Кори курси аз фанни педагогика
Дар Точикистони соҳибистиқлол соҳаи таълиму тарбияи наcли наврас дигаргуниҳои муҳим ва чашмрасро соҳиб шуда, тағйиротхои қобили таваччуҳро ба амал овардааст.
Дар боби бозсозии маънавияти халқ, такмил ва пешбурди он тадбирҳои пурманфиат пиёда мешаванд. Зеро, ҳар як давлат ва ҳар як миллат на танҳо бо сарватҳои зеризаминиву руизаминии худ, қудрати ҳарби ва иқтидори истеҳсолии худ, балки пеш аз ҳама, бо фарҳанг ва маънавияти волои худ муқтадир аст. Аз ин ру, акнун сахифаҳои пешгар пурсояи осори пурмаънии алломаҳои гузашта аз қаъри таърих ру ба равшани меоранд.Фанни педагогика ҳам дар заминаи тағйир ёфтани мақсади таълиму тарбия, ки вобаста ба талаботи чамъият ва хусусиятҳои пешрафти он ба вучуд омадааст, ба худ мазмун ва моҳияти нав касб намуда, пайваста роҳҳои самарабахши таълиму тарбия, робитаи қисмҳои таркибии педагогика, танзими ҳамкории онро бо дигар илмҳои ҳамравия чустучу менамояд. Ичрои чунин вазифаҳо, пеш аз ҳама ба ривоч ва пешрафти назарияи педагогика вобаста аст. Маҳз назарияи педагогика тачрибаҳоеро, ки дар соҳаи таълим ва тарбия мавчуданд, умуми намуда, истиқболи ривочи минбаъ-даи педагогикаи умуми ва роҳҳои амали намудани онро барраси мекунад. Дар Қонуни Чумҳурии Точикистон «Дар бораи маориф» гуфта шудааст, ки соҳаи таълим дар тараққиёти ичтимоии Чумҳурии Точикистон дар чои устувор карор дорад. Вазифаи таълиму тарбия, қабл аз ҳама, офаридани имкониятҳои ақливу амали барои чавонон буда, он бояд ба ошкор сохтани қобилияти эчоди, таъмини ривочи интеллектуалии наврасон, интихоб ва мукаммал омухтани касби дилхоҳи ондо нигаронида шавад.
Дар чамъияти инсони аз азал саволе ба миён гузошта мешуд: дар боби таълиму тарбия чи бояд кард, бо кадом роҳ бояд пеш рафт, ба чи бояд эътибор дод, то авлод аз
ачдоди худ хубтар зиндаги кунанд ва саодати бештаре дошта бошанд? Ба ин ва дигар саволҳои шабеҳи он ҳамеша фанни педагогика чавоб медод ва медиҳад. Манбаъҳо шадодат медиҳанд, ки аз замони зуҳури чамъияти инсони барои таълими тачрибаҳо ба насли оянда эдтиёч пайдо гардид. Дар натича нахустин омилҳои таълим ва тарбия падид омаданд. Дар асоси тачрибаҳо оид ба табиат ва даёти ичтимои донишҳои муайян руз аз руз такмил ёфтанд. Мураббиёне,ки бо кори таълиму тарбия машғул буданд, ба сифати ҳомиёни касбу ҳунар чудо шудан гирифтанд. Фаъолияти онҳо дар соҳаи таълиму тарбия ва тачрибаҳои андухтаи онон ва мавриди истифода қарор гирифтани он ҳама, боиси пайдоиши фанни педагогика гардид. Дар ҳамин асно муассисаҳои ибтидоии амсоли мактаб ба вучуд омада, тараққи ёфтанд.
Ниҳоят, педагогика ба фанне табдил ёфт, ки мақсад ва вазифаҳои таълиму тарбия, мазмун, усул ва шаклҳои ташкилкунандаи онҳоро дар бар мегирад. Маълум аст, ки тарбия санъати бағоят нозук ва чараёни басо ноҳамвор буда, ба худ муносибати чидди меходад. Алалхусус, касонеро, ки кори педагогиро барои худ касб интихоб кардаанд, лозим аст ин фанро амиқ, ва пухта донанд. Мураббиёне, ки аз илми педагогика бехабаранд, боиси ба вучуд овардани камбудиву нуқсонҳо дар тарбия ва албатта дар хулқу атвори насли наврас мешаванд. Онҳо наметавонанд истеъдоди шогирдонро инкишоф диҳанд, ба тараққиёти савияи дониши онҳо халал мерасонанд.
Фанни педагогика тақозо мекунад, ки он чи аз чиҳати назари ва чи аз бобати амали хеле мукаммал омухта шавад. Дарки мақсади таълиму тарбия ва дар заминаи он додани донишҳои нав шарти ҳатми ва дурусти тарбия аст. Илова бар ин, маҳз меҳнати беғаразонаи тарбиятгар, меҳнати фидокоронаи у самаранокии тарбияро таъмин хоҳад кард.
Пас, педагогика фаннест, ки барои чун инсони солимфикр ба воя расонидани насли наврас, барои муайян намудани мазмуни таълиму тарбия, конунҳои умуми ва
роҳҳои татбиқи онро дар амал меомузад.Ахамияти илми педагогикаро дар чамъият ба инобат гирифта, давлат ва чамъият бояд кафили инкишофи доими ва такмили мунта-зами системаи маориф ва тайёркунии мутахассисон бошанд. Дар ин замина ба ҳамагон маълум аст, ки яке аз панч тамоилҳое, ки модели миллии Точикистон ном гирифтааст, гузаронидани ислохот дар тамоми Чабҳаҳои зиндаги мебошад ва он мархилаи зина ба зина Чори намудани ислохотро пешбини карда, вазифаҳои зеринро дар бар мегирад: .
— истифодаи самараноки иқтидори илму истехсолот барои тайёр намудани мутахассисони баландихтисос дар таълимгоҳҳои шакл ва хелашон гуногун; .
—муайян намудани пешомади талаботи умумидавлати, минтақави ба мутахассисони сохибиқтидор аз руи тахассус ва сатхи касбии онҳо; .
— такмили фаъолияти муассисаҳои давлати ва чамъиятии тамоили касби;
—тарбияи чавонони ватандуст, некуахлок, ва бомаърифати ба мехнат вичдонан муносибат дошта;
— таъмини пурраи муассисахои маориф, пеш аз хама мактабҳои таълими хамагони аз чониби давлат, вусъат додани меъёрҳои молияви ва моддию техники ва такмили
механизми онҳо; .
— истифодаи васеи имкониятҳои моддиву молиявии ниёзмандони системаи тайёркунии кадрҳо барои мустаҳкам намудани базаи моддию молиявии мактабҳои касбҳои техники ва таълимгоҳҳои оли;
— дар чаҳорчубаи конунгузори вогузории ҳуқуқи мустақилона муайян сохтани нақшаи таълим, барнома ва дастурҳо, истифодаи усули худидоракуни ба муассисаҳои маориф ва ба мактабҳои оли
#ь
Источник
Педагогика – илм дар бораи тарбия
Педагогика номи худро аз калимаи юнонии «пайдагогос» («пайда» – атфол, кӯдак ва «гогос» – роҳнамо, баранда) гирифта, якҷоя маънои «роҳнамои атфол» – ро ифода мекунад. Дар Юнони қадим ғуломонеро, ки аз дасти кӯдакони хӯҷаинҳои худ дошта ба мактаб мебурданд ва он ғуломоне, ки ба кӯдакон савод, оббурӣ, аспсаворӣ, шамшерзанӣ, гӯштингирӣ ва ғайраҳоро меомӯзониданд, низ «пайдагогос» меномиданд.
Бо мурури замон калимаи «пайдагогос» ба маънои васеи умумибашарӣ баҳри ифода кардани санъати тарбия, омӯзиш ва майл додани инкишофи рӯҳӣ ва ҷисмонии насли наврас истифодаи «педагогика – роҳнамои ҳаётии атфол» – ро гирифтааст. Онҳоеро, ки ба кори тарбия ва омӯзиш шуғл меварзанд, низ педагог меномидагӣ шуданд.
Лиҳозо зимни маҷмӯи таҷрибаҳои ғуншудаи зиндагӣ ва инкишофи қувваҳои истеҳсолии ҷомеа, бо талаботи ногузири зиндагӣ назарияи донишҳои тарбия илми педагогика кор карда шуд. Аввалҳо ин соҳаи илм дар дохили илми фалсафа арзи вуҷуд кард. Сипас педагогика ҳамчун фанни алоҳида ва мустақил аз ибтидои қарни XVII аз фалсафа ҷудо шуд. Билохира педагогика ҳамчун фанни махсуси тарбия ва омӯзиши кӯдакон ном гирифт.
Ин гуна фаҳмиши педагогика то нимаи асри XX арзи вуҷуд кард. Фақат дар даҳсолаҳои охир дар рушди ихтисоси педагогӣ нафақат кӯдакон, ҳамчунин калонсолон низ мӯҳтоҷ дониста шуданд. Зеро дар шароити кунунӣ шароите нест, ки нисбати тарбияи солими одамон бетараф бошанд. Омӯзгор волидайнро баҳри тарбияи дурусти фарзандон, духтур маризро аз рӯ ба ифоқаоварӣ, агроном деҳқонро сӯи анбори зерхез – замин, қумандон сарбозро дар рӯҳияи ватандӯстӣ ва дифои марзи он ҳидоят мекунад. ҳамаи ин тарзи тарбиякуниро мепарварад. Тарбияи шахсият – ҷавҳари инсонӣ, беҳбудии ҷомеа.
Аз ин лиҳоз фанни педагогика ба чунин таърифот молик шуд: педагогика илмест барои тарбияи инсон.
Чунин маънидод барои он мантиқан мусоидат мекунад, ки тарбияи инсон аз рӯзи ба дунё омадани вай то дами вопасин идома меёбад.
Мафҳуми «тарбия» инҷо ба маънои васеъ истифода бурда мешавад, он ба худ омӯзиш, маълумот, инкишофро ҳам фаро мегирад. Вусъатёбии худи мафҳуми «тарбия» бо номдоди таърихи илмиаш мухолиф аст. Барои ҳамин ҳам дар қомусҳои ҷаҳонӣ бештар истилоҳоти нав – «андрогогика» (аз юн. «андрос» – мард ва «аго» – бурдан) ва «антропогогика» (аз юн. «антропос» – одам ва «аго» – бурдан) қабул карда мешавад.
Дар ҳар давру замон педагогҳо роҳи беҳтарини ёрирасонӣ ба одамро нисбати истифодабарии имконияти ба онҳо додаи табиат, ташаккул додани сифатҳои навро ҷустуҷӯ намуданд, ҳазорсолаҳо бо шикастхӯриҳо донишҳои заруриро пай дар пай ғун карданд, санҷида шуданд ва системаи педагогӣ рад мекард, то он чизе, ки ҳаётан устувору муфидаш боқӣ бимонад. Ҳамин тавр, дониши илмии тарбия, ки барои одам зарур аст, инкишоф меёфт.
Ба андешаи Д. И. Менделеев ҳар назарияи илмӣ ду мақсади асосии охирин дорад – пешбинӣ ва манфиат.
Аз ин қоидаи умумӣ педагогика ҳам истисно нест. Вазифаи он – фаҳмидани қонунҳои тарбия, таълим, маълумоти одамон ва дар ҳамин асос нишон додани роҳи дурусти таҷрибаи педагогӣ ва тарзи ноилгардӣ ба мақсади гузошташудаи назария педагогҳоро мусаллаҳ мегардонад – амалкоронро бо донишҳои касбӣ нисбати хусусиятҳои раванди тарбияи одамони гурӯҳи синну соли гуногун, маълумоти иҷтимоӣ, маҳорати пешгӯӣ кардан, тарҳрезӣ намудан ва дар амал татбиқ кардани раванди таълиму тарбия дар шароитҳои гуногун, арзёбӣ намудани таъсирбахшии онҳо мадад мерасонад. Технологияи нави омӯзиш, маълумот ва тарбия, ҳамчунин таъсирбахшии методикаҳо дар лабораторияи педагогӣ тавлид мешаванд.
Ҳангоми муайян кардани тарбия ва илми он педагогика аз мавқеи дар ҷомеаи мушаххас ишғол карданаш назар кунем, он дар марҳалаҳои инкишофи муайяни таърихӣ сатҳи воқеии комёбиҳои ҷомеаро инъикос мекунад. Ба абадӣ будани проблемаи педагогӣ нигоҳ накарда, мавзӯи он аниқ аст: ин фаъолияти тарбиявӣ, ки тавассути муассисаҳои таълимӣ – тарбиявӣ ба вуҷуд оварда мешавад. Педагогика ҳамчун илми амалӣ ҳисоб меёбад, ки он саъю кӯшиши худро барои ҳалли самарабахши масъалаҳои ба миён омадаи мусбати ҷомеа нисбати тарбия, таълим, маълумот равон мекунад.
Манбаи инкишофи илми педагогика инҳо мебошанд: таҷрибаи амалии бисёрасраи тарбия, алоқамандӣ бо тарзи ҳаёт, анъанаҳо, урфу одатҳои одамон, педагогикаи халқӣ; фалсафа, ҷамъиятшиносӣ, асарҳои таълифёфтаи педагогӣ ва психологӣ; таҷрибаи ҷории тарбияи оламиён ва ватанӣ; маълумотҳои махсуси муташаккилона ташкилкардаи тадқиқотҳои педагогӣ; таҷрибаҳои педагогҳои навовар, ки ғояҳои оригиналӣ ва системаи тарбияи дар шароити ҳозира тез дигаргуншавиро пешниҳод мекунад.
Источник
Мафҳумҳои асосии педагогика
Зермавзӯъҳо:
1.Педагогика – илм дар бораи тарбия
2.Пайдоиш ва инкишофи педагогика
3.Мафҳумҳои асосии педагогика
1.Педагогика номи худро аз калимаи юнони қадим «Paidagogos» гирифта, маънояш бачабар аст. Дар юнони қадим ѓуломонеро, ки аз дасти фарзандони хӯҷаинҳои худ дошта ба мактаб мебурданд, ин номро доштанд. Бо мурури замон калимаи «Paidagogos» ба маънои васеи умумибашарӣ барои ифода кардани санъати тарбия, таълим ва инкишофи рӯҳию ҷисмонии насли наврас истифодаи «Педагогика – раҳнамои ҳаёти атфол»-ро гирифтааст. Аз ин лиҳоз педагогика илмест, барои тарбияи инсон.
Тарбия ҳодисаи муҳим ва басо мураккаби иҷтмоист. Вай баробари пайдоиши одам дар замонҳои хеле қадим дар рафти фаъолияти меҳнатии одамон, дар натиҷаи ҷудошавии касбу ҳунарҳо ба вуҷуд омадааст. Таърихи башарият шаҳодат медиҳад, ки дар ҳама гуна замонҳо, ҷомеаҳо – аз давраҳои ҳаёти қабилавӣ сар карда, то замони мо тарбия буд, ҳаст ва мемонад. Тарбия ҳамчун ҳодисаи ҷамъиятӣ нисбати одам категорияи доимӣ ва абадӣ мебошад, вале шаклу мазмун ва методҳои он вобаста ба таѓйирёбандагии муносибатҳои ҷамъиятӣ низ дигар мешавад.
2. Дар ибтидо илми педагогика бо фалсафа пайваст буд ва як қисми он ҳисоб мешуд. Аз ҷиҳати илмӣ – назариявӣ аввалин собиткунандаи педагогика ҳамчун илм дар ҷаҳон олим, нависанда ва классики педагогика, педагоги чех Ян Амос Коменский мебошад. Ўро ҳамчун асосгузори илми педагогика шуморидаанд. Ин олими маъруф китоби «Дидактикаи бузург»-ро офаридааст, ки нахустин асари педагогист. Педагогика ҳамчун илми мустақил соли 1623 пайдо шудааст.
Калимаи педагогикаро дар Руссия аввалин маротиба соли 1873 Н.И. Новиков дар асари худ «Дар бораи тарбия ва насиҳати бачагон» таъриф дода буд: «Педагог шасест, ки ба таълиму тарбия машѓул аст.»
Ба таърихи афкори педагогии халқамон назар кунем, ҳамаи шоирону мутафаккирони мо дар бораи зарурияти дониш, омӯхтани таҷрибаи ҳаёт сухан гуфтаанд. Дар эҷодиёти А. Рӯдакӣ, А. Фирдавсӣ, А. Сино, С. Шерозӣ, А. Ҷомӣ ва дигарон инро дидан мумкин аст. Дар даврони шӯравӣ педагогҳои тоҷик: С. Айнӣ, А. Лоҳутӣ, А. Ҳамдӣ, А. Алиев, А. Бузургзода низ саҳми босазое гузоштаанд. Баъди соҳибистиқлол гаштани Тоҷикистон (соли 1991) педагогикаи тоҷик боз ҳам рушд ёфт, профессорон: М. Орифӣ (ёдаш ба хайр), Б. Раҳимов; академикҳо: И. Обидов,
М. Лутфуллоев хизмати арзанда нишон додаанд.
3. Педагикаи муосир ҳамчун илм мафҳумҳо, категорияҳои нави худро истифода мебаранд. Тарбия, таълим, маълумот, инкишоф ва камолот мафҳумҳои асосии педагогика мебошанд.
Дар зер шарњи мухтасари мафњумњои асосии педагогика пешнињод карда мешавад:
– тарбия калимаи арабӣ буда, маънояш парвариш, таълим омӯхтан, адаб омӯхтан аст;
– таълим истилоҳи арабӣ буда, маънои ба касе чизеро омӯхтан, ёд доданро дорад. Таълим дар маънои маҳдудаш хондан аст;
– маълумот – ҷараён ва натиҷаҳои гирифтани донишҳои илмӣ, малакаю маҳорат мебошад;
– камолот – раванди ташаккули одам ҳамчун мавҷудоти иҷтимоӣ бо таъсири ҳамаи омилҳо мебошад. Камолот гуфта ташаккули комили шахсиятро мегӯянд;
– инкишоф – ин ҷараёни барқароршавӣ ва ташаккули шахсияти фард таҳти таъсири омилҳои берунӣ ва ботинӣ мебошад.
Ба ѓайр аз ин худтарбиякунӣ ва худомӯзӣ мафҳумҳое ҳастанд, ки дар педагогика онњоро истифода мебаранд. Худтарбиякунӣ ин кӯшиш барои ислоҳи камбудиҳои худ мебошад. Худомӯзӣ бошад, ин бо роҳи омӯзиши мустақилона андӯхтани дониш аст.
Адабиёт:
1. Аҳмадов Т., Ашӯрова Д. Педагогика дар саволу ҷавобҳо, – – Душанбе, 2007.
2. Вульфов Б. З., Иванов В.Д. Основа педагогики. – Москва, 2000.
3. Миралиев А.М., Давлатов М. Педагогика ва психология. – — Душанбе, 2007.
4. Харламов И.Ф. Педагогика учебное пособие. – Москва, 1990.
5. Хайрулло Раҳимов. Педагогика. – Душанбе, 1997.
Источник
Main Aditor 19/05/2020Фанни Педагогика325 Просмотры
Педагогика соҳаҳои гуногуни илмӣ дорад ва ҳар яке соҳаи муайянро тадқиқ мекунад. Ба системаи педагогика улуми зерин дохил мешавад:
- Педагогикаи умумӣ ва ё педагогикаи мактаб, ки қонуниятҳои таълим ва тарбияи мактабиёни мактаби маълумоти умумиро тадқиқ мекунад.
- Педагогикаи синну сол, хусусиятҳои тарбиявии одамони синну соли гуногун: қаблазтомактабӣ, томактабӣ, педагогикаи мактаб, педагогикаи калонсолонро меомӯзад.
- Педагогикаи махсус, ки чунин соҳаҳо дорад: тифлопедагогика – масъалаҳои тарбияи кӯдакони нобино ва органи босиравиашон сустро, сурдопедагогика – онҳоеро тадқиқ мекунад, ки кар ва кару гунганд, олигофренопедагогика – кӯдакони модарзоди заифақл, логопедия – кӯдакони дар нутқ нуқсдор – лакнатзабон (тутулаҳо) – ро меомӯзонад.
- Методикаҳои омӯзиш, ки хусусиятҳои умумӣ ва қонуниятҳои омӯзиши фанҳои гуногуни таълимӣ, чунончи, забони модарӣ, таърих, математика, кимиё, физика ва ғайраҳоро фаро мегирад.
- Таърихи педагогика – инкишофи ғоя, афкор ва амалиёти фаъолияти тарбиявии марҳалаҳои гуногун ва уламое, ки дар соҳаи таълиму тарбия ҳиссаи фаъол гузоштаанд, дар бар мегирад.
- Педагогикаи оила – ҷиҳатҳои муҳими тарбияи муфиди кӯдакони оилаҳои пешқадамро омӯхта, ба дигар хонадонҳо паҳн мекунад.
Инчунин дар солҳои охир бо шиддат соҳаҳои дигари улуми педагогӣ, аз қабили педагогикаи халқӣ, педагогикаи касбӣ, педагогикаи мактаби олӣ, педагогикаи ғарбӣ ва ғайраҳо инкишоф ёфта истодаанд.
Илми педагогика дар равобати илмҳои дигар инкишофу такомулот ёфта меояд. Педагогика аслан бо фалсафа, сотсиология, эстетика, этика, психология, анатомия – физиологияи одам, ҳифзиссиҳа (гигиена), этнография, математика, педиатрия (муолиҷаи касалиҳои бачагона), адабиёти бачагона ва ғайраҳо алоқадор аст. Ин алоқамандиҳо барои чуқур омӯхтани моҳиятҳои тарбия ва коркарди асосҳои назарияи педагогика ёрӣ мерасонанд. Масалан, фалсафа дар коркарди назарияи илмии педагогика нисбати муайян кардани мавқеи аввалини тадқиқоти ҳодисаҳои педагогӣ барои олимон роли методологӣ мебозад. Сотсиология, этика, эстетика ҳам нисбати педагогика аз бисёр ҷиҳат вазифаи методологиро адо мекунад. ғояҳои илмҳои дигар низ бевосита барои коркарди масъалаҳои асосии мушаххаси педагогӣ хизмат мекунанд. Чунончи, ғояҳои психологӣ мавриди коркарди қонуниятҳои ташкили фаъолияти дарккунии хонандагон дар раванди таълим васеъ истифола бурда мешаванд. ғояҳои анатомӣ ва физиологӣ оиди фаъолияти рефлексҳои шартӣ, инкишофи қисмӣ баҳри ифшо намудани асосҳои илмии он дигаргуниҳое, ки тавассути таъсироти ботинии шахс зоҳир мегардад ва ба ташаккули маҳорату малакаҳо ва одат вобастаанд, кӯмак мерасонанд.
Ҳамин тавр, ғояҳои илмҳои дигар, ки мансуб ба одамият доранд, ба педагогика имконият медиҳанд, ки қонунияти тарбияро амиқ ва аз ҳар ҷихат тадқиқ бинмоянд. Нисбати ин масъала К. Д. Ушинский дар пешгуфтори ҷилди аввалини «Антропологияи педагогӣ» чунин оварда буд: «Агар педагогика одамро аз ҳар ҷиҳат тарбия кардан ҳоҳад, он бояд пеш аз ҳама ӯро низ аз ҳар ҷиҳат донад»[1]. Бо ин вай барои амиқ омӯхтан ба педагогика зарурати донистани ҳамаи маълумотҳои илми антропологиро (ташаккул ва инкишофи биологии инсонро) тавсия додааст.
Ҳамчунин педагогика ҳам ба инкишофи илмҳои номбурда таъсири худро мерасонад.
[1] К. Д. Ушинский. Собр. соч.: В II т. Т. 8. М. – Л., 1950, с.23.
Источник