Кори курси аз фанни математикаи оли
Маркази омӯзиши Лидер хонандагони курси омӯзиши аз фанни математикаро номнавис карда истодааст.
Агар Шумо аз фанни математика дар мактаб дар донишгоҳ танқисӣ мекашед ё мехоҳед ба донишгоҳ дохил шавед аммо математикаро намедодед, пас фурсат фаро расид марҳамат маркази омӯзиши Лидер шуморо интизор аст.
Суроғаи мо:
Садбарг, 2-ум ошёна бинои LC WAIKIKI
Рақамҳо барои тамос:
+992000304777
+992915333800
+992933433800
Зудтар бошед, мо интизорем.
Похожие объявления
в ТОПе
Омӯзгори технологияи иттилоотӣ
Дар гимназияи хусусии «Тоҷикистон» омӯзгори фанни технологияи иттилоотӣ (Информатика) дар синфҳои таълимашон бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ барои синфҳои 6-7-8-9 лозим мебошад. Маоши нағз кафолат дода мешавад.
Гимназия Таджикистан,
21.12.2020 13:42,
Душанбе
Преподаватель по химии
Внимание!Образовательному центру требуется учитель химии. Зарплата договорная. С опытом работы. Студентам очного и заочного обучения просьба не беспокоить900398008
Mehrangez,
19.12.2020 12:23,
Душанбе
Учителя физики и математики
В учебный центр требуется учителя физики и математики. Опыт работы минимум 2 года(подготовительные курсы для поступления вузах Таджикистана).. С хорошими условиями работы и удобным графиком. тел 885008074 (telegram, whatsapp, viber) Адрес Aхмади Дониш 5А ориентир дом Техносила
Гафуров,
17.12.2020 17:51,
Душанбе
Учительница русского языка
Нужна учетильница русского язика в образавателний центр Дониш. Более подробная информацяи по телефону
Умеда,
13.12.2020 14:09,
Душанбе
Учитель Русского Языка
Ищем учитель(ница) русского языка для частной учреждение в душанбе (зарафшон)Режим свободный С практикой
Leslie,
12.12.2020 19:35,
Душанбе
Кулинарый Курс
Я объявляю о старте Кулинарного курса На данный момент рассматриваю обучить 3-х человек ❗На данный момент для Мужского пола Что будет на курсах?: -Разделка мясо???? -Соусы???? -Бургер???? -Салаты???? -Сэндвичи???? -Тесто для пиццы, пицца???? -Стэйки???? -Все тонкости приготовления блюд???? Или которые имеются на странице???? -Европейской, итальянской и азиатской кухни. Данный курс подойдет как для дома, так и для трудоустройства в ресторанах заведений города. Если заинтересованы, жду обратной связи ???? на странице в инстаграм @povar_tj
Ака,
15.12.2020 03:23,
Душанбе
Преподаватель-экзаменатор по русскому языку
Центр тестирования при учебном центре ищет педагога-экзаменатора по русскому языку для проведения комплексного экзамена по русскому языку.Требования* :* Наличие филологического или лингвистического образования* Хорошая дикция* Стрессоустойчивость* Обучаемость* Опыт работы по специальности будет вашим преимуществомОбязанности:* Консультирование кандидатов* Проведение экзаменов* Проверка результатов экзаменов* Работа с документациейУсловия:* Предоставление необходимых учебных материалов* Методическая поддержка образовательного процесса* Трудоустройство по ТК РТ* Полная занятость (5-ка, ПН-ПТ, с 9 до 18)* Испытательный срок
Агентство Dushanbe Legal Consulting,
21.12.2020 10:18,
Душанбе
Договорная
Преподаватель информатики
Приглашаем на работу преподавателя информатики в учебный центр. Информация по телефону.937625656
учебный центр,
16.12.2020 21:51,
Душанбе
Преподаватель физики и химии
В образовательный центр требуется преподавательфизики и химии.Свободный график работы. Подробности по телефону.937625656
учебный центр,
21.12.2020 10:33,
Душанбе
Инструктор-методист
Образовательный Центр открывает Детский дошкольный образовательный центр (детского сада)Приглашаем на работу Воспитателя детского дошкольного учреждения (детского сада) с обязательным опытом работы !!!Заинтересованных кандидатов просим прислать анкету (резюме или CV) по электронной почте: eatic@mail.ruПри направлении анкеты Вы должны ОБЯЗАТЕЛЬНО указать на какую должность (вакансию) Вы претендуете.Все вопросы на собеседовании !!!
Агентство Dushanbe Legal Consulting,
15.12.2020 09:17,
Душанбе
Договорная
Преподаватели бухгалтерского учета
Объявляем набор кандидатов на должность учитель по бухгалтерскому учету. Требования к кандидатам: •Выcшее образование или среднее неполное (4-ый или 5-ый курс) экономическое, финансовое, аудиторское образование обязательно; •Возраст не ограничен; •Хорошее знание русского и таджикского языков. •Ответственность и коммуникабельность; •Навыки работы с компьютером приветствуется; Мы предлагаем: Обучение бухгалтерскому учёту, НК РТ, формам и методам бухгалтерского учета на предприятии, принципы зачета НДС, программы 1-С Бухгалтерия, Торговля + склад 7.7 версия; • Работа в молодом и дружном коллективе; • Высокая заработная плата; • Карьерный рост; • Полный рабочий график; Заинтересованных кандидатов просим прислать анкету (резюме или CV) по электронной почте: fartuna-s-2017@mail.ru ВНИМАНИЕ: при подаче Вашей анкеты (резюме) обязательно укажите на какую должность (вакансию) Вы претендуете !!! Наш адрес; г. Душанбе, проспект Саъди Шерози 16, ориентир; около цирка здания «ШАРКИ ОЗОД» (Газетный журнально – комплекс) 1-ый этаж. Телефон для справки: WhatsApp, Telegram Viber, Imo. +992903028707
Бухгалтерский центр Азия,
15.12.2020 16:19,
Душанбе
Показать телефон
93 34XXXXX
Сохраняйте избранные поиски!
Нажмите кнопку “Сохранить поиск” на странице поисковой выдачи
Следите за обновлениями в разделе “Избранное”
Добавляйте объявления в избранное
Нажмите кнопку в форме звезды и это объявление сохранится в разделе “Избранное”, где вы сможете просмотреть все избранные объявления
Источник
Математика яке аз муҳимтарин фанҳое мебошад,ки барои тарақиёти дигар илмҳо роли муҳим мебозад. Кафедраи математикаи олӣ соли 2010 таъсис ёфтааст. Кафедраи математикаи олӣ барои ҳамаи факултетҳои донишкада хизмат мекунад. Ҳамаи донишҷуёни курсҳои якум 1-сол фанни математикаи олиро меомӯзанд. Бағайр аз ин дар кафедра фанҳои алгебраи хатти, мантиқи математики, математика дар иқтисодиёт, бобҳои иловагии математика барои донишҷуёни ихтисосҳои барномасозӣ, иқтисодиёт омӯзонида мешавад. Дар кафедра 11- омузгорони тахассуси таълим медиҳанд, аз инҳо 1-нафар доктори фан, 2-нафар номзадҳои фан, 4- нафар саромузгор ва 4-нафар ассистентон мебошанд. Кафедра аз руи се равияи илми кор мекунад.
1. Тадқиқи муодилаҳои оператори дар фазои бисёрченака.
2. Масъалаҳои канори назарияи функсияҳои аналитики бо қисмҳои асоси додашуда ва муодилаҳои интегралии сингуляри.
3. Системаи муодилаҳои дифференсиали бо сарбории аъзои озод ва шарти иловагӣ.
Ҳайати устодону омузгорон
Дар ҳайати кафедра то имрӯз 15 нафар омӯзгорон фаъолият намуда дарс мегӯянд, ки аз ин теъдод: 3-нафар номзади илм ва 5 нафар саромузгор ва 7 нафар ассистентҳо кор ва фаъолият доранд.
Кафедра бо мақсади тайёр намудани мутахассисони касбӣ дар хамаи соҳахо хизмат мерасонад.
Дар кафедра омӯзгорон аз фанҳои зерин дарс мегӯянд.
«Математикаи олӣ»
«Алгебраи хаттӣ»
«Мантики математикӣ»
«Математика дар идоракунӣ».
«Математикаи элементарӣ»
«Боби иловагии математика»
«Математикаи дискретӣ»
Кафедраи «Математикаи оли», бо назардошти рияҳои меъёрҳою қоидаҳои дар донишкада амалкунанда соҳиби ваколатҳои зерин мебошад:
– қабули корҳои семестрӣ ва санxишҳо дар мӯҳлатҳои тасдиқшуда;
– иxроиш ва ҳимояи лоиҳаҳою корҳои курсӣ ва мувофиқи мӯҳлати дар xадвали раванди таълим муқарраргашта;
– гузаронидани коллоквиумҳо дар асоси xадвали тасдиқшудаи раванди таълим;
– ташкили имтиҳони давлатӣ аз фанҳои тахассусӣ;
– қабули пеш аз мӯҳлати имтиҳонҳо дар комиссияи кафедравӣ;
– тахияи пешниҳодҳо оиди ҳавасмандгардонии донишxӯён ва кормандони кафедра.
– иxрои фармонҳои донишгоҳӣ;
– таҳияи ҳисоботҳо ба деканат, шӯъбаҳо ва маъмурияти донишкада;
– саривақт тартиб додани ҳисоби воҳидҳои корӣ ва xадвали воҳидҳои кории кафедра.
-дараxаи касбии омӯзгорон оиди фанҳои ба кафедра шомил;
– татбиқ ва иxроиши нақшаҳо ва барномаҳои таълимӣ аз фанҳои шомили кафедра;
– гузаронидани маxлисҳои фаврӣ ва xаласаҳои кафедра;
– ташкил намудани базаи таълимӣ-методии кафедра;
– тартиб додани базаи маълумотӣ (саволҳои санxишӣ) аз фанҳои кафедра;
– интихоби мавзӯъҳои актуалии корҳои курси;
– Сари вақт таъмин намудани ивази омӯзгорони ҳозирнабуда.
Хидиров Худойқул Саторович
МАЪЛУМОТНОМА
ХИДИРОВ ХУДОЙҚУЛ САТОРОВИЧ
Аз сентябри с. 2015 дар вазифаи мудири кафедраи «Математикаи олӣ» – и ДонишкадаиТехнология ва менеxменти инноватсионнии дар шаҳри Кӯлоб кор мекунад.
Соли таваллуд: 15. 03. 1955
Ҷои таваллуд: ноҳияи Кӯлоб
Миллат: тоҷик
Маълумот: олӣ, соли 1976 Донишкадаи давлати омeзгории шаҳри Кӯлобро хатм кардааст.
Ихтисос: муаллими математика
Дараҷаи тахассус: муаллими математика
Дараҷаи илмӣ: номзади илмҳои физика – математика
Унвони илмӣ: и.в.дотсент
Кадом забонҳои хориҷиро медонад: русӣ, ӯзбекӣ, забони англисӣ бо луғат, қазоқӣ, қирғизӣ, туркӣ,озарбойҷонӣ,олмонӣ бо луғат.
Аъзои кадом ҳизб: нест
Вакили халқ ҳаст ё не: нест
Ба мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардонида шудааст: Аълочии маорифи Тоҷикистон
Ба мукофотҳои соҳавӣ сарфароз гардонида шудааст : Ифтихорномаи Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Абдулазизов Абдулҳаким Холмуродович
МАЪЛУМОТНОМА
Абдулазизов Абдулҳаким Холмуродович
аз сентябри соли 2006 ба сифати дотсенти кафедраи «Математикаи олӣ»-и Донишкадаи технология ва менҷементи инноватсионии шаҳри Кӯлоб кор мекунад.
Соли таваллуд 28-03-1961
Ҷои таваллуд ш Кӯлоб
Миллат тоҷик
Таҳсилот олӣ
Соли 1982 Донишгоҳи педагогии шаҳри Кӯлоб (рузона) хатм кардааст
Ихтисос муаллими математик. Математик тадқиқотчи.
Унвони илмӣ номзади илмҳои физика-математика (соли 1993)
Кадом забонҳои хориҷиро медонад руси англиси бо луғат
Вакили Маҷлиси вакилони халқ ҳаст ё не нест
Бо мукофотҳои давлати сарфарозгардонида шудааст ё не нест
Вазъи оилавӣ оиладор
Кабирова Лола Алишеровна
МАЪЛУМОТНОМА
Ному насаб: Кабирова Лола Алишеровна
Соли таваллуд : 29-апрели соли 1993
Ҷои таваллуд : шаҳри Кӯлоб, вилояти Хатлон.
Миллат: тоҷик
Номи муассисаи таълими: ФДТТК.
Таҳсилот: бакалавр, магистратура.
Ихтисос: Иқтисодчӣ. Барномасоз.
Дараҷа ва унвони илмӣ: надорад
Вакили Маxлиси вакилони халқ ҳаст ё не: нест
Мавзуи кори илмӣ: надорад.
Супоридани имтиҳонӣ минимуми номзади: насупоридааст.
Миқдори нашрияҳо: надорад.
№ патент, шаҳодатномаи муаллифӣ: надорад.
Кадом забонҳои хориҷиро медонад: русси, англисӣ.
Бо мукофотҳои давлатӣ сарфарозгардонида шудааст ё не: не
Вазъи оилавӣ: оиладор сохиби 1-фарзанд.
Источник
Факултети математика ҳамсоли донишгоҳ буда, соли 1932 таъсис ёфтааст. Дар соли аввали таъсисёбии факултет ҳамагӣ 12 нафар донишҷӯ таҳсил доштанд, ки аз онҳо 7-нафар соли 1936 соҳиби дипломи омӯзгорӣ гаштанд.
Солҳои 1932-37 вазифаи декани факултет мавҷуд набуд. Ин вазифаро директори донишкада иҷро мекард. Соли 1938 вазифаи декани факултет таъсис ёфт. Якумин декани факултет М. Акрамов (1938-1942) буд. Минбаъд шахсони зерин ин вазифаро иҷро карданд: А.С. Малявин (1943-1944), Т.Ҳ. Ҳомидов (1944-1956), А.М. Қурбонов (1957-1970), Р.Т. Ҳасанов (1970-1992), А. Қодиров (1992-1993), А.Б. Нозимов (1993-1995), А. Рашидов (1995-2007), Ё. Дадоҷонов (2007-2011), Қ. Бобохонов (2011-2015), А. Муҳсинов (2015 то феврали 2017) ва аз 1 феврали 2017 инҷониб ин вазифа боз ба уҳдаи Қ. Бобохонов вогузор карда шудааст.
Аз соли таъсисёбии факултет 1932 то соли 1937 кафедраи ягонаи математикаю физика мавҷуд буд. Минбаъд кафедраи мустақили физика ва математика ташкил карда шуд. Он вақт кафедра ҳамагӣ 7 нафар аъзо дошт. Барои силсилаи фанҳои математикӣ то соли 1955 ин кафедраи ягона буд. Аввалин мудири кафедра А. Худойбердиев буд. Пас, мудирони кафедра А.П. Писарев (1934-1938), Х. Азизов (1938-1939), К.С. Карпенко (1940-1944), М.С. Горштейн (1944-1950), А.С. Содиқов (1950-1955).
Соли таҳсили 1955-56 кафедраи ягонаи математика ба ду кафедра ҷудо шуд: математикаи олӣ ва математикаи элементарӣ.
Кафедраи математикаи олӣ аз соли 1955 то соли 1975 фаъолият бурда ва инҳо мудири кафедра буданд: А.С. Содиқов (1955-1962), Р.Т. Ҳасанов (1963-1966), Б. Толбоев (1966-1972), Ш.А. Аҳмадов (1972-1975).
Кафедраи математикаи элементарӣ низ аз соли 1955 то соли 1975 фаъолият карда инҳо мудири кафедра буданд: Л.А. Рогов (1955-1956), Х.М. Муҳаммадиев (1957-1970), А.М. Қурбонов (1970-1975).
Соли 1972 ба ду факултети мустақил – факултети математика ва факултети физика ҷудо шудани факултети физикаю математика боиси таъсиси кафедраҳои нав гардид. Дар он сол кафедраи методикаи таълими математикаю физика ба ду кафедраҳои мустақили методикаи таълими математика ва математикаи элементарӣ ва кафедраи методикаи таълими физика ҷудо шуданд. Охири соли 1975 кафедраи математикаи олӣ ба ду кафедра ҷудо карда шуд: кафедраи анализи математикию назарияи функсияҳо ва кафедраи алгебраю назарияи ададҳо, кафедраи математикаи элементарӣ ба кафедраи геометрия номгузорӣ карда шуд. Ҳамин тавр, дар факултети математика аз соли 1975 то соли 1991 4 кафедра фаъолият бурдааст.
Соли 1991 кафедраи информатика ва математикаи ҳисоббарор ташкил ёфт. Ба муносибати ба донишгоҳ табдил додани донишкада дар факултет соли 1992 боз ду кафедраи нав таъсис дода шуд: кафедраи муодилаҳои дифференсиалӣ ва анализи функсионалӣ ва кафедраи математикаи олӣ ва амалӣ. Минбаъд кафедраи алгебраю назарияи ададҳо ва кафедраи геометрия муттаҳид карда шуда, кафедраи алгебра ва геометрия номгузорӣ шудааст.
Факултет бо марказҳои таълимию илмии муосир, ба монанди Донишгоҳи давлатии Маскав ба номи М.В. Ломоносов, Донишгоҳи давлатии Воронеж, Донишгоҳи техникӣ – омӯзгории Вологда, Пажӯҳишгоҳи тадқиқотҳои ядроии ш. Дубнаи ФР, Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, ДДО ба номи С. Айнӣ, ДДО Қурғонтеппа, ДД Хоруғ, ДО Данғара, Пажӯҳишгоҳи проблемаҳои идоракунӣ, Институти математикаи Академияи Илмҳои Тоҷикистон ва ғайра алоқаи мустаҳками илмию омӯзгорӣ дорад.
Корҳои илмӣ-тадқиқотии омӯзгорони факултет ба мавзуъҳои муосири бунёдии математика, информатика ва методикаи таълими он равона шудааст. Ҳамкорӣ бо олимони ҷумҳурӣ ва Федератсияи Русия хело хуб ба роҳ шудааст.
Дар факултет як семинари доимоамалкунандаи ҳарҳафтинаи илмӣ таҳти роҳбарии узви вобастаи Академияи Илмҳои ҶТ, профессор Э.М.Мухамадиев амал мекард. Солҳои охир роҳбарии ин семинарро шодравон профессор А. Муҳсинов ба уҳда доштанд. Ҳоло роҳбарии фаъолияти семинари илмӣ ба уҳдаи дотсентон А.Олимов ва Қ. Тухлиев вогузор гаштааст.
Базаи моддӣ техникии факултет сол аз сол беҳтар шуда истодааст. Ҳоло факултет дорои синфхонаҳои компютерии ҳозиразамон ва кабинетҳои фаннӣ, тахтаҳои электронӣ, проекторҳо ва мавҷуд мебошанд, ки барои тайёр намудани мутахассисон аз рӯи ихтисосҳои математика, математикаи амалӣ, информатика, математика-физика мувофиқ аст.
Якчанд сол дар факултет дар ду равия – 1-31 03 03-02 «Математика» ва 1-02 05 05 «Информатика» таҳсили магистратураро ба роҳ монда шуда буд ва аз соли 2016 инҷониб магистратура фақат барои ихтисоси математика фаъолият дорад. Соли таҳсили 2017 – 2018 қабул ба доктор PhD оғоз ёфт.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд аввалин маротиба соли 2004 дар байни омӯзгорони фанҳои дақиқи Донишгоҳ, устодон – Қ. Тухлиев ва М. Муллоҷоновро бо Ҷоизаи ба номи Бобоҷон Ғафуров сарфароз гардонид.
Солҳои тулонӣ донишҷӯёни факултет дар озмуну олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ ҷойҳои намоёнро сазовор шуда истодаанд. Дар соле, ки аз тарафи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои муазамми миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Соли 2017 – соли Ҷавонон» эълон гардид, донишҷӯёни факултет ба якчанд дастовардҳо ноил гаштаанд. Аз ҷумла, соли таҳсили 2016 – 2017 донишҷӯи курси 4-ум Р.Баротов дар озмун барои гирифтани Ҷоми АУ ҶТ аз фанни математика иштирок намуда, сазовори ҷои якум ва соҳиби Ҷоми академия гардид, донишҷӯи курси 5-ум Б. Раҳмонов аз фанни технологияи информатсионӣ ҷои сеюмро сазовор гардид. Дар олимпиадаи донишҷӯёни мактабҳои олии ҷумҳурӣ Б. Раҳмонов аз фанни технологияи информатсионӣ сазовори ҷои якум, донишҷӯи курси 2 М. Мирзохӯҷаева аз фанни фалсафа сазовори ҷои сеюм гардида буданд. Дар ин соли таҳсил донишҷӯи курси чоруми ихтисоси математика Баротов Р. тариқи Онлайн дар олимпиадаи умумиросиягии донишҷӯёни мактабҳои олии ФР сазовори ҷои якум гардид. Ин донишҷӯён бо баробари сазовори Ифтихорномаи ВМ ва ИҶТ гардиданашон, инчунин аз тарафи Раёсати донишгоҳ бо маблағҳои пулӣ қадрдонӣ шуданд.
Ҳоло донишҷӯёни шуъбаи рӯзона аз рӯи ихтисосҳои: 1-31 03 03-02 – математика, 1-02 05 05 -информатика, 1-31 03 03-02- математикаи амалӣ, 1-02 05 03-01 – математика-физика ва донишҷӯёни шуъбаи ғоибона аз рӯи ихтисосҳои:
1-31 03 03-02 – математика, 1-31 03 03-02 -математикаи амалӣ ва 1-02 05 05 – информатика, магистрантон аз рӯи ихтисоси 1-31 03 03-02 -математика, доктор PhD аз рӯи равияҳои муодилаҳои дифференсиалӣ ва анализи математикӣ таҳсил намуда истодаанд.
Источник