Кори курси аз фанни назарияи иктисод

Кори курси аз фанни назарияи иктисод thumbnail

Фанни назарияи иқтисод.

Замина ва марҳилаҳои пайдоиши он

1. Мафҳуми назарияи иқтисодӣ

             2. Вазифа ва мақсадҳои назарияи иқтисодӣ.

1.Иқтисодиёт ба монанди дигар илмҳои замона илмест, ки дорои азхуднамоӣ, санъати  хонадорӣ, хоҷагидорӣ, идора, тарҳрезӣ, бозогонию тиҷорат мебошад. Инсоният  ба туфайли илми иқтисод  раванди хоҷагидории худро танзим намуда, ба қуллаҳои  баланди бозоргонию   тиҷорат  расидааст.

Аз қадиммулайём  инсоният  барои қенеъ намудани талаботҳо ва ниёзмандиҳои худ кӯшиш намуда, барои қонеънамоии онҳо роҳҳои  гуногунро дарёфт  намуда истодааст. Яъне, аз ин бармеояд, ки иқтисодиёт- ин соҳаи фаъолияти одамоне мебошад, ки  дар он неъматҳои моддӣ барои  қонеънамоии инсоният таъмин мегардад. Зери мафҳуми  неъматҳои  моддӣ ҳамаи  он чизе ки барои қонеънамоии одамон лозим аст ,  мақсаду мароми онҳоро дар бар мегирад.

Иқтисод ва муносибатҳои иқтисодӣ баробари ташаккул ва таҳаввули низомҳои иқтисодӣ густариш ёфта, дар махзанҳои таърихию достонҳои афсонавӣ ҳамчун падидаҳои пароканда ва гусаста тасниф шудаанд. Аз ҷумлаи он метавон китоби Зардушт «Авесто», китоби «Архашастра» дар Ҳинди бостон ва садҳо дигаронро номбар кард.

Дар таърихи башарият илми иқтисод аз гирд овардани далелҳову маводҳо ба ҷамовариҳои алоҳидаву  томи мураттаб табдил ёфта, аввал номҳои ҳархела ба худ мегирифт. Вай ба туфайли рисолаи Антуан Монкреттен де Веттевил ( соли 1615) номи «иқтисоди сиёсӣ»-ро ба худ гирифт. Мактабҳои намоёнтарини илми иқтисод инҳо буданд:

-меркантелилизм;

-физиократҳо;

– иқтисоди сиёсии классикӣ;

-марксизм;

-Маржинолизм;

-кейнсчигӣ;

-наоклассикӣ;

-институтсионализм;

-навкейнсчигӣ;

-монетаризм.

Ҳар яке аз ин мактабҳо марҳилаи томи ривоҷи илми иқтисодиро пешниҳод мекунад, афзалият ва зиддияту норасоиҳои худро доранд. Натиҷаи намоёнтарин ҳамоне мебошад, ки  номи «назарияи иқтисод»ро соҳиб гардид Ин ҳодисаҳо дар нимаи асри ХХ-ум сурат гирифт.

Маҳз ба туфайли тиҷорати Шарқу Ғарб ҳама гуна халқҳову мамолик ба ҳамдигар пайваст мешуданд, маҳсули меҳнати ҳамдигарро ошноӣ ва истеъмол менамуданд ва ба истифодаи он комёб мешуданд.

         Аз таърихи Афкори иқтисод маълум аст, ки вожаи иқтисод аз калимаи юнонии «ойкос»-хоҷагӣ ва «номос»- қонун, яъне «ойкономия» ба вуқуъ пайвастааст. Ин мафҳум аз ҷониби Ксенофонт ҳамчун фаҳмиш тибқи  меъёр, қоида ва қонунҳои пеш бурдани хоҷагӣ истифода карда шудааст. Азбаски  дар он замонҳо иқтисод ҳамчун хоҷагиҳои  натуралӣ ва хонавода ба тавсиб мерасид ва робитаҳои иқтисодӣ шакли молӣ дошта, бидуни мубодила сурат мегирифтанд, «ойкономия» на ҳамчун ҳавзаи ҷудогонаи хоҷагии халқ, балки чун  соҳаи нисбатан маҳдуди хонадорӣ тассавур карда мешуд. Аз ин сабаб вожаи «ойкономия»  дар маъзанҳои таърихию вожаномаҳои иқтисодӣ перомуни санъати пеш бурдани хонавода номбар ва шарҳ дода мешавад.

 Тули ҳазорсолаҳо инсоният ин зинаи сукунат то ба зинаи инкишоф рушду камол ёфт. Шакл ва намуди хонаводаю хоҷагидорӣ, давлатдорию ҷаҳондорӣ низ кулан дигаргун гашт. Аз ин рӯ таҳти иқтисод нафақат муносибатҳои байни шахсони алоҳида, оила, гурӯҳҳо, синфҳо, корхона, соҳа, давлат оиди тарз ва услуби хонаводаю хоҷагидорӣ ва давлатдорӣ, балки муносибатҳои умумибашарӣ перомуни ташаккули равандҳои байналмиллалии истеҳсолот, илму техника, асъор, молия, муҳоҷирати қувваи коргарӣ, ҳамкори доир ба коинот, экология, сарфаю сариштакорӣ ва ғайра дар назар дошта мешаванд.

Илми донишҳои  иқтисодӣ ба пажуҳишгоҳи  ақидаву андеша оиди идораю танзими давлат, истиқрори ҳаёти иқтисодиву иҷтимоӣ, меъёри қонунҳо, ташкили хоҷагӣ, соҳибкорию бизнес, маркетингу менечмент ва ғайра табдил меёбанд

Неъматҳо асосан ба ду қисм тақсим мешавад:

  1. табии– яъне замин, об, ҷангал, канданиҳои фоиданок ва ҳамаи он чизе, ки  табиат шароит фароҳам овардааст.
  2. иқтисодӣ, ки бо дасти инсон фароҳам оварда шудааст.

         Аз ин бармеояд, ки вазифаи асоии иқтисодиёт- ин фароҳам овардани  шароит барои фаъолияти зисту зиндагонии ҷамъият ба ҳисоб меравад.

Аз ин ҷо мақсади асосии иқтисодиёт  дар ташкил намудани маҳсулотҳо барои фаъолияти хоҷагидории ҷамъият мебошад. Дар ин ҳолат  ду намуди неъматҳои иқтисодӣ тайёр карда мешавад:

предмети истеъмол;

воситаҳои истеҳсолот

2. Вазифаи асосии Назарияи иқтисод

Микроиқтисод макроиқтисод
Таҳлил ва алоқамандии субъект ва ангентҳои иқтисодӣ дар зинаи алоҳидаи тавлидот ва бозор   – дарк ва омӯзиши хоҷагӣ ҳамчун қисми бутуни хоҷагидорӣ; -Таҳлилу тадқиқот ва қонуниятҳои ташаккули равандҳои иқтисодӣ дар миқёси иқтисодиёти миллӣ

         Барои иҷро намудани вазифаҳои асосии иқтисодиёт бояд неъматҳои дуюмдараҷа, воситаҳои истеҳсолот ( пахта, нефт, металл, чубу тахта, дастгоҳҳо ва ғр. Бо ин воситаҳо предмети истеъмолотро истеҳсол намудан номумкин аст. Дар рафти истеҳсолли  неъматҳои иқтисодӣ одамон аз муҳити атрофии табиат маводҳои зарурӣ  ва шомили энергия мегарданд ва дар натиҷа партовҳои нолозими истеҳсол ва истеъмолро боз мегардонанд.

       Бинобар ин, мақсади наздиктарини  иқтисод, омӯхтану маънидоди максъалаҳо ва паҳлуҳои  мухталифи хоҷагидории одамон мебошад.

То замони мо  байни донишмандону иқтисодчиён оиди мавқеъ ва нақшу равандҳои ҳодисаҳои иқтисодӣ андешаву ақидаҳои  гуногун ба назар мерасанд. Таҳти таъсири шароитхои мухталифи таърихӣ, ҷуғрофӣ, маданӣ,  иҷтимоию- сиёсӣ , хусусиятҳои табиию муҳити зист ва ғр. ҳархела сурат мегирад.

Дар адабиёти марксистӣ, таҳти муносибатҳои иқтисодӣ (истеҳсолӣ) муносибатҳо оиди истеҳсол, тақсим, мубодила ва истеъмоли молу маҳсулот дар доираи звеноҳои гуногуни хоҷагии халқ тасаввур карда мешавад. Маҳз мутобиқати  муносибатҳои истеҳсолӣ бо қувваҳои истеҳсолкунанда, инкишофи муозину ботадриҷ, дараҷаи баланди самаранокии истеҳсолот, тазоду тафриқот, рушду таҳаввули иқтисодиву иҷтимоии  давлатҳои миллиро муайян мекунад. Тибқи ақидаи К.Маркс ваҳдати онҳо тарзи истеҳсолотро ташкил медиҳад. Аз ин  лиҳоз  мамлакатҳоро ба мамлакатҳои ақибмонда, пешқадам, инкишофёфта, рӯ ба тарққӣ ва ғайра ҷудо мекунанд. Тамсила (модел)-ҳои амрикоӣ, японӣ, шведӣ, франсузӣ, олмонӣ ва ғайра маҳз дар асоси нерую қудрат, дараҷаи рушду камоли иқтисод тафриқа ва муқоиса карда мешавад.

Аз нуқтаи назари қадршиносӣ нисбат ба замонҳои гузаштаву ҳозира, мақсади иқтисодро, тибқи ақидаҳои муаллифони «Экономикс» ҷамъбаст карда, қайд кардан мумкин аст, ки он барои таъмин кардани рушди иқтисод, шуғли пурраи аҳолӣ, самаранокии баланди иқтисодиёт, дараҷаи баланди истиқрори нарх, озодии иқтисодиёт, тақсими одилонаи даромад, мустақилияти  иқтисод ва тарози «баланси» савдо ва ғайра нигаронида мешавад.

Читайте также:  Обязательно ли делать манту перед корью

Источник

1. Назарияи иктисоди хамчун илм

2. Методи омузиши назарияи иктисоди

3. Мафхуми куввахои истехсолкунандаи чомеа

4. Конунхои иктисоди пешрафти чомеа

5. Махдудияти манобеххо ва качхатаи имкониятхои истехсолӣ

1. Назарияи иктисоди хамчун илм

Иктисодиёт хамчун илм дар нимаи дуюми асри ҶVIII пайдо шуда бошад хам аввалин муносибатхои иктисоди ба монанди:

истехсолот

таксимот

мубодила

истеъмолот

Хануз дар обшинаи ибтидои ба вучуд омада буд. Аз руи акидахои таърихшиносон иктисод (муносибатхои иктисоди) дорост.

Калимаи иктисод хануз дар асрхои VI- V пеш аз мелод аз тарафи Геспод истифода шуда баъдан ин мефхум дар асрхои IV пеш аз мелод аз тарафи файласуфони Юнон : Ксенафонт, Афлотун ва Арасту низ истифода шудааст.

Ксенафонт – дар хамон давра рисолаеро бо номи « Ойкономия» навишта буд, ки дар он тарзи хочагидори ё рузгордори мавриди тахлил карор гирифта дода буд. Иктисод аз 2 калимаи Юнони «Ойкос»-хона, манзил ва «Номос»- конун иборат бударо дар якчояги конуни хочагидори номида мешавад.

Азбаски дар тагирёбии хаёт, яъне хаёт ё ин ки зиндаги дар тагирёбист ва бо гузаштани вакт ин илм ба худ номхои: Ойкономия, Иктисоди сиёси, Назарияи иктисоди, Микроиктисоди, Макроиктисоди, Иктисодиёти чахон ва гайра ба худ гирифтаасст.

Назарияи иктисоди аз тарафи иктисодшиносон бо рохохи гуногун таъриф дода шуда бошад хам онхо аз чихати мазмун ва максад якхелаанд, чунончи:

Таърифи 1. Назарияи иктисоди фанест, ки муносибатхои истехсолии байни одамонро дар сохахо ва зинахои гуногуни таракиёти чамъияти меомузад.

Таърифи 2. аз руи назарави таълимоти «Экономикс» назарияи иктисоди фанест, ки роххои самаранок истифодабарии захирахора аз тарафи вакилони иктисоди (фирма, ахоли ва давлат) талаб мекунад.

Таърифи 3. Назарияи иктисоди ин илм дар бораи чи гунна чомеа барои барои конеъ сохтани талаботи номахдуди худ манобеххои махдудро истифода мебаранд.

Таърифи 4. тарифи муоссир. Назарияи иктисоди фанест ки муносибатхои иктисодии байни одамонро дар чараёни истехсолот, таксимот, мубодила ва истеъмолоти неъматхои моддаву маънави хангоми махдуд будани манобехо меомузад.

Манобех – омилхое мебошанд, ки барои истехсол намудани молу хизматхо сарф карда мешавад. Манобеххо 2 намуд мешаванд.

1)Манобехи табии 2)Манобехи инсони

МАНОБЕХОИ ТАБИИ – омилхое мебошпнд, ки онхо др табиат дар шакли тайёр (хамчун хадияи табиат вучуд дошта иктисодиёт аз он захирахои даркориро мегирад. Мисол: об, хок, замин, газ, нефт ва гайрахо.

МАНОБЕХОИ ИНСОНИ – омилхое мебошанд, ки онхоро худи инсон бо максади истифодабарии дар дар чараёни истехсолот тавлид мекунан. Ба манобехои инсони: (бинохо, тачхизотхо, мошинхо) ва гаёрхо дохил мешаванд.

Манобехои истехсолиро дар назарияи иктисод инчунин омилхои истехсолот меноманд. Муврфики назарияи «Марксисти» омилхои истехсолот ба 3 гурух чудо мешавад.

воситаи мехнат

предмети мехнат

кувваи коргари чудо мекунанд.

Аз руи назарияи «Марчиналисти» омилхои истехсолот ба 4 гурух чудо мешавад.

замин – lend

мехнат – leӣuar

техналогия (Сохибкори) – technalogy

сармоя – capital

зери мафхуми замин хамчун омили истехсолот дар назар дошта мешавад, тамоми он чизе, ки дар зери замин ва дар руи замин вучуд дорад.

Таъриф: фаолияти бо шуурона ва чисмонии шахсро мехнат меноманд, танхо мехнати инсон.

Сохибкор чараёни навовари буда сохибкор шахсест, ки барои расидан ба максад тамоми кушиши худро равона сохта ба хатари эхтимоли (тавакал- риск) даст мезанад

Сармоя – захираи ташкилнамудаи одамон мебошад, Ки барои истехсол намудани молу хизматхо сарф карда мешавад. Дар илми иктисод намудхои зерини сармояр аз хамдигар фарк мекунан: Сармояи пули, сармояи чисмони , сармояи инсони, сармояи хукуки ва гайрахо.

2. Методи омузиши назарияи иктисоди

Дар адабиёти иктисоди муоссир тахти метод мачмуи тарз, усул, шакл, роххои омузиш ва тахлилу таъкидхои чараёнхои иктисоди фахмида мешавад. Метод хамчун узв ва унсури Метадология ба рох монда мешавад. Дар адабиёти иктисоди муоссирнамудхои зерин и меодхо оварда шудааст: индуксия, дедуксия, тахлил, таркиб, мушохида, абстраксияи илми, методи риёзи, методи омор ва гайрахо.

ИНДИКСИЯ – асосан ба ванни риёзиёт ё ин ки математикаи оли таълук дорад. Дар омузиши илми иктисоди низ истифода мебаранд.методи индуксия ба воситаи факту ракамхо, далелхо ва дигар санадхои иктисоди нишон додани сохахои иктисоди мебошанд. Ба таври дига Индуксия ин харакат аз чузъ ба кул вабозгашт аз факт ба назаоия мебошад

ДЕДУКСИЯ – бар акс имкон медихад, ки тахлили ходиса аз назария огоз ёфта минбаъд бо факту ракамхо мустахкам карда шаванд. Ба таври дига Дедуксия ин харакат аз кул ба чузъмебошад.

МЕТОДИ ТАХЛИЛ – ба гуруххо чудо намудани обекти омухташаванда мебошад.

ТАРКИБ – аз обекти омухташаванда баровардани хулосаи аник ва дар ин асос баходихи ходиса дар шакли том мебошад.

МУШОХИДА – усули мушохида дар вакти омузиши фаолияти хогидори метавонад бо услубхои гуногун ба таври хати, дахони, айёният ва дигар намудхои омузиш нишон дода мешавад асоси ин услубро тачриба ташкил медихад.

ОБСТРАКСИЯИ ИЛМИ – услубест ки хангоми истифодаи он харчанд ба обекти омухташаванда омилхои гуногун таъсир расонад хам дар вакти омузиши танхо таъсири омили омухташаванда ба назар гирифта шуда таъсири омилхои дигар рад карда мешавад.

РИЁЗИЁТ – истифода намудани фауту ракамхо, чадвалхо ва дигар моделхои риёзи барои нишон додани ходисахои иктисоди мебошад.

ОМОР – факту ракамхои андухшада, захира ва гайра.

3. Мафхуми куввахои истехсолкунандаи чомеа

Истехсолот – яке аз шаклхои асоси муносибатхои иктисоди ба хисоб меравад.

Таъриф: Истеъсолот – чараёни иктисодие мебошад, ки одамон бо истифода аз воситаи истехсолот неъматхои заруриро барои худ истехсол мекунанд.

Истехсолот бе чомеаи инсони имконнопазир аст. Инсон низ бе истехсолот вучуд дошта наметавонад. Барои конеъ сохтани талаботи худ инсон муносибатхои истеъсолироташкил медихад. Асоси куввахои истеъсолкунандаи чомеаро инхо ташкил медиханд:

Читайте также:  Фозил кори аеллар хакида

воситаи мехнат

предмети мехнат

кувваи коргари

1. ВОСИТАИ МЕХНАТ – Ашё ва ё мачмуи ашёхоест, ки одамон бо истифода аз он ба предмети мехнат таъсир расонида молу хизматхои заруриро истеъсол мекунанд.(бинохо, дастгохо, олотхо, тачхизотхо) дохил мешаванд.

2. ПРЕДМЕТИ МЕХНАТ – Ашё ва ё мачмуи ашёхоест, ки одамон бо истифода аз олоти мехнат ба он таъсир мерасонад неъматхои моддиву маънави ташкил мекунанд. Ба предмети мехнат ашёи хом, сузишвори, замин ва гайрахо дохил мешаванд.

3. Воситаи мехнат дар якчояги бо предмети мехнат воситаи истехсолот. воситаи истехсолот дар якчояги бо кувваи коргари куввахои истехсолкунандаи чомеаро ташкил медихад.

Куввахои истехсолкунандаи чомеа ин як тарафи истехсолот буда тарафи дигари онро муносибатхои истехсоли ташкил медиханд.

Таъриф: муносибатхои истехсоли ин муносибати байни одамон дар чараёни истехсолот, таксимот, мубодила ва истеъмолоти неъматхои моддаву маънави мебошад.

4. Конунхои иктисоди пешрафти чомеа

Мафхумхо ё категорияхои иктисоди гуфта чунин фахмишхои иктисодиеро меноманд, ки шароитхои тагирёбии вокеахои иктисодиро дар бар мегирад ба таври дига категорияи иктисоди ин фахмиши ибораи мантик ва маълумот оиди мафхумхои иктисоди мебошад.

Таъриф: конунхои иктисоди гуфта аломатхои гуногун, мафхумхои гуногун ва такроршавии ходисахои иктисодиро меноманд, ки характери обективи дорад.

Конунхои иктисоди дар мачму ба 2 гурух 1) конунхои умуми иктисоди

2) конуни хос ё махсус мебошанд.

Конунхои умуми иктисоди – конунхое мебошад, ки дар якчанд зинахои таракиёти чамъияти амал мекунанд. Мисол: конуни арзиш, пастшавии хосилнокии мехнати замин, конуниафзоиши талабот ва гайра.

Конуни хос ё махсус – конунхое мебошад, ки танхо ба як зинаи таракиёти иктисодии чамъият мансуб мебошад.

5. Махдудияти манобеххо ва качхатаи имкониятхои истехсоли

Мувофики назарияи Марчиналисти омилхои истехсолот ба 4 гурух чудо мешуданд, аммо кайд намудан зарур аст, ки унсурхои асосии сарвати чомеа захирахои табии ба хисоб меравад. Хадафи асосии хар гунна истехсолот молу хизматхои ниёзи мардум мебошад. Барои хали масъалахои иктисоди махсусан раванди истехсолот хали масъалаи зерин ба миён меояд.

Захирахои иктисод нисбатан махдуд буда ба хачм ва меъёри истехсолот ба тавари мусби ё манфи таъсир мерасонанд.

Талаботи чомеа хаду худуд надорад, яъне бе интихо ё махдуд Буда онро ба тавари пурраги конеъ сохтан имконпазир аст.

Дар адабиёти имрузаи иктисоди тахти захирахо омилхое фахмида мешаванд, ки барои истехсоли неъматхои истехсоли истифода карда мешаавд. Захирахои иктисодиро ба намудхои зерин чудо мекунанд:

Захирахои модди (сарватхои табии, замин, сармоя, аше)

Захираи мехнат (ахолияти кобилияти мехнат)

Захирахои молияви (пул, асъор, когазхои киматбахо, заём)

Захирахои итилооти (истифодаи итилоот ва дигар маводхои андухташуда, ахбороти дар истехсолот)

Махдудияти омилхои истехсолот аз он иборат аст, ки онхоро бо таври сунъи мисол (замин) васеъ кардан номумкин аст, аз ин сабаб чамъият роххои самаранок истифодабарии онхоро чустучуи мекунад. Махдудияти захирахои зери замин аз он иборат аст, ки онхо дар табиат дар микдори муайян вучуд доранд ва хусусияти тамомшавандагиро доранд.

Мехнат – махдудияти мехнат восита ба 2 омил 1) кобилиятии мехнати шахс ва 2)вакти кори маънидод карда мешавад.

Сохибкори – махдудияташ аз он иборат аст, ки на хама одамон кобилияти ба накшагири, навовари ва дурнамоию даст задан ба тавакалро дорад.

Барои дар амал тадбик намудани назарияи захирахои махдуд аз качхатаи имконияти истехсоли истифода мебаранд.

Таъриф: Качхатаи имконияти истехсоли качхатае мебошад, ки имконияти истехсоли чомеа, давлат, фирмаву корхона ва дигар ашхоси иктисодиро барои истехсол намудани 2 намуди махсулот хангоми махдуд будани захирахо нишон медихад.

Фарз мекунем, ки дар кишваре танхо 2 намуд махсулот Ҷ ва Y истехсол карда мешавад, он гох качхатаи имконияти истехсоли намуди зеринро мегирад.

Аз расми 1,1 хулосахои зеринро баровардан мумкин аст.

Нуктахои А ва Е холатхое мебошанд, Ки истеъсолкунанда тамоми захирахои худро барои истехсол намудани 1 намуд махслот (Ҷ ё Y) сарф намуда микдори максималии онро истеъсол намудааст.

Нуктахои В, С, Д Ки Лар руи качхата хобидаанд, холатхое мебошанд, Ки истехсолкунанда тамоми захирахои худро юарои истехсоли максималии 2 намуд махсулот Ҷ ва Y сарф мекунад.

Нуктаи М ки дар дохили качхата мехобат истифодаи нопурраи зхирахоиро барои истехсоли 2 намуди махсулот шинос мекунад.

Нуктаи N Ки беркн аз качхатаи имконияти истехсоли мебошад, норасои захирахоро барои истехсоли хамин микдор махсулот нишон медихад.

Качхатаи имконияти истехсоли вобаста аз тагирёби имконияти истехсолкунанда метавонад ба тарафи чап ба поён (камшави) ва ба тарафи роста ба боло зиёдшави харакат кунад.

Кори курси аз фанни назарияи иктисод

Источник

Назарияи   макроиқтисод. Таркиб таносубҳои иқтисоди миллӣ

1. 1  Назарияи макроиқтисод

1.2. Мафҳум, таркиб ва мақсадҳои иқтисоди миллии муосир.

1.3.Таносубҳои иқтисоди миллӣ.

1. 1  Назарияи макроиқтисод

              Яке аз қисматҳои асосии назарияи иқтисодӣ – макроиқтисод мебошад. Макроиқтисод ҳодисаҳои умумиеро тадқиқ мекунад, ки рафтори иқтисоди миллиро инъикос менамоянд.

Макроиқтисод – як қисми назарияи иқтисодӣ мебошад, ки шароит, омилҳо ва натиҷаҳои тараққиёти иқтисоди миллиро меомӯзад.

Назарияи макроиқтисодро олимони Юнони Қадим Афлотун ва Арасту ба вуҷуд овардаанд. Ин назария дар охири асри XIX ва оғози асри XX аз ҷониби мактабҳои гуногуни назарияи иқтисодӣ, хусусан аз ҷониби намояндагони мактаби марксиста, кейнсчигӣ, монетаристӣ ва мактаби институтсионализми иҷтимоӣ инкишоф дода шудааст.

Объектҳои асосии омӯзиши макроиқтисод чунин масъалаҳои асосии иқтисодӣ ба ҳисоб мераванд: шуғли аҳолӣ, беқурбшавии пул, дахолати давлат ба иқтисод, рушди иқтисодӣ, истеъмолот, маблағгузорӣ, маҷмӯи арза, маҷмӯи тақозо ва ғайра.

1.2. Мафҳум, таркиб ва мақсадҳои иқтисоди миллии муосир

          Мафҳуми «иқтисоди миллӣ» яке аз фаҳмишҳои марказии назарияи макроиқтисод ба ҳисоб меравад. Ин мафҳумро бори аввал олими амрикоӣ Василий Леонтев ҳамчун низоми худтанзимшаванда, ки аз фаъолиятҳои гуногуни ба ҳамдигар алоқаманд таркиб ёфтааст, истифода карда буд.

Читайте также:  Джеймс кори пространство пожар сиболы

Иқтисоди миллӣ низоми таърихан бавуҷудомадаи такрористеҳсоли ҷамъиятӣ, ё маҷмӯи соҳаҳою шаклҳои истеҳсолоти ба ҳамдигар алоқамандеро меноманд, ки тамоми шаклҳои меҳнати ҷамъиятиро фаро гирифтааст.

Асоси иқтисоди миллиро корхонаҳо, фирмаҳо, ташкилотҳо, хоҷагиҳои хонагӣ ва дигар субъектҳои хоҷагидорӣ ташкил медиҳанд, ки онҳо дар низоми тақсимоти ҷамъиятии меҳнат вазифаҳои гуногунро иҷро мекунанд.

Иқтисоди миллӣ аз соҳаи истеҳсолӣ ва ғайриистеҳсолӣ иборат аст.

Соҳаи истеҳсолӣ маҷмӯи соҳаҳои тавлидкунандаи маҳсулоти ҷамъиятӣ буда, ба он асосан саноат, хоҷагии қишлоқу савдо, нақлиёт ва дигар соҳаҳои тавлидкунандаи мол дохил мешаванд.

Соҳаи истеҳсолӣ дар навбати худ ба истеҳсолоти моддӣ ва истеҳсолоти ғайримоддӣ ҷудо мешавад:

         Истеҳсолоти моддӣ истеҳсолотест, ки дар он воситаҳои истеҳсолот ва предметҳои истеъмолӣ истеҳсол карда мешаванд. Дар назарияи иқтисод истеҳсолоти моддиро ба истеҳсоли воситаҳои истеҳсолот (соҳаи I) ва истеҳсоли чизҳои истеъмолӣ (соҳаи II) низ ҷудо мекунанд. Агар сухан дар бораи саноат равад, онҳоро гурӯҳи А ва гурӯҳи Б меноманд.

Истеҳсолоти ғайримоддӣ аз истеҳсолоти моддӣ бо маҳсулоти худ, ки шакли ғайримоддиро дорад, фарқ мекунад. Ба истеҳсолоти ғайримоддӣ соҳаҳои илм, санъат, маданият, маориф, тандурустӣ ва ғайра дохил мешаванд, бинобар ҳамин, онро соҳаи истеҳсоли хизматҳо низ меноманд.

Соҳаи ғайриистеҳсолӣ соҳае мебошад, ки маҳсулот истеҳсол накарда, балки дар тақсимоти он ширкат меварзад. Ба соҳаи ғайриистеҳсолӣ мудофиа, ҳифзи ҳуқуқ, муассисаҳои динӣ ва дигар ташкилотҳои ҷамъиятӣ дохил мешаванд.

Дар назарияи иқтисод таркиби истеҳсолӣ, таркиби иҷтимоӣ, таркиби соҳавӣ ва таркиби минтақавии иктисоди миллиро аз ҳамдигар фарқ мекунанд.

Таркиби истеҳсолӣ тақсими истеҳсолкунандагони миллиро ба субъектҳои иқтисодии асосӣ инъикос мекунад. Аслан се гурӯҳи истеҳсолкунандагони асосиро аз ҳамдигар фарқ мекунанд: хоҷагиҳои хонагӣ, фирмаҳо ва давлат.

Таркиби иҷтимоии иқтисоди миллӣ тақсимоти онро мувофиқи шаклҳои моликият ифода мекунад. Ба таркиби иҷтимоӣ соҳаи (сектори) давлатӣ, соҳаи коллективӣ, соҳаи хусусӣ, соҳаи шахсӣ ва соҳаи омехта дохил мешаванд. Таркиби иҷтимоӣ ҳангоми       таҳлили      иқтисоди     миллӣ    нақши    муҳим    мебозад    ва    ба инкишофи ин соҳаҳо асосан мувофиқи ҳиссаи онҳо ба маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ё даромади миллӣ баҳо медиҳанд. Масалан, соли 2005 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳиссаи соҳаи иқтисод нисбат ба маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД) чунин буд: истеҳсоли молҳо – 48,9%, хизматрасонӣ – 39,6% ва андозҳо – 11,5%.

        Таркиби соҳавии иқтисоди миллӣ тақсими онро бо соҳаҳои гуногуни вазифаи ягонаи иҷтимоӣ-иқтисодиро иҷрокунанда ифода менамояд. Ба таркиби соҳавии иқтисоди миллӣ саноат, хоҷагии қишлоқ, илм, сохтмон ва дигар соҳаҳо дохил мешаванд, ки ҳар яки онҳо аз зерсоҳаҳо иборат мебошанд.

Таркиби минтақавии иқтисоди миллӣ мувофиқи ҷойгир шудани қувваҳои истеҳсолкунандаи миллӣ дар кишвар муайян карда мешавад. Асосан ба таркиби минтақавӣ ноҳияҳои иқтисодиро дохил мекунанд. Масалан, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ноҳияҳои шимолӣ, ноҳияҳои ҷанубӣ, ноҳияҳои марказӣ (тобеи марказ) ва ноҳияҳои Бадахшони Кӯҳиро аз ҳамдигар ҷудо намудан мумкин аст.

Мақсадҳои асосии ҳама гуна иқтисоди миллӣ инҳо мебошанд:

             таъмини суръати бештари афзоиши ҳаҷми истеҳсолоти миллӣ ба хотири паст намудани шиддати бӯҳрони иқтисодӣ;

таъмини дараҷаи устувори нархҳо ба хотири баланд бардоштани курби пули миллӣ ва таъмини мувозинати тақозою арза;

             таъмини содироти бештари молу хизматҳо ба хотири афзоиши содироти соф (фарқи байни содирот ва воридот) ва таъмини ҷиҳати мусбии тавозуни пардохт;

                 таъмини дараҷаи баланди шуғли аҳолӣ ба хотири таъмини ҳамаи аҳолӣ бо музди кор, ҷои кор ва талаботи бо маблағ таъминбуда.

1.2 Таносубҳои иқтисоди миллӣ

           Таносубҳои иқтисоди миллӣ ва таъмини мувозинати онҳо яке аз масъалаҳои асосии макроиқтисод ба ҳисоб мераванд.

        Таносубҳои иқтисоди миллӣ гуфта, муносибати миқдории байни қисматҳо ва соҳаҳои гуногуни истеҳсолоти ҷамъиятӣ, инчунин муносибати байни соҳаҳои гуногуни иқтисоди миллиро меноманд. Таносубҳои иқтисодиро таносубҳои макроиқтисодӣ низ меноманд, ки вобаста ба ҳар як низоми иктисодӣ хусусияти ташкилшавии худро доранд. Масалан, дар шароити иқтисоди бозорӣ онҳо дар асоси қонунҳои бозор ташкил карда мешаванд.

Низоми таносубҳои макроиқтисодӣ аз қисмҳои зерин иборат  аст:

  1. Таносубҳои умумииқтисодӣ, яъне таносубҳо байни соҳаҳои калонтарини иқтисоди миллӣ. Масалан, дар байни истеҳсолоту истеъмолот, дар байни истеъмолот ва пасандоз, дар байни соҳаҳои истеҳсолоти моддӣ ва ғайримоддӣ.
  2. Таносубҳои байнисоҳавӣ, яъне дар байни соҳаҳои иқтисоди миллӣ. Масалан, дар байни саноат ва хоҷагии қишлок.

3)       Таносубҳои минтақавӣ, яъне таносубҳои
умумииқтисодӣ ва соҳавӣ дар ҳудуди минтақаҳои алоҳида.

4) Таносубҳои байнидавлатӣ, яъне таносуб байни давлатҳо
дар асоси тақсимоти байналхалқии меҳнат.

       Таносубҳои макроиқтисодиро инчунин вобаста ба шакли инъикосшавиашон ба таносубҳои ашёӣ-натуравӣ, таносубҳои арзишӣ ва таносубҳои тақсимоти захираҳои меҳнатӣ низ ҷудо мекунанд.

       Таносубҳои ашёӣ-натуравӣ муносибати байни истеҳсол ва истеъмоли молу хизматҳои алоҳидаро инъикос мекунад. Масалан, байни истеҳсол ва истеъмоли равғани растанӣ ва ғайра. Таносубҳои мазкур дар асоси тавозуни моддӣ таҳлил карда мешаванд.

       Таносубҳои арзишӣ муносибати байни унсурҳои алоҳидаи маҷмӯи маҳсулоти миллиро инъикос мекунанд. Масалан, даромади байни корхонаҳо, байни давлатҳо, байни гурӯҳҳои аҳолӣ ва ғайра.

       Таносубҳои тақсимоти захираҳои меҳнатӣ муносибати байни захираҳои меҳнатии соҳаҳои истеҳсолот ё минтақаҳои алоҳидаро инъикос мекунанд. Масалан, таносуби байни захираҳои меҳнатии шаҳру деҳот ва ғайра.

Мувофиқи ақидаи бештари иқтисодшиносон таносубҳои асосии иқтисоди миллӣ ин таносуб байни соҳаи I (истеҳсоли воситаҳои истеҳсолот) ва соҳаи II (истеҳсоли чизҳои истеъмолӣ), инчунин таносуб байни фонди истеъмол ва фонди маблағгузорӣ мебошанд, зеро ки аз ин таносубҳо суръати афзоиши такрористеҳсоли ҷамъиятӣ вобастагии бештар дорад. Азбаски таносубият (мувофиқат) байни таносубҳо устувор нест, бинобар ҳамин мувозинати иқтисоди миллӣ низ устувор буда наметавонад. Сабаби ҷой доштани чунин ҳолат дар он аст, ки дар зери таъсири прогресси илмию техники ва истеъмолоти умумӣ таносубҳо низ тағйир меёбанд.

Источник