Кори дипломи аз фанни таърих

Кори дипломи аз фанни таърих thumbnail


Мундарижа

Сарсухан
Боби I. Аз таърихи ташкилёбии Империяи дуюм дар Франсия (1852-1870)
1.1. Фаъолияти Наполеони III дар бобати ташкил намудани Империяи дуюм
1.2. Ьаёти ичтимои-иытисоди ва болоравии ьаракати корц
Боби II. Сиёсати хорижии Наполеони III ва шикасти империяи дуюм
2.1. Самтьои асосии сиёсати хорижии Франсия дар сольои 50-60 асри XIX
2.2. Жанги Франсия ва Пруссия. Шикаст хурданиИмперияи Наполеони III.
Хулоса
Р=ихати адабиётьои истифодашуда

Сарсухан
Таърихи нав-давраи щалабаи сохти капиталистц аз болои феодализм, барыароршавц ва мустаькамшавии он, таърихи тезутундшавии жамъияти капиталистц болоравии ьаракати коргари мебошад. Дар ин давра дар таърихи мамлакатьои жаьон воыеъаьтои муьим аьмияти калон дошта ба амал омаданд, ки барои халыьои тамомимамлакатьо тащиротьои гуногунро дар ьаёти жамъиятц-сиёсц, иытисодц-ижтимоц ва фарьангц ба амал оварданд.
Яке аз чунин воыеаьои бузург барыароршавии Империяи дуюм дар Франсия мебошад. Империя аз давраи ба сари ьокимият омадани Нопаляони VI барыарор шуда то мащлубшавии Франсия дар жанги зидди Пруссия дар соли 1870, ки дар натижаи он иныилоби сентябри ощоз гардида, дар мамлакат жумьурии сеюм барпо гардид,мавжуд буд.
Мавз=е ки имр=з мавриди татыиыи мо ыарор гирифтааст, бе таърихи Империяи дуюм дар Франсия бахшида шудааст. Ин яке аз мавз=ъьои муьими Франсия давраи нав мебошад. Аьамияти мавз=ъ дар он зоьир мегарддад, ки тавассути татыиыи он паьлуьои гуногуни таърихи Франсия дар тамоми тули мавжудияти Империяи дуюм аз соли 1852 то соли 1870 аён мешаванд, ва татыиы мегарданд. Ин давраи ьукмронии щояьоибонапартизм дар мамлакат мебошад. Бонапартизм яке намуди идоракуни буд, ки такягоьи куьна, куьна птриархали одди ва васеи худ монархияро аз даст дода буд. ягон хел маьдудият надошт. Бонапартизм ё худ яккаьукмронии Нопаляони III ин гуна монархия ба он фары мекард, ки вай барои аз по наафтодан ба роььои гуногун сар меандохт: бо бозиьои мухталифи сиёсц медаромад, ба ивази пул шахсони лозимиро батарафи худ мекашид, бо табаыаьои вайрони жамъият-дуздону щоратгарон, фиребгарон тажовузкорон муносибати хуб мекард, ки маысад аз он дар нуги тещ доштани жамъият буд. Нишон додани ин жиьатьои ьокимияти Нопаляони I хело муьим мебошад. Зеро он пардаро аз р=и ьаыиыати таърих кашида, самои аслии бонапартчиёнро барои насли сабаы мегиранд, нишон медиьад.
Имр=з ваыти он расидааст,ки ба гузашта объективона назарандозем барои насли имр=зу фардо ьаыиыати таърихиро но вобаста аз он ки дар навишти мавз=и маскур дар асоси сарчашмаьои таърихи ва адабиёти илмии жойдошта ва барои мо дастрас чунин маысадьо пеш гузошта шуданд:
1) Наполеони III ва режими барпонамудаи =ро нишон додан ва объективона баьо дадан
2) Тавсифи роььои асосии тараыыиёти иытисодии Франсия дар сольои 50-60 асриXIX
3) Нишон додани марказикунонииистеьсолоти саноати ва болоравии сармоядорц дар давраи дар давраи ьукмронии Наполеони III
4) Дар бораи болоравии ьаракати коргарии давраи империяи дуюм маълумот додан
5) Баьо додан ба сиёсати хорижии Наполеони III дар сольои 60 асри XIX
6) Нишон додани сабабьои жанги Франсия бо Пруссия ва дар заминаи он шикаст хурдани Империяи дуюм дар Франсия
Барои навиштани мавз=ъи мазкур аз маводи сарчашмаьо ваадабиёти фаровони илмц истифода карда шуданд. бояд гуфт, ки сарчашмаьои асосии таърихи империяи дуюми Франсия ёддоштьои арбобони сиёсии он давр А.Рошфор ва Ф.Орсими мебошанд. Дар ин дафтари хотирот ьамаи паьлуьои воыеоти сиёсиву жамъиятии дар давраи ьукмронии Наполеони III р=хдода ба таври васеъ нишон дода шудаанд. Зери муаллифи номбурда дар ташаккули воыеъаьои сиёсц давраи империяи дуюм саьмгирифта буданд. Ба таърнихи империяи дуюм «А.Тома», «Вторая Империя (1852-1870)», бахшида шудааст, ки тамоми самтьои асосии тараыыиёти иытисодиву сиёс ва иытисодии давраи маскурро фаро мегирад. Дар бораи таърихи ьаракакти коргарц дар сольои 1852-1902 таърихи ьизби Республикави асарьои Ж.Вел бахшида шудааст. Оид ба фаъолияти арбобони сиёсц сольои 50 уми асри XIX асарьои…

Источник

Шакли аввалин ва ибтидоии дин ва диндории ҷомеаи инсонӣ аз эътиқод ва парастиш сар зада бошад ҳам, дар доираи вақт дарваҳои гуногунро дарбар мегирад. Чунки раванди таърихии сукунатгардии сайёраи замин якхела ва дар як сатҳу бо як натиҷа набудааст. Аз ҷумла, масъалаи пайдоиш, паҳнгардӣ, таҳаввулот ва таълимотҳои динӣ ҳам чунинанд. Яъне баъзе митақаҳои ҷаҳон дар замонҳои хеле қадим агар митақаи сукунати одамон қарор гирифта бошад ҳам, вале суръати пайравии тафаккури аҳолии онҳо нисбати минтақаҳое, ки сукунатгардии онҳо хеле дер будааст, қафомондаанд. Асосан ин ҳолатро дар зинаи авали ташаккулёбии тафакукури динӣ дида мешавад. Имрӯз илм марказҳои тамаддуни ҷаҳонро вобаста ба масъалаи баҳс – ибтидои тафаккури динии инсоният ҳам ҳудудбандию даврабандӣ кардаанд.

Марказҳои тамаддуни динҳои қадима, миллӣ-давлатӣ ва ҷаҳонӣ-имрӯз Миср, Бобул, Ҳиндустон, Хитой, Эрони бостон, Юнон, Рим(Италия), ниҷазираи Арабистону Шарқи Наздик (Фаластин, Изроил, Сурия, Лубнон) эътироф гардидаанд. Сабаби эътирофи ин минтақаҳои тамаддуни динӣ ин пеш аз ҳама аз нуқтаи назари бостоншиносӣ, мардумшиносӣ, забоншиносӣ таърихшиносӣ, фалсафа хубтар омӯхта шудани ин минтақаҳо ва боқӣ мондани ёдгориҳои моддӣва хаттии он давра дар ин минтақаҳо мебошад.

Агар сухан аз таърихи пайдоиши шаклои ибтидоии эътиқоду парастиш равад,аҳолии кураи замин ин зинаи ҳаёти ҷамъиятиро аз сар гуразонида, давраи гузариши он аз давраи ҳаёти тӯдагии ҷамъият ба ҳаёти авлодӣ ба амал омадааст. Сохти тӯдагӣ ва авлодӣ бошад, дар ҳар як митақа ва қитъа дар давраҳои гуногун шуда гузаштааст. Ҳатто гуфта метавонем, ки ибтидои ин тамоил Океания ва Африка барвақтар, дар Осиё, Аврупо Австралия ва Америка баъдтар будааст. Вале гузариш ба соти синфӣ ва таҳаввулион бештар дар Осёву Аврупои ҷанубӣ-ғарбӣ тезтару барвақтар ва дар Африкаю Америка ва Австралияю Океания дертар будааст.

Читайте также:  Корь и дифтерия прививки вместе

Дар таърихи ҷамъият як давраи тулонии ҳаёти ҷамъияти бединӣ ҳам будааст. Ба давраи бединии ҳамъият ҳаёти давраи тӯдагии инсонҳо рост омада, инсони ибтидоӣ (питекантроп) тафаккури ибтидои инсонӣ пайдо карда истода буду хулқу атвори ҳайвониаш аз байн рафта истода буданд ва албатта ӯ тафаккури динӣ надошт.

Дин бояд ҳатман аз рӯи фаҳмиш, шуур, идеология, мақсад ва ғайраҳо шарҳ доада шавад. Дин яке аз шаклҳои шуури ҷамъиятиест, ки ҷамъият он шуури ҷамъиятиро вобаста ба дараҷаи маълумоташ, муҳити зисташ ва атрофу сиёсати давру замонаш ба тариқи худ дарк мекунад, шарҳ медиҳад ва риоя менамояд. Шуури ҷамъиятиест, ки агар берун аз муҳит, давру замон ва сиёсат нест ва буда ҳам наметавонад, вале бештар хусусияти ҷамъиятӣ дошта бошад ҳам зуҳурёбии он фардист.

Шарҳи дин дар таълимотҳои динӣ ин эътиқод, системаи эътиқод, маросимҳо, анъанаҳоеанд,ки пайдоиши азалӣ-самовӣ дошта, ҳамчун фармудаи Худо ва ё қувваи фавқултабӣ амал мекунанд ва ба олами ҳасӣ ягон вобастагие надоранд. Дин яке аз шаклҳои худшиносӣ ва табиатшиносии инсон буда, аввалин шакли шуури ҷамъиятии инсон будааст. Дар ҷомеаи имрузаи Тоҷикистон шарҳи маънои луғавии динро ҳамчун падидаи ҳамъиятӣ, тамаддуние, ки дар инкишофи таърихи ҷамъияти инсонӣроли худро бозидааст, таъбир карданаш ба ҳақиқат наздик қобили қабул шуда метавонад. Яъне дин як шакли шуури ҷамъиятӣ,падидаи ҷамъиятиест, ки аз надонистану нафаҳмидани ҳодисаҳои табиату ҷамъият ва озодии худ дар назди ин ҳодисаҳоба вуҷуд омада, дар вобастагӣба донисташавӣ ва донисташавандагӣ будани ин ҳодисаҳои табиату ҷамъият инкишоф меёбад. Яъне ҳон ҳодисаҳое, ки дониста мешавад ба дониш табдил меёбаду оне, ки ҳоло нашудаанд ба парастишу саҷда.

Фарҳанг дар ҳаёти инсоният бе аз пеш мавқеи зиёдеро ишӯол менамояд. Фарҳанг натанҳо дорои маънои васеъ-тамоми дастовардҳои башарият, блки он чизе , ки дар сатҳи шуури муқаррарӣ чун фарҳпнг муаррифӣ гардидааст, монаниди: маърифатнокӣ, маълумотнокӣ, покдилӣ, раҳмдилӣ ва ӯайра. Адами чунин сифатҳо, ё норасоии онҳо дар ҷомеа аллакай эҳсос гардида, ҳамеша як мушкилотва нороҳатиро вориди ҳаёти мо мегардонад. Барқарор намудани ин сифатҳо ва бартараф намудани норасоиҳотанҳо дар он маврид мумкин аст, ки таҷибаи дар масири таърих азхуднамудаи инсониятро, ки аз тарафи чандин наслҳо маҳфуз гардидааст, аз худ намоем. Бинобарин масъалаи аввалиндараҷаие, ки пешоруи мо қарор дорад, ин масъалаи донистани маъно ва мафҳуми фарҳанг мебошад.

Агар зери мафҳуми ҷамъияти маҷмӯи мардумон фаҳмида мешавад, зери мафҳуми фарҳанг маҷмӯи натоиҷи фаъолияти онҳо дар назар дошта мешавад.

Олимон фврҳангро ба якчанд гурӯҳ тасниф намудаанд: фарҳанг- ин маҷмӯи шаклҳои фаъолият, урфу одат ва бовариҳо мебошад. Ба гурӯҳи дуюм он муқарароте, ки фарҳангро ба анъана, ё мароси иҷтимоии ҷамъият мепайвандад,ворид гардидааст: фарҳанг маҷмӯи амалиёт ва эътиқоди иҷтимоии бамеросмонда, ки муайянкунандаи моҳияти ҳаёти мо мебошад. Дар гурӯҳи сеюм аҳамияти қоидаҳои фарҳангие, ки муттаҳидкунандаи рафторҳои инсонӣ мебошад, қайд карда мешавад. Дар мавридҳои дигаролимон фарҳангро чун воситаи мутобиқаткунонии ҷамъият ба муҳити табиӣ медонистанд, ё ки қайд мекарданд, ки фарҳанг маҳсули фаъолияти одамон мебошад.

Баъзан оиди фарҳанг сухан ронда, онро ҳамчун маҷмҳи рафторҳои бадастомада, ки ба баъзе гурӯҳҳо, ё ҷамъият хос буда, аз насл ба насл интиқол дода мешавад, маънидод мекунанд. Табиист, ки дар фарҳанг ҳамаи он чизеро ки ақли инсонӣ ва дасти он сохтааст дохил мегардад.

Он чизе, ки барои такмили олами моддӣ ва маънавии инсон мусоидат мекунад, фарҳанг номида мешавад. Фарҳанг маҷмӯи донишҳо, эътиқодот, санъат, ахлоқ, қонунҳо, расму оин ва дигар қобилияту истеъдодҳо мебошад, ки аз тарафи инсон ҳамчун аъзои ҷамъият,аз худ карда шудаанд. Фарҳанг – маҳмӯи рамзҳо, эътиқодҳо, арзишҳо, меъёрҳо мебошад. Дар он табиати хоси ин ё он ҷомъият, миллату гуруҳ ифода ёфтааст. Бо ҳамин сабаб ҷамъият, миллат ва гуруҳҳо маҳз аз ҷиҳати фарҳангӣ аз ҳам фарқ мекунанд. Фарҳанги мардум-ин тарзи ҳаёт, либос, зист,фолклор, фаҳмишҳои маънавӣ, эътиқодҳо,забон ва ғайра мебошад.

Источник

Муҳорибаи охирини Сосониёну арабҳоро муайян намоед.

Асосгузори хилофати Умавиён кист?

Шӯриши Бардии дурӯғин дар давраи ҳукмронии кадом шоҳан‐ шоҳи ҳахоманишӣ сар зада буд?

Дар солҳои 760 – 784 кадом воқеа ба амал омада буд?

В) Наҳзати Абумуслими Хуросонӣ

С) Муборизаи Деваштич зидди арабҳо

А) Шӯриши Сарбадорони Самарқанд

Солшумории мусулмонии ҳиҷрӣ аз кай сар шудааст?

А) соли 632, баъд аз марги Муҳаммад пайғамбар

С) соли 644, аз оғози хилофати Усмон

В) соли 622, баъд аз ҳиҷрати Муҳаммад ба Ясриб

D) соли 651, баъд аз забти Эрон

Кадом шоҳ дар асри III милод ҳукмронӣ намуда буд?

Академияи (маркази илмӣ) Гунди Шопур дар кадом давлат вуҷуд дошт?

Шӯриши Бардии дурӯғин дар кадом давлат сар зада буд?

Кадом маълумот доир ба давлати Мод НОДУРУСТ аст?

D) Экбатан (Ҳамадони имрӯза) пойтахти давлати Мод буд.

А) Соли 760‐и то милод Мод зидди Ошур шӯриш бардошт.

С) Шоҳи охирини Мод Яздигурд буд.

В) Фароатас солҳои 646‐624‐и то милод шоҳи давлати Мод буд.

Кадом шӯриш ба муқобили Умавиён равона шуда буд?

Кадом воқеа БАЪДТАР рӯй додааст?

С) оғози солшумории мусулмонӣ

Кадом сулола дар Порт то соли 224 ҳукмронӣ намуда буд?

Сухан дар бораи кӣ меравад: “…соли 705 бо лашкари бисёр аз Ому мегузарад ва ба Пайканд ҳуҷум меоварад. Дар лашкари ӯ дастаҳои Балхиён ва Чағониён низ ширкат доштанд“?

Пас аз кадом воқеа Бесс Хашёршоҳи Осиё эълон гардид?

С) ғалаба дар набарди Марафон

В) кушта шудани Дорои III

Дар аҳди Аббосиён замин бойгарии асосӣ буда, онро ба одамони содиқи худ тақсим карда медоданд. Чунин замин чӣ ном дошт?

Сарлашкари Суғдро муайян намоед.

Сухан дар бораи кадом сол меравад: “… замоне ба ӯ хабар доданд, ки Искандар хеле наздик аст, вай аз дарёи Ому гузашта, киштиҳоро сӯзонд ва ба сарзамини Суғд, ба Навитак рафт. Аз қафои вай Спитамен, Оксиарт бо ҷанговарони суғдӣ ва ҷанговарон аз Танаис раҳсипор гардиданд…”?

Соли 222 милод кадом воқеа ба амал омада буд?

В) таъсиси давлати Сосониён

D) поёни ҳукмронии Ардашери БобакоН

С) оғози ҳаракати Маздакиён

А) ба имзо расидани сулҳи Нисибин

Муҳорибаи Куркат (Курукада) дар рафти кадом истилогарӣ ба амал омада буд?

Лашкари кадом давлат соли 53 то милод сипоҳи императори Рим Красро дар шаҳри Ҳаррон шикаст дод?

Ардашери Бобакон ба кадом давлат асос гузошт?

Кадом шаҳрро арабҳо дар забткориҳои Осиёи Марказӣ ҳамчун пойгоҳи низомӣ истифода мекарданд?

Кадом шоҳи сосонӣ ПЕШТАР ҳукмронӣ кардааст?

Дар кадом шаҳр “роҳбари шӯриш Рофеъ ибни Лайс ба шӯришчиён хиёнат карда, ба тарафи душман гузашт ва соли 810 шӯриш фурӯ нишонда шуд”?

Зодгоҳи сулолаи Ҳахоманишиён кадом сарзамин буд?

Соҳиби унвони “шоҳи Бобул ва мамлакат”‐ро муайян кунед.

Куруш дар ҷанг бо кадом қабила ҳалок гардид?

Сухан дар бораи кадом шӯриш меравад: “Соли 806 дар Самарқанд шӯрише сар зад, ки ба вай набераи Насри Сайёр роҳбарӣ менамуд. Шӯриш дар Чоч … қувват мегирад” ?

В) Шӯриши Рофеъ ибни Лайс

Кадом сол “халифа Ҳорунаррашид аз нуфузу эътибори афзуда‐ истодаи ин сулола ба воҳима афтода, барои ба қатл расонидани ин хонадон амр кард”?

Источник

Дар илми фалсафа таъкид мешавад, ки фанни мазкур, яъне фалсафа, «сутунмӯҳраи илмҳои ҷамъиятӣ» ба шумор меравад. Марбут ба ҳамин нукта хато намекунем, агар гӯем, ки фанни забони модарӣ (тоҷикӣ) дар мактаб низ дар байни дигар фанҳои таълимӣ чунин мақомро доро мебошад. Ва беҳуда нест, ки дар нақшаи таълими мактабҳои таҳсилоти умумӣ дар байни фанҳои дар ҳар синф таълим додашаванда фанни забони модарӣ дар сархати аввал номбар мешавад. Ин нукта ишора ба он аст, ки забони модарӣ  дар байни дигар фанҳо яке аз асоситарин фанни таълимӣ барои мактабиён эътироф карда мешавад. Зеро фанни мазкур -забони  модарӣ дар мактабҳои ибтидоиву миёнаи давлатҳои тамоми ҷаҳон ҳамеша дорои ду хусусият аст, ки якеро бе дигаре ҳеҷ гоҳ наметавон тасаввур намуд: он, аз як тараф, агар предмети таълим маҳсуб ёбад, аз тарафи дигар, воситаи таълим ба шумор меравад. Ва ана ҳамин хусусияти дуҷабҳаинаи забони модариро дар мисоли забони русӣ дар мадди назар дошта, М.И.Калинин таъкид намудааст, ки илме ё ягон соҳаи фаъолияти ҷамъиятие вуҷуд надорад, ки донишу маҳорати хуби забондониро талаб накунад.[1]

Ба ҳамин тариқ, дар асоси нуктаҳои боло хулосаи аввалин ин аст,ки дар мактаб, пеш аз ҳама, ба мазмуну мундариҷа ва сифати таълими забони модарӣ, ҳамчун ба объект ё худ предмети таълим,  бояд эътибори ҳаматарафа дода шавад. Ва набояд фаромӯш кард, ки объекти асосии омӯзонидани фанни забони модарӣ худи ҳамон забонест, ки аз давраи тифлӣ ба омӯхтани он шурӯъ намуда, минбаъд чи дар гуфтору муомилоти ҳамешагиамон бо одамон ва чи дар навъҳои гуногуни навиштаҷоти хеш маҳз бо истифода аз калимаву ибораҳои озоду устувори дар ҳамин забон мавҷуда фикру андешаҳои оммавию публитсистӣ, илмӣ ва илмию методии хешро рӯи коғаз оварда, дар шакли мактуб, хабару мақола, дастуру монография ва ғ. пешкаши афроди алоҳида ё худ умум мегардонем. Бале, ин ҳамон забонест, ки мо аз овони кӯдакӣ ҳарфу ҳиҷо ва калимаву ибораҳои аввалини онро аз забони модар шунидаем. Барои ҳамин ҳам, ба забоне, ки он барои як халқу миллат воситаи алоқа ва додугирифти байниҳамдигарӣ асту фарҳангу маданияти эшон маҳз ба тавассути ҳамин забон муаррифӣ карда мешавад, барояш  забони модарӣ унвон додаанд. Ҳа, ин ҳамон забонест, ки минбаъд, то ба остонаи мактаб қадам ниҳодан, ба тавассути тақлид ба шеваи гуфтори калонсолон, воситаҳои ахбори овозӣ (радио, телевизион, магнитофон) қисман меъёрҳои онро аз бар менамоем. Вале барои одами маданиятнок, комилан саводноку донандаи хуби забони адабӣ гардидан зарур аст, ки донишҳои грамматикии марбут ба сохтори забон аз бар карда шаванд. Ин нукта, пеш аз ҳама, маҳз дар мактаби таҳсилоти умумӣ бо роҳи мунтазам омӯхтани курси мазкур -грамматика[2]-дар тӯли чанд соли хониш метавонад ба ҳар фарди дӯстдори забони модариву халқу миллати хеш даст диҳад.

Читайте также:  Корь паротит без краснухи

Чунон ки маълум аст, ба тавассути курси мактабии забони модарии мо (тоҷикӣ) дар синфҳои V-XI аз соҳаҳои забоншиносии тоҷик ба ҷуз грамматика фонетика, калима (луғат) ва услубҳои нутқ (дар дарсҳои инкишофи нутқи мураттаб) таълим дода мешавад. Аммо грамматика дар байни қисматҳои дигари дар мактаб омӯхташавандаи забони модарӣ маҳак ё худ қисмати басо муҳимтарини он дониста мешавад.[3] Зеро ба андешаи акад. А.В. Текучев, «курси мактабии грамматика ба хонандагон имкон медиҳад, ки (дар асоси донишҳои назариявии аз курси грамматика омӯхтаашон. – С.Ш.) малакаҳои нутқи шифоҳиву хаттӣ, хониши ифоданок, имло, пунктуатсия ва малакаҳои услубиро амалан аз худ намоянд».[4] Ҳамзамон, бояд таъкид намуд, ки аз ҷиҳати назариявию амалӣ дақиқ донистани ҳодисаҳои забон, донистани асли баромад ва сарфаҳм рафтан ба маънои луғавии истилоҳот, инчунин, фонетикию лексикӣ ва дар баробари ин, марбут ба ҳар як таърифу қоида, ин ё он истилоҳ далел оварда тавонистани хонандагон боиси васеъшавии фаҳмиши умумӣ, инкишоф ёфтани тафаккури мантиқӣ, хотира ва диққатнокии онҳо ҳам хоҳад гашт.[5] Ва агар чунин нукта дар хонандагон ташаккул дода шавад, яъне агар онҳо дар ҷараёни таълими курси системаноки грамматика (маҳз дар синфи ٍV-IX) аз ҷиҳати назариявию амалӣ қонуну қоидаҳои грамматикиро ба дараҷаи талаботи барномавии мактабӣ ҳифз намуда бошанд, далел ба он аст, ки онҳо меъёрҳои забони адабиро аз бар намудаанд, забондону забонфаҳм шудаанд, чи дар гуфтору чи дар навиштаҷоти хеш акнун ба хатоҳои грамматикӣ (орфографӣ, пунктуатсионӣ, услубӣ) роҳ намедодагӣ шудаанд. Маҳз ҳамин нукта мақсаду вазифа ва ҳадафи асосии таълими грамматикаи забони тоҷикӣ дар мактабҳои таҳсилоти умумии ҷумҳуриамон маҳсуб меёбад.[6]

Инак, дар фавқ доир ба моҳияти фанни забони модарӣ ва қисмати грамматикаи он, ҳамчун предмети таълим, маълумотҳо баррасӣ шуд. Акнун дар бораи воситаи таълим  будани фанни мазкур чиҳоро бояд донист? Чунон ки гуфтем, тарбия намудани одамони маданиву комилан саводнок ва донандагони хуби забони адабӣ ҳадафи ниҳоии таълими забони модарӣ мебошад. Аммо дар мактабҳои таҳсилоти умумӣ ба хонандагон дар ҳар синф мувофиқи нақшаи таълим чандин фанни дигар, хусусан, фанҳои математика, алгебра, химия, физика, геометрия барин илмҳои дақиқ омӯзонида мешаванд, ки ҳар кадоми ин фанҳо мақсаду вазифа ва ҳадафи ниҳоии худро доро мебошанд. Фанҳои мазкур ба ҷумлаи илмҳои мураккабу душворфаҳм маҳсуб буда, аз тарафи хонандагон хубу ҳамаратафа аз бар намудани ин фанҳо, сараввал, ба тавассути маҳорату қобилияти забондониву забонфаҳмиашон вобастагии қавӣ дорад. Яъне шарти аз ҳама аввал ва зарурии азхудкунии фанҳои дигар дар мактаб ва умуман, пас аз хатми мактаби миёна ҳам, ки кас пайи омӯзишу такмили илмҳои дигар шуғл меварзад, ин аст, ки пеш аз ҳама, ӯ бо донишу малакаи хуби забондониву забонфаҳмӣ мусаллаҳ бошад, то ки ҳангоми шарҳу тавзеҳи (чи шифоҳӣ ва чи хаттӣ) масъалаҳои марбути илми мушаххас ба тавассути калимаву ибора ва ҷумлаороиву муфассалбаёнӣ аз тамоми  имкониятҳои забони модарии хеш бе ягон душворӣ истифода бурда тавонад. Ва баръакс, шояд шахс илмеро басо хуб донад, баҳри инкишофу такомули он ғояҳои баландеро дар шуури хеш эҳё карда бошад, аммо дар ӯ қобилияти забондониву ифодаи озоди фикр ташаккул наёфта бошад, ӯ ҳеҷ гоҳ он ҳама ғояҳои волои худро дастраси аҳли илм гардонида наметавонад. Дар ин бобат ҳақ  ба ҷониби М.И. Калинин аст, ки дар яке аз суханронии таърихии хеш чунин гуфта буд: «Яке аз тавонотарин воситаи ташаккул ва инкишофи инсон дониши хуби ӯ аз забони модарист… Омӯхтани забони модарӣ кори бузургест. Аз ҳама волотарин комёбиҳои шуури инсон, амиқтарин донишҳо ва эҳсосоти олӣ дар вуҷуди одамон мемонад, агар онҳо бо калимаҳо аниқу равшан ифода карда нашаванд».[7] Пас, зимни андешаҳои боло мебояд таъкид намуд, ки забони модарӣ дар мактаб на фақат  предмети таълим,  балки воситаи аз ҳама асосии азхудкунии фанҳои дигари таълимӣ ҳам дониста мешавад. Яъне тамоми дастовардҳои хонандагон доир ба донишҳои меъёрии аз дигар фанҳо гирифтаашон маҳз ба таълими хубу самараноки забони модарӣ, ба хусус, ба таълими грамматикаи он алоқаи мустаҳкам дорад. Зиёда аз ин, дониши хубу волои забони модарӣ ба хонандагон имкон медиҳад, ки забонҳои дигарро, аз ҷумла, дар мактабҳои Тоҷикистон забонҳои русӣ, англисӣ, олмониву фаронсавиро бо душвории андаке аз худ намоянд,[8] ба шарте ки устодони фанҳои мазкур дар ҷараёни таълими чунин забонҳо аз усулҳои муқоиса, шарҳдиҳии луғатҳо, пеш аз ҳама, бо ду забон (масалан, тоҷикиву русӣ) ва инчунин аз дигар маводҳои дидактикӣ самаранок истифода бурда тавонанд.

Источник