳоз, роҳбарони ин муассисаҳо бояд дар мўҳлати кўтоҳ усули нави идоракунии фаъолияти тиҷоратии муассисаҳои гуногунмоликияти рақобатпазир, самараовар ва матонату устувори бозоридоштаро омўзанд ва дар фаъолияти худ истифода баранд.
Бозёфтҳои илми-техники яке аз воситаҳои нави идоракуни мешаванд, зеро онҳо барои фароҳам овардани шароити хуб ва меҳнати самаранок хидмат мекунанд. Дар шароити бозор масъалаи идоракунии ҳайати кормандон бағоят муҳим мегардад. Ин ба он вобаста аст, ки маҳз кормандон дар ин давр ба захираву имкониятҳои пуриқтидори ҳалли мушкилоти рўзмарра соҳиб мешаванд. Ба даст даровардани натиҷаҳои дилхоҳ фақат бо ёрии кормандон мумкин аст.
Менеҷменти истеҳсолот идоракунии бонизом ва самаранокро ба ўҳда дорад, дар шароити тағйирёбанда вай роҳҳои навбанави идоракуниро интихоб мекунад. Менеҷменти корхонаи савдо, ки дар шароити бозор амал мекунад, аз кормандони бахшҳои идоракунанда лаёқат, маҳорат, дониши баланди касби ва ўҳдабароиро талаб менамояд.
Мувофиқи ин ақида менеҷерҳо фақат дар ҳолати нигоҳ доштани ҳамоҳангии ин тартиби иборат аз ҳафт нишондиҳанда метавонанд, фаъолияти ташкилотро ба дараҷаи самараноки расонанд.
Дар охир ҳаминро қайд кардан ба маврид аст, ки менеҷмент новобаста аз кадом соҳаи иқтисодиёт, сохтори ташкили идоракунӣ, шакл ва намуди корхона бо нияти самаранок намудани фаъолияти хоҷагидори истифода мешаванд.

Адабиёт

  • Менеҷмент. Ҳабибов С.Х., Фақеров Ҳ.Н.,Мирзоалиева А.А.,Шаропов Ф.Р.
  • Қонуни ҶумҲурии Тоҷикистон «Дар бораи корхонаҳо», 1997
  • Джамшедов М.Д., Ҳабибов С.Х., Фақеров Х.Н. Рынок потребительскых
  • товаров РТ.Душанбе.,Ирфон, 2002.
  • Иқтисоди корхонаҳо. Комилов С.И., Низомова Т.Д. Дидовар. ДДМТ Душанбе
  • Управление финансами предприятии.Курс  предпринимательство.
  • под.редак.проф.В.Я.Горфинкеля.проф.В.А.Швандара. Москва «Финанск».изд.Обьед. «ЮНИТИ»1997.
  • Ансофф И. Стратегическое управление. М.: Экономика, 2001.
  • ВыханскийО.С.Стратегическое управление: Учебник . — 2-е изд., перераб.  и доп. — М.: Гардарика, 2008. — 296 с.
  • Круглов М.И. Стратегия управления компаний М.,1998.
  • Сливок В.А. Организаӣионное поведение и управление персоналом.-СПб: Питер,2000
  • Фатхуддинов Р.А. Разработка управленческого решения-М: Бизнес-Школа,1998.
  • Фатхуддинов Р.А. Система Менеджмента-М.ЮНИТИ,1998
  • Ҳабибов С.Ҳ.,Исматуллоев И.У. Вожаномаи мухтасари бозоргони-Душанбе, «Самара», 1994.
Читайте также:  Может ли человек заболеть корью повторно

Дидан карданд: 1827

Источник

Кадоме аз ин калимаҳо ғалат навишта шудаанд?

Дар кадом калимаи ибораҳои зерин сакта (ъ) партофта шудааст?

А) тамаи чиз, тоату ибодат

В) матои пахтагин, зироати тирамоҳӣ

D) тулӯи офтоб, мубади мубадон

Дар мақоли зерин дар калимаи хомӯшӣ садоноки ӣ чӣ вазифа дорад: Агар гуфтан сим аст, хомӯшӣ зар аст.?

Ҳаммаъноҳои калимаи кор кадомҳоянд?

Дар кадоме аз ин калимаҳо садоноки ӣ бандаки хабарист?

Кадоме аз ин калимаҳо ғалат навишта шудаанд?

Дар кадоме аз ин калимаҳо садоноки ӣ бандаки феълист?

Дар кадом калимаҳо ба ҷойи ӯ ҳарфи у навишта шудаанд?

С) муҳра, муҳсин, муҳтарам

D) буҳрон, буҳтон, суҳбат

В) муъмин, муътабар, муъҷиза

Ҳаммаънои калимаи шубҳа кадом аст?

Дар қатори кадоме аз ин калима ва ибораҳо ҳарфи ъ – сакта афтидааст (калима нодуруст навишта шудааст)?

D) мавзӯи суҳбат, тулӯи офтоб

Муайян намоед, ки калимаи муҳайё аз чанд ҳарфу чанд овоз иборат аст.

Дар талаффузи калимаҳои диданд, омаданд ва рафтанд кадом ҳодисаи фонетикӣ мушоҳида мешавад?

С) ҷой иваз кардани овозҳо

В) талаффуз нашудани овозҳо

Дар калимаҳое монанди «ангиштсанг», «баландқомат», «бистнафарӣ» ҳодисаи фонетикии талаффуз нашудани овозҳо дар кадом ҳолат мушоҳида мешавад?

С) тағйир ёфтани талаффуз

В) пайиҳам омадани ду‐се ҳамсадо

Дар байти зерин дар калимаи корӣ садоноки ӣ чӣ вазифа дорад: Агар бад кунӣ, чашми некӣ мадор, Ки гар хор корӣ, суман надравӣ !? (Саъдии Шерозӣ)

Кадоме аз ин калимаҳои ҷумлаи зерин ҳамсадои талаффуз‐ нашаванда дорад: «Лаклаки сиёҳ нисбат ба лаклаки сафед хурдтар аст.»? (И. Абдусаломов)

Ҳангоми талаффузи калимаҳои аҷдод ‐ аждод, иҷтимоӣ ‐ иштимоӣ кадом ҳодисаи фонетикӣ мушоҳида мешавад?

D) ҷой иваз кардани овозҳо

Дар байти зерин дар калимаи бишмарӣ садоноки ӣ чӣ вазифа дорад: Шеъри ӯро баршумурдам сездаҳ раҳ сад ҳазор, Ҳам фузун ояд, агар чунон‐к бояд бишмарӣ.?

Дар кадом қатор имлои ӣ дуруст аст?

D) мурғӣ дашти, рӯзӣ кори

Дар калимаҳои навъи гавҳар – гуҳар, савол – суол, равшан – рӯшан чӣ ҳодисаи фонетикӣ рух додааст?

С) ҷой иваз кардани овозҳо

D) талаффуз нашудани овозҳо

Дар мақоли зерин дар калимаҳои некӣ ва бадкирдорӣ садоноки ӣ чӣ вазифа дорад: «Бад мекунию нек тамаъ медорӣ, Некӣ набувад сазои бадкирдорӣ.»?

Дар ин байт вожаи чу ба кадом маънист: Боди сабо, чу бигзарӣ бар сари кӯйи он парӣ, Қиссаи Ҳофизаш бигӯ тоза ба тоза нав ба нав.?

Ҳангоми талаффузи калимаҳои паҳн, саҳро ва суҳбат кадом ҳодисаи фонетикӣ мушоҳида мешавад?

В) ҷой иваз кардани овозҳо

С) талаффуз нашудани овозҳо

Навишти кадоме аз ин калимаҳо аз талаффузашон фарқ мекунад?

Дар қатори кадоме аз ин калимаҳо садоноки ӣ овози таркиби калима аст?

Ҳаммаъноҳои калимаи ҳунар кадомҳоянд?

Кадоме аз ин ибораҳо беғалат навишта шудаанд?

D) фанӣ адабиёт, садӣ Искандар

В) дурри маънӣ, садди Искандар

А) фани адабиёт, сади Искандар

С) фаннӣ адабиёт, саддӣ Искандар

Садоноки ӯ дар калимаҳои кадом қатор дуруст навишта шудааст?

Дар кадоме аз ин калимаҳо ду ҳамсадои ҳамнишин ҳангоми талаффуз иловаи овози садонокро талаб мекунад?

Навишти кадоме аз ин калимаҳо аз талаффуз фарқ мекунад?

Дар кадом калимаҳо ҳарфи ъ – сакта афтад, маъно дигар мешавад?

Источник