Кори курси аз фанни молия ва карз

Кори курси аз фанни молия ва карз thumbnail

Кафедраҳои факултет

  • Молия
  • Фаъолияти бонкӣ
  • Фаъолияти биржавӣ ва бозори қоғазҳои қимматнок

Маълумот дар бораи факултет

Moliya600.jpgБо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 марти соли 2018 таҳти №169 Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон ба Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон табдил дода шуд. Факултети молия ва қарз бо қарори Шӯрои олимони донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон (ҳозира Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон) таҳти рақами №1 аз 30 майи соли 2012 ва фармоиши Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти № 39 аз 31 майи соли 2012 таъсис дода шудааст. Бояд қайд кард, ки ба факултети молия ва қарз таҳти роҳбарии номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент Сандалов Ҳакимбек Абдулалимович қарор дорад. 


Факултети молия ва қарз фаъолияти худро барои тайёр намудани мутахассисони баландихтисоси ҷавобгӯ ба талаботи бозори меҳнат пеш мебарад. Алҳол дар факултет кафедраҳои тахассусии молия, фаъолияти бонкӣ ва фаъолияти биржавӣ фаъолият намуда, мутахассисонро ба шароиту вазъияти бозори меҳнат мутобиқ аз рӯи ихтисосҳои зерин тайёр менамоянд: 


• 1-25010401 – молия; 
• 1-25010402 – фаъолияти бонкӣ; 
• 1-25010202 – иқтисодиёти молиявӣ ва бонкӣ; 
• 1-25010408 – бозори фондӣ; 
• 1-25010409 – молия ва назорат дар соҳаи фаъолияти гумрук. 


Аз рӯйи ихтисосҳои дарҷгардида кадрҳо барои соҳаҳои иқтисодиёти миллии кишвар бо дараҷаи маълумоти олӣ-бакалавр, олӣ-мутахассис (маълумоти олии дуюм) тайёр карда мешавад. Солҳои охир бо ташаббуси бевоситаи раёсати донишгоҳ дар факултет қабули донишҷӯён аз рӯйи ихтисоси молия ва қарз, фаъолияти бонкӣ ба магистратура ва доктор PhD ба роҳ монда шудааст. Қайд кардан зарур аст, ки дар давраи таъсиси таълимгоҳ то ба имрӯз факултети молия ва қарзро аз рӯйи ихтисосҳои мавҷудаи шуъбаи рӯзона ва ғоибона мутахассисони зиёд хатм намуда, хатмкунандагон дар соҳаҳои гуногуни иқтисодиёти кишвар фаъолият доранд. 


Базаи моддию техникии факултет низ сол то сол беҳтар гардида, тахтаҳои электронии ҳозиразамон насб ва аз тарафи устодон пурра мавриди истифода қарор гирифта шуда, ба донишҷӯён бо усулҳои муосири таълим (слайдҳо) дарс гузаронида мешавад. Дар факултет ду синфхонаи забономӯзӣ (лингафонӣ) ва як синфхонаи компютерӣ мавҷуд аст, ки он бо лавозимоти забономӯзии муосир таҷҳизонида шуда, барои омӯзиши забонҳои хориҷӣ ва информатика мусоидат мекунад. Бояд иброз дошт, ки 35,6%-и ҳайати устодони факултетро омӯзгорони дараҷаи илмидошта ташкил медиҳад. Факултет ба тайёр намудани кадрҳои илмӣ диққати ҷиддӣ дода, ҳамасола натиҷаи тадқиқоти илмии устодони он дар маҷмӯаи корҳои илмӣ-тадқиқотии донишгоҳ ва конфронсҳои сатҳи байналхалқӣ ва маҷаллаҳои дохилию хориҷӣ ба нашр мерасанд. 


Мусаллам аст, ки алоқамандии назария бо амалия ин роҳи асосии омодасозии кадрҳои баландихтисос аст. Дар факултет бо ин мақсад кушодани бонки таълимӣ ва синфхонаҳои нави компютерӣ ба нақша гирифта шудааст. Умуман, факултет метавонад дар оянда як мактаби бузурги соҳаи молия ва бонкдорӣ бошад ва дар омода намудани кадрҳои боэътимоди соҳа хизмат намояд. 


Moliya400.jpgКафедраи молия 


Кафедраи молия кафедраи тахассусӣ буда, мутахассисони баландихтисоси ҷавобгӯ ба талаботи бозори меҳнати дохилӣ ва ҷаҳониро дар соҳаи молия ва қарз тайёр менамояд. Дар кафедраи мазкур нақшаи маҳфили зеҳн, ки дар доираи он устодони ҷавони кафедра ба корҳои илмӣ-тадқиқотӣ машғул шуда, паҳлуҳои гуногуни муносибатҳои молиявию қарзиро таҳлил менамоянд. Бо мақсади сайқал додани малакаю маҳорат ва баланд бардоштани савияи дониши донишҷӯён ва ҷалб кардани онҳо ба корҳои илмӣ-тадқиқотӣ дар назди кафедра маҳфили илмии донишҷӯён бо номи «Ҷустуҷӯйи эҷодӣ» фаъолият менамояд, ки нақши он дар такмили маҳорату касбияти тахассусии донишҷӯён назаррас аст.


Bank400.jpgКафедраи фаъолияти бонкӣ 


Ташкил ва инкишофи кафедра бевосита бо таъсиси Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон вобастагии калон дорад. Дар факултети молия ва қарз кафедра ҳамеша мақоми хос дошта, он маркази омӯзиш ва тадқиқоти илмии яке аз соҳаҳои асосии иқтисодиёти миллӣ – низоми бонкдорӣ мебошад. Бартарияти асосии кафедраи мазкур дар он аст, ки пеш аз ҳама, кадрҳои он дар бозори молиявии кишвар талабгор дошта, вазифаҳои асосиро барои устувории қурби пули миллӣ ва муносибатҳои молиявиро дар тақсим ва азнавтақсимкунии воситаҳои пулию қарзӣ ба роҳ мемонад. 


Аз давраи фаъолият то инҷониб кафедраи фаъолияти бонкӣ бо Бонки миллии Тоҷикистон ва бонкҳои тиҷоратии кишвар ҳамкории зич дошта, мутахассисонро вобаста ба самтҳои зарурӣ тайёр менамояд. Дар баробари ин, кафедра барои беҳтар ба роҳ мондани самти таълим ва илм мутахассисонро аз бонкҳои тиҷоратӣ ва ташкилотҳои қарзӣ барои дарсгузарӣ даъват менамояд. 


Birja400.jpgКафедраи фаъолияти биржавӣ 


Кафедраи фаъолияти биржавӣ тахассусӣ ба ҳисоб рафта, донишҷӯёнро аз рӯи ихтисосҳои бозори фондӣ, молия ва назорат дар соҳаи фаъолияти гумрук тайёр менамояд. Бо мақсади вусъат бахшидан ба робитаҳои таълимию илмӣ, ворид шудан ба фазои ягонаи таҳсилот, густариши ҳамкориҳо бо муассисаҳои таҳсилоти олии хориҷи кишвар бархе аз устодон дар донишгоҳҳои Академияи молияи Нидерландия ва Гурҷистон такмили ихтисос намудаанд. Дар робита бо сохторҳои идоракунии давлатии дар шаҳру вилоятҳои ҷумҳурӣ қарордошта, бо биржаи фондии Осиёи Марказӣ муносибатҳои илмӣ-таҷрибавӣ барқарор карда шудааст, ки ба сайқалдиҳии дониши назариявӣ, амалӣ ва таҷрибаомӯзии донишҷӯён мусоидат менамояд. 

Читайте также:  Об эпидемиологической ситуации по заболеваемости корью


Ҳамаи ин таҷрибаҳоро ба инобат гирифта, Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон дар омода намудани мутахассисони баландихтисос диққати махсус зоҳир менамояд. Натиҷаи онро мо дар тариқи озмун бо ҷойи кор таъмин шудани хатмкардаҳои факултети молия ва қарз эҳсос мекунем. 


Ҳокимбек Сандалов, декани факултет, н.и.и., дотсент

Источник

Мавзӯъҳои кори курсӣ дар ҷаласаи кафедраи ҳуқуқи тиҷорат муҳокима гардида, маъқул шуморида шудааст. Протоколи № 1 аз 26 августи соли 2019
Номгӯи кори курсӣ аз фанни назарияи давлат ва ҳуқуқ барои донишҷўёни курси 2 ихтисоси 240101 (шуъбаи рўзона)
(роҳбари илмӣ Раззоқов Б.Ҳ.)

1. Давлати демократӣ ва унсурҳои он
2. И.Кант ҳамчун асосгузори назарияи давлати ҳуқуқбунёд
3. Мафҳум ва моҳияти давлати дунявӣ
4. Мафҳум ва аломатҳои давлати унитарӣ
5. Ҷумҳурӣ ҳамчун шакли идора
6. Мафҳум ва хусусиятҳои ҷумҳурии президентӣ
7. Мафҳум ва аломатаҳои давлати соҳибихтиёр
8. Мактабҳои илмии фаҳмиши ҳуқуқ
9. Сарчашмаҳои ҳуқуқ дар оилаи ҳуқуқи романӣ-олмонӣ
10.Ҷойи ҳуқуқ дар низоми танзимсозандагони иҷтимоӣ
11. Ҳуқуқ ба ҳаёт ҳамчун ҳуқуқи бунёдии инсон
12. Таносуби ҳуқуқ ва иқтисодиёт
13. Хусусиятҳои асосии ҳуқуқи миллии Тоҷикистон
14. Ш.Монтескё ҳамчун асосгузори назарияи таҷзияи ҳокимият
15. Аҳамияти низоми боздошт ва муқовимат дар таълимоти таҷзияи ҳокимият
16. Ҳокимияти иҷроия –ҳокимияти давлатии зерқонунӣ
17. Нақши суд дар оилаи ҳуқуқи англо-саксонӣ
18.Ҷойи ҳокимияти қонунгузорӣ дар низоми ҳокимияти давлатӣ
19.Таносуби шуури ҳуқуқӣ ва фарҳанги ҳуқуқӣ
20. Ҳуқуқу озодиҳои инсон ва асосҳои таснифи онҳо

Номгӯи кори курсӣ аз фанни назарияи давлат ва ҳуқуқ барои курси 2 ихтисоси 240103 а (шуъбаи рӯзона)
(роҳбари илмӣ Солеҳов М.А.

1. Сохти меъёрҳои ҳуқуқ.
2. Усулҳои ҳуқуқии омўзиши ҳуқуқ ва давлат.
3. Қонуниятҳои пайдоиши давлат.
4. Нишонаҳо ва зарурияти таърихии давлат.
5. Позитивизми ҳуқуқӣ.
6. Нишонаҳои ҳуқуқ.
7. Ҳуқуқ ва шахсият.
8. Низоми ҳуқуқии ҷомеа.
9. Унсурҳои низоми ҳуқуқ.
10. Ҳуқуқ ва ахлоқ.
11. Давлат ҳамчун ташкилоти таркибии ҷомеа.
12. Ҷомеаи шаҳрвандӣ ва давлати ҳуқуқбунёд.
13. Таҷзияи ҳокимияти давлатӣ.
14. Ҳуқуқ ва ҳокимияти давлатӣ.
15. Давлати ҳуқуқии иҷтимоӣ.
16. Функсияҳои давлат.
17. Механизми танзими ҳуқуқӣ.
18. Намудҳои меъёри ҳуқуқ.
19. Намудҳои сарчашмаҳои ҳуқуқ.
20. Шаклҳои ҳуқуқэҷодкунӣ.

Номгӯи кори курсӣ аз фанни назарияи давлат ва ҳуқуқ барои курси 2 ихтисоси 240103Б (шуъбаи рӯзона)

1. Пайдоиши ҳуқуқ.
2. Муносибатҳои ҳуқуқӣ.
3. Омилҳои асосии пайдоиши давлат.
4. Шаклҳои пайдоиши давлат.
5. Тартиби ташкил ва фаъолияти мақомотҳои давлатӣ.
6. Таҷзияи ҳокимият.
7. Давлати ҳуқуқбунёд.
8. Афкори ҳуқуқии ҷомеаи муосир.
9. Мақомоти давлатӣ
10. Намудҳои давлат.
11. Нақши синфҳо дар пайдоиши давлат.
12. Муносибатҳои авлодӣ – асоси ҷамоаи оилавӣ.
13. Ҳокимияти иҷтимоӣ.
14. Шаклҳои ҳокимияти ҷамъияти тодавлатӣ.
15. Назарияи пайдоиши давлат.
16. Қонуниятҳои умумии пайдоиши давлат.
17. Моҳияти давлат ва зарурияти иҷтимоии он.
18. Функсияҳои давлат.
19. Механизми давлат.
20. Шаклҳои давлат.
21. Шакли идораи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва режими сиёсии он.
22. Давлат ва низоми сиёсии ҷомеа.
23. Таносуби ҳуқуқ ва давлат.
24. Функсияҳои давлат.
25. Низоми ҳуқуқ.
26. Хуқуқвайронкунӣ ва ҷавобгарии ҳуқуқӣ
27. Сарчашмаҳои ҳуқуқ.
28. Меъёрҳои ҳуқуқ.
29. Зарурияти таърихии ҳуқуқ.
30. Қонуниятҳои пайдоиши давлат.
31. Давлат ҳамчун ташкилоти сиёси, сохторӣ ва ҳудудии ҷамъияти синфӣ.

Номгўи мавзуъҳои кори курсӣ аз фанни ҳуқуқи гражданӣ барои донишҷўёни курси 3, ихтисоси 240103а,б – ҳуқуқи иқтисодии (шуъбаи омўзиши рўзона)
(роҳбари илмӣ Мирзоев С.А., Усмонов Ф.Н.)

1. Унсурҳои ҳуқуқи моликият.
2. Танзими ҳуқуқии муносибатҳои қарздиҳӣ.
3. Ҳифзи ҳуқуқии шаъну шараф ва этибори корӣ.
4. Шартномаи ҳадя ва таърихи пайдоиши.
5. Мафҳум ва унсурҳои шартномаи пудрати маишӣ.
6. Унсурҳои шартномаи нигаҳдошт.
7. Танзими ҳуқуқии шартномаи хариду фурўши чакана.
8. Предмети иҷрои уҳдадориҳо.
9. Хусусиятҳои шартномаи қарз аз шартномаи кредит.
10. Ҳуқуқҳои шахсии ѓайримоддӣ ва таснифи онҳо.
11. Шартномаи ҳадя.
12. Моликияти хоҷагии деҳқонӣ ва танзими ҳуқуқии он.
13. Шартномаи таъмини барқ.
14. Танзими ҳуқуқии шартномаи нигаҳдошт.
15. Мазмуни шарномаи киро (прокат).
16. Уҳдадориҳо аз ҳаракатҳои яктарафа.
17. Мафҳум ва унсурҳои шартномаи суѓурта.
18. Ҳимояи судии ҳуқуқи моликият.
19. Унсурҳо ва хусусиятҳои шартномаи ҳамлу нақл.
20. Ҷавобгарии ҳуқуқи гражданӣ ва шаклҳои он.
21. Танзими ҳуқуқии шартномаҳои бонкӣ.
22. Намудҳои уҳдадорӣ дар ҳуқуқи гражданӣ.
23. Танзими ҳуқуқии шартномаи фаъолияти якҷоя.
24. Шартномаи пудрат ва танзими ҳуқуқии он.
25. Хусусиятҳои шартномаҳои гражданӣ.
26. Ҳолати ҳуқуқӣ ва барҳамдиҳии шахси ҳуқуқӣ.
27. Шаклҳои ҳисоббаробаркунӣ дар ҳуқуқи гражданӣ.
28. Таъмини иҷрои уҳдадориҳо.
29. Шартномаи маҳсулотсупорӣ ва танзими ҳуқуқии он.
30. Ҳуқуқи моликияти хоҷагии деҳконӣ.
31. Уҳдадорӣ дар ҳуқуқи гражданӣ.
32. Объектҳои ҳуқуқи гражданӣ.
33. Муносибатҳои ҳуқуқи гражданӣ.
34. Шартномаи кредит.
35. Субектони ҳуқуқи гражданӣ.
36. Уҳдадориҳо оид ба расонидани зарар.
37. Танзими ҳуқуқии ворисии намудҳои алоҳидаи молу мулк.
38. Қонунгузории гражданӣ.
39. Танзими ҳуқуқии шартномаи идораи ба боварӣ асосёфтаи молу мулк.
40. Аҳдҳои гражданӣ ва таснифи онҳо.
41. Таҳлили ҳуқуқии васояту парасторӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон.
42. Шартномаи иҷораи воситаҳои нақлиёт.

Читайте также:  Иммунитет при вакцинации корью

Номгӯи мавзӯъҳои кори курсӣ аз фанни ҳуқуқи мурофиавии иқтисодӣ барои курсҳои 4 ихтисоси 240103-ҳуқуқи иқтисодӣ (шуъбаи рӯзона)
(роҳбарони илмӣ Иброҳимов С.И., Қудратов Н.А.)

1. Мафҳуми судҳои иқтисодӣ ва низоми онҳо
2. Таърихи ташаккули судҳои иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон
3. Вазифаҳо ва ваколатҳои асосии судҳои иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон
4. Мафҳум ва методи ҳуқуқи мурофиавии иқтисодӣ. Мафҳуми мурофиаи иқтисодӣ. Шакли мурофиавии иқтисодӣ
5. Давраҳои мурофиаи иқтисодӣ
6. Намудҳои истеҳсолоти судии иқтисодӣ
7. Сарчашмаҳои ҳуқуқи мурофиавии иқтисодӣ
8. Мафҳуми муносибатҳои ҳуқуқии мурофиавии иқтисодӣ, фарқи онҳо аз муносибатҳои ҳуқуқии моддӣ
9. Асосҳои ба вуҷуд омадан, таѓйир ёфтан ва қатъ гардидани муносибатҳои ҳуқуқии мурофиавии иқтисодӣ
10. Субъектҳои муносибатҳои ҳуқуқии мурофиавии иқтисодӣ
11. Объект ва мазмуни муносибатҳои ҳуқуқии мурофиавии иқтисодӣ
12. Мафҳум ва системаи принсипҳои ҳуқуқи мурофиавии иқтисодӣ
13. Тобеияти судии парвандаҳо ба суди иқтисодӣ
14. Ҳайати иштирокчиёни мурофиаи иқтисодӣ. Суди иқтисодӣ ҳамчун иштирокчии мурофиаи иқтисодӣ
15. Тарафҳо дар мурофиаи иқтисодӣ
16. Шахсони сеюм дар мурофиаи иқтисодӣ.
17. Прокурор дар мурофиаи иқтисодӣ
18. Дар мурофиаи иқтисодӣ иштирок намудани мақомоти давлатӣ ва дигар мақомот
19. Шахсоне, ки ба амалӣ намудани адолати судӣ мусоидат менамоянд
20. Мафҳуми намояндагӣ ва намудҳои намояндагӣ дар мурофиаи иқтисодӣ
21. Ваколатҳои намояндаҳо дар суди иқтисодӣ………
22. Мафҳуми даъво дар мурофиаи иқтисодӣ, элемент ва намудҳои он
23. Ҳуқуқи ҳимояи судӣ ва ҳуқуқи даъвокунӣ дар мурофиаи иқтисодӣ
24. Ҳимояи ҷавобгар аз даъво
25. Мафҳум ва предмети исботкунӣ дар мурофиаи иқтисодӣ
26. Мафҳум ва намудҳои далелҳои судӣ
27. Воситаҳои исботкунӣ дар мурофиаи иқтисодӣ
28. Баҳодиҳии далелҳо
29. Таъмини далелҳо
30. Супориши судӣ
31. Мафҳуми тадбирҳои таъминотӣ ва асосҳои татбиқи он дар мурофиаи иқтисодӣ
32. Намудҳои тадбирҳои таъминотӣ
33. Тадбирҳои таъминотии пешакӣ
34. Мафҳум ва намудҳои хароҷоти судӣ
35. Тақсими хароҷоти судӣ
36. Ҷаримаҳои судӣ
37. Мафҳум ва намудҳои муҳлатҳои мурофиавӣ дар мурофиаи иқтисодӣ
38. Боздоштан, барқарор кардан, дароз кардани муҳлатҳои мурофиавӣ
39. Маълумоти умумӣ дар хабарномаи судӣ
40. Тартиби оѓоз намудани парванда дар суди иқтисодӣ
41. Шакл ва мазмуни аризаи даъвогӣ.
42. Беҳаракат монондани аризаи даъвогӣ. Баргардонидани аризаи даъвогӣ
43. Мақсад, вазифаҳо ва аҳамияти давраи омодасозии парванда ба муҳокимаи судӣ
44. Амалҳои мурофиавӣ оид ба омодасозии парванда
45. Маҷлиси пешакии судӣ ва таъин намудани парванда ба муҳокимаи судӣ
46. Моҳият ва аҳамияти давраи муҳокимаи судӣ
47. Маҷлиси судӣ ҳамчун шакли мурофиавии муҳокимаи судӣ, қисмҳои маҷлиси судӣ: аҳамият ва мазмуни онҳо
48. Созишномаи оштӣ
49. Асосҳо ва оқибатҳои ҳуқуқии иҷрои амалҳои алоҳидаи мурофиавӣ
50. Протоколи маҷлиси судӣ
51. Мафҳум ва намудҳои санадҳои судии суди иқтисодии марҳилаи якум
52. Моҳият ва аҳамияти ҳалномаи суди иқтисодӣ
53. Баррасии парвандаҳо оид ба мавриди баҳс қарор додани санадҳои ѓайримеъёрии ҳуқуқӣ, қарорҳо ва амали (беамалии) мақомоти ҳокимияти давлатӣ, дигар мақомот ва шахсони мансабдор
54. Баррасии парвандаҳо оид ба ситонидани пардохтҳои ҳатмӣ ва муҷозот (санксия)
55. Баррасии парвандаҳо оид ба муқаррар кардани фактҳое, ки аҳамияти ҳуқуқӣ доранд
56. Баррасии парвандаҳо оид ба барқарор кардани парвандаи судии гумшуда
57. Баррасии парвандаҳо оид ба муфлисшавӣ
58. Баррасии парвандаҳо бо тартиби истеҳсолоти соддакардашуда
59. Истеҳсолоти парвандаҳо оид ба ҳалномаҳои судҳои ҳакамии мавриди баҳс қароргирифта
60. Истеҳсолот оид ба парвандаҳо дар бораи додани варақаи иҷро барои иҷрои маҷбурӣ аз рўи ҳалномаҳои суди ҳакамӣ
61. Салоҳияти судҳои иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рўи баррасии парвандаҳо бо иштироки шахсони хориҷӣ
62. Хусусияти баррасии парвандаҳо бо иштироки шахсони хориҷӣ аз тарафи судҳои иқтисодӣ
63. Супориш оид ба иҷро намудани ҳаракатҳои алоҳидаи мурофиавӣ
64. Эътироф ва иҷро намудани ҳалномаҳои суди
65. хориҷӣ ва арбитражи хориҷӣ
66. Моҳият ва аҳамияти ба тартиби кассатсионӣ шикоят намудани ҳалнома ва таъинотҳои эътибори қонунӣ пайдонакарда
67. Оѓоз намудани истеҳсолоти кассатсионӣ
68. Баррасии парванда дар марҳилаи кассатсионии суди иқтисодӣ
69. Салоҳияти марҳилаи кассатсионии суди иқтисодӣ
70. Қарори марҳилаи кассатсионии суди иқтисодӣ
71. Оѓоз намудани истеҳсолоти назоратӣ дар Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон
72. Тартиби баррасии шикоят ё эътироз дар истеҳсолоти назоратии Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Читайте также:  Фозил кори масала скачать бесплатно

Номгӯи мавзӯъҳои кори курсӣ аз фанни ҳуқуқи байналхалқии хусусӣ барои курсҳои 4 ихтисоси 240101-ҳуқуқи байналмилалӣ (шуъбаи рӯзона)
(роҳбари илмӣ Меликов У.А.)

1. Мафҳум, предмет ва усулҳои омўзишии ҳуқуқи байналхалқии хусусӣ
2. Низоми ҳуқуқи байналхалқии хусусӣ
3. Алоқамандии ҳуқуқи байналхалқии хусусӣ бо ҳуқуқи байналхалқии оммавӣ
4. Принсипҳои ҳуқуқи байналхалқии хусусӣ
5. Меъёрҳои коллизионӣ-дохилӣ ва шартномавӣ.
6. Меъёрҳои унификатсияшуда.
7. Муносибатҳои ҳуқуқи байналхалқии хусусӣ
8. Мафҳум ва намудҳои сарчашмаҳои ҳуқуқи байналхалқии хусусӣ.
9. Шартномаҳои байналмилалӣ ҳамчун сарчашмаҳои ҳуқуқи байналхалқии хусусӣ
10. Қонунгузории ватанӣ ҳамчун сарчашмаҳои ҳуқуқи байналхалқии хусусӣ
11. Таҷрибаи судӣ , доктринаи ҳуқуқ ва одатҳо ҳамчун сарчашмаҳои ҳуқуқи байналхалқии хусусӣ.
12. ИНКОТЕРМС ҳамчун сарчашмаҳои ҳуқуқи байналхалқии хусусӣ
13. Мафҳуми ҳамоҳангсозии меъёрҳои ҳуқуқ.
14. Намудҳои ҳамоҳангсозии меъёрҳои ҳуқуқ.
15. Мафҳум ва хусусиятҳои ягонагардонии меъёрҳои ҳуқуқ.
16. Мафҳум ва сохтори меъёрҳои коллизионӣ
17. Шаклҳои асосии пайвастҳои коллизионӣ
18. Татбиқи меъёрҳои коллизионӣ
19. Ҳаволаи бозгашт ва ҳавола ба ҳуқуқи давлати сеюм
22. Тавзеҳот оиди тартиботи оммавиро дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон
20. Мафҳуми субъекти ҳуқуқи байналхалқии хусусӣ.
21. Шахсони воқеӣ ҳамчун субъекти ҳуқуқи байналхалқии хусусӣ.
22. Шахсони воқеӣ ҳамчун субъекти ҳуқуқи байналхалқии хусусӣ.
23. Хусусиятҳои хоси иштироки давлат дар муносибатҳои ҳуқуқи байналхалқии хусусӣ.
1. Танзими муносибатҳои ашёгӣ дар ҳуқуқи миллӣ ва байналхалқӣ.
2. Масоили коллизионии ҳуқуқ ба ашё .
3. Вазъи ҳуқуқии моликияти субъектҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷа.
4. Вазъи ҳуқуқии моликияти субъектҳои хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон.
5. Мафҳуми сармоягузории хориҷӣ.
6. Намудҳои сармоягузории хориҷӣ.
7. Субъектони сармоягузории хориҷӣ.
8. Вазъи ҳуқуқии сармоягузорони хориҷӣ дар ҶТ.
34. Сармоягузории хориҷӣ дар минтақаҳои озоди иқтисодӣ.
35. Мафҳум ва намудҳои аҳдҳои иқтисодии хориҷӣ.
36. Масъалаҳои коллизионии аҳдҳои иқтисодии хориҷӣ
37. Доираи амали хуқуқи татбиқшаванда дар аҳдҳои иқтисодии хориҷӣ
38. Шакл ва мазмуни аҳдҳои иқтисодии хориҷӣ
39. Намудҳои алоҳидаи аҳдҳои иқтисодии байналхалхалқӣ (факторинг, пудрат, консессияи тиҷоратӣ, савдои электронӣ)
40. Мафҳуми ҳамлу нақли байналмилалӣ.
41. Ҳамлу нақли байналмилалӣ тавассути роҳи оҳан.
42. Ҳамлу нақли байналмилалӣ тавассути роҳи автомобилӣ.
43. Ҳамлу нақли байналмилалӣ тавассути рохи ҳавоӣ.
44. Ҳамлу нақли байналмилалӣ тавассути рохи баҳрӣ.
45. Мафҳуми ҳуқуқи байналмилалии асъор.
46. Муносибатҳои ҳисоббаробаркунӣ, асъорӣ ва кредитӣ
47. Шаклҳои ҳисоббаробаркунӣ.
48. Ҳусусиятҳои уҳдадориҳои пулӣ.
49. Масъалаҳои коллизионии ӯҳдадориҳои ғайришартномавӣ дар ҳуқуқи байналхалқии хусусӣ.
50. Танзими байналхалқӣ ҳуқуқии ӯҳдадориҳои ғайришартномавӣ.
51. Масъалаҳои коллизионии ӯҳдадориҳои ғайришартномавӣ дар ҳуқуқи байналхалқии хусусӣ.
52. Танзими коллизионии намудҳои алоҳидаи ӯҳдадориҳои ғайришартномавӣ.
53. Мафҳум ва намудҳои моликияти зеҳнӣ.
54. Асосҳои ҳуқуқӣ-байналмилалии ҳуқуқи муаллифӣ ва ҳуқуқҳои вобаста.
55. Асосҳои ҳуқуқӣ-байналмилалӣ доир ба тамѓаи молӣ, номи фирмавӣ, номи ҷойи истеҳсол ва мубориза бо рақобати бевиҷдонона.
56. Асосҳои ҳуқуқӣ-байналмилалии доир ба ихтироот ва намунаҳои саноатӣ.
57. Масъалаҳои коллизионӣ дар соҳаи танзими мерос.
58. Ҳуқуқҳои шахсони воқеии хориҷӣ ба мерос дар Ҷумҳурии Тоҷикистон.
59. Ҳуқуқҳои меросии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷа.
60. Масъалаҳои коллизионии ҳуқуқи оилавӣ.
61. Бастан ва қатъ гардидани ақди никоҳ.
62. Муносибатҳои ҳуқуқии байни ҳамсарон.
63. Муносибатҳои ҳуқуқии байни волидон ва фарзандон.
64. Муносибатҳои ҳуқуқии хусусии байналхалқии меҳнатӣ ва масъалаҳои коллизионӣ дар соҳаи меҳнат.
65. Ҳуқуқҳои шахсони воқеии хориҷӣ ба меҳнат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон.
66. Ҳуқуқҳои меҳнатии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷа.
67. Таъминоти ҳуқуқии иҷтимоӣ.
68. Мафҳум ва сарчашмаҳои мурофиаи байналмилалии гражданӣ
69. Тобеияти судии парвандаҳо бо элементи хориҷӣ.
70. Ҳолати ҳуқуқии субъекти хориҷӣ дар мурофиа.
71. Иҷрои супоришҳои судӣ.
72. Эътироф ва иҷроиши маҷбурии қарорҳои судҳои хориҷӣ.
73. Арбитражи байналхалқии тиҷоратӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Источник