Кори курси аз фанни барномасози

Кори курси аз фанни барномасози thumbnail

Мухаммадлоик кори Оятал курси

02:06
2.76 MB
3.5K

Muhammadloiq Qori Oyat Al Kursiy

01:57
2.57 MB
25.6K

Muhammadjon Qori Yasin Surasi Мухаммаджон кори ясин сураси

13:34
17.85 MB
314.5K

Мухаммадлоик кори акамиздан Арофат тогида Курьон тиловати

03:55
5.15 MB
1.9K

Muhammadloiq Qori Yasin Surasi Surah 36 Ajoyib Qiroat

18:40
24.57 MB
483.6K

Muhammadloiq Qori Kahf Surasi Мухаммадлоик кори Кахф сураси

42:32
55.98 MB
253.9K

МУҲАММАДЖОН ҚОРИНИНГ ТИЛОВАТЛАР ТЎПЛАМИ 25та сура жамланган Давоми бор

22:19
29.37 MB
76.2K

СУРА 23 АЛЬ МУМИНУН ВЕРУЮЩИЕ 1 17 Aяты ЧТЕЦ МУХАММАД ЛОИК КОРИ

03:51
5.07 MB
9.3K

Мухаммадлоик кори Кахф сурами Muhammadloiq Qori Kahf Surasi

48:02
63.22 MB
236

Мухаммадлоик кори Ясин

18:59
24.98 MB
2.7K

Мухаммад Лоик Кори Суры Аль Фатиха и Бакара 1 20 аяты

08:34
11.27 MB
6.3K

Muhammadjon Qori

05:21
7.04 MB
98.6K

МУХАММАДЛОИК КОРИ АМИНОВ КАҲФ СУРАСИ

29:58
39.44 MB
11.6K

Muhammadloiq Qori Muzzammil Surasi Мухаммадлоик кори Муззаммил сураси

06:33
8.62 MB
16.3K

Бакара сураси

02:07:09
167.34 MB
1.7M

MUHAMMADLOIQ AROFAT TOG IDA HAMMANI YIGʻLATI

05:01
6.60 MB
129.7K

Мухаммадлоик кори Кайдасиз Расулуллох

08:19
10.95 MB
5.3K

Ахзоб сураси Мухаммадлоик кори Ahzob Surasi MUHAMMADLOIQ Qori

03:16
4.30 MB
524

Muhammdloiq Qori Мухаммадлоик кори Makka Shahridan

02:40
3.51 MB
16.8K

Muhammadloiq Qori Aminov Fath Surasi Мухаммадлоик кори Аминов Фатх сураси

15:24
20.27 MB
593

Muhammadloiq Qori Mulk Surasi Мухаммадлоик кори Мулк сураси

09:07
12.00 MB
187

Мухаммадлоик кори Расулуллох сизни согиндим

04:01
5.29 MB
1.4K

Мухаммадлоик кори

02:48
3.68 MB
1.5K

Мухаммадлоик кори

03:47
4.98 MB
3.2K

ОЯТАЛ КУРСИ ШАЙТОН ВА ЖИНЛАРДАН ХИМОЯ КИЛУВЧИ СУРАЛАР

02:59
3.93 MB
413

Muhammadloiq Qori Fotiha Surasi Мухаммадлоик кори Фотиха сураси

01:18
1.71 MB
1.9K

МУХАММАДЛОИК КОРИ ИБРОХИМ СУРАСИ ЖУДА ГУЗАЛ ТИЛОВАТ КАЛБИНГИЗ ОРОМ ОЛАДИ ЕШИТИНГ

03:05
4.06 MB
474

Мухаммадлоик кори Muhammadloiq Qori Juda Chiroyli Qiroat жуда чиройли кироат

02:38
3.47 MB
4.4K

ОЯТАЛ КУРСИ имонатро мустахкам бигардон

05:53
7.74 MB
400

Мухаммад Лоик Кори Сура Ар Рахман Чтение Корана MUHAMMAD LOIQ QORI AR RAHMON SURASI

14:12
18.69 MB
1.1K

Мухаммадлоик кори Muhammdloiq Qori Zumar Surasi 71 75

03:05
4.06 MB
2.8K

Мухаммадлоик кори Тавба сураси 107 112 оятлар

04:37
6.08 MB
610

Muhammadloiq Qori Aminov Qof Surasi Мухаммадлоик кори Аминов Коф сураси

10:35
13.93 MB
291

Мухаммадлоик кори гузал кироат

02:08
2.81 MB
366

Мухаммадлоик кори Хумаза сураси Muhammadloiq Qori Humaza Surasi

01:18
1.71 MB
533

Мухаммадлоик кори Азон

02:33
3.36 MB
311

MUHAMMADLOIQ QORI FALAQ SURASI МУХАММАДЛОИК КОРИ ФАЛАК СУРАСИ

52
1.14 MB
878

MUHAMMADLOIQ QORI IHLOS SURASI МУХАММАДЛОИК КОРИ ИХЛОС СУРАСИ

31
696.29 KB
414

Ясин сураси 7 марта такрор укилган

01:38:07
129.13 MB
186.1K

Хар субх хондани Оятал курси Har Subh Hondani Oyatal Kursi

10:32
13.86 MB
1K

Muhammadloiq Qori Azon Мухаммадлоик Кори Азон

02:17
3.01 MB
119

Красивое чтение Корана Сура ЯСИН Мишари Рашид Аль Афаси

17:35
23.14 MB
3.6M

Мухаммад Лоик Кори Сура Кахф

26:57
35.47 MB
1.7K

СУРА АЛЬ КАХФ В ПЯТНИЦУ ПРОЩАЕТСЯ ГРЕХИ МЕЖДУ ДВУМЯ ПЯТНИЦАМИ АЛЛАХ ПРОЩАЕТ И ДАЕТ МИЛОСТЬ

39:47
52.36 MB
2.3M

Мухаммадлоик кори

59
1.29 MB
759

Мухаммадлоик кори

52
1.14 MB
1K

Muhammadloiq Qori Yosin Surasi Yodlash Uchun Муҳаммадлоиқ қори Йаасийн Ёсин сураси ёдлаш учун

19:18
25.40 MB
59.5K

MUHAMMADLOIQ QORI AN NAS SURASI МУХАММАДЛОИК КОРИ АН НАС СУРАСИ

49
1.07 MB
511

ат тийн сураси мухаммадлоик кори

55
1.21 MB
1K

Мухаммадлоик Кори Сура 7 Аль Араф Ограды аяты 26 27

01:51
2.43 MB
1.1K

Для вашего поискового запроса Мухаммадлоик Кори Оятал Курси мы нашли 50 песен, соответствующие вашему запросу.
Теперь мы рекомендуем загрузить первый результат Мухаммадлоик кори Оятал курси который загружен Solih Soliha Uz размером 2.76 MB, длительностью 2 мин и 6 сек и битрейтом 192 Kbps.

Обратите внимание:

Перед загрузкой вы можете послушать любую песню, наведите курсор и нажмите «Слушать» или «Скачать» для загрузки mp3-файла высокого качества. Первые результаты поиска – с YouTube, которые будут сначала преобразованы, после чего файлы можно загрузить, но результаты поиска из других источников могут быть сразу же загружены в MP3 без какого-либо преобразования.

Источник

Дар компютерҳои фардӣ яке аз масъалаҳои асосӣ сохтани барнома мебошад. Барои сохтани барномаи ҳалли ягон масъала бояд аввал алгоритми он тартиб дода шавад. Баъд дар асоси алгоритми тартибдодашуда бо истифода аз ягон забони барномаронӣ коди он сохта мешавад, ки барнома ва ё коди барнома номида мешавад.

Бо мафҳуми алгоритм одамон дар ҳар қадам дучор меоянд, аммо ба он эътибор намедиҳанд. Таърифи алгоритм чунин аст:

Давоми матн пас аз блоки реклама

Пайдарпаии амалҳои мақсадноке, ки иҷро карда шудани онҳо ба ҳалли масъала меоваранд, алгоритми ҳалли масъала номида мешавад.

Кори курси аз фанни барномасози

Яъне ҳар он коре, ки мо дар зиндагӣ мекунем, аз рӯи алгоритме иҷро карда мешавад. Масалан, пухтани хӯрок, сохтани ягон асбоб, сохтани хона аз рӯи нақша, пӯшидани фарши хона ва ғайраҳо.

Калимаи алгоритм аз талаффузи лотиникардашудаи номи математики бузурги қарни IX –Алхоразмӣ пайдо шудааст.

Ин мафҳум дар аввали пайдоишаш ҳамчун қоидаи иҷрои амалҳои арифметикӣ барои ададҳои бисёррақама фаҳмида мешуд.

Аз нуқтаи назари Алхоразмӣ миқдори қадамҳои алгоритм охирнок ва беохир мешаванд. Ҳоло барои ин ду ҳолат мисолҳо меорем. Масалан, барои гирифтани натиҷаи тақсими адади 77 ба 7 дар расми зер алгоритми охирнок пешниҳод шудааст. Дар расми дигар бошад, алгоритми беохири натиҷаҳои тақсими адади 10 ба 3 пешниҳод шудааст

Кори курси аз фанни барномасози

Алгоритм аз рӯи сохтор се хел мешавад: алгоритми хаттӣ, шоханок (шартӣ) ва даврӣ.

Читайте также:  Исокжон кори етим mp3

Хосиятҳои алгоритм.

1.Дискретӣ – тақсимкунии алгоритм ба марҳалаҳои (қадамҳои) алоҳидаи охирнок.

2.Аниқӣ – аз рӯи тартиби муайян ва мушаххас иҷро гаштани қадамҳо.

3.Детерминантӣ(муайянӣ) – фаҳмо ва қобили қабул будани ҳар як қадам барои иҷрочӣ.

4.Натиҷанокӣ – пас аз иҷрои ҳамаи қадамҳо ҳатман соҳиби натиҷаи зарурӣ шудан.

5.Оммавӣ – истифодаи алгоритм барои ҳалли синфи масъалаҳои навъи якхела.

Таъминоти барномавии компютер. Компютер бе истифодаи барнома ягон амалро иҷро карда наметавонад. Барномаҳо дар хотираи компютер ҷойгир карда мешаванд. Як барномаро бо барномаи дигар иваз намуда, компютерро барои ҳалли масъалаи тамоман дигар истифода бурдан мумкин аст.

Тарзи иҷрои компютерии барнома чунин аст. Аввал протсессор барномаро аз хотираи беруна (масалан, винчестер) ба хотираи фаврӣ ҷеғ мезанад. Пас аз он фармонҳои барномаро пай дар пай мехонад ва бо додаҳое, ки барои иҷрои ин фармонҳо лозиманд, амалҳои заруриро иҷро менамояд. Баъд натиҷаи ҳосилшударо аз хотираи фаврӣ ба хотираи беруна мефиристад.

Маҷмӯи барномаҳои дар хотираи компютер маҳфузбуда таъминоти барномавии компютерро ташкил медиҳад.

Таъминоти барномавии компютерҳои муосир ҳазорҳо барнома, аз қабили бозиҳои компютерӣ, барномаҳои коркарди матнҳо, ҷадвалҳои электронӣ, пойгоҳи додаҳо, барномаҳои хидматӣ ва ғайраро дар бар мегирад.

Барои ба воситаи компютер иҷро намудани алгоритмҳо забонҳои махсуси алгоритмӣ эҷод шудаанд. Онҳоро забонҳои барномарезӣ мегӯянд. Яке аз чунин забонҳо Фортран (Fortran: Formula Translator – тарҷумони формулаҳо) ном дошт, ки дар охири солҳои 50-уми асри ХХ пайдо шудааст. Забони дигаре, ки дар пешрафти илми информатика ва пайдоиши дигар забонҳои барномарезӣ таъсири калон расонидааст, Алгол-60 (Algol: Algorithmic Language – забони алгоритмӣ) ном дошт, ки вай солҳои 60-уми асри гузашта эҷод шудааст. Забонҳои дигари барномарезӣ Ассемблер, Ада, Бейсик, Кобол, PL/1, Паскал, Си, Visual Basic, JAVA, С++ ва ғайра мебошанд.

Калидвожаҳо: Алгоритм маълумоти точики, Тарзхои тасвири алгоритм, Хосиятхои алгоритм, реферат, кори курси, маводхои точики, забони барномасози, аввалин забони барномасози, Мафхуми алгоритм, алгоритм чист?, намудхои алгоритм, алгоритм чи тавр тасвир карда мешавад?

Дигар маводҳо пас аз блоки реклама

Источник

Муҳимтарин вазифаҳои соҳаи кишоварзӣ ин пеш аз ҳама аҳолиро ба маҳсулоти озуқа ва корхонаҳои саноати сабук ва хӯроквориро бо ашёи хом таъмин намудан аст.

Комплекси кишоварзию саноатӣ ҳамчун қисми асосии иқтисодиёти мамлакат аз 3/4 ҳиссаи даромади онро медиҳад. Ба ин соҳаҳои муҳим 15% фондҳои асосӣ, қариб 23%-и фондҳои асосии истеҳсолӣ ва 60%-и аҳолии бевосита дар иқтисодиёти кишвар машғулбуда рост меояд. Ҳоло хоҷагии кишоварзӣ қариб 48% ҳаҷми умумии маҳсулоти ҷумҳуриро истеҳсол мекунад.

Давоми матн пас аз блоки реклама

Кишоварзӣ пеш аз замони Ҳокимияти Шӯравӣ соҳаи асосӣ бошад ҳам, хусусияти истеъмолӣ дошт. Фақат дар Тоҷикистони Шимолӣ баъзе навъҳои маҳсулот (пахта, мева) фурӯхта мешуд.

географияи тоҷикистон, географияи точикистон, реферат, кори курси

Дар тӯли солҳои минбаъда, дар Тоҷикистон истеҳсолоти бузурги механиконидаи серсоҳаи кишоварзӣ ба роҳ монда шуд. Ҷиҳати хоси инкишофи кишоварзии ҷумҳурӣ суръатафзоӣ, муттамарказонӣ ва махсусгардонӣ дар асоси кооператсияи байнихоҷагӣ ва интегратсияи агросаноатӣ мебошад.

Моҳияти ин соҳа бо он муайян мешуд, ки дар замони Ҳокимияти Советӣ ба ҳиссаи Тоҷикистон ҳамагӣ 0,6 %-и масоҳат ва 1,4 %-и аҳолӣ рост меомад, вале 1,1%-и ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулоти хоҷагии қишлоқи онро медод. Вазни қиёсии Тоҷикистон дар истеҳсоли баъзе намудҳои маҳсулоти хоҷагии қишлоқ боз ҳам баландтар буд. Масалан, дар ҷумҳурӣ 11%-и пахта (аз он ҷумла 26,6%-и пахтаи маҳиннах), 1,5%-и сабзавот,  23%-и мева, 2,6%-и ангур, 3,6%-и равғани растанӣ, 1,7%-и консерваи меваю сабзавот ва қариб 60%-и равғани анҷибари мамлакат истеҳсол карда мешуд.

Табаддулоте, ки дар инкишоф ва таъсиси хоҷагии қишлоқ дар солҳои Ҳокимияти Советӣ омада буд, хело бузург аст. Чунончӣ дар ин муддат замини кишту кор 1,6 баробар, ҳосили пахта 29, истеҳсоли шир 4,5 ва истеҳсоли гӯшт то 2 баробар афзуда буд. Дар ин солҳои дар таркиби зироат низ дигаргуниҳои зиёд ба назар мерасад. Замини кишти пахта дар ин муддат аз 27 ҳазор гектар то 324 ҳазор гектар ва ё худ 12 маротиба афзуда буд.

Дар солҳои истиқлолият ба инкишофи комплекси кишоварзию саноати мамлакат диққати асосӣ дода мешавад.

Шароити табиию географии Тоҷикистон барои парвариши зироатҳои гармидӯст ва соле рӯёнидани 2-3 ҳосил мусоид аст. Вале масоҳати заминҳои кишоварзии Тоҷикистон 4,2 млн. га аст ва ҳамагӣ 20%-и он кишт карда мешавад (дар ИДМ — 40,7%). Дар аксари ноҳияҳои Тоҷикистон боришот кам аст, бинобар ин кишти зироат асосан обёрии сунъиро талаб мекунад.

Солҳои минбаъда дар сохтори киштзорҳои ҷумҳурӣ тағйироти ҷиддӣ ба вуҷуд омад. Агар то давраи Ҳокимияти Шӯравӣ 88,6 фоизи киштро ғалла ва 7,5%-ро зироатҳои техникӣ (пахта — 5,4%) ташкил диҳад, пас ҳоло ин рақамҳо мувофиқан 43,9% ва 36,1% (пахта 32,0%) мебошанд. Дар ин муддат ҳиссаи кишти картошка, сабзавоту зироати полезӣ ва растаниҳои равғандор кам шуд, вале хӯроки чорво аз 2,7% то 12,3% афзуд. Пешбинӣ шудааст, ки дар оянда чунин соҳаҳои кишоварзӣ аз қабили боғдорӣ, токдорӣ, сабзавоткорӣ ва ситруспарварӣ ривоҷ дода шаванд.

Дар тараққии кишоварзӣ ирригатсия ва мелиоратсияи замин низ аҳамияти калон дорад. Мафҳуми ирригатсия ҳамаи чизҳои мансуб ба обёриро дарбар мегирад (сохтмони каналҳо, обанборҳо, гидроузелҳо, истгоҳҳои насосӣ, заҳбурҳо, корезҳо). Мелиоратсия ғайр аз ирригатсия, инчунин аз тахту ҳамвор кардани замин, шӯршӯӣ, заҳгурезонӣ ва дигар амалиётҳо иборат аст.

Зироатҳои обёришаванда дар Тоҷикистон таърихи чандинасра доранд. Дар натиҷаи ҳафриёти бостонӣ каналҳои қадим — Ғӯлакандоз (ноҳияи Расулов), Булунғур ва Тӯқсанкорез (ноҳияи Панҷакент), Чузӣ, Говкуш ва Шоҳмансур (водии Ҳисор), Ҷӯйбор, Шаҳритус, Ҳошодӣ (водии Вахш) муайян карда шуданд, ки аз дараҷаи баланди обёрии сунъӣ шаҳодат медиҳанд.

Солҳои минбаъда дар ҷумҳурӣ зиёда аз даҳ ҳазор иншоотҳои гуногуни гидротехникӣ, бештар аз 30 ҳазор км канали магистралӣ ва 7 ҳазор км заҳбур сохта шуд. Заҳбурҳои болопӯшида низ зиёд гаштанд. Дар ҷумҳурӣ даҳҳо истгоҳҳои обкашӣ кор мекунанд. Сохтмони обанборҳои Мӯъминобод, Селбур, Каттасой, Қайроққум, Норак вазъи обёрии киштзорҳоро хеле беҳ гардонд. Алҳол дар Тоҷикистон масоҳати заминҳои обӣ 742 ҳазор га-ро ташкил медиҳад. Дар ҷумҳурӣ барои зиёд кардани заминҳои обӣ имконият ҳаст. Масоҳати заминҳои барои кишт мувофиқ 901,1 ҳаз. га-ро ташкил медиҳад (якҷоя бо адирҳо тақрибан 1 млн. га). Ба кор андохтани заминҳои нав бахусус дар водии Бешкент авҷ гирифтанд. Азхудкунии даштҳои Данғара, Ашт ва Қародум идома дорад.

Читайте также:  Сыпь после прививки корь краснуха фото

Инкишофи минбаъдаи мутамарказонӣ ва махсусгардонии истеҳсолоти кишоварзӣ, инчунин зиёд намудани иқтидори он нафақат барои афзоиши маҳсулот ва беҳтар шудани сифати он заминаи мусоид фароҳам меорад, балки тағйироти иҷимоии ҷиддии деҳот низ мегардад. Баробари тараққиёти соҳаҳои ККС дар деҳот роҳҳои нав, муассисаҳои маданӣ, корхонаҳои хизмати маишӣ ва ғайра сохта хоҳанд шуд.

Соҳаҳои асосии кишоварзии ҷумҳурӣ пахтакорӣ, боғу токдорӣ, сабзавоткорӣ, ситруспарварӣ ва парвариши растаниҳои субтропикӣ мебошанд.

Инкишофи кишоварзӣ ба масоҳати киштзорҳо вобаста аст. Имконияти зиёд кардани заминҳои кишт дар ҷумҳурӣ маҳдуд аст. Зиёда аз 82%-и киштзорҳои обӣ, боқимонда ҳама  лалмианд. Дар заминҳои обӣ:- пахта, юнучқа, сабзавот, зироати полезӣ, растаниҳои ситрусӣ, инчунин дарахтони мева мепарваранд. Дар заминҳои лалмӣ асосан растаниҳои ғалладона (гандум, ҷавдор) ва равғандор (кунҷит, зағир) мекоранд. Солҳои охир боғу токдории лалмӣ низ ривоҷ ёфтааст. Боғу токдории лалмӣ дар ҷумҳурӣ ояндаи фоидабахш дорад.

Дигар маводҳо пас аз блоки реклама

Источник

Педагогика маънии худро аз вожаи юнонии «пайдагогос» («пайда» — атфол, кӯдак ва «гогос» — роҳнамо, баранда) гирифта, якҷоя маънои «роҳнамои атфол» — ро ифода мекунад. Дар Юнони қадим ғуломонеро, ки аз дасти кӯдакони хуҷаинҳои худ дошта ба мактаб мебурданд ва он ғуломоне, ки ба кӯдакон савод, шиноварӣ, аспсаворӣ, шамшерзанӣ, гуштингирӣ ва ғайраҳоро меомӯзониданд, низ «пайдагогос» меномиданд.

Бо мурури замон калимаи «пайдагогос» ба маънои васеи умумибашарӣ баҳри ифода кардани санъати тарбия, таълим ва бозтоб додани қувваи инкишофи рӯҳӣ ва ҷисмонии насли наврас истилоҳи «педагогика» мафҳуми «роҳнамои ҳаётии атфол» — ро гирифтааст. Онҳоеро, ки ба кори тарбия ва таълим шуғл меварзанд, низ педагог меномидагӣ шуданд.

Давоми матн пас аз блоки реклама

Кори курси аз фанни барномасози

Лиҳозо зимни маҷмӯи таҷрибаҳои ғуншудаи ҳаёт ва ин­кишофи қувваҳои истеҳсолии ҷомеа вобаста ба талаботи ногузири зиндагӣ, назарияи донишҳои тарбия илми педагогика кор карда шуд. Аввалҳо ин соҳаи илм дар дохили илми фалсафа арзи вуҷуд кард. Сипас педагогика ҳамчун фанни алоҳида ва мустақил аз ибтидои қарни XVII аз фалсафа ҷудо шуд. Билохира педагогика ҳамчун фанни махсуси тарбия ва таълими кӯдакон шуҳрат ёфт.

Ин гуна фаҳмиши моҳияти педагогика то нимаи аввали асри XX арзи вуҷуд кард. Фақат дар даҳсолаҳои охир дар рушди ихтисоси педагогӣ нафақат кӯдакон, ҳамчунин калонсолон низ муҳтоҷ дониста шуданд. Зеро дар шароити кунунӣ имконияте нест, ки нисбати тарбияи солими одамон бетараф бошанд. Омӯзгор волидайнро баҳри тарбияи дурусти фарзандон, пизишк маризро аз рӯ ба ифоқаоварӣ, агроном деҳқонро сӯи анбори зархез — замин, қумандон сарбозро дар руҳияи ватандӯстӣ ва дифои марзи он ҳидоят мекунад. Ҳамаи ин тарзи тарбиякуниро мепарварад. Тарбияи шахсият — ҷавҳари инсонӣ, беҳбудии ҷомеа аст.

Аз ин лиҳоз фанни педагогика ба чунин таъриф молик шуд: педагогика чист? Педагогика илмест барои тарбияи инсон.

Чунин маънидод барои он мантиқан мусоидат мекунад, ки тарбияи инсон аз рӯи ба дунё омадани вай то дами вопасин идома меёбад. Мафҳуми «тарбия» ин ҷо ба маънои васеъ ис­тифода бурда мешавад: он ба худ омӯзиш, маълумот, инкишофро ҳам фаро мегирад.

Дар ҳар давру замон педагогҳо роҳи беҳтарини ёрирасонӣ ба одамро нисбати истифодабарии имконияти ба онҳо додаи табиат, ташаккул додани сифатҳои навро ҷустуҷӯ намуданд, ҳазорсолаҳо бо шикастхуриҳо донишҳои заруриро пай дар пай ғун карданд, санҷида шуданд ва системаи педагогӣ рад мекард, то он чизе, ки ҳаётан устувору муфидаш боқӣ бимонад. Ҳамин тавр, дониши илмии тарбия, ки барои одам зарур аст, инкишоф меёфт.

Ба андешаи Д. И. Менделеев ҳар назарияи илмӣ ду мақсади асосии охирин — пешбинӣ ва манфиат дорад.

Аз ин қоидаи умумӣ педагогика ҳам истисно нест. Вазифаи он — фаҳмидани қонунҳои тарбия, таълим, маълумоти одамон ва дар ҳамин асос нишон додани роҳи дурусти таҷрибаи педагогӣ ва тарзи ноилгардӣ ба мақсади гузошташудаи назария педагогҳоро мусаллаҳ мегардонад — амалкоронро бо донишҳои касбӣ нисбати хусусиятҳои раванди тар­бияи одамони гурӯҳи синну соли гуногун, маълумоти иҷтимоӣ, маҳорати пешгӯӣ кардан, тарҳрезӣ намудан ва дар амал татбиқ кардани раванди таълиму тарбия дар шароитҳои гуно­гун, арзёбӣ намудани таъсирбахшии онҳо мадад мерасонад. Технологияи нави таълим, маълумот (таҳсилот) ва тарбия, ҳамчунин таъсирбахшии методикаҳо дар лабораторияи педагогӣ тавлид мешаванд.

Ҳангоми муайян кардани тарбия ва илми он педагогика аз мавқеи дар ҷомеаи мушаххас ишғол кардааш назар кунем, он дар марҳалаҳои инкишофи муайяни таърихӣ сатҳи воқеии комёбиҳои ҷомеаро инъикос мекунад. Ба абадӣ будани проблемаи педагоги нигоҳ накарда, мавзӯи он аниқ аст: ин фаъолияти тарбиявӣ, ки тавассути муассисаҳои таълимӣ — тарбиявӣ ба вуҷуд оварда мешавад. Педагогика илми амалӣ ҳисоб меёбад, ки он саъю кӯшиши худро барои ҳалли самарабахши масъалаҳои ба миён омадаи мусбати ҷомеа нисбати тарбия, таълим, маълумот равон мекунад.

Манбаи инкишофи илми педагогика инҳо мебошанд: таҷрибаи амалии бисёрасраи тарбия, алоқамандӣ бо тарзи ҳаёт, анъанаҳо, урфу одатҳои одамон, педагогикаи халқӣ; фалсафа, ҷамъиятшиносӣ, асарҳои таълифёфтаи педагогӣ ва психологӣ; таҷрибаи ҷории тарбияи оламиён ва ватанӣ; маълумотҳои махсуси муташаккилона ташкилкардаи тадқиқотҳои педагогӣ; таҷрибаҳои педагогҳои навовар, ки ғояҳои оригиналӣ ва системаи тарбияи дар шароити ҳозира тез дигаргуншавиро пешниҳод мекунад.

Ин мавзӯъ ба мавзӯи зерин тааллуқ дорад:

Фан ва вазифаҳои педагогика

Санҷиши назоратӣ

  1. Педагогика чиро меомузад?
  2. Асосхои умумии педагогика. (Реферат, кори курси)
Читайте также:  На третий день после прививки корь краснуха паротит температура

Дигар маводҳо пас аз блоки реклама

Источник

Олами ҳайвонот ба ду зеролам: якҳуҷайраҳо ва бисёрҳуҷайраҳо тақсим мешавад. Ҳайвонҳое, ки ба якҳуҷайраҳо дохил мешаванд, хеле сода буда, баданашон аз як ҳуҷайра иборат аст ва онҳо 2 млрд. сол пеш пайдо шудаанд. Содатаринҳоро фақат тавассути микроскоп дидан мумкин аст. Аз ҳамин сабаб, онҳо то ихтирои микроскоп ба олимон маълум набуданд. Микроскоп соли 1675 аз тарафи олими ҳоландӣ Антони ван Левенгук ихтироъ шудааст (расми 25).

Содатаринҳо ҳайвонҳои ниҳоят хурд буда, омӯхтани онҳо аз давраи ихтирои микроскоп оғоз ёфт. Соли 1676 А. Левенгук дар як қатраи оби дар зери микроскоп гузошташуда организмҳои майдаи бисёреро мебинад, ки онҳо то ҳамон вақт ба одамон маълум набуданд, дар байни ин организмҳо содатаринҳо ҳам буданд.

Давоми матн пас аз блоки реклама

Мафҳуми    содатаринҳоро дар илм аввалин бор соли 1820 Голдфус ном олим ҷорӣ кард. Ӯ ба содатаринҳо баъзе ҳайвонҳои бисёрҳуҷайраи майдаро (коловратка) низ дохил намуд. Баъдтар соли 1845 олимон Кёлликеир ва Зиболд аз як ҳуҷайра иборат будани содатаринҳоро исбот карданд. Ҳуҷайраи содатаринҳо аз ситоплазма ва як ё якчанд ҳаста иборат аст. Содатаринҳо дар тамоми дунё васеъ паҳн шудаанд. Онҳо дар қабатҳои гуногуни обҳои шӯр (баҳрҳо, уқёнусҳо), обҳои ширини кӯлу дарёҳо сукунат доранд.

Дар айни замон дар кураи Замин зиёда аз 70 ҳазор намуди содатаринҳо маълум буда, аз ин зиёда аз 300 намудашон дар Тоҷикистон вомехӯранд. Дар обҳо ва ҷойҳои намӣ якчанд намуди саркодовҳо: амёбаи муқаррарӣ, амёбаи лимакс, амёбаи исҳоли хунин ва ғайраҳо вомехӯранд. Дар обҳои истодаи обанборҳо бошад, амёбаҳои ғилофдор зиндагӣ мекунанд, ки онҳо хӯроки муҳимми ҳайвонҳои обӣ мебошанд. Аз намояндагони қамчинакдорон эвгленаи сабз, эвгленаи спиралмонанд ва ғайраҳо вомехӯранд.

Шакли берунии ҳайвонҳои якҳуҷайра

Ҳайвонҳои якҳуҷайра аз рӯйи шакли беруниашон гуногунанд. Масалан, агар як қатра обро аз қабатҳои гуногуни ҳавзи обаш ширин гирифта, дар зери микроскоп бинем, дар он мавҷудоти якҳуҷайрагии амёбаи сустҳаракат, инфузорияи патакчаи тезҳаракат, инфузорияи бурсарияи даранда ва дигар ҳайвонҳои майдаро дидан мумкин аст (расми 26).

Кори курси аз фанни барномасозиРасми 26. Ҳайвонҳои якҳуҷайраи оби ширин

Дар қатраи оби зери обанбор, асосан, амёбаи муқаррариро дидан мумкин аст. Аз рӯйи шакли берунӣ амёба ба қатраи моеи шаффоф монанд аст. Ситоплазмаи он оҳиста-оҳиста ва мунтазам ҳаракат мекунад. Ҳамаи ҳайвонот, аз ҷумла якҳуҷайраҳо рӯйпӯши тана доранд. Рӯйпӯши тана вазифаи муҳофизатиро иҷро мекунад. Рӯйпӯши бадани амёба хеле тунук аст. Аз ҳамин сабаб, дар вақти ба ягон тараф майл кардани амёба ё ба ягон зарраи хӯрок бархӯрданаш дар он дӯнгиҳо ё пойҳои қалбакӣ ҳосил мешаванд (расми 27).

Кори курси аз фанни барномасозиРасми 27. Амёбаи муқаррарӣ дар вақти доштани хӯрок

Пойҳои қалбакӣ ё муваққатӣ, одатан чунин ҳосил мешаванд: ситоплазмаи ҳуҷайра ба ягон тараф ҳаракат карда, ба пардаи тунуки рӯйпӯши бадан фишор меорад ва ҳамон ҷойи тана, ба монанди барҷастагӣ ё дӯнгӣ ба берун мебарояд. Ин варамҳои ба монанди ҷӯйчаҳои борик паҳншудаи онҳо пойҳои қалбакӣ ё муваққатӣ мебошанд. Ҷойи ҳосилшавии пойҳои қалбакӣ дар бадани амёба доимо тағйир меёбад, бинобар ин шакли бадани амёбаҳо доимӣ нест. Шакли бадани дигар содатаринҳо доимӣ аст.

Масалан, инфузория ба патаки кафш монанд аст, бинобар ин номи халқии он инфузорияи патакча мебошад; инфузорияи бурсария хумшакл аст. Шакли бадани аксарияти содатаринҳо барои он доимӣ аст, ки бадани онҳо баръакси амёбаҳо бо пардаи зичи сахт ё гӯшмоҳӣ пӯшида шудааст. Дар баъзе намудҳои содатаринҳо таркиби гӯшмоҳӣ аз моддаи сахти шохин, дар дигар намудҳояшон бошад, аз оҳак иборат аст. Гӯшмоҳӣ барои содатаринҳо аҳамияти муҳофизавӣ дорад.

Як қисми ками содатаринҳо дар хокҳои нам, узвҳои рустанӣ, ҳайвонот ва одам ҳаёт ба сар мебаранд.

Ҳаракати содатаринҳо

Органеллаи ҳаракати содатаринҳо гуногунанд. Масалан, агар дар қатраи оби зери микроскоп мушоҳида кунем, мебинем, ки амёба тавассути пойҳои қалбакӣ, инфузорияи патакча тавассути мижгонҳои бисёраш, эвгленаи сабз тавассути як ё якчанд қамчинакҳо ҳаракат мекунанд. Эвгленаи сабз дар обҳои ширини ифлос зиндагӣ мекунад. Лямблия 4 қамчинак дошта, муфтхӯр аст. Вай дар рӯдаи борики одам, харгӯш, мушҳо сукунат дорад ва дар одам касалии лямблиозро ба вуҷуд меорад.

Вокуниш. Содатаринҳо ба монанди дигар организмҳои зинда, ба таъсироти омилҳои муҳити беруна (механикӣ, кимиёвӣ, гармӣ, рӯшноии барқӣ) ҷавоб мегардонанд. Вокуниш (реаксияи ҷавобӣ)-и содатаринҳо ба таъсироти муҳити зисташон, асосан, дар тағйир додани роҳи ҳаракаташон зоҳир мешавад. Масалан, агар ба як нимаи қатраи Расми 28. Зоҳиршавии вокуниш дар содатаринҳо Вокуниши амёба ба намаки таом Вокуниши инфузорияи патакча ба хӯрок Вокуниши амёба ба рӯшноӣ обе, ки амёба дорад, рӯшноӣ диҳем, вай фавран ба нимаи торик мегузарад. Ё агар ба ҳамин қатраи об намаки ошӣ илова кунем, пойҳои қалбакиашро кашида мегирад. Дар натиҷаи ин фосилаи наздикшавии бадани амёба ба ҷисми таъсиркунанда кам мешавад.

Инфузорияҳои патакча ҷамъшавии бактерияҳоро аз таъсири моддаи ҷудо мекардаашон ҳис намуда, дар он ҷо ҷамъ мешаванд, аммо аз таъсири намаки ошӣ мегурезанд. Содатаринҳо тавассути вокуниш худро аз шароити номусоид раҳо мекунанд. Тавассути вокуниш онҳо хӯрок ва намуди худро меёбанд, систа ҳосил мекунанд ва ғайра. Систа ҳосил кардан хусусияти мутобиқшавии содатаринҳо ба шароити номусоид ва воситаи паҳншавии онҳо мебошад.

Ҷамоаи биологӣ (Биосеноз). Алоқамандии олами ҳайвонот ва рустаниҳо

  1. Барои чи хайвоноти якхучайраро содатаринхо меноманд?
  2. Дар кадом мухити зист хайвонхои якхучайраро дидан мумкин аст?
  3. Хайвонхои якхучайра чи тавр харакат мекунанд?
  4. 4.Вокуниш чист ва он дар хаёти хайвонот чи ахамият дорад?

ЗЕРОЛАМИ ЯКХУЧАЙРАХО Ё СОДАТАРИНХО, Тавсифи умумии содатаринхо, Шакли берунии хайвонхои якхучайра, Хайвонхои якхучайраи оби ширин, Харакати содатаринхо, реферат, кори курси, Зоология бо забони точики.

Дигар маводҳо пас аз блоки реклама

Источник