Кори дипломи аз фанни информатика

Нақша

1.1 Мақсад ва вазифаи фанни       Информатика

1.2 Мафҳуми маълумот (информатсия) ва намудҳои он

1.3 Воҳидҳои ченкунии маълумот (информатсия)

1.4 Таърихи пайдоиш ва тараққиёти техникаи ҳисоббарор

1.5  Самтҳои асосии истифодабарии МЭҲ барои ҳалли

масъалаҳои комплекси агросаноатӣ

         Асри XXI – ро асри информатика ва технологияи компютерӣ меноманд. Ин маънои онро дорад, ки бояд дар ин аср тамоми самтҳои фаъолияти инсон аз дастовардҳои техникаи ҳисоббарорӣ замонавӣ ва технологияи навтарини компютерӣ ба таври васеъ истифода карда шавад. Истифодабарии техникаю технологияҳои навин, соҳаҳоро ба  дараҷаи баландтарини тараққиёт мерасонад.

Истифодабарии компютерҳои ҳозиразамон дар соҳаҳои комплекси агросаноатӣ барои ба даст овардани муваффақиятҳои навтарин кӯмак мерасонад. Дар шароити иқтисодиёти бозорӣ компютерро воситаи асосии кории иқтисодчӣ, агроном, муҳандис, духтур ва ѓайраҳо ҳисобида, онро барои ба даст овардани натиҷаҳои самаранокӣ дар ҳалли масъалаҳои соҳавӣ истифода намудан мумкин аст. Мутахассиси замонавӣ аз технологияи иттилоотии имрӯза истифода бурда, онро барои дастрас намудани технологияи навтарин дар соҳаҳои гуногун истифода карда тавонад.

1.1 Мақсад ва вазифаи фанни Информатика

         Информатика фанни техникӣ буда,  усулҳои ѓункунӣ, нигоҳдорӣ, коркардабароӣ ва интиқоли маълумотҳои (ахборҳои) илмиро бо ёрии техникаи ҳисоббарори имрӯза меомӯзад.

Информатикаи имрӯза ба се самтҳои асосии зерин нигаронида шудааст:

1). истифодаи усулҳо ва алгоритмҳое, ки ба ҳалли масъала оварда мерасонанд;

2).   ҷустуҷӯи усулҳо ва алгоритмҳои нав, ки ба  тезонидани ҳалли масъ-алаҳо оварда мерасонанд;

3).   техникаи ҳисоббарори замонавӣ зарур аст, ки барои расидан ба ду мақсади дар боло зикрёфта кӯмак намояд.

Аз таърифи фанни Информатика бармеояд, ки вай бо воситаи техникаи ҳисоббарори имрӯза, ки онро компютер меноманд, алоқаи зич дорад.

Компютер калимаи англисӣ буда, маънояш ҳисоббарор аст. Компютер, ки онро мошини электронии ҳисоббарор (МЭҲ) низ  меноманд, яке аз бузургтарин дастовардҳои илму техникаи ҳозиразамон  ба ҳисоб меравад. Қариб ҳар сол схема ва сохти ин мошинҳо такмил ёфта, соҳаҳои тадбиқи онҳо васеъ мегарданд.

Имрӯз компютерҳо барои ҳалли масъалаҳои риёзӣ, иқтисодӣ, муҳандисӣ, молиявӣ, илмӣ, ҳисобкуниҳои оморӣ ва ѓайраҳо истифода мешаванд. Тадбиқи истифодабарии компютерҳо дар соҳаҳои гуногун аз донишу малакаи истифодабарандаи он вобастаги дорад.   Омӯзиши ҷамъоварикунӣ, нигоҳдорӣ, коркард ва интиқоли ахбор бо воситаи компютери имрӯза мақсад ва вазифаи асосии фанни Информатика мебошад.

Технологияи иттилоотии замонавӣ дар соҳаҳо татбиқи худро ёбанд, бо туфайли онҳо шароит ва сатҳи зиндагии одамон баланд гардида, қувваҳои истеҳсолии ҷамъиятӣ ба куллӣ таѓйир меёбанд. Агар мошинҳои муқаррарӣ имкониятҳои ҷисмонии одамро васеъ гардонанд, компютер нерӯи ақлонию зеҳнии онҳоро баланд мебардорад. Гарчанде мошинҳои ҳисоббарори ҳозиразамон аз ҷиҳати намуд гуногун бошанд ҳам вале тарзи истифодабарӣ, асоси  кори онҳо ба ҳамдигар  монанд аст.

1.2 Мафҳуми ахбор (маълумот) ва намудҳои он

Мақсади истифодабарии ахбор аз он иборат аст, ки роҳбар (мутахассис) дар фаъолияти худ барои қабули қарорҳои идоракунӣ  ва ҳалли масъалаҳои рӯзмарра аз он истифода барад.

Ахбор  (информатсия)  аз калимаи лотунии information гирифта шуда маънояш баён кардан, фаҳмонидан, нақл кардан мебошад.            Се намуди ахбор вуҷуд дорад, ки онҳоро сарчашмаҳои он низ ҳисобидан мумкин аст ва онҳо инҳоянд:

– даҳонӣ;

– матнӣ;

– графикӣ.

Имрӯз ахбор ба монанди дигар омилҳо, яъне модда, энергия ва ѓайраҳо ба зумраи он ѓизоҳое табдил ёфтааст, ки инсони асри нав мазмуну мундариҷаи ҳаётро ба вай такья намуда, фаъолияти ақлонию ҷисмонии худро ба низом медарорад.

Агар дар солҳои гузашта тавонои давлат аз рӯи истеҳсоли миқдори металл ва энергияи он муаяйн карда мешуд, имрӯз вай аз рӯи истифода бурда тавонистани техналогияи иттилоотӣ камхарҷ  оиди коркард ва тайёркунии маҳсулот муаяйан карда мешавад. Имрӯз вақти он расидааст, ки ба монанди масъалаҳои сарфакунии ашё, энергия ва тозагии экологии муҳити зист, оиди тозагии  ахбор низ фикр намоем. Ин маънои онро дорад, ки инсоният  масъалаи истифодабарии ахбори илмиро  бояд дар мадди аввал гузорад.

Пеш аз ҳама пешрафт ва инкишофи ҷамъият, ба рушди иқти-содиёти он вобаста аст. Имрӯз он давлатҳоеро мутараққӣ менамояд, ки маҳз иқтисодиёти онҳо боло рафтааст. Бинобарин танҳо он соҳаи иқтисодиёташ бемайлон инкишоф меёбад, ки агар дар он тартиби кор пурра ба ӯҳдаи компютер вобаста карда шуда бошад.

1.3  Воҳидҳои ченкунии ахбор

Ахбор низ монанди дигар бузургиҳо воҳиди ченкунии худро дорад. Якчанд намудҳои воҳидҳои ченакунии ахбор мавҷуд аст. Воҳиди хурдтарини ахбор бит мебошад, ки  вай ба 0 ё 1 баробар аст.

Пайдарпайии 8 битро байт мегӯянд. Зеро ки байт  ҳам ченаки нисбатан хурд аст, бинобар он барои ба ҳаҷми хотираи компютер баҳо додан, аз ченакҳои калонтари байналмилалӣ истифода мебаранд, ки онҳо инҳоанд, килобайт, мегабайт, гигабайт, терабайт, оксобайт:

1 Килобайт (1Кб) = 210 байт = 1024 байт;

1 Мегабайт (1Мб) = 210 Кб=1024 Кб;

1 Гигабайт (1Гб) = 210 Мб=1024 Мб;

1 Терабайт (1Тб) = 210 Гб=1024 Гб;

1 Оксобайт (10б) = 210 Тб = 1024 Тб;

1 Мб = 400 саҳифа     1,44Мб=600 саҳифа.

1.4 Таърихи пайдоиш ва тараққиёти техникаи ҳисоббарор

Дар тамоми давраҳои мавҷудият инсон аз воситаҳои ҳисобкунӣ истифода мебурд ва мебарад. Ин воситаҳои ҳисоббарор низ таърихи пайдоиши худро дорад, ки онро аз давраи пайдоиши инсон ҳисоб намудан мумкин аст.

Дар соли 1642 олими франсуз Блез Паскал мошини механики ҳисобкуниро ихтиро намуд, ки  вай ададҳои то ҳашт рақам доштаро ҷамъ мекард.

Дар соли 1694 математики олмонӣ Готфрид Вильгелм Лейбниц мошини ихтирокардаи Паскалро такмил дода, мошини механикиро сохт, ки вай амали ҷамъ ва зарбро иҷро мекард. Олими франсуз Чарлз Калмар дар соли 1820 арифмометирро сохт, ки вай чор амали арифметикиро иҷро мекард. Муҳандиси рус Вильголд Однер дар соли 1880 арифмометри навро ихтиро кард, ки баъдтар дар асоси вай дар Иттиҳоди Шӯравии собиқ арифмометр бо номи «Феликс» сохта истифода карда мешуд.       Хизмати  шоиста  дар тараққиёту пешрафти техникаи ҳисоббарор ба олими намоёни англис Чарзл Беббидж  тааллуқ дорад. Ӯ дар аввали асри  XIX  лоиҳаи мошини ҳисоббарореро пешниҳод намуд, ки он бояд қиммати бисёраъзогиро ба таври автоматӣ ҳисоб мекард, сохт, вале ӯ дар бораи мошини ҳамакора (универсалӣ) орзу мекард, ки ба воситаи он масъалаҳои ҳисобкунии дилхоҳро ҳал кардан мумкин бошад. Беббидж тамоми фаъолияти худро баҳри сохтани чунин мошин бахшид, лекин онро сохта натавонист. Лекин барои он ки мошин ҳисобкуниҳои заруриро иҷро карда тавонад, лозим аст, ки барои он барнома (программа) сохта шавад. Барои ҳамаи қисмҳои мошини ҳисоббарор пайдарпайии дастурҳоро додан лозим буд. Барномаҳои  аввалинро барои мошини ҳисоббарори Беббиҷ математики соҳибистеъдод – духтари шоири намоёни англис Ҷ. Байрон – Ада Лавлайс сохт. Ада Лавлайсро аввалин барномасоз дар таърихи информатика номидан мумкин аст. Новобаста ба ин, аз замони Беббиҷ то имрӯз қариб ду аср гузашта бошад ҳам, ҳамаи мошинҳои ҳисоббарори ҳозиразамон аз рӯи сохти худ ба мошини пешниҳод кардаи вай хеле монанд мебошад.

Читайте также:  Вакцина против кори краснухи и паротита в год

Дар соли 1889 ихтирокори амеркои Герман Холлерит дастгоҳи перфаратсиониро барои ҳалли масъалаҳои оморӣ сохт ва он ба ширкати машҳури дуньё оиди истеҳсоли компютерҳои фардӣ IBM (International Busines Machines) асос гузошт. Холлерит барои нигоҳ доштани ахбор перфокартаро истифода мебурд.

Ба ѓайр аз мошинаҳои механикӣ боз машинаҳои ҳисоббарори механикию электромеханикӣ пайдо шуданд, ки онҳо барои ҳалли масъалаҳои гуногун истифода карда мешуданд.

Соли 1937 олимони амеркои Ҷон Атанасов ва Клиффорд Берри ба сохтани мошини ҳисоббарории электрони сар карда, соли 1940 онро сохтанд, ки он барои халли масъалаҳои физикию математикӣ пешбинӣ шуда буд. Онҳо пешниҳод карданд, ки барои инъикоси ададҳо аз системаи дуи истифода карда шавад.

Тақрибан дар ҳамон сол лоиҳаи мошини релегиро дар ШМА Г. Айткен пешниҳод намуд. Ин мошини ҳисоббарор Mark -1 номида шуд ва соли 1944 аз тарафи фирамаи IBM сохта шуд. Вале, вай  мошини электронӣ набуда, балки электромеханикӣ буд. Соли 1945 дар ШМА аввалин МЭҲ бо номи ENIAC- ро кормандони донишгоҳи Пенсилван П. Эккерт ва Ҷ. Мочли сохтанд.  Дар Иттиҳоди Шӯравии собиқ бо роҳбарии академик Сергей Алексеевич Лебедев  мошини ҳисоббарори хурд бо номи МЭСМ соли 1951 сохта шуд.

Дар давраи на он қадар тӯлонӣ пайдоиш ва тараққиёти техникаҳои ҳисоббарорро ба 5 давра (насл) ҷудо намудан мумкин аст. Насли якӯми машинаҳои ҳисоббарор ба солҳои 1942-1956 мувофиқ меояд. Насли дуюми он ба солҳои 1956-1963, насли сеюм – 1963-1971, насли чорӯм – 1971- 1981 ва насли панҷӯм аз соли 1981 то имрӯз рост меояд.

Пайдоиши компютерҳои фардӣ бошад, аз машинаҳои насли чорӯм оѓоз гардида аст. Ширкатҳои гуногун ба ин кор солҳои гуногун сар карданд, ширкати IBM ба ин кор соли 1979 оѓоз намуда, моҳи августи соли 1981 аввалин компютер фардӣ бо номи IBM PC (Ай-Би-Эм Пи-Си)ро истеҳсол намуд. Соли 1983 компютери фардии IBM PC ХТ, компютери дорои диски дурушт (жесткий диск), соли 1985 компютери  IBM PC АТ, бо микропротсесори Intel-80286, ки нисбат ба компютери IBM PC ХТ, ду- се маротиба тезтар кор мекардагӣ  истеҳсол карда шуд.

Имрӯз бошад зиёда аз 90% – и машинаҳаи ҳисоббарориро компютерҳои фардӣ ташкил медиҳанд, ки онҳоро ширкатҳои гуногун истеҳсол менамоянд.

  • Самтҳои асосии истифодабарории МЭҲ барои ҳалли масъалаҳои комплекси агросаноатӣ

Дар шароити ҳозира барои ҳалли масъалаҳои комплекси агросаноатӣ аз компютерҳои ҳозиразамон ва барномаҳои махсус васеъ истифода бурда мешавад.

Тарақкиёти соҳаи комплекси агросаноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароити иқтисодиёти бозоргонӣ ба инкишофи соҳаҳои иқтисодӣ,  биологӣ ва муҳандисӣ вобастаги дорад.

Барои ҳалли масъалаҳои ин соҳаҳо барномаҳои умуми ба монанди дастаи барномаҳои амалии Microsoft Oficce мавҷуданд, ки онҳо дар қисми таркибии худ редакторҳои матнӣ ва графикӣ, ҷадвали электронӣ, манбаи маълумотҳо  ва ѓайраро дорост. Истифодабарандагон  метавонанд барои ҳалли масъалаи мушаххас барномаи даркориро истифода бурда, онро ҳал намоянд.

Ба ѓайр аз барномаҳои дар боло номбаркарда шуда, боз барнома-ҳои махсуси  тахассусӣ: барномаҳои бухгалтерӣ (муҳосибӣ) ва иқтисодӣ,  лоиҳакашӣ, сохтмонӣ, обёрикунӣ ва ѓайраҳо мавҷуданд, ки истифодабаранда барои ҳалли масъалаҳои рӯзмарра аз онҳо ба таври васеъ истифода бурда метавонанд.

Барномаҳои таъиноти иқтисодӣ барои иҷро намудани ҳисобкуниҳои бухгалтерӣ, тайёр намудани ҳисоботҳои молиявӣ ва таҳлили фаъолияти молиявии муассисаҳои кишоварзӣ, сохтани баланси муассисаҳо, ба ҳисобгирии молу амвол,  тафтиш ва назорат, ҳисобкунии пулҳо, гузаронидани амалиётҳо дар биржаҳои фондӣ, автоматикунонии ҷои кори мутахассис ва дигар соҳаҳои давлатӣ истифода бурда мешаванд.

Барои ҳалли ин масъалаҳо истифодабаранда метавонад аз шабакаи Интернет ба таври васеъ истифода барад.

Барои иҷрои ин масъалаҳо мутахассиси имрӯза вазифадор аст, ки  техникаю технологияи иттилоотии замонавиро хуб донад.

Источник

Информатика илмест, ки ҷамъ кардан ва аз нав кор кардани ахборотро меомӯзад. Вакте, ки информатика мегӯянд, хар як шахс дар назар дорад, ки сухан дар бораи ягон ахбор меравад ва ахбор бошад ба ягон объект таалуқ дорад.

Информатика се гонаи модел алгоритм барнома.

Информатика илм ва техника буда, ба доду гирифти ахбор, нигоҳ доштани ахбор ва ба коркарди мошини вобастаги дорад.

Информатика нуқтаи назари гуногунро фаро гирифта аз нуқтаи назари математики то файласуфи, ба ғайр аз ин ҳамчун илми инкишофёфта мебошад, ки ҳоло ҳам инкишоф ёфта истодааст.

Мувофиқи таърифи дар боло гуфташуда информатика –ҷамъ кардан, аз нав кор карда баромадани ахбор дар бораи олами моро ихотакунанда мебошад.

Пас савол ба миён ояд, ки информатика ба фанҳои физика, кимиё ва биология ба кадом андоза алоқаманд аст? Информатика ягон фанро пурра дар бар намегирад, аммо ба ҳар кадоми онҳо умумияте дорад. Информатика барои он зарур аст, ки якҷоя бо математика ба фанҳои дигар ёри расонад.

Хулоса вакте, ки сухан дар бораи информатикаи имрӯза меравад се самти асоси дар назар дошта мешавад.

1.Коркарди усулҳо ва алгоритмҳо ва ба таври автомати ҷамъ кардан, нигоҳ доштан, ҷӯстӯҷӯ кардан ва нақли ахбор.

2. Ба вуҷуд овардани моделҳо, алгоритмҳо ва табдили ахбор.

3. Коркарди технология ва техникаи ҳисоббарори электронӣ ва сохтани

барномаҳо, ки ба тараққиёти ду самти аввала имконият медиҳад.

Мафҳуми информация (ахбор)

Одамон ҳар рӯз бо ҳамдигар робита намуда, дар ин ё он шакл ба ҳамдигар ахбор медиҳанд, оид ба ҳақиқати ба даст оварда фикр меронанд ва ба қарори муайяне меоянд.

Доир ба он, ки чиро ахбор меноманд, якчанд нуқтаи назар мавҷуд аст:

  1. Ахбори техникӣ, Ахборҳоеро меноманд, ки ба воситаи ноқилҳои махсус фиристонида мешаванд, ва онҳо дар экранҳои радиолокаторҳо инъикос меёбанд. (Яъне: ба воситаи интернет, телевизорҳо, радио ва ғ.)
  2. Ахбори семантикӣ, Ин намуди ахборотро дар асарҳои бадеӣ, китобҳо вохрдан мумкин аст. (Яъне: дар китобҳо, рӯзномаҳо, мақолаҳо ва ғ.)
Читайте также:  Антитела класса igm к вирусу кори гемотест

Информация аз калимаи лотинии Information гирифта шуда, маънояш баён кардан, фаҳмондан мебошад.

Воҳидҳои ахбор

Ҳаҷми хотираи кампютерҳоро бо байтҳо чен мекунанд. Як байти хотираи компютерҳо ин як қисми хотираи он аст.

Воҳиди хурдтарини ченаки ахбор ба 1 бит баробар аст.

8 Бит = 1 Байт;

1 Килобайт (Кбайт)=1024 Байт;

1 Мегабайт (Мбайт)=1024 Килобайт;

1 Гигабайт(Гбайт)=1024 Мегабайт;

Вақтҳои охир аз сабаби зиёдшавии коркарди ахбор чунин воҳиди ахбор пайдо шудаанд:

1 Терабайт (Тбайт)=1024 Гигабайт;

1 Петабайт (Пбайт)= 1024 Терабайт;

Таърихи пайдоиши МЭҲ

Инсон дар тамоми давраҳои мавҷудияти худ бо асбобҳои ҳисобкуни мухтоҷ буд. Дар ҷамъияти ибтидоӣ, одам барои ҳисобкуниҳо аз ангуштони дастони худ истифода мебурд. Баъдтар одамон барои ҳисобкуни аз таҷҳизотҳои оддитарин истифода мебурданд. Ба чунин асбобҳо чубчаҳои нишонадор, тасмаҳои сурохдор, ресмонҳои гиреҳдор ва ғайраҳо мисол шуда метавонанд.

Воситаҳои ҳисобкуни таърихи якчанд ҳазорсола дорад. Масалан, дар Хитой ва Япония пеш аз солшумории мо воситаҳои ҳисобкуние мавҷуд буданд, ки шакли счети ҳозираро дошт.

Якумин бор мошинаи ҳисобкунии ба таври механики коркунандаро, ки ҳамаги ду амали арифметикӣ ҷамъ ва тарҳро иҷро мекард, олими Франсуз Блез Паскаль (19 июни соли 1623) дар соли 1642 ихтироъ карда ва соли 1645 сохт, ки онро «Паскалина» меномиданд.

Соли 1673 математик ва философи немис Лейбнитс мошинаи ба таври механики коркунандаеро сохта баромад, ки бо воситаи он амалҳои ҷамъ, тарҳ, зарб ва тақсимро кор кардан мумкин буд . Аз руи лоиҳаи муаллиф бояд он амалҳои ҷамъу тарҳро дар як сони ва амалҳои зарбу тақсимро тақрибан дар як дақиқа иҷро мекард.

Якумин шуда соли 1821 Чарлз Беббиҷ (26 декабри соли 1791) профессор-математики донишгоҳи Кембриҷ мошинаи ба таври механикӣ коркунандаеро сохт, ки нисбат ба мошинаҳои пештар сохташуда хеле мукаммалтар буд. Бартарии ин мошин дар он буд, ки бо ёрии он барнома сохта мешуд ва дар хотира нигоҳ доштани барномаро имконият медод. Ин бартари асоси мошинаҳои ҳозиразамон мебошад.

Якумин мошинаи электронии ҳисоббарор мошинаи ENIAC ба ҳисоб меравад, ки онро Эккерт ва Моучли кормандони Донишгоҳи Пенсилвани ШМА соли 1945 сохта буданд.

Наслҳои МЭҲ

Дар баробари бо суръати бениҳоят баланд зиёд шудани миқдори компютерҳо худи онҳо низ зуд мукаммал гардонида мешуданд. Мошинаҳо электронии ҳисоббарорро вобаста аз зудкори, ҳаҷми хотира, маҷмуи фармонҳо ва архитектураашон ба наслҳо ҷудо мекунанд.

Ҳоло ба таври мухтасар дар бораи наслҳои МЭҲ маълумот медихем:

Насли якум. Мошинаҳои насли якум гуфта мошинаҳоеро меноманд, ки дар сохтани онҳо лампаҳои электронӣ истифода бурда шудаанд. Хотираи ин гуна мошинаҳо хеле ҳам хурд ва суръати кориашон низ суст буданд. Дар як сония ҳамагӣ 10-20 ҳазор амалро иҷро мекард.

Насли дуюм. (соли 1960) Мошинаҳои насли дуюм гуфта мошинаҳоеро меноманд, ки дар ин мошинаҳо нимноқилҳоро истифода бурданд, ки дар асоси онхо транзисторҳо сохта шудаанд. Транзисторҳо лампаҳои электрониро иваз карданд, ки як қатор бартариҳо доштанд. Бартарии онҳо дар он буд, ки ин гуна мошинаҳо аз ҷиҳати вазн сабук, камҳаҷм ва ҷараёни электрикиро камтар истифода мебурд.

Суръати кории ин гуна мошинаҳо баландтар буда дар як сония аз 100 ҳазор то 500 ҳазор амалро иҷро мекарданд.

Насли сеюм. Насли сеюм мошинаҳоеро меноманд, ки дар технологияи саноатии онҳо схемаҳои интегралӣ пайдо шуд. Ин схемаҳои интегралӣ истифодаи ҷараёни электрикиро кам истифода мебурд ва системаи хунуккуниро содда, ҳаҷми мошинҳоро хурд ва эътимоднокии кори онҳоро баланд намуд. Суръати кории чунин мошинҳо дар як сония аз 1 то 10 миллион амалро ташкил мекарданд.

Инчунин хотираи онҳо тезамалкунанда буд.

Насли чорум. (соли 1970) Таркиби асосии МЭҲ-и насли чорум аз схемаҳои интегралии калон ва схемаҳои интегралии ниҳоят калон ташкил шуданд. Ҳаҷми ин мошинаҳо хурд ва суръати кориашон баланд гардид. Ин гуна мошинҳо дар як сония 100 миллион амалро иҷро мекарданд.

Насли панҷум. (соли 1980 асри 20-ум) Дар асоси ин мошинҳои насли панҷум роботҳо сохта шуданд, ки заводу фабрикаҳо ба воситаи онҳо кор мекунанд. Мошинаҳои насли панҷум бояд чунин корҳоро иҷро кунанд:

Ахборҳои калонро нигоҳ доштан, ҷамъ кардан, дигаргун сохтан ва доимиҳои заруриро аз байни онҳо гирифта тавонистан;

Бо ёрии овоз дар забони истифодабар алоқа кардан, қабул кардан, ахбори матнӣ ва графикиро кор карда баромадан;

Барои кор кардан дар шабакаҳои МЭҲ ва истифодаи намудҳои гуногуни мошинаҳо дар масофаҳои дур ва ғайра.

Компютерҳои фардии Pentium I,II,III,IV насли шашум ва ҳафтум ба ҳисоб мераванд.

Источник

  1. Мафҳумиинформатсия ва равандҳои информатсионӣ.

Предмети омӯзиши информатика информатсия ва тарзҳои қабул, коркард, нигоҳдорӣ, интиқол ва пешниҳоди он мебошад. Информатсия чист? Бешубҳа ҳар шахс тасаввуроти интуитивӣ дар бораи ин мафҳумро дорад. Аммо новобаста аз инкишофи босуръати фан, то ҳол ягон таърифи мақбули умумиилмии информатсия вуҷуд надорад. Дар адабиёт ва сарчашмаҳои гуногун таърифҳои ҳархела дида мешавад. Баъзе аз онҳоро дида мебароем:
Информатсия маълумот дар бораи олами иҳотакунанда мебошад, ки дараҷаи ахбор доштани одамро зиёд мекунад ва меъёри номаълумиро кам мекунад.

Таърифи дигар информатсия мафҳумҳои сигнал ва маълумотро мепайвандад. Сигнал ин таъсири байниҳамдигарии предметҳо бо ёрии майдонҳо, мавҷҳо, рӯшноӣ ва ҳоказо мебошад. Сигналҳоро мо мебинем, мешунавем, ҳис мекунем, бо чашидани мазза ва бӯидан мефаҳмем. Агар бо ягон тарз мо сигналҳоро ба қайд гирем (аксгирӣ, расмкашӣ, сабт дар лентаи магнитӣ, навиштан ва ғ.), он гоҳ онҳо ба маълумот табдил меёбанд. Агар маълумотро истифода барем, он ба информатсия табдил меёбад. Маълумот – ин натиҷаи мушоҳидаи объектҳо мебошад, ки бо ягон сабаб истифода нашуда, фақат нигоҳ дошта мешавад. Олами атрофамонро мо бо ёрии сигналҳо ҳис мекунем. Информатсия ин маълумоти истифодашаванда мебошад.
Информатсия ин маҳсули таъсири маълумот ва методҳои ба он мувофиқ мебошад. Якчанд намудҳои информатсияро фарқ мекунанд: матнӣ, ададӣ, графикӣ, садогӣ (аудио), аниматсионӣ, видео, ва фазогӣ.
Равандҳои информатсионӣ ин амалҳои қабул, коркард, нигоҳдорӣ, ҷустуҷӯ, баровардан ва фиристодани информатсия мебошад. Иштирок дар раванди информатсионӣ фарқияти олами зинда ва ғайризиндаро нишон медиҳад.

  1. Таърифи информатика

Информатика ин соҳаи фаъолияти инсон мебошад, ки бо иҷроиши равандҳои информатсионӣ бо воситаи компютер алоқаманд мебошад. Истилоҳи информатика аз калимаҳои информатсия ва автоматика ба вуҷуд омадааст. Калимаи автомат маънои худкор яъне иҷрокунанда бе иштироки одам мебошад.

Читайте также:  Корь симптомы у взрослых сыпь

Масъалаҳои асосии зеринро фанни информатика дида мебарояд:

  1. тадқиқи равандҳои информатсионӣ;
  2. коркарди технологияҳои навтарини информатсионӣ дар асоси истифодаи компютер ва шабакаҳо;
  3. ҳалли мушкилоти илмӣ ва муҳандисии сохтан ва татбиқи таъминоти аппаратию барномавии компютер;
  4. пешниҳоди методҳо ва воситаҳои тадқиқ ва ҳалли проблемаҳо бо ёрии компютер дар дигар соҳаҳои фаъолияти инсон (масалан ба соҳаи бонк ягон барномаи нави компютерӣ пешниҳод намудан мумкин аст).

Калимаи технология аз калимаи юнонии санъат, маҳорат ва малака, гирифта шуда, маънои тайёр кардани ашё –ро дорад. Яъне, агар хишт бо воситаи хоку об тайёр карда шавад, он гоҳ дар ин ҷо хоку об ашёи хом мебошад. Дар технологияи информатсионӣ ашёи хом ин маълумоту информатсия мебошад. Бо воситаи равандҳои информатсионӣ мо аз маълумоту информатсия барномаҳои компютерӣ, ҳуҷҷатҳо, прензентатсияҳо ва ғайраҳоро тайёр мекунем.

  1. Компютер ҳамчун воситаи асосиитаҳлилу коркарди информатсия.

Компютер аз калимаи англисии computer — ҳисобкунак гирифта шудааст.

Компютерҳои аввалин барои ҳисобкунии маълумоти ададӣ сохта шуда буданд ва мошини электронии ҳисоббарор (МЭҲ) меномиданд. Лекин бо мурури замон онҳо универсалӣ (ҳамакора) шуданд ва барои коркарди намудҳои гуногуни информатсия ба монанди матнӣ, графикӣ, садогӣ, аниматсионӣ ва ғайра истифода мешаванд. Аз ин сабаб номи компютер моҳияти вазифаи мошинҳои замонавии информатсиониро ифода накарда, фақат гузаштаи таърихии онҳоро мефаҳмонад. Таърифи муосири он чунин аст: компютер ин воситаи техникии информатсионии ҳамакора (универсалӣ) мебошад, ки имконияти ба таври автоматӣ иҷро кардани равандҳои информатсиониро доро аст.

Наслҳо ва намудҳои компютер.

Дар таърихи техникаи ҳисоббарор панҷ наслҳои компютерҳоро фарқ мекунанд:
Насли якум солҳои 40 — 50-уми асри 20, дар асоси лампаҳои электронӣ сохта шудаанд, андозаашон калон, яктоаш 2-3 ҳуҷраро банд мекунад, суръати на он қадар баланди ҳисобкунӣ (то ҳазор амали арифметикӣ дар як сония), дар истифодабарӣ ноқулай (маълумот ва фармонҳоро бо коди дуӣ ворид намуда, натиҷаро низ ба ҳамин тарз мегирифтанд), эътимоднокии паст доштанд (мӯҳлати хизмати лампаҳо кам буд), масалан ЭНИАК — ИМА.
Насли дуюм солҳои 50 — 60-ум, дар асоси асбобҳои нимноқилӣ (транзисторҳо ва диодҳо) сохта шудаанд. Андозаашон якчанд маротиба хурд шуда, суръати ҳисобашон даҳҳо маротиба афзуд, эътимоднокиашон баланд гардид. Аз ин сабаб ин компютерҳо дар ҳаҷми саноатӣ сериявӣ истеҳсол мешуданд, масалан БЭСМ – 6 — Иттиҳоди Шӯравӣ.
Насли сеюм солҳои 60 — 70-ум, дар асоси схемаҳои калони интегралӣ (СКИ) сохта шудаанд (дар як асос даҳҳо ва садҳо ҳазор транзисторҳо ҷойгир мешавад). Маҳсулнокиашон нисбат ба насли дуюм даҳҳо маротиба афзуд (даҳҳо ва садҳо миллион амал дар як сония), эътимоднокиашон низ беҳтар гардид. Дар ин замон шабакаҳои компютерӣ сохта шуданд (шабакаи компютерӣ ин пайвастшавии якчанд компютерҳо мебошад), масалан IBM 360 — ИМА.
Насли чорум солҳои 70 — 80-ум, дар асоси схемаҳои бисёр калони интегралӣ (СБКИ) сохта шудаанд (дар як асос аз садҳо ҳазор то якчанд миллион транзисторҳо ҷойгир мешавад). Маҳсулнокиашон нисбат ба насли сеюм даҳҳо маротиба афзуд (якчанд миллиард амал дар як сония), эътимоднокиашон низ беҳтар гардид. Дар асоси СБКИ ба ғайр аз компютерҳои калон аввалин компютерҳои фардӣ (КФ) сохта шуданд. Дар ин замон шабакаҳои глобалии компютерӣ сохта шуданд (дар ҳудуди якчанд давлатҳо ва тамоми кураи Замин), масалан Grey — ИМА, Элбрус — Иттиҳоди Шӯравӣ.
Насли панҷум солҳои 90-ум то замони ҳозира, компютерҳои интеллектуалӣ (фикркунанда), ки ба онҳо гузоштани масъала кифоя аст ва худашон алгоритми ҳал ва барномаи масъаларо тартиб дода, натиҷаашро мебароранд. Имконияти кор бо тарзҳои гуногуни фармонҳоро доранд (садогӣ, матнӣ, графикӣ, нурӣ ва ғайра). Ин гуна компютерҳо ҳоло дар марҳилаи тайёршавӣ мебошанд.

Бо маҳсулнокиашон чунин намудҳои компютерҳои замонавиро фарқ мекунанд:

  1. Суперкомпютерҳо.
  2. Компютерҳои калон.
  3. Компютерҳои касбӣ.
  4. Компютерҳои фардӣ.
  5. Компютерҳои шабакавӣ (нетбукҳо).
  6. Микропротсессорҳои гузошташуда (масалан дар автомобилҳо, телефонҳо ва ғ.)

Суперкомпютер ин пуриқтидортарин компютери замонавӣ буда, бо таъиноташон ҳамакора (универсалӣ) мешаванд. Ҳар яки онҳо ҷои садҳо ҳазор компютерҳои фардиро гирифта метавонанд ва дар муассисаҳои давлатӣ, илмӣ-тадқиқотӣ, муассисаҳои калон, компютерҳои асосӣ (серверҳо) дар шабакаҳои информатсионӣ истифода мешаванд.

Агар дар асоси ягон суперкомпютер компютерҳоро сериявӣ истеҳсол кунанд, компютерҳои калон номида мешаванд. Онҳо ҳамакора ё махсус гардонидашуда мешаванд.

Компютерҳои касбӣ дар соҳаҳои муайяни фаъолияти инсон ба монанди тиб, тадқиқоти илмӣ, муҳандисӣ, санъат ва ғайра истифода мешаванд. Компютерҳои фардӣ ҳамакора буда, қариб дар тамоми соҳаҳои фаъолияти инсон истифода мешаванд. Компютерҳои шабакавӣ монанди компютерҳои фардӣ буда, асосан имконияти кор бо шабакаро доранд. Микропротсессорҳои гузошташуда дар ҳамаи воситаҳои техникии муосир ба монанди автомобил, трактор, кондитсионер, яхдон ва ғайра насб гашта, имконияти баъзеашон ба компютери фардӣ хеле наздик шудааст. Масалан телефонҳои мобилии замонавиро смартфон меноманд, ки имконияти баъзеашон ба нетбукҳо ва ноутбукҳо наздик шудааст. Планшет ин компютери шабакавӣ буда, дар асоси смартфон сохта шудааст.

Истифодабарандагони оддӣ асосан бо компютерҳои фардӣ сару кор доранд. Аз ин сабаб онҳоро пурратар дида мебароем.

Компютерҳои фардӣ (КФ) чунин намудҳо доранд:

  1. Рӯимизӣ
  2. Дастӣ (ноутбук)
  3. Кисагӣ

КФ-и рӯимизӣ чунин афзалиятҳо дорад: қулай будани истифодабарӣ аз ҳисоби калон будани экран, клавиатура ва муш, арзон будани нархаш, имконияти модернизатсия (замонавӣ) кардан (илова намудани таҷҳизот, иваз кардани як таҷҳизот ба дигараш). Камбудиҳояш: ҳатмӣ будани мавҷудияти ҷои кории алоҳида, ҳатмӣ будани манбаи барқ, истифодаи воситаҳои иловагӣ ба монанди пилот (пайвасткунаки нуқтаҳои зиёди барқ), стабилизатор ва манбаи қатънашавандаи барқ.

КФ-и дастӣ (ноутбук) чунин афзалиятҳо дорад: имконияти истифодабарӣ дар ҷойҳои ҷои кории алоҳида надошта, аз ҳисоби доштани аккумулятор дар муддати аз 4 то 10 соат дар режими автономӣ кор кардан, имконияти истифодабарӣ бо пайвастани экран, клавиатура ва муши калон. Камбудиҳояш: ноқулай будани истифодабарӣ аз ҳисоби хурд будани клавиатура, экран ва надоштани муш, гаронии нархаш, маҳдуд будани имконияти модернизатсиякунӣ.

КФ-и кисагӣ 8-10 сол пештар хеле паҳн шуда буданд ва ба сифати дафтарчаи хотиротии электронӣ истифода мешуд. Ҳоло бисёртар ба ин мақсад смартфонҳоро истифода мебаранд.

Источник