Кори хамшираги дар тибби оилави
Кори хамшираги дар педиатрия
Муаллиф(ҳо):
Номаълум
Хонданд: 51
Аз назар гузарониданд: 2069
Категория: Биология
ISBN:
Сол: 2012
Ҳаҷм: 118 саҳифа
Навъ: Таълми
Нашриёт: Душанбе
Санаи дохилкунӣ: 25.04.2016 15:35:31
Китобро хонданд
Санаи хондани китоб | Насаб, ном, номи падар | Логин | Бақайдгирӣ да система |
---|---|---|---|
18.01.2017 17:06:51 | Содиков Фирузчон Ходихочаевич | фируз | 18.01.2017 17:04:51 |
19.02.2017 18:29:18 | Обидова Шохида Муродовна | Shohida199812@gmail.com | 19.02.2017 18:23:23 |
19.02.2017 19:18:12 | Обидова Саодат Абдумачидовна | Saodat197234 | 19.02.2017 19:16:02 |
04.03.2017 18:10:08 | Машарифов | Нозир | 04.03.2017 18:06:19 |
05.05.2017 11:16:46 | Сохиби Саидмурод | sohib | 03.11.2015 11:28:20 |
31.05.2017 09:31:51 | Shukurov S | sanat8080 | 02.02.2017 15:06:01 |
31.05.2017 10:24:52 | Займуддинов Ҳофиз Абдусатторович | zaimuddinov | 31.05.2017 10:21:52 |
02.06.2017 12:38:29 | Lutfullo Tagoev | lutfullo.tagoev@gmail.cim | 02.06.2017 12:36:42 |
05.08.2017 15:05:43 | Хочибоев Дилшод Мухаммадович | dilshod202 | 05.08.2017 15:04:53 |
21.09.2017 14:24:26 | ibod | bozor | 29.03.2017 17:44:13 |
30.09.2017 10:41:05 | саид шариф | 919991893 | 30.09.2017 10:35:53 |
18.10.2017 22:43:47 | Asrori Muhtor | Doktorxxx1991 | 18.10.2017 22:39:00 |
01.11.2017 22:25:55 | Шарипова нодира салимовна | Нодира | 23.10.2016 21:55:37 |
04.12.2017 11:54:21 | Ҷонузокова Қумринисо Эргашевна | 2017140313 | 04.12.2017 11:22:51 |
18.01.2018 22:04:27 | усмон Ятимов | Usmon 23 | 18.01.2018 21:59:44 |
22.02.2018 12:20:11 | Каюмов А | ддот | 17.11.2016 10:19:10 |
04.03.2018 22:03:33 | Davron | odinaev02061998@gmail.com | 04.03.2018 21:57:02 |
28.03.2018 22:26:56 | Суман | Suman96 | 28.03.2018 22:18:53 |
05.04.2018 13:39:11 | Хусенов Диловар | Диловар | 05.04.2018 13:37:57 |
08.05.2018 21:02:49 | Nata Makhmudova | nata_makhmudova | 08.05.2018 21:01:38 |
18.05.2018 08:49:55 | Абдулазиз Курбонов | Abdulaziz | 18.05.2018 08:49:05 |
23.05.2018 11:10:28 | Сатторова | Gulihon_17 | 23.05.2018 11:05:28 |
16.06.2018 16:18:04 | гуля назарова | гуля | 16.06.2018 16:15:08 |
17.06.2018 03:01:50 | Husen Usarzoda | husen.zokirov.94 | 17.06.2018 03:01:32 |
26.06.2018 19:21:08 | Саримсоков Чурабек Шарафович | 929766007 | 26.06.2018 18:54:48 |
11.09.2018 10:19:35 | Назаров Саъди Абдурахимович | nsadi | 04.09.2018 11:19:50 |
22.09.2018 10:37:18 | Cорбон Курбонов | sorbon_9199 | 22.09.2018 10:33:24 |
20.12.2018 18:52:11 | МАГГА | MAGGA1999 | 20.12.2018 18:47:27 |
17.02.2019 21:00:54 | Азимов Чамшед | 1995 | 16.05.2017 07:18:52 |
21.02.2019 09:44:30 | АЗИЗ | Aziz_97 | 12.12.2017 13:30:57 |
21.02.2019 20:23:50 | Qosimov Firuz | FQ | 21.02.2019 20:23:28 |
09.04.2019 19:17:31 | Мухиддинов Сорбон Амониллоевич | sorbon_mail | 09.04.2019 15:59:37 |
20.05.2019 12:05:23 | Hiro Esoiyon | zevaroi68 | 13.04.2019 17:01:39 |
11.09.2019 16:06:37 | Фаррух Тӯхтаев Фахриддинович | +992919592003 | 07.09.2019 07:37:13 |
13.09.2019 19:30:51 | Камолов Икромиддин Иномидинович | ikromiddin | 13.09.2019 19:27:57 |
15.09.2019 23:05:47 | Зарифов Сорбон Бурхонович | 771111783 | 15.09.2019 22:56:42 |
27.09.2019 10:46:03 | Азизов Абдулло Рустамович | Azizov_7600 | 27.09.2019 10:40:20 |
11.11.2019 16:52:11 | Маликов Рамазон Исмоилович | ramazonmalikov@gmail.com | 12.02.2019 22:27:14 |
06.12.2019 08:13:41 | ahadjon nematov | ahadjon.nematov | 04.12.2019 08:15:33 |
08.03.2020 14:27:55 | Олимов Илхом | ILHOM OLIMOV | 08.03.2020 14:27:26 |
09.04.2020 18:11:25 | OH | nizomjon-97 | 09.04.2020 18:11:01 |
25.09.2020 19:48:01 | Gulya Z | ramonqulova | 25.09.2020 19:43:56 |
28.09.2020 17:06:14 | аҳадҷон нематов | nematov-ahadjon | 08.02.2020 10:45:11 |
29.09.2020 16:16:50 | Валиев Файзуддин Махмадшарифович | 989050761 | 27.09.2020 09:51:49 |
01.11.2020 12:33:22 | Ҷобирова Мижгона Раҳимҷонова | jobirovamijgon@gmail.com | 17.09.2020 19:01:52 |
14.01.2021 08:18:53 | Ахунзода Фируз Зохири | Istar_rich | 14.01.2021 08:16:38 |
21.01.2021 17:50:14 | Muhiddinova Tursunoi | Tursunoi | 18.09.2020 05:54:41 |
26.01.2021 17:01:30 | Окилов кодиржон | Okilov_76@mail.ru | 25.01.2021 20:35:22 |
27.01.2021 08:56:26 | Авезов Абдукодир Султонович | doktor.a.a.c@mail.ru | 02.03.2017 08:10:57 |
27.01.2021 09:43:17 | Фирдавс Раупов | fedot2511 | 27.01.2021 09:42:43 |
04.02.2021 22:45:21 | Murodali | Gafurov2016 | 04.02.2021 22:23:28 |
Источник
Соли 2020-Соли кормандони хадамоти ҳамширагӣ ва момодоягӣ
Ҳамшираи тиб – пойи равони беморон, чашмони нобиноён, дастёри атфол, роҳнамои модарон, асои пирон, мададрасони оҷизон, забони ашхоси нотавоне, ки маҷоли сухан гуфтан надоранд, мебошад.
Вирҷиния Хиндерсон
Воқеан, кори ҳамширагӣ ҷанбаҳои ҷисмонӣ, ақлонӣ ва иҷтимоии ҳаётро то андозае, ки онҳо ба саломатӣ, пайдоиши беморӣ, корношоямӣ ва марг таъсир мерасонанд, дар бар мегирад. Чунин ёрӣ аз ҷониби ҳамшираҳои тиб ба шаҳрвандон дар муассисаҳои тандурустӣ пешниҳод карда мешавад. Рисолати ҳамшираи тиб ин аст, ки ба нафарони хоҳ бемор ва хоҳ солим дар ҳолатҳои зарурӣ кӯмак расонад. Дар баробари ин, ҳамшираи тиб кӯшиш менамояд, то ки бемор ҳарчӣ зудтар саломатиашро барқарор намуда, ба муҳити оилаи хеш солим баргардад. Доираи васеи вазифаҳои ба ӯҳдаи ҳамшираҳо вогузошта талаб мекунанд, ки онҳо омилҳои ба саломатӣ таъсиррасонанда, сабабҳои беморӣ, табобат ва тавонбахшии беморон ва муҳит, ки дар шароити он ёрии тиббӣ амалӣ мегардад, ба хуби дарк намоянд.
Бояд гуфт, ки кафедраи “Кори ҳамширагӣ”-и муассисаи мазкур дар соли таҳсили 2019 -2020 як қатор чорабиниҳоро ба нақша гирифтааст, ки ҳадаф ва мақсади онҳо баланд бардоштани савияи донишу малакаҳои амалии донишҷўён ва дар ин замина баланд бардоштани ташаккули шахсият ва ҷаҳонбинии онҳо, ташкил ва гузаронидани чорабиниҳое, ки барои беҳтар намудани сифати таълиму тарбияи мутахассисони миёнаи тиб (маҳфилҳои илмӣ, машғулиятҳои кушоду намунавӣ, конфронсу семинарҳо, ҳафтаҳои фаннӣ ва ғ.) мусоидат менамоянд, ғанӣ гардонидани раванди таълим бо натиҷаҳои тадқиқоти илмии навтарин, омодасозии дастурҳои методӣ ва адабиётҳои таълимӣ, корҳои тарбиявию ахлоқӣ ва идеологӣ-сиёсӣ дар байни донишҷўёну омўзгорон, корҳои табобатӣ ва баланд бардоштани тахассуснокии омўзгорони кафедра мебошад.
Дар кафедраи мазкур ҷараëни таълим мунтазам бо истифода аз навигариҳои муосири тиб ва услубҳои нави муосири таълим сурат мегирад. Услубҳои интерактивии таълим, ки дар кафедра мавриди истифодабарӣ қарор доранд, амалӣ гардонида мешаванд.
Кафедраи «Кори ҳамширагӣ» баҳри беҳтар намудани самаранокии таълим ва баланд бардоштани сатҳи дониши муҳассилин машғулиятҳои таълимӣ, коркард ва истифодабарии услубҳои муосири машғулиятгузарониро васеъ ба роҳ мондааст. Инчунин, баҳри аз наздик шинос шудан бо рафти иҷрои малакаҳои амалӣ бо иштироки донишҷӯён, омӯзгорон ва ҳамшираҳои коллеҷ дар шӯъбаҳо машғулиятҳои клиникӣ гузаронида мешаванд. Бахшида ба элон гаштани соли 2020 ҳамчун Соли кормандони хадамоти ҳамширагӣ ва момодоягӣ аз тарафи кафедраи “Кори ҳамширагӣ”-и Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ конфронси илмӣ – адабӣ дар мавзӯъи “Касби ман ифтихори ман ” бо иштироки собиқадорони соҳа гузаронида шуд, ки дар он як фазои озоду ошкоро байни меҳмонон ва донишҷӯён оид ва баррасии нозукиҳо ва бартариҳои касби ҳамширагӣ ба миён омад.
Маврид ба зикр аст, ки тайи солҳои соҳибистиқлолӣ дар натиҷаи амалӣ гардидани як қатор барномаҳои миллӣ дар самти ба танзим даровардани сатҳ ва дараҷаи касбии кормандони миёнаи тиббӣ, таъминоти муассисаҳои тандурустӣ бо таҷҳизоти муосир ва омода намудани мутахассисони ватанӣ ба низом дароварда шуд. Бояд гуфт, ки ҳадафи қабули барномаву стратегия ва дигар санадҳои дар соҳаи тандурустӣ қабулгардида ташвиқ ва тарғиби тарзи ҳаёти солим, таъмин намудани солимии аҳолӣ, пешгирӣ кардани бемориҳои гуногуни сироятӣ, баланд бардоштани сифати кӯмаки тиббиву санитарӣ, назорати бехатарии маводи доруворӣ ва тарбияи кадрҳои баландихтисоси соҳа мебошад. Дар воқеъ, агар шароити таълиму омодасозии мутахассисони миёнаи тибро дар кишвар нисбат ба солҳои аввали соҳибистиқлолӣ муқоиса намоем, пешравиҳо дар ин самт хеле назаррас мебошанд.
Сол аз сол илму техника дар ҷаҳони муосир хеле рушд намуда истодааст ва барои ҳамқадами замон будан ва ба талаботи байналмилалӣ мутобиқ сохтани дониш ва таҷрибаи мутахассисони соҳаи тандурустӣ аз имконоти мавҷуда самаранок истифода бояд кард. Пешрафти илму техника моро водор менамояд, ки ҳамқадами замон бошем, технологияи муосири ташхисию табобатиро аз худ намоем, меъëрҳои муосири соҳаи маорифро дар омодасозии мутахассисон ворид намуда, ҳамкориҳоро бо мамлакатҳои пешрафтаи хориҷӣ вусъат бахшем.
Маврид ба зикр аст, ки аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати пешрафт ва рушди “Кори ҳамширагӣ” дар мамлакат таваҷҷӯҳи махсус дода мешавад. Бо ин мақсад имрӯз дар ҷумҳурии азизамон Маркази ҷумҳуриявии “Ҳамширагӣ”, Ассотсиатсияи “Ҳамширагӣ ” ва Муассисаи давлатии шифохонаи парастории ҳамширагӣ дар шаҳри Душанбе фаъолият менамоянд, ки сарварии ин муассисаҳоро дастпарварони Муассисаи давлатии таълимии “Коллеҷи тибии ҷумҳуриявӣ” бар ӯҳда доранд.
Дар Муассисаи давлатии таълимии “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ” ба дониши муҳассилин, махсусан, барои азхуд намудани малакаҳои амалии ҷавобгӯ ба меъёрҳои байналмилалӣ таваҷҷӯҳи махсус зоҳир карда мешавад.
Роҳбарияти “Коллеҷи тибии ҷумҳуриявӣ” ва ҳайати кормандону омӯзгорони он бо шукргузорӣ аз сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон азм доранд, ки дар беҳтар намудани пояи моддӣ – техникии таълимгоҳ, баланд бардоштани сифати мутахассисони миёнаи тиббии ба талаботи муосир ҷавобгӯ саҳмгузор бошанд.
Мудири кафедраи “Кори ҳамширагӣ”-и
Муассисаи давлатии таълимии “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ”
Парвина Қурбонова
Источник
Саида Ҷобирова, нахустмуовини вазири тандурустии Тоҷикистон мегӯяд, то ҳол дар баъзе шаҳру навоҳии кишвар тибби оилавӣ танҳо бо ном вуҷуд дорад.
Ҳамдуллоҳ Сафаров, даҳ сол аст, ки табиби оилавӣ ё хонаводагӣ дар маҳаллаи Саноати Душанбе аст. Сиҳатии ҳудуди 1600 нафар сокинони ин маҳалла зери назорати уст. Ҷаноби Сафаров ҳам табиби кӯдакон ҳаст, ҳам табиби бузургсолон, маъсулияти ташхиси дақиқ кардани маризиҳои мухталиф ва расонидани кӯмаки аввалияи тиббӣ ба маризони гуногунро бар ӯҳда дорад.
Ҳарчанд Ҳамдуллоҳ Сафаров табиби кӯдакон аст, аммо пас аз хатми донишгоҳи тиббӣ шаш моҳ дар курси тахасуси тибби оилавӣ таҳсил карда, соҳиби дипломи табиби оилавӣ шудааст. Аммо оё имкон дорад дар тули шаш моҳ як нафар бар изофа ҳама бахшҳои тибро омӯзад ва ҳама маризиҳоро ташхис карда тавонад?
Ҳарчанд коршиносони бахши беҳдоштӣ мутмаин нестанд, ки дар тули шаш моҳ як табиб кулли бахшҳои тибро комил омӯзад, аммо мардум бовар доранд, ки табиби оилавӣ ҳама дониши тиббиро дорад:
Дар ин замина Ҳамдуллоҳ Сафаров, сокини Душанбе, табиби хонаводагӣ гуфт, «мушкилот ҳаст. Дар бархе ҳолатҳо бо маризиҳои нофаҳмо рӯ ба рӯ мешавам. Вале чун дар пойтахт ҳастем аз мутахассисон оҷилан тавсияҳо мегирам. Дар ҳолати зарурат маризро ба бемористон мефиристам. Минтақаи Саноат зери назорати маркази саломатии шаҳрии шумораи 11-и Душанбе аст. Бояд дар ин минтақа 4 духтури оилавӣ ва 8 нафар ҳамшираи тибби оилавӣ фаъол бошад. Вале бо сабаби набудани мутахасис дар ин минтақа ман ва 4 ҳамшираи тибби оилавӣ кор мекунем».
Ин ҳам дар ҳолест, ки Абдулҳафиз Азизов, сокини маҳаллаи Саноати Душанбе афзуд, «табиби оилавиамонро гоҳо даъват мекунем, гоҳо худаш хабар мегирад. Кадом вақти шабонарӯз, шаб ё рӯз бошад, духтурро даъват кунем, омодааст ва меояд ва маризро муоина мекунад. 80 дарсади сокинони маҳалла телефони духтури оилавиро доранд ва ҳар лаҳза ба хонае даъваташ мекунанд».
Табибони оилавӣ тобеъи муассисаҳои давлатии тиббӣ ҳастанд ва аз буҷаи давлат маоши моҳона мегиранд.
Ҳадафи аслии гузариш ба тибби оилавиро масъулини мақомоти маркази тибби оилавии Душанбе коҳиши хароҷоти мардум ҷиҳати ташхису табобат, боло бурдани сифати табобат ва назорати мунтазами сиҳатии сокинон мегӯянд. Кори табибони оилавӣ аз духтурони минтақавӣ ё «участковий врач»-ҳо бо он фарқ мекунад, як табиби оилавӣ кори табибони бахшҳои мухталифро анҷом медиҳанд.
Табиби оилавӣ маризиро ташхис мекунад, дар сурати зарурат ё навбатдорӣ ёрии таъҷилиро даъват мекунад ва ҷузъиёти маризиро ба онҳо гузориш медиҳад ва ё кӯмаки аввалия мерасонад. Дар ҳар сурат харҷи интиқоли маризӣ ба души наздикони нафари мариз ҳаст.
Дар Тоҷикистон ислоҳоти бахши тандурустӣ ва гузариш ба тибби хонаводагӣ сар аз соли 1998 оғоз шудааст. Бо гузашти 14 сол аз шурӯъи ин барнома ҳанӯз ҳам мушкили аслӣ дар ин бахш омода кардани мутахассиси тибби хонаводагӣ боқӣ мондааст. Феълан бар асоси барномаи тибби хонаводагӣ дар қаламрави Тоҷикистон панҷ ҳазор табиб ва корманди миёнаи тибб бозомӯзи шудаанд. Як табиби оилавӣ ба назорати сиҳатии 1500 нафар сокин, сарфи назар аз сатҳи зиндагӣ ва дороӣ масъул аст.
Аксари кулли мутахасисони бахши тибби оилавӣ бар асоси барномаҳои сармоягузории созмонҳои байналмилалӣ таълиму бозомузӣ шудаанд, ки инчунин барномаҳо дар ҳоли анҷомёбист.
Саида Ҷобирова, нахустмуовини вазири тандурустии Тоҷикистон мегӯяд, «то ҳол дар баъзе шаҳру навоҳии кишвар тибби оилавӣ танҳо бо ном вуҷуд дорад. Дар ин минтақаҳо раҳбарони муассисаҳои тиббӣ ба ин масъала аҳамияти хос намедиҳанд. Нақшаи омода кардани табибони оилавӣ на дар ҳама шаҳру навоҳӣ вуҷуд дорад. Аз буҷаи мақомоти маҳаллӣ бо ин ҳадаф сармояҳои ночиз ихтисос мешавад ё умуман ҷудо намешавад».
Мусаббӣ Абдулоева, раҳбари маркази таълими клиникии тибби хонаводагии вилояти Суғд бар ин назар аст, «Яке аз мушкилоти аслии табибони оилавӣ кам будани таҷҳизот барои фаъолият мебошад. Дигар мушкил поин будани маоши моҳонаи табибони оилавӣ аст. Дар зимн мушкили дигар пеш омадааст, ки ҷавоне, ки макотиби оливу миёнаи тиббиро хатм мекунанд, ба навоҳии дурдаст барои кор дар бахши тибби оилавӣ рафтан намехоҳанд».
Сар аз соли 2010 дар назди марказҳои вилоятии таълимию клиникии тибби хонаводагӣ 10 шӯъбаи ноҳиявии омодасозии мутахассисони ин бахши беҳдоштӣ фаъол шудааст. Дар маркази ҷумҳуриявии ва шӯъбаҳои он марказ 3 нафар табиби омӯзгор ва 21 омӯзгори корманди миёнаи тибб, дар вилояти Хатлон 14 табиби омӯзгор ва 9 омӯзгори корманди миёнаи тибб, дар вилояти Суғд мутаносибан 11 ва 9, дар Вилояти мухтори кӯҳистони Бадахшон 4 табиби омӯзгор ва 2 ҳамшираи тибби омӯзгор ба бозомӯзии табибони хонаводагӣ масъуланд.
Источник