Кори курси аз фанни назарияи давлат ва хукук

Кори курси аз фанни назарияи давлат ва хукук thumbnail

Хуш Омадед ба Сайти Мо. Шумо метавонет дар ин сомона малумотхоро озодона дастрас намоед ин
сомона барои дастгири донишчуён ва барои бехтар кардани саводноки равона карда шудааст

программа: русси-точики точики-русси англиси-точик

Барномаи луғати
англисӣ-тоҷикӣ ва тоҷикӣ-англисӣ
Акнун Шумо метавонед бе
восита аз як забон ба дигар забон нагузашта калимаи ҷустуҷӯ мекардаатонро дар як майдон ворид намуда ёфта метавонед. Вориди хоҳ калимаи тоҷикӣ хоҳ русӣ дар як м … (Read More)

0,00 ₽

китоби туризм.docx

Microsoft Word Document
3.9 MB

Бозори хадамоти туристї њамчун заминаи б

Microsoft Excel Table
783.5 KB

Рақобатпазирии иқтисодиёти милли ва усу

Microsoft Word Document
463.5 KB

Индустрияи туризм њамчун объекти менељм

Microsoft Word Document
619.0 KB

стра. паст . камбизи 07-09.doc

Microsoft Word Document
500.5 KB

Сармоягузории хориљи ба секторњои мењмон

Microsoft Word Document
409.5 KB

Бозори хадамоти туристї њамчун заминаи б

Microsoft Excel Table
783.5 KB

Таърих, моњият ва омилњои инкишофи тури

Microsoft Excel Table
704.5 KB

сармоягузори дар мехмонхонахо.doc

Microsoft Word Document
409.0 KB

Низоми нишондињандањои хизматрасонии

Microsoft Word Document
29.4 KB

Туризми экологии.docx

Microsoft Word Document
48.3 KB

Мафњуми туризм намудњо ва шаклњои он.doc

Microsoft Word Document
444.0 KB

кори курси андоз.doc

Microsoft Word Document
170.5 KB

Масъалањои рушди туризм дар Тољикистон.d

Microsoft Word Document
580.4 KB

туризми экологи work of Muzaffar.doc

Microsoft Word Document
1.1 MB

МИНТАЌАЊОИ ТУРИСТИ ВА РЕКРЕАТСИОНИИ ЉУМЊ

Microsoft Word Document
274.0 KB

мухаммадчонзода шабнам.doc

Microsoft Word Document
1.8 MB

кори дипломи таърихи Панљакент.docx

Microsoft Word Document
2.8 MB

Когазхои киматнок диплом.doc

Microsoft Word Document
523.5 KB

кори дипломи Сугуртаи Давлатии Ичтимо

Microsoft Word Document
106.0 KB

Дар мавзуи Технологияи ахбории бехатарии

Microsoft Word Document
330.5 KB

МАСЪАЛАҲОИ ИҚТИСОДИИ ГЕОГРАФӣ ВА РУШТИ С

Microsoft Word Document
306.0 KB

Равандњои асосии таъсиррасонии антропо

Microsoft Word Document
1.2 MB

таваррум.doc

Microsoft Word Document
720.5 KB

Тахлили бучет .doc

Microsoft Word Document
835.5 KB

код 1111

код 1111

Сиёсати молиявию буxети дар давраи [озир

Microsoft Word Document
492.5 KB

Масъалањои рушди туризм дар Тољикистон.d

Microsoft Word Document
580.4 KB

Фоидаи корхона.doc

Microsoft Word Document
508.0 KB

«Рушди индустрияи туризм дар давлатњои м

Microsoft Word Document
3.3 MB

Бањои иќтисодї ба сарватњои табиї ва љой

Microsoft Word Document
19.0 KB

вазъи туризми кухсор.doc

Microsoft Word Document
2.1 MB

диплом культурный туризм.docx

Microsoft Word Document
140.9 KB

Рушди минтаќаи туристї ва рекриатсиони К

Microsoft Word Document
6.5 MB

минтакай балчувон.docx

Microsoft Word Document
1.7 MB

Моњият, таърих ва омилњои инкишофи туриз

Microsoft Word Document
425.0 KB

МУШКИЛОТИ ТАРАЌИЁТИ ТУРИЗМИ ТОЉИКИСТОН Д

Microsoft Word Document
486.0 KB

Њисор (Ќалъаи Њисор).doc

Microsoft Word Document
611.0 KB

Объектњо ва комплексњои табиї таърихї т

Microsoft Word Document
554.5 KB

Объектхои туристию табобати ва истиро

Microsoft Word Document
167.1 KB

Равандњои асосии таъсиррасонии антропо

Microsoft Word Document
1.2 MB

Сарватхои табиии чахон.doc

Microsoft Word Document
251.0 KB

Таблиғот ва мавќеи он дар рушди бизнеси

Microsoft Word Document
387.0 KB

ТАРАЌЌИЁТИ МУНОСИБАТЊОИ ТИЉОРАТЇ ДАР БАЙ

Microsoft Word Document
106.7 KB

ташкили туризм дипломи.docx

Microsoft Word Document
528.5 KB

туризми кухи.doc

Microsoft Word Document
2.1 MB

Экономический анализ страхования

Microsoft Word Document
406.5 KB

Беќурбшавї ва олотњои танзими он.doc

Microsoft Word Document
235.0 KB

Бозорхои байналхалкии асъор ва молиявию

Microsoft Word Document
104.0 KB

Иктисодиёти чахон хамчун система.doc

Microsoft Word Document
25.0 KB

Интегратсия дар минтакаи Осиё ва Укёнуси

Microsoft Word Document
47.5 KB

Интегратсияи шимолиамрикои.doc

Microsoft Word Document
49.0 KB

Карз, хамчун харакати сармояи карзи. .do

Microsoft Word Document
197.5 KB

Китоби андоз.doc

Microsoft Word Document
1.2 MB

китоби матиматикаи оли.docx

Microsoft Word Document
3.6 MB

КОНУНИ ЧТ дар бораи молия.docx

Microsoft Word Document
53.9 KB

Манбаҳои ташкилёбии буҷети ҷумҳуриявӣ.do

Microsoft Word Document
8.6 MB

Мафњум, маќсад ва вазифањои менељмен

Microsoft Excel Table
1.0 MB

Моҳият ва зарурияти молия дар шар

Microsoft Word Document
681.0 KB

Мохият ва намудхои курби асъор.doc

Microsoft Word Document
103.5 KB

Мохият ва сохтори МИБ.doc

Microsoft Word Document
106.5 KB

Мохият, шаклхо ва накши интегратсияи бай

Microsoft Word Document
144.0 KB

Муаммохои хоси ташкили механизмхои молия

Microsoft Word Document
602.5 KB

Мухочирати байналхалкии кувваи кори.doc

Microsoft Word Document
97.0 KB

Назария ва амалияи назорати молиявї.doc

Microsoft Word Document
422.5 KB

НИЗОМНОМАИ РАЁСАТИ МАРКЕТИНГ, ФАЪОЛИЯТИ

Microsoft Word Document
101.0 KB

Роњњои такмил додани назорати молияви да

Microsoft Word Document
476.5 KB

Савдои байналхалrии хизматрасонb..doc

Microsoft Word Document
85.0 KB

Савдои берунии молхо.doc

Microsoft Word Document
37.5 KB

Сармоя хамчун омили истехсолот шартхои х

Microsoft Word Document
153.0 KB

Сиёсати молиявию буxети дар давраи [озир

Microsoft Word Document
492.5 KB

Сохтори сохавии иктисодиёти чахони.doc

Microsoft Word Document
121.0 KB

Тавсифи умумии системаи андози Љумњурии

Microsoft Word Document
611.5 KB

Таксимоти байналхалкии мехнат.doc

Microsoft Word Document
85.0 KB

Хизматрасонии наклиёт дар туризм.doc

Microsoft Word Document
991.5 KB

Ташкил ва усулњои таъсисёбии мушоњидаи

Microsoft Word Document
141.0 KB

Макро лек..docx

Microsoft Word Document
179.1 KB

Микро лек..doc

Microsoft Word Document
240.0 KB

иктидори тур.ва рушди дурн.он ЧТ (Рауф).

Microsoft Word Document
119.9 KB

Хизматрасонии наклиёт дар туризм.doc

Microsoft Word Document
991.5 KB

кори дипломи Азизмамадов Мехмонхона.docx

Microsoft Word Document
488.8 KB

111 Муаммохои хазинадори.doc

Microsoft Word Document
688.0 KB

Ташкил ва техникаи тиљорати байналхалќї

Microsoft Word Document
907.5 KB

АСОСЊОИ НАЗАРИЯВИИ САРМОЯГУЗОРИЊОИ ХОРИЉ

Microsoft Word Document
1.8 MB

Ба танзимдарории когазхои кимматнок дар

Microsoft Word Document
530.5 KB

Њолати сармоягузорї дар Љумњурии Тољикис

Microsoft Word Document
922.0 KB

Дар бораи инвеститсияхо.doc

Microsoft Word Document
153.0 KB

Тавсифи умумии системаи андози Љумњурии

Microsoft Word Document
611.5 KB

Ташкил ва техникаи тиљорати байналхалќї

Microsoft Word Document
907.5 KB

Источник

Нақшаи
кор:

  1. Назарияи
    давлат ва ҳуқуқ ҳамчун илм
  2. Мавқеи
    назарияи ҳуқуқ ва давлат дар низоми илмҳои ҷамъиятшиносӣ
           
  3. Аҳамияти
    назарияи давлат ва ҳуқуқ барои илми ҳуқуқи молиявӣ
  4. Сохти  илми 
    назарияи  ҳуқуқ  ва 
    давлат

Саволҳо
барои санҷиш:
 

  1. Назарияи
    давлат ва ҳуқуқ ҳамчун  илми ва фанни
    таълимӣ чиро меомӯзад?

    1. Назарияи
      давлат ва ҳуқуқ бо кадом илмҳои ҷамъиятӣ алоқаманд аст?

Рӯӣхати
адабиёт:

  1. Алексеев В. П., Першиц А. И. История первобытного общества. – М.,
    1990. 
  2. Венгеров А. Б. Теория государства и права. – М., 1998. 
  3. Исмоилов Ш.М., Сотиволдиев Р.Ш. Назарияи ҳуқуқ ва давлат.//Китоби дарсӣ барои
    донишҷӯёни соҳаи ҳуқуқ ва иқтисод. Душанбе.: Деваштич, 2008. – 286 с.
  4. Комаров С. А. Общая теория государства и права. Курс лекций.
    – М., 1997. 
  5. Лазарев В. В., Липень С. В. Теория государства и права. – М., 1998. 
  6. Общая
    теория права и государства: Учебник / Под ред. 0-28 В.В. Лазарева. — 3-е изд.,
    перераб. и доп. — М.: Юристъ, 2001. — 520с.
  7. Сотиволдиев Р.Ш. Назарияи умумии ҳуқуқ ва давлат. Китоби дарсӣ
    барои донишҷӯёни факултаи ҳуқуқшиносӣ. – Душанбе, 2008. 566 с.
Читайте также:  Основное проявление при кори

1) Назарияи давлат ва ҳуқуқ ҳамчун илм

      Назарияи ҳуқуқ ва давлат – маҷмӯи
донишҳои айнӣ ва мураттабгаштаи илмӣназариявӣ ва методологӣ аст, ки тавассути
онҳо воқеияти ҳуқуқӣ ва сиёсиву давлатӣ дарк карда мешавад.

      Мавзӯи назарияи ҳуқуқ ва давлатро қонуниятҳои
умумии пайдоиш, инкишоф ва амали ҳуқуқу, давлат ва дигар ҳодисаҳои иҷтимоии бо
онҳо алоқаманд ташкил медиҳад.

            Ҳуқуқ ва давлат объектҳои умумии омӯзиши
назарияи ҳуқуқ ва давлатанд. Аммо давлат ва ҳуқуқ аз ҷониби илмҳои дигар низ таҳлил
мешаванд (масалан, фалсафа, сотсиология, илмҳои таърихии ҳуқуқӣ ва ғ.). Ин илмҳо
ҳуқуқу давлатро аз нигоҳи худ, тавассути усулҳои махсус меомӯзанд. Масалан,
таърихи ҳуқуқ ва давлати кишварҳои хориҷӣ таърихи ташаккулу инкишофи институтҳои
ҳуқуқиву давлатиро таҳлил мекунад. Сотсиология ҷиҳатҳои сотсиологии ҳуқуқ ва
давлатро бо истифодаи усулҳои сотсиологӣ меомӯзад. Назарияи ҳуқуқ ва давлат
бошад қонуниятҳои умумии ҳуқуқ ва давлатро новобаста аз кишварҳои мухталиф ва
бо истифодаи усулҳову принсипҳои методологӣ муайян мекунад.

      Ҳуқуқ
ва давлат объектҳои умумии назарияи муосири ҳуқуқ ва давлат буда, дар алоқамандӣ
бо ҳодисаҳои дигари ҷамъиятӣ – сиёсат, маданият, шуур, психология, иқтисод ва ғ.
тадқиқ мешаванд.

     
Назарияи ҳуқуқ ва давлат ҳамчун фанни таълимӣ маҷмӯи донишҳои ҳукуқиву
давлатшиносӣ буда,  воқеияти ҳуқуқиву
давлатиро меомӯзад. Ҳамчун  фанни таълимӣ  аз донишҳои назариявӣ иборат буда, илман
асосонок карда шуда, то имрӯз зинаҳои амалӣ ва иҷтимоиро гузаштаанд. Чунин
донишҳо мазмуни зеҳнӣ дошта метавонанд, чунки аз шуур ва ҷаҳонбинии лектор
вобастаанд. 

2. Мавқеи
назарияи ҳуқуқ ва давлат дар низоми илмҳои ҷамъиятшиносӣ

    
Назарияи давлат ва ҳуқуқ бо илмҳои зерини ҷамъиятӣ равобити фарҳангӣ
дорад. 

      Фалсафа
илмест дар бораи принсипҳои умумии ҳастӣ ва маърифат, муносибати инсон ба олам,
қонунҳои умумии инкишофи табиат, ҷамъият ва тафаккур.

      Сотсиологияилмест дар бораи ҷамъият ҳамчун низоми ягона,
институтҳо, равандҳо ва гурӯҳҳои алоҳидаи иҷтимоӣ. Он бо дигар илмҳои ҷамъиятӣ,
аз ҷумла назарияи ҳуқуқ ва давлат алоқаманд аст. Бисьёр усулҳои сотсиологӣ дар
илмҳои ҷудогона истифода мешаванд. Дар донишкадаҳои илмии ҳукуқӣ, иқтисодӣ,
психологӣ, сиёсӣ, тиббӣ ва ғ. тадқиқотҳои зиёди сотсиологӣ гузаронида мешаванд.
Назарияи ҳуқуқ ва давлат низ аз усулҳои сотсиологӣ васеъ истифода мебарад, зеро
худи ҳуқуқ ва давлат ҳодисаҳои сотсиологӣ буда, обекти таҳлили сотсиологӣ мебошанд.
Солҳои охир илми нав – сотсиологияи ҳуқуқ ва давлат ташаккул ёфта истодааст.
Дар ин ҷабҳа тадқиқотҳои илмӣ-сотсиологӣ давом доранд.

      Сиёсатшиносӣ
илмест,
ки сиёсат, муносибатҳои сиёсӣ, низоми сиёсиро меомӯзад. Масъалаҳои ҳокимияти сиёсӣ,
низоми сиёсӣ, муносибатҳои сиёсӣ то имрӯз дар собиқ субектҳои ИҶШС дар доираи
фанни анъанавии назарияи давлат ва ҳуқуқ омӯхта мешуданд. Дар байни илмҳои ҷамъиятӣ
сиёсатшиносӣ бо назарияи ҳуқуқ ва давлат наздиктар аст. Аз як тараф, як қатор
масъалаҳои сиёсатшиносӣ пештар мавзӯи назарияи анъанавии давлат ва ҳуқуқро
ташкил медоданд, ба монанди, низоми сиёсӣ, ҳокимият, демократия ва монанди инҳо.
      Этика – илми фалсафавӣ аст, ки ахлоқро чун
шакли шуури ҷамъиятӣ, яке аз тарафҳои муҳими ҳаёти инсон, ҳодисаи махсуси ҳаёти
ҷамъиятӣ меомӯзад. Масъалаи ахлоқ дар илмҳои ҳуқуқӣ низ таҳлил мешавад.
Таносуби ахлоқ ва ҳуқуқ, меъёрҳои ахлоқӣ ва ҳуқуқӣ, ҷавобгарии ахлоқӣ ва ҳуқуқӣ
масъалаҳои марказии назарияи ҳуқуқ ва давлат буда, дар ҳамаи давраҳои инкишофи
он омӯхта мешуданд.            Психология илмест дар бораи қонуниятҳо
ва омилҳои ҳаёти психикии инсон ва ҳайвонот. Яке аз намудхои он психологияи
юридикӣ аст, ки бо назарияи ҳуқуқ ва давлат вобастагӣ дорад. Ҳуқуқ, чи тавре
маълум аст, танзимсозандаи рафтори одамон аст. Вале инсон дорои унсурҳои
муайяни психикӣ аст, ки механизми психологии рафтори шахсро ташкил медиҳад (қобилият,
тамоилҳои арзишӣ, тафаккури фардӣ ва ғ.).

      Таърих, археология, этнография низ бо
назарияи ҳуқуқ ва давлат алоқаманданд. Илмҳои таърихӣ қонуниятҳои пайдоишу
инкишофи ҷамъияти инсониро меомӯзанд. Мавзӯи омӯзиши онҳо ниҳоят васеъ аст:
таърихи маданият, санъат, адабиёт ва ғ. Таърихи пайдоишу инкишофи давлатҳои
мухталифи ҷаҳон, сарчашмаҳои таърихӣ-ҳуқуқӣ низ аз ҷумлаи обекти тадқиқи
таърихианд.

3.  Аҳамияти
назарияи давлат ва ҳуқуқ барои илми ҳуқуқи молиявӣ

 Пеш аз
муайян намудани аҳамияти назарияи давлат ва ҳуқуқ аввало, ба мафҳум, предмет
(мавзӯъ) ва методи (усули) илми ҳуқуқи молиявӣ сарфаҳм рафтан лозим аст. Дар
истифодаи мафҳуми «ҳуқуқи молиявӣ» бояд ба ҳисоб гирифт, ки он се маънӣ дорад:
а) ҳуқуқи молиявӣ ҳамчун соҳаи ҳуқуқ; б) ҳуқуқи молиявӣ ҳамчун соҳаи илми хуқуқшиносӣ;
в) ҳуқуқи молиявӣ ҳамчун фанни таълимӣ. Ҳоло мо ҳуқуқи молиявиро ҳамчун соҳаи
илми хуқуқшиносӣ баррасӣ хоҳем кард.

Читайте также:  У кого корь в ростове

 Ҳуқуқи
молиявӣ ҳамчун илм маҷмӯи донишҳо, ғояҳо, тасаввурот, назариёт оид ба низоми
меъёрҳои ҳуқуқи молиявӣ, қонунияти инкишофи онҳо, амалияи татбиқ ва такомули
муносибатҳое мебошад, ки дар ҷараёни таъсис додан, тақсим ва истифода кардани
фондҳои маблағ аз тарафи давлат ва мақомоти худидораи маҳаллӣ ба миён меоянд.
Дар доираи ҳуқуқи молиявӣ соҳаҳои нисбатан мустақили илми ёуцуц; ҳуқуқи бонкдорӣ,
ҳуқуқи муомилоти асъор, ҳуқуқи андозбандӣ, ҳуқуқи соҳаи буҷет ташаккул ёфтаанд,
ки аз рӯи предмет (мавзӯъ) ва усули тадқиқот ба як илми доманадор муттаҳид
гардидаанд.

 Предмети (мавзӯи) илми ҳуқуқи молиявӣ
меъёру институтҳои (тартиботи) ҳуқуқи молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муносибатҳои
молиявию ҳуқуқӣ; қонунгузории молиявӣ; тамоили инкишофи танзими молиявию ҳуқуқӣ
ва ҳуқуқи молиявӣ ҳамчун соҳаи ҳуқуқ; таҷрибаи пешқадами хориҷии танзими
молиявию ҳуқуқии муносибатҳои ҷамъиятиро дар бар мегирад.

 Усулҳои илми ҳуқуқи молиявӣ. Ҳуқуқи  молиявӣ барои идроки зуҳуроти молиявию ҳуқуқӣ
усулҳои тадқиқоти расмии догматикӣ, мушаххаси 
сотсиологӣ, муқоисавӣ ва муқоисавии таърихӣ ва ҳамчунин усулҳои
умумиилмиро татбиқ менамояд ва ба принсипу қонунҳои фалсафа асос меёбад.

 Тамоили
соҳаҳои илми ҳуқуқи молиявӣ бо назарияи давлат ва ҳуқуқ сахт алоқаманд аст, ки
он ҳамчун илми бунёдгузор нисбати илми ҳуқуқи молиявӣ вазифаи методологиро баҷо
меоварад. Чунончӣ, мафҳумҳои (меъёрҳои ҳуқуқ, намудҳои онҳо, муносибатҳои ҳуқуқӣ,
масъулияти ҳуқуқӣ, предмет ва усули танзими ҳуқуқӣ ва ғайра) муайянкардаи
назарияи давлат ва ҳуқуқ асоси тадвини (эҷоди) мафҳумҳо ва категорияҳои
дахлдори соҳавӣ мебошад.

 Тамоми
дониши ҳосилкардаи назария, ки қонунияти умумии рушду фаъолияти давлат ва ҳуқуқро
муайян менамояд, дар тадқиқотҳои молиявию ҳуқуқӣ, қонунгузории молиявӣ ва китобҳои
дарсӣ инъикос ёфтааст. Ҳамин тариқ, мазмун ва номгӯи принсипҳои ҳуқуқи молиявӣ
тағйир ёфт, андозҳоро бошад, на танҳо чун воситаи қонеъ гардонидани талаботи
давлатӣ, балки умуман тамоми ҷомеа низ шинохтанд, муқаррар ва ҷорӣ намудани онҳоро
илман асоснок карданд. Дар низоми қонунгузории молиявӣ меъёрҳое муқаррар шудан
гирифтанд, ки барои шаҳрвандон на танҳо доир ба ҳуқуқи рафтори шаҳрвандон,
балки ҳамчунин ҳуқуқи аз тарафи дигар талаб кардани муносибатҳои ҳуқуқии
рафтори дахлдорро муқаррар менамоянд, ки дар ин консепсияи умуминазариявии масъулияти
муштараки шахс ва давлат зуҳур ёфт.

  Барои
илми ҳуқуқи молиявӣ аҳамият доштани назарияи давлат ва ҳуқуқ ва алоқамандии онҳоро
ба ин тарз нишон додан мумкин аст: назарияи давлат ва ҳуқуқ – ҳуқуқи молиявӣ ҳамчун
илм – ҳуқуқи молиявӣ ҳамчун фанни таълимӣ. Оқибат назарияи давлат ва ҳуқуқ на
фақат ба илми ҳуқуқи молиявӣ, балки ба фанни дахлдори таълимӣ низ таъсири худро
мерасонад. Чунончӣ, адабиёти таълимии молиявию ҳуқуқии нав «масъулияти молиявӣ»,
«масъулияти андозӣ», «фанни молия», «сиёсати молиявию ҳуқуқӣ», «сиёсати андоз»,
«ҳуқуқвайронкунии молиявӣ», «ҳуқуқвайронкунии андозӣ», барин мавзӯҳоро дар бар
гирифтааст, ки солҳои пеш умуман арзи вуҷуд надошт.  

4.  Сохти 
илми  назарияи  ҳуқуқ 
ва  давлат

     
Назарияи ҳуқуқ ва давлат ба ду қисми асосӣ тақсим мешавад: 1) назарияи
умумии ҳуқуқ ва 2) назарияи умумии давлат. Назарияи умумии ҳуқуқ мафҳум, моҳият,
шаклҳо ва функсияҳои ҳуқуқро меомӯзад. Мавзӯи назарияи умумии давлатро қонуниятҳои
пайдоишу инкишофи давлат, шаклу нақши иҷтимоии он ташкил медиҳад.

     
Назарияи умумии ҳуқуқ дар навбати худ аз қисмҳои зерин иборат аст:

      а)
фалсафаи ҳуқуқ (методологияи ҳуқуқ, мафҳумҳои ҳуқуқ, консепсиву назарияҳои ҳуқуқ,
фаҳмиши ҳуқуқ, арзиши ҳуқуқ ва ғ.);

      б)
сотсиологияи ҳуқуқ (ҳуқуқ ва ҳодисаҳои ҳаёти иҷтимоӣ, шуури ҳуқуқӣ, маданияти ҳуқуқӣ,
сабабҳои ҳуқуқшиканӣ дар ҷамъият); 

      в)
назарияи позитивии ҳуқуқ (меъёрҳои ҳуқуқӣ, танзими ҳуқуқӣ, амалишавии ҳуқуқ,
татбиқи ҳуқуқ, маънидодкунии ҳуқуқ, санадҳои ҳуқуқӣ-меъёрӣ, таркиби ҳуқуқшиканӣ).

      Солҳои охир дар натиҷаи истифодаи васеи усулҳои
мантиқӣ, муқоисавӣҳуқуқӣ равияҳои нав ва вобаста ба онҳо қисмҳои нави илми
муосири ҳуқуқ ташаккул ёфтаанд:

      г)
мантиқи ҳуқуқ (истифодаи қоидаҳову қонунҳои мантиқи шаклӣ нисбати ҳуқуқ);

      д)
назарияи муқоисаи ҳуқуқӣ (омӯзиши институтҳои ҳуқуқии давлатҳои мухталиф бо
истифодаи усули муқоисавӣ-ҳуқуқӣ).

      Дар
дохили равияҳои номбаргашта дар натиҷаи махсусгардӣ ва мушаххасгардии донишҳои
умуминазариявӣ тамоилҳои хусусӣ пайдо шудаанд: кибернетикаи ҳуқуқӣ дар фалсафаи
ҳуқуқ, психологияи ҳуқуқӣ, маданияти ҳуқуқӣ дар сотсиологияи ҳуқуқ, назарияи
техникаи ҳуқуқӣ, маънидодсозии ҳуқуқ дар назарияи позитивии ҳуқуқ.

Источник