Кори дипломи воситахои асоси
Ҳуҷҷатҳои асосии меъёрӣ
1. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи баҳисобгирии бухгалтерӣ» аз 14 майи соли 1999, №750.
2. Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳияи соли 2004.
3. Дастурамал оиди пешбурди бахдсобгирии муҳосибӣ дар муассисах,ои буҷетй (бо фармони Вазири молияи
Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 декабри соли 2000, №157тасдиқ карда шудааст).
4. Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳрири аз 3-юми майи соли 2002, №10.
5. Дастурамал оид ба тартиб додан ва пешниҳод кардани ҳисоботҳои солона ва давравии бухгалтерии корхонаҳои буҷавии Ҷумҳурии Тоҷикистон (фармони Вазири молияи Ҷумҳурии Точикистон аз 2 октябри соли 2006, №84).
6. Дастури методӣ оид ба барӯйхатгирии моликнят ва ӯхдадории молиявӣ (фармони Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22.05.1997).
7. Низомнома доир ба ҳисоби бухгалтерӣ «Сиёсати ҳисобдорӣ дар корхонаҳо» (фармони Вазири молияи Ҷумҳурии Точикистон аз 24.09.1999, №135).
8. Дастурамал дар бораи ҳисоб кардани хӯрдашавӣ. Низомнома доир ба ҳисоби бухгалтерии «Ҳисоби моли-кият ва ӯхдадориҳои корхона», ки бо асъори хориҷӣ ифода шудаанд (фармони Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 08.12.1999, №153).
9. Низомнома доир ба ҳисоби бухгалтерӣ «Баҳисобгирии фондҳои асосӣ» (фармони Вазири молияи ^^умҳурии Тоҷикистон аз 10.04 2001, №64).
Вазифаҳо, таснифот ва баҳодиҳии воситаҳои асосӣ
Ба воситаҳои асосӣ маҷмӯи ашёҳои модции арзишӣ, ки чун воситаи меҳнат ҳангоми истеҳсоли маҳсулот, иҷрои корҳо, расонидани хизмат ё ин ки барои идоракунии корхона зиёда аз 12 моҳ истифода карда мешаванд, дохил мебо-шанд.
Ба воситаҳои асосӣ дохил мешавад:
1. Иншоотхо, биноҳо
2. Мошинҳо, тачҳизотҳои корӣ ва қуввадиҳанда
3. Асбобу воситаҳои ченкунӣ ва танзимкунанда
4. Техникаи ҳисоббарор
5. Воситаҳои нақлиёт
6. Асбобу анчоми ташкилот
7. Дарахтони бисёрсола
8.Чорвои кори ва маҳсулдиҳанда
9. Роҳҳои дохилии хоҷагӣ ва дигар воситаҳои асосӣ
10. Қитъаи замин, ки моликияти корхона ва муассиса аст
11. Дигар воситаҳои асоси.
Илова бар ин ба воситаҳои асосӣ дохил мешаванд:
1. Маблағгузории асосӣ, ки барои беҳтар гардонидани ҳолати замин (обёри, хушконидани замин, ҳамвор кар-дани замин ва дигар корҳо) сарф карда шудааст.
2. Хароҷотҳо барои иҷора, биноҳо, ишпоотҳо, таҷҳизо7ҳо, дигар объектҳо, ки аз рӯйи хароҷотҳои ҳақиқӣ ба воситаҳои асосӣ дохил аст (агар дар шарт-номаи иҷора дигар чиз нишон до да нашуда бошад). Вазифаҳои асосии баҳисобгирии воситаҳои асосӣ аз
кнхо иборат аст:
• дуруст ҳуҷҷатноккунӣ ва саривақт инъикос намудани дохилшавии воситаҳои асосӣ дар феҳристҳои баҳисобгирӣ;
• эътимоднок муайян кардани натиҷаҳои фурӯш ва хориҷкунии воситаҳои асрсӣ;
• назорат аз рӯйи хдфз намудани воситаҳои асосӣ ва са-маранок истифодабарии онҳо.
Барои ташкили баҳисобгирии воситаҳои асосӣ, ки ба талаботи баланд и гузошта шуда ҷавобгӯй бошад. Заминаҳои муҳими зерин таснифоти воситаҳои асосӣ, муқаррар кардани принстҳои баҳодиҳӣ ба воситаҳои асосӣ, ҳисобгирии ягонаи онхо аҳамияти муҳим дорад. Воситаҳои асосӣ аз рӯйи аломатҳои зерин тасниф карда мешаванд: на-муд, мансубия! ва истифодабарӣ.
Аз рӯйи намуд воситаҳои асосии ташкилот ба чунин гурӯҳҳо тақсим мешаванд: биноҳои истиқоматӣ, биноҳои ғзйриистиқоматӣ, иншоот, мошину таҷҳизотҳо, воситаҳои нақлиёт, фонди кктобхона ва дигар воситаҳои асосӣ.
Дар баҳисобгирии воситаҳои асосӣ онҳо аз рӯйи арзи-ши аввала, барқароркунӣ ва бақиявӣ ба ҳисоб гирифта мешаванд.
Арзиши аввала – аз хароҷотҳои ҳақиқӣ барои сохтмон ё хариди воситаҳои асосӣ, хароҷотҳо оид ба кашондан (да-страс кардан); мувофиқ ба васл кардани воситаҳои сарфшуда иборат аст. Ба таркиби арзиши аввала объектҳои сохтмони
андоз аз арзиши иловашуда дохил мешавад. Арзшли аввала ба тарики зайл муайян карда мешавад:
а) аз рӯйи розигии тарафайн (шартномаи дутарафа);
б) аз рӯйи хароҷотҳои ҳақиқии истеҳсолӣ, сохтмон ё хариди восигаҳои асосӣ, хароҷоти бор кардану фаровардан, мувофиқкунонӣ ва васлкунӣ;
в) бо роҳи эксперт (дар вақти аз дигар ташкилот бе бозгашт гирифтани воситаҳои асосӣ).
Тағйирот дар арзиши аввалаи воситаҳои асосӣ танҳо дар ҳолати азнавсозӣ, васеъ кардан, пурра таҷҳизонидани мувофиқ ба амал омаданаш мумкин аст.
Арзиши барқароркунӣ – ин арзиши такрористеҳсол-кунш-! воситаҳои асосӣ дар вақти аз нав нарх мондан аст, ки он бо қарори Ҳукумат гузаронида мешавад. Арзиши аввала ё барқароркунӣ, ки аз рӯйи он воситаҳои асосӣ ба ҳисоб гирифта мешаванд, арзиши тавозунӣ номида мешавад.
Арзиши бақиявӣ – ҳамчун фарқи байни арзиши авзапа ва хӯрдашавии ҷамъшудаи воситаҳои асосӣ аст.
Ҳуҷҷатноккунии воситаҳои асосӣ
Ҳаракати воситаҳои асосӣ дар асоси ҳуҷҷатҳои зерин мувофиқи шакли намунавии ҳуҷҷатҳои ибтидоӣ, нишондоди мухтасар оид ба пур кардан ва истифода бурдани онх,о ба расмият дароварда мешавад.
Шакли №ВА – 1 – санади қабул ва супоридани воситаҳои асосӣ. Ин шакл барои ба расмият даровардани қабулу супоридани воситаҳои асосӣ истифода карда мешавад. Санад барои ҳар як объект тартиб дода шуда, ба бухгалтерия супорида мешавад. Бай барои бақайдгирк дар варақаи баҳисобгирии воситаҳои асосӣ асос мебошад.
Шакли №ВА – 2 бархат барои дар дохили ташкилот аз як ҷой ба чойи дигар гузаронидани воситаҳои асоси истифода бурда мешавад. Ин ҳуҷҷат дар ду нусха тартиб дода шуда, барои ба қайд гирифтан дар дафтари қайди умумӣ (инвентарӣ) асосӣ аст.
Шакли №ВА – 4 санад оид ба барҳамдиҳии воситаҳои асосӣ. Дар вақти ба расмият даровардани объектҳои ҷудогонаи воситаҳои асосӣ, ки бо сабаби пурра ё қисман барҳам додан хориҷ шудааст, ин санад истифода бурда меша-
вад. Дар санад хароҷотҳо барои барҳам додани воситаҳои асхюӣ ва арзиши масолеҳи қиматнок, ки дар натиҷаи барҳам-диҳии объект гирифта шудааст, инъикос карда мешавад.
Шакли №ВА – 6 дафтари қайди умумии баҳисобгирии воситаҳои асосӣ (барои бино ва иншоотҳо) мебошад.
Дафтари қайди умумӣ барои ҳар як объекти асоси шакли №ВА – 1 санади қабул ва супоридани воситаҳои асосй ва ҳуҷҷатҳои техникии ҳамин объект мебошад.
Хулоса, барои ҳуҷҷатикунонии ҳаракати воситаҳои асосӣ боз шаклҳои зерини ҳуҷҷатҳо истифода бурда меша-ванд:
Шакли №ВА – 7 дафтари қайди умумии бақисобгирии воситаҳои асосӣ (барои мошин, таҷҳизотҳо, асбобҳо инвентарҳои истеҳсолӣ-хоҷагӣ).
Шакли №ВА – 9 дафтари қайди умумии гурӯҳии воситаҳои асосӣ.
Шакли №ВА – 10 рӯйхати дафтархои қайди умумии баҳисобгирии воситаҳои асосӣ.
Шакли №ВА – 11 китоби қайди умумии баҳисобгирии воситаҳок асосӣ.
Шакли №ВА – 12 варақаҳои баҳисобгирии воситаҳои асосӣ.
Шакли №ВА -13 рӯйхати дафтарҳои қайди умз’мии воситаҳои асосӣ аз рӯи мавқеи ҷойгиршавӣ ва истифодаба-рии онҳо.
Баҳисобгирии аналитикии (ҷузъии) воситаҳои асосӣ
Баҳисобгирии аналитикии воситаҳои асосӣ дар дафтарҳои қайди умумии воситаҳои асосӣ ва дафтарҳои қайди умумии гурӯҳии воситаҳои асосӣ бурда мешавад.
Варақаи баҳисобгирии воситаҳои асосӣ барои ҳар як объекти баҳисобгирӣ кушода мешавад. Қайдҳо дар он дар асоси ҳуҷҷатҳои ибтидоии баҳисобгирӣ: санад оид ба қабул ва супоридани воситаҳои асосй ва дигар ҳуҷҷатҳо гузаронида мешавад.
Дар қисми сарлавҳаи варақа: номи ташкилот, номи пурраи объекти баҳисобгирӣ, ташкилот – тайёркунанда, мавқеи ҷойгиршавӣ, ному насаби шахси масъулиятнок,
рақами ҳисоби баҳисобгирии буҷетӣ, рақами дафтари қайди умумӣ нишон дода мешавад.
Дар қисми мундариҷаи варақа: рақами щиноснома, са-наи барориш ва ё тайёркунӣ (барои чорво, дарахтони бисёр-сола бояд санаи тавлидёбии онҳо нишон дода шавад); сана ва рақами санад; арзиши ибтидоӣ; маълумот оид ба хӯрдашавӣ; оид ба натиҷаҳои азнавбаҳодиҳӣ, дохилшавӣ, барҳамдиҳӣ, хориҷкунии объект инъикос карда мешавад.
Дафтарҳои қайди умумиигурӯҳиивоситаҳои асосӣ барои гурӯҳи объекгҳои воситаҳои асосӣ кушода мешавад ва барои баҳисобгирии фондҳои китобхона, дафтарҳои қайди умумии истеҳсолӣ ва хоҷагӣ нигаронида шудааст.
Дар қисми мундар1щаи варақа арз1Ш1и ибтидоии объектҳо; санаи тағйирёбии арзиш дар натиҷак азнавбаҳодиҳӣ; маълумот дар бораи дохилшавӣ ва хориҷкунӣ; бақия бо ифодаи пулӣ ва миқцорӣ; маълзтмот оид ба меъёр ва маблағи хдсобкунии хӯрдашавӣ инъикос карда мешавад.
Барои фондҳои китобхона як варақа кушода мешавад. Баҳисобгирӣ дар он танҳо бо ифодаи пул™ ҷамъи маблағ бурда мешавад.
Дафтарҳои қайди умумӣ дар рӯйхати дафтарҳои кайди умумӣ оид ба баҳисобгирии воситаҳои асосӣ ба қақд шрифта мешаванд. Дар он рақами варақа, ношӯй ва рақами дафтари қайди умумии объект, қайдҳо оқд ба хориҷкунии объект навишта мешавад.
Рӯйхати дафтарҳои қайди умуми1т активҳои гайримолиявӣ барои баҳисобгирии воситаҳои асосӣ (ба ғайр аз фондҳои китобхона), ҷавоҳирот ва молхои қиматбаҳо, активҳои ғайртстеҳсолӣ ва ғайримоддӣ дар чойи нигоҳдории онҳо истифода бурда мешавад. Рӯйхатро шахси аз ҷиҳати модцӣ масъул тар1иб медиҳад. Дар он ҳар як объект бо ншпондиҳии рақами дафтари қайди умумӣ ё худ рақаме, ки дар корхона дар вақти истеҳсоли мол гузоштааст, рақами дафтарҳои қайди умумӣ, номгӯйи объект қайд карда мешавад. Ҳангоми хориҷкунии объект сана ва рақами ҳуҷҷат, инчунин сабабҳои хориҷкунӣ нишон дода мешавад.
Замимаи гардишӣ оид ба акгивҳои ғайримолиявӣ барои ҷамъоварии маълумотҳо дар бораи микдор ва арзиши
воситаҳои асосй, активҳои ғайримоддӣ ва ғайриистеҳсолӣ, захираҳои моддӣ ва тафтиши дурустии қайдҳои дар ҳисобҳои аналитики баамаломада бо маълумотҳои ҳисобҳои воситаҳои асосӣ, активҳои ғайриистеҳсолӣ ва ғайримоддӣ, китоби асоск истифода бурда мешавад.
Ин замима ҳар семоҳа (оид ба захираҳои моддӣ ҳар моҳ) аз тарафи шахсони аз ҷиҳати моддӣ масъул бо нишондиҳии номгӯйи объект, рақами дафтари қайди умумии объект, воҳиди ченак, микдор ва маблағ дар аввали моҳ, гардишҳо аз рӯйи дебет ва кредит, микдор ва маблағ дар охири моҳ тартиб дода мешавад.
7 Загрузки
Источник
Расми 2. Ҷиттери давраи – Jee
Ҷиттери даврагӣ – JCC, ҳамчун фарқият оид ба вақти байни ду давраҳои ба ҳам наздик муайян карда мешавад расми 3.
Расми 3. Ҷиттери даврӣ – Jcc
Ҷиттери дарозмўҳлат – Jk (расми 4) Ба тарзи математикӣ чунин ифода мешавад:
Расми 4. k ҷиттери даврии – Jk
Методҳои ченкунии ҷиттерро дар боби минбаъдаи автореферат муфассалтар арзёбӣ мекунем.
Шарҳи таҳлилии методҳои мавҷуда ва воситаҳои ченаки ҷиттер дар телекомуникатсия
Тарзҳои гуногуни мушоҳида ва ченкунии таъсиррасонӣ ба асбоби ҷиттер мавҷуд аст, ки ҳар яке қобилияти муайян кардани
пайдоиши онро доранд. Тарзи аз ҳама осон ва фаҳмо, ин баҳогузории ҷиттер аз рўи диаграммаи чашмакӣ(3) мебошад. Намуди
диаграммаи чашмакӣ дар бораи сигнали ҷиттер маълумоти зиёд медиҳад (расми5), инчунин, дар бораи параметрҳои дигари он низ.
Масалан, бисёр фронтҳои алоҳида ва таназзулҳо дар бораи эҳтимолияти мавҷудияти ҷиттер маълумот медиҳанд. Барои диаграммаи
чашмакӣ сигнали нақди махсуси тестӣ зарур нест, агарчи зимни хоҳиш сигналҳои ченкунандаи генератори набзиро истифода бурдан
мумкин аст. Онро ҳангоми таҳқиқоти маълумотҳои тасодуфӣ ва дурўғи тасодуфӣ, ки барои ченкунии диапазонӣ босамар истифода
бурдан мумкин аст.
Расми 5. Диаграммаи чашмакӣ
Тарзи дигари баҳогузории ҷиттер истифодаи методи ҳисоби фосиладор (МДС) (4) аст.
Моҳияти МДС иборат аз он аст, ки амплитудаи ҷиттере, ки бояд чен карда шавад, ба набзи синхронӣ пур мешавад, басомад бояд то
ҳадди ақал баландтар аз сигнали ченшаванда бошад. Агар ин миқдори набзи синхрониро ба назар гирем, бузургии ҷиттерро бо осонӣ
муайян кардан мумкин аст.
Нақшаи сохтори ченкунаки пешниҳодгаштаи ҷиттер дар расми 8 тасвир шудааст. Дар нақша ду дастгоҳи тартиб додашудаи ФУ1 ва ФУ2,
дастгоҳи идоракунандаи УУ, ду селектори муваққатии ВС, генратори ҳисобкунандаи набзи ГСчИ ва таҳлилгари маълумотҳо АД бо
индикатсияи рақамӣ ЦИ тасвир шудааст. Дар даромади дастгоҳи сохташуда ду шиддати u1 ва и2 ворид мешавад, ки дар натиҷаи он
лағзиши фазавӣ ба вуҷуд меояд, онро чен кардан лозим аст. Вақте ки шиддати и1 ба воситаи 0 аз ҳолати манфӣ ба ҳолати мусбат
мегузарад, дар баромади дастгоҳи якуми сохташуда нахустин набзи ба дастгоҳи идоракунанда таъсир расонанда падид меояд ва он
селектори якуми муваққатиро мекушояд. Вакте ки шиддати и2 низ ҳамин тариқ ба воситаи 0 мегузарад, дар баромади дастгоҳи дуюми
сохташуда охирин набз пайдо мешавад, ки он ба воситаи дастгоҳи идоракунанда селектори якумро маҳкам мекунад. Ҳамин тариқ,
селектори якуми муваққатӣ дар ҷараёни фосилаи вақти баробар ба ченаки бузургии ҷиттер як бор дар давраи шиддати таҳқиқшудаистода
дар ҳолати боз қарор дорад. Ин фосила бо набзҳои ҳисобии аз генератори ГСчИ воридшаванда пур мешавад, ки баьдтар онҳо дар
давоми фосилаи муайяни вақт бо ёрии таҳлилгари маълумот ҳисоб шуда, киммати миёна мегиранд. Натиҷаи киммати миёнаи ҷиттер
дар таблои рақамӣ дода мешавад.
Расми 8. Нақшаи сохтории ченкунаки ҷиттер
Диаграммаи шарҳи кори шиддатҳо дар расми 9 нишон дода шудааст.
Расми 9. Диаграммаи шиддатҳо
Методи ҳисоби фосиладор ҳангоми ченкунии ҷиттери басомади ниҳоят баланд самарбахш нест. Ин вобаста аст ба душвории татбиқи ГСчИ.
Ҳадди ақал имконпазир аст, то низоми басомади ГСчИ аз басомади сигнали ченкунанда баландтар бошад.
Ва боз як методе, ки барои чен кардани ҷиттер истифода мешавад, ба истифодаи тағйирёбандаи вақти шиддат
асоснок гардонда шудааст. Нақшаи сохтори он дар расми 10 инъикос ёфтааст. Бояд зикр намуд, ки натиҷаи ченкунии он
ҷиттери миёна аст.
Расми 10. Нақшаи ченкунак
Дар кашиши заряднок сигнали такягоҳии Sref ва сигнали баромади D-триггер Vcmp бо калидҳои S1 ва S2 назорат карда мешаванд,
дар ҳамин вақт набз – ҷиттер дар баромади XOR, ва сигнал дар баромади ҷойивазшудаи D-тригер Vncmp бо калидҳои S3 ва S4 бо
навбат назорат карда мешаванд. Баромади кашишҳои зарядӣ ба даромади манфии дастгоҳи муқоисавии аналогӣ. Манбаи шиддати Vcent,
ки ба даромади мусбати ҳамон дастгоҳи муқоисавии аналогӣ пайваст аст, шиддати марказии гистеризро медиҳад. Бузургии ченаки
манбаи шиддат Vbase ба сатҳи минималии шиддати ин дастгоҳи муқоисавӣ мувофиқ аст.
Ҳамин тариқ ҷараёни ченкунии раванди заряднокӣ ва безарядӣ маҳз дар ҳамин нуқтаи шиддат оғоз ва анҷом меёбад. Вақте ки раванди
ченкунӣ оғоз меёбад, дар ҳолати ибтидоӣ VIIN камтар аз Vcent аст, ва мувофиқ дар баромадҳои дастгоҳи мазкур VCP ва
D-триггер «1»-и мантиқӣ насб мешавад. Бинобар ин сигнал дар баромади D-триггер калиди S2-ро васл мегардонад. Инчунин дар
нимдавраи аввали мусбат сигнали такягоҳи Sref калиди S1–ро васл мегардонад. Ва он гоҳ раванди заряднокии кондесатори ҷараён
Ic шурўъ мешавад.
Ҳамин ки шиддат дар даромади манфии компаратор шиддати ҳадди максималӣ VIH=2Vcent+Vbase, – ро ноил мегардад, VCP ба 0-и мантиқӣ
табдил меёбад.
Ҳини воридоти навбатии фронти пеши Sref , сигнали баромади D триггер ба “1”-и мантиқӣ насб мешавад ва баромади инверсионӣ
ба “0”. Ҳамин тариқ S2 гусехта, ва раванди заряднокии конденсатор қать мегардад.
Бузургии манбаи ҷараён Ic ва ғунҷоиши конденсатор С-ро, зарур аст ба ҳамин тарз интихоб намоем, то ин ки раванди заряднокшавӣ
баробари як давраи Sref давом кунад. Баъди он ки чун Vncmp ба “1” -и мантиқӣ баробар мешавад, раванди безарядгардии
конденсатор оғоз меёбад ва ҳамзамон дар ҷараёни ин раванд, теъдоди ҳисобшавии набзҳо Sref фаъол мегарданд. Вакте ки дар
баромади детектори фазаи басомадӣ набз –ҷиттер падид меояд, калиди S3 васл мешавад ва ҷараён Id ба безарядгардонии
конденсатор С шурўъ мекунад ва он гоҳ шиддат дар баромади компаратори аналоговӣ то VIL паст мешавад, баъди он Vncmp ба “1”- и
мантиқӣ табдил меёбад ва калиди S4 гусехта мегардад, яъне раванди безарядгардонӣ хотима меёбад. Дар ин вақт миқдори набзҳои Nc,
ки бо воситаи ҳисобкунаки бинарӣ муайян шудааст, ба берун бароварда мешавад. Сипас маълумоти ҳосилшударо кор карда, бузургии
ҷиттери дарозмўҳлати сигнали баромади ГУН-ро муайян кардан мумкин аст. Дар расми 11 диаграммаҳои муваққатии кори ченкунак
оварда шудааст.
Расми 11. Диаграммаҳои муваққатӣ
Кори математикии ченкунакро бо ҳамин тарз муайян кардан мумкин аст. Ҳини пуррасозии коэффитсент, сигнали Sref баробар ба 50%,
давомнокии давраи мусбат Tref/2 -ро ташкил медиҳад. Дар раванди заряднокӣ, дар нимдавраи аввал, шиддат дар конденсатор бо
формулаи зерин муайян карда мешавад:
Дар раванди безарядгардӣ
Азбаски дар раванди ченкунӣ ин ду шиддати дар боло зикршуда ба ҳамдигар баробаранд, бинобар ин аз баробарии онҳо ҳосил мекунем:
Аз ин ҷо
Бо ҳамин тарз, қимати миёнаи амплитуда чунин аст
Яке аз бартариҳои ин метод он аст, ки заряднокшавӣ ва безарядгардонии ҳамон як конденсатор , мо аз истифодаи ногузири
конденсатори фавқулдақиқ раҳо ёфтем, ки тамоман татбиқнашаванда аст. Ҳамчунин ин гуна муносибат самарбахш мебошад, азбаски
вай аз раванди хастакунандаи мувофиқгардонии конденсатор сарфи назар мекунад. Ғайр аз ин, метод ба синронизатсия эҳтиёҷ
надорад. Бо вуҷуди ин метод баъзе камбудиҳо дорад:
• Ихроҷ ҳангоми насби ҷараёнҳои Ic ва Id
• Ихроҷ дар конденсатор, ки вобаста ба худбезарядгардии конденсатор аст
• Таъхири даровардани детектори фазавӣ- басомадии ФАПЧ
• Душвор будани интихоби ҳисобкунак
Дар боби минбаьда мо баҳодиҳии сифати параметрҳои ҳар як методро мебинем. Инчунин имкони мукаммалсозии методҳоро.
Баҳодиҳии параметрҳои сифати методҳо. Такмилдиҳии методҳо
1. Методи ҳисоби фосилавӣ
Ченкнии хатогӣ бо формулаи зерин ифода мегардад:
Барои b≥1/2 мантиқан навиштан мумкин аст
Тавре маълум аст, аз (12) ва (13) ченкунии дақиқ ба басомади ГСчИ вобаста аст, яъне ҳар қадаре ки ин басомад зиёд аст, ҳисоб
ҳамон қадар дақиқтар мегардад.
Ҳангоми ҳисоби ҷиттери сигналҳои СВЧ ин метод бефоида аст. Ин ба мушкилии татбиқи баландбасомади ГСчИ вобаста аст. Ин
мушкилотро бо роҳи истифодаи тақсимкунандаҳои басомад дар даромади ченкунак ва ё дар баромади манбаъ, ки дар ҷиттер ҳисоб
карда мешавад, ҳал кардан имконпазир аст. Масалан барои ҳисоби сигналҳои баромади ҷиттер ФАПЧ, дар (6) тарҳи системаи ФАПЧ
нишон дода шудааст, ки дар баромадаш тақсимкунакҳои махсус дорад, ки сигнали ҳисобро аз басомади баланд ба басомади паст
мегузаронад (расми 13), бо мақсади содагардонии нақшаи ҷиттер.
Расми 13. Тарҳи ФАПЧ бо тақсимкунакҳояш дар баромад
2. Методи табдили фосилаи вақт ба шиддат дар қиёс аз методи ҳисоби фосилавӣ барои ҳисоби ҷиттери сигналҳои баландбасомад
самарбахштар аст.
Дар боби гузашта камбудиҳои асосии ин метод зикр шуда буд. Таъсири ин камбудиҳоро дар хатогиҳои ҳисоб баррасӣ менамоем.
1. Хатогиҳои ҳисоби вобаста ба ихроҷ ҳангоми насби ҷараёнҳои Ic ва Id
Тавре маълум мешавад, аз (10) ҳама гуна ихроҷ дар вақти насби ҷараёнҳои Ic и Id ба хатогии ҳисоби ҷиттер таъсир
мерасонад. Агар ҷараёни Ic и Id аз ибтидо бо хатогиҳо ∆Ic и ∆Id насб шуда бошад, он гоҳ |∆I|
Он вақт хатогии мутлақ ба воситаи формулаи зерин муайян карда мешавад:
Зикр мекунем, ки хатогиҳо ҳангоми ҳисоб аз қимати мутлақи ҷараёнҳои Ic и Id
вобаста набуда, балки ба муносибати ҷараёнҳои Ic/Id вобаста аст, ки бартарии методи ҳисоби мазкурро ифода мекунад.
2. Хатогии ҳисоби вобаста ба камбудии детектори фазавии басомад ФАПЧ.
Камбудии детектори фазавӣ, ин мавҷудияти минтақаи мурда (dead zone) дар он аст, яъне ин иштибоҳи фазавист, ки онро детектори
фазавӣ муайян карда наметавонад. Айни замон минтақаи мурдаи детекторҳои фазавии босифат 15 пс(7)-ро ташкил медиҳад. Ҳамин тавр
ҷиттере, ки амплитудааш аз 15 пс хурд аст, ҳисоб кардани он бо ин тарз ғайриимкон аст.
3. Хатогиҳои ҳисоби вобаста ба ихроҷ дар конденсатор.
Дар асл конденсатор қобилияти доштани шиддатро дар ҷараёни вақт надорад. Ба андозае дар он зарядҳои ҷамъшуда коҳиш меёбанд.
Яъне раванди безарядгардӣ мушоҳида мешавад. Худзаряднокии конденсатор тибқи қонуни зерин муайян мегардад.
Он вақт мутобиқи (7) дараҷаи конденсатор шакли зеринро мегирад:
Азбаски амплитудаи ҷиттер аз давраи сигнали такягоҳӣ Tref, хеле хурд аст, гуфтан мумкин аст, ки Tzi – Tz(i-1) = Tref/2.
Акнун муодилаи (8)-ро нисбати (19) ҳал карда, ҳисобҳои иловагиро оварда, дар охир қимати зеринро ҳосил мекунем:
ки
Он гоҳ хатогии мутлақ аз рўи формулаи (15) баробар аст:
Тавре ки аз формулаи охир маълум мешавад, ҳар қадаре ки сифати конденсатор баланд бошад, ҳамон қадар хатогии ҳисобҳо кам мешавад.
4. Хатогии ҳисобҳои вобаста ба дараҷанокии ҳисобкунакҳо
Муносибати Id/Ic -ро афзуда, Nc- ро кам кардан мумкин аст, ки аз як ҷиҳат ба камшавии муддати ченкунӣ ва аз тарафи дигар ба
бартарафсозии бадшавии қобилияти дастгоҳ оварда мерасонад,. Бинобар ин интихоби он гуна муносибати ҷараён зарур аст, ки
хатогиҳо кам бошад.
Бигузор бузургии муносибати ҷараёнҳо Id/Ic k1 баробар зиёд гирифта шавад, он гоҳ Nc, ба nc1 воҳид хурд мешавад.
Он гоҳ ифодаи зерин ҳосил мешавад:
ва мувофиқан вақте, ки Id/Ic- k2 баробар хурд аст ва Nc+nc2 баробар калон :
Барои ҳар як ҳолат хатогии мутлақро меёбем, ки он баробар аст:
ва
Хулоса
Дар рафти иҷрои кор якчанд методҳои асосии ченкунии ҷиттер баррасӣ гардид бо нишон додани бартарӣ ва камбудиҳои ҳар яке аз ин
методҳо. Инчунин тавсияҳо оид ба мукаммалсозии методҳо дода шуданд.
Кори оянда таҳлили аналитикии хатогиҳои ченкунии методҳоро пешниҳод менамояд. Инчунин иҷрои тарҳрезии воситаҳои ченакҳои
рақамӣ, методҳои татбиқшаванда мутобиқи коркарди сохтор ва коркарди тавсияҳо оид ба офаридани ҷиттери ченкунӣ , метод ва
методикаи ченкунӣ.
Адабиёт
1. Бакланов И.Г. Технологии измерений в современной телекоммуникации. – м.: Эко-Трендз, 1998. – 264 с.
2. Mike Peng Li. Jitter, Noise, and Signal Integrity at Hight Speed. – Prentice Hall – 2008. – 368 pg.
3. Либацкая О. Н. Исследование взаимосвязей в кабельных линиях как причин
возникновения джиттера в цифровых системах передачи. – Автореферат магистра ДонНТУ.
https://masters.donntu.ru/2005/kita/libatskaya/diss/index.htm
4. Горшков А. П. Апаратура для частотных и временных измерений. – М: Советское радио -1971. – 336 с.
5. Tian Xia, Jien-Chung Lo. Time-to-voltage converter for on-chip jitter measurement. – IEEE Transactions on instrumentation and measurement – 2001. – 11 pg.
6. Tsan-Huei Wu. Low-cost jitter measurement technique for phase-locked loop – Thesis for master science, 2004, 90 pg.
7. Dean Banerjee. PLL Perfomanse, Simulation, and Design, Fourth Edition, 2006. – 339 pg.
8. Wolfgang Maichen. Digital Timing Measurement. – Netherlands: Springer, 2006. – 250 pg.
9. John A. McNeill, David Ricketts. The Designer Guide to Jitter in Ring Oscillators. – USA: Springer, 2009. – 292 pg.
10. Mhd Zaher Al Sabbagh, B.S. 0.18μm phase / frequency detector and charge pump design for digital video broadcasting for handheld’s phase-locked-loop systems . – Thesis – 2007, 44 pg.
https://etd.ohiolink.edu/send-pdf.cgi/Al%20Sabbagh%20Mhd%20Zaher.pdf?osu1196281141
Источник