Корхонаи нави кори пахта
Оғози бунёди нуҳ корхонаи нави саноатӣ
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар буриши кӯчаҳои Айнӣ ва Зебуниссои ноҳияи Шоҳмансури пойтахт ба бунёди корхонаҳои нави истеҳсолии Минтақаи саноатии шаҳри Душанбе оғози расмӣ бахшиданд.
Дар ин ҷо нахуст ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон лоиҳаи сохтмон ва иқтидору имконияти истеҳсолии 9 корхонаи нави саноатӣ, ки ба истиқболи шоистаи 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар майдони қариб 9 гектар бо саҳми ширкатҳои тавлидотӣ ва соҳибкорони ватанӣ сохта мешаванд, муаррифӣ карда шуд.
Иқдоми мазкур, ки дар асоси дастуру ҳидоятҳои бевоситаи Пешвои миллат аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар заминаи ҳамкории судманди давлат бо бахши хусусӣ амалӣ карда мешавад, ширкатҳои ватанӣ ва соҳибкорони инфиродӣ асосан корхонаи коркарди пахта ва истеҳсоли маҳсулоти пахтагин, коргоҳи дӯхти либосҳои мардона, занона, кӯдакона ва эҳёи ҳунарҳои мардумӣ, корхонаи маҳсулоти ордӣ, коркарди меваи хушк ва афшура аз мева, корхонаи истеҳсоли маҳсулоти нимтайёр ва яхмос, корхонаи истеҳсоли маҳсулоти ордӣ ва қаннодӣ, корхонаи истеҳсоли профилҳо ва конструксияҳои металлӣ, корхонаи коркарди сангҳои ранга ва худҷило, корхонаи истеҳсоли маснуоти ҳифзкунанда, васлкунандаҳои барқӣ ва таҷҳизоти барқӣ, корхонаи истеҳсоли чароғпояҳои светодиодӣ ва лампаҳоро бунёд менамоянд.
Ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки бо инобати талаботи аҳолӣ ва афзоиш бахшидани иқтидори содиротии мамлакат дар ин корхонаҳо молу маҳсулоти дар бозори ҷаҳонӣ рақобатпазир истеҳсол карда шуда, дар марҳилаи аввал беш аз 3000 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин мегарданд.
Калонтарин корхонаи дар Минтақаи саноатии шаҳри Душанбе бунёдшаванда – корхонаи коркарди пахта то ҳадди ниҳоӣ ва истеҳсоли маҳсулоти пахтагин мебошад, ки бо харҷи 50 миллион сомонӣ сохта шуда, дар он зиёда аз 2000 нафар соҳиби ҷойи кор мешаванд.
Дар маҷмӯъ, барои бунёду муҷаҳҳазгардонии нуҳ корхонаи нави саноатӣ сарфи қариб 150 миллион сомонӣ пешбинӣ гардидааст.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбат бо роҳбарони ширкатҳо ва соҳибкорон изҳор доштанд, ки дар шароити имрӯза воридоти технологияи нави инноватсионӣ имкон медиҳад, ки раванди саноатикунонӣ таъмин гардад. Бо таваҷҷуҳ ба рушди соҳаи саноат, аз ҷумла тавлиди молу маҳсулоти рақобатпазир таъкид гардид, ки дар корхонаҳои Минтақаи саноатии “Душанбе” технологияи муосири истеҳсоли бонуфузтарин ширкатҳои Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Мардумии Чин, Германия, Италия, Белгия, Кореяи Ҷанубӣ ва Туркия васлу насб карда мешаванд.
Масъулони ҷамъиятҳои дорои масъулияти маҳдуди “Ваҳдат”, “Шаҳзода”, “Грин Голд”, “Норд Азия Металл”, “Асрори Санг”, “Ноқили Талко” ва “Технологияи барқӣ ва бехатарӣ” ба Сарвари давлат ваъда доданд, ки марҳила ба марҳила то ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ корхонаҳои нав мавриди баҳрабардорӣ қарор мегиранд.
Ёдовар мешавем, ки ҳадафи асосии Ҳукумати ҷумҳурӣ аз таъсиси минтақаҳои саноатию иқтисодӣ дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат фароҳам овардани шароити мусоид барои фаъолияти соҳибкорӣ, коркарди ашёи хом то ҳадди ниҳоӣ, таъмини бозори дохилӣ бо маҳсулоти хушсифат, афзоиш бахшидани иқтидори содиротӣ ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ ба ҳисоб меравад.
Манбаъ: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Источник
Ифтитоҳи корхонаи истеҳсоли равған дар Спитамен
Дар ноҳияи Спитамен Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон корхонаи нави истеҳсоли равғанро дар Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «25-солагии Истиқлолият» мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Соли 2015 соҳибкори ватанӣ Даврон Ахмедов корхонаи коркарди пахтаро бо иқтидори 20 ҳазор тонна дар як сол таъсис дода буд. Акнун бо ба даст овардани фоидаи соф соҳибкорон дар шафати корхонаи коркарди пахта коргоҳи истеҳсоли равған бунёд намуданд.
Дар корхонаи навтаъсис, ки иқтидори коркарди 65 тонна ашёи хомро дар як шабонарӯз дорад, 25 нафар бо кори доимӣ таъмин шуданд.
Дар ин ҷо аз ашёи хоми зағер, рапс, офтобпараст, сиёҳдона ва чигит равған истеҳсол карда мешавад, ки маҳсулоти ивазкунандаи воридот ба шумор меравад.
Хати истеҳсоли равған аз дегҳои бухорӣ, сехи равғантозакунӣ ва бастубанд иборат мебошад. Равғани босифати растанӣ дар зарфҳои 2, 3 ва 4-литра ҷой дода шуда, ба бозорҳои ноҳияи Спитамен ва шаҳри Хуҷанд бароварда мешавад. Таҷҳизоти корхона аз ширкатҳои пешрафтаи русӣ ва чинӣ ворид карда шудааст.
Дар корхонаи коркарди пахта, ки дар ҳаминҷо сохта шудааст, то 50 нафар бо кори мавсимӣ таъмин мешаванд. Пахта аз хоҷагиҳои пахтакори шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд ворид мегардад.
Баъди ифтитоҳи корхонаи нави равғанбарорӣ ва шиносоӣ бо ҷараёни кори он Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳибкорони ватанӣ барои дастгирии сиёсати созандаи роҳбарияти давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, обод кардани як гӯшаи диёр, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва истеҳсоли маҳсулоти ивазкунандаи воридот изҳори сипос карда, ба онҳо барору комёбӣ орзу намуданд.
Дар назди корхонаи нави истеҳсоли равған Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолияти Ҷамъияти Саҳомии Кушодаи “Нексигол” шинос шуданд.
Соли 2009 зимни як сафари корӣ ба вилояти Суғд дар ноҳияи Спитамен Сарвари давлат аввалин агромағозаро ифтитоҳ карда, барои вусъати корҳо ва мусоидат ба пешрафти соҳаи боғдорию кишоварзӣ ба роҳбарияти ноҳия барои ҷудо намудани замин ба ширкати ватанӣ супориш дода буданд.
Ҳамин тавр бо дастури Президенти мамлакат ба Ҷамъияти Саҳомии Кушодаи “Нексигол” 5 гектар замин ҷудо карда шуд, ки айни ҳол дар он боғи интенсивӣ бунёд гардида, якчанд навъи себ ва шафтолу парвариш карда мешавад.
Барои истифодаи самараноки замин хоҷагидорон дар байни қаторҳо қулфинай, карамҳо, помидор, қаланфур ва ҷуворимакка кишт мекунанд.
Зимни ифтитоҳи агромағоза ба роҳбарияти ҷамъият супориш дода шуда буд, ки аз ширкатҳои пешрафтаи хориҷӣ маҳсулот ворид намоянд.
Ҳамаи молу маҳсулоти мағоза, ки ба ҷумҳурӣ ворид карда мешавад, барои парвариши зироат ва боғдорию сабзавоткорӣ хеле муфид аст. Аз ин мавод ҷиҳати беҳтар кардани тухмии зироат, нест кардани ҳашароти зараррасон ва эмин нигоҳ доштани дарахтон васеъ истифода мебаранд.
Аз тарафи ширкат бо дастури Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон айни ҳол дар 12 шаҳру ноҳия филиали агромағоза кушода шудааст.
Баъди шиносоӣ бо фаъолияти ҷамъияти мазкур Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба кори меҳнаткашон баҳои арзанда дода, онҳоро барои истифодаи имкониятҳои мусоиди боду ҳаво ва хоки зархези сарзамин ҳидоят карданд.
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Источник
Корхонаи ресандагии “Спитамен – Текстайлз”, аз бузургтарин корхонаҳои риштабофии шимоли Тоҷикистон, ки бинобар надоштани ашёи хом чаҳор моҳ аз кор монда буд, аз нав фаъол шуд. Дар ин давра ҳудуди 150 коргари ин корхона бекор ва дар рухсатии бемузд буданд. Корхонаҳои дигари коркарди нахи пахта дар шимоли Тоҷикистон низ ба мушкили дастрасӣ ба ашёи хом рӯ ба рӯянд.
Ҳозир дар Тоҷикистон нахи пахта ноёб аст. Корхонаҳои коркард захира надоранд ва ночоранд, ки коргарони худро ба рухсатии бемузд фиристанд
Абдулқодир Бақоев, сардори корхона, рӯзи 10 май дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки корхона дубора фаъол гардид, вале барои идомаи кораш ба ашёи хом ниёз дорад. Ӯ гуфт, “ҳозир 150 тонна нахи пахта гирифтем. Дар ҳеҷ ҷо пахта намондааст, барои ҳамин аз чандин ҷо кам-кам харидем, сифату нархаш ҳам фарқ мекунад.”
Абдулқодир Бақоев афзуд, як тонна нахи пахтаро охири соли гузашта бо нархи 1 ҳазору 300 доллар, вале акнун ба 1 ҳазору 600 доллар харидаанд.
“Спитамен-Текстайлз”, воқеъ дар ноҳияи ҳамном соли 2009 ба кор оғоз карда, иқтидори солонаи коркарди ҳудуди 3,5 ҳазор тонна нахи пахтаро дорад. Дар вилояти Суғд 7 корхонаи ресандагӣ ҳаст ва бузургтарини онҳо “Олими Каримзод” ва “Спитамен-Текстайлз” мебошанд. Як масъули корхонаи “Олими Каримзод”, воқеъ дар ноҳияи Мастчоҳ низ гуфт, ин корхона захираи нахи пахта надорад ва фаъолияти доимиаш то тирамоҳ зери суол аст.
Хушбахти Файз, коршиноси маҳаллӣ, мегӯяд, мушкили аслии корхонаҳои коркарди нахи пахта ин аст, ки имкони молии харид ва захираи нахи пахтаро надоранд. “Ҳозир дар Тоҷикистон нахи пахта ноёб аст. Корхонаҳои коркард захира надоранд ва ночоранд, ки коргарони худро ба рухсатии бемузд фиристанд”, – гуфт ӯ.
Қисмати умдаи нахи пахтаи тоҷик ба кишварҳои хориҷӣ содир мегардад.
Абдулқодир Бақоев, сардори корхонаи “Спитамен – Текстайлз”, роҳҳали ин мушкилро дар захира намудан нахи пахта барои коркарди дохилӣ мебинад. Ӯ мегӯяд, “нахи пахта – аз моҳи феврал то сентябр – барои ҳафт моҳ ноёб мешавад. Ҳукумат барои ҳамин давра нахи пахтаро барои коркарди доихлӣ захира кунад, мо онро мехарем. Ин як дастгирии корхонаҳои дохилии коркарди пахта мегардад.”
Зимнан, нахи пахта ба корхонаҳои дохили Тоҷикистон низ бо нархи ҷаҳонӣ фурӯхта мешавад.
Дар бораи онки ҷиҳати дастгирии корхонаҳои коркарди нахи пахта чӣ корҳо ба анҷом расонда мешавад, раҳбари бахши саноат ва энергетика дар ҳукумати Суғд Озифхон Шарифзода аз ибрози назар худдорӣ кард.
Ин дар ҳолест, ки Абдураҳмон Қодирӣ, раиси вилояти Суғд дар як суҳбати қаблиаш бо хабарнигорон гуфта буд, ки соли 2015 корхонаҳои коркарди нахи пахта дар шимоли Тоҷикистон, ҷиҳати дастрасӣ ба ашёи хом дучори мушкил буданд. Вале моҳи июли соли 2016 ҳукумат андози 10-фоизаи фурӯши нахи пахта барои коркарди дохилиро аз байн бурд ва корхонаҳои ресандагии минтақа ҷон гирифтанд. “Мо бовар дорем, ки имсол дар соҳаи саноати сабуки ресандагӣ як тағйироти куллии мусбат мешавад”, – афзуд ӯ.
Тоҷикистон як кишвари кишоварзӣ маҳсуб меёбад, ки умдатан рӯи пахтакорӣ тамаркуз дорад. Бар пояи омори расмӣ, дар ин кишвар солона беш аз 100 ҳазор тонна нахи пахта истеҳсол мешавад ва танҳо 7-8 дар сади он дар дохили кишвар мавриди коркард қарор мегирад.
Вилояти Суғд 7 корхонаи ресандагӣ дорад ва ин корхонаҳо соли гузашта ҳудуди 5 ҳазору 500 тонна нахи пахтаро мавриди коркарди аввалия қарор додаанд. Вале қисмати умдаи нахи пахтаи тоҷик ба кишварҳои хориҷӣ содир мегардад. Мушкили аслии корхонаҳои коркарди нахи пахта дар Тоҷикистон қимат будани ашёи хом ва ҳамчунин дастрас набудани он аст.
Источник
ДУШАНБЕ, 20.09.2018 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар буриши кӯчаҳои Айнӣ ва Зебуниссои ноҳияи Шоҳмансури пойтахт ба бунёди корхонаҳои нави истеҳсолии Минтақаи саноатии шаҳри Душанбе оғози расмӣ бахшиданд.
Дар ин ҷо нахуст ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикисон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон лоиҳаи сохтмон ва иқтидору имконияти истеҳсолии 9 корхонаи нави саноатӣ, ки ба истиқболи шоистаи 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар майдони қариб 9 гектар бо саҳми ширкатҳои тавлидотӣ ва соҳибкорони ватанӣ сохта мешаванд, муаррифӣ карда шуд.
Иқдоми мазкур, ки дар асоси дастуру ҳидоятҳои бевоситаи Пешвои миллат аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар заминаи ҳамкории судманди давлат бо бахши хусусӣ амалӣ карда мешавад, ширкатҳои ватанӣ ва соҳибкорони инфиродӣ асосан корхонаи коркарди пахта ва истеҳсоли маҳсулоти пахтагин, коргоҳи дӯхти либосҳои мардона, занона, кӯдакона ва эҳёи ҳунарҳои мардумӣ, корхонаи маҳсулоти ордӣ, коркарди меваи хушк ва афшура аз мева, корхонаи истеҳсоли маҳсулоти нимтайёр ва яхмос, корхонаи истеҳсоли маҳсулоти ордӣ ва қаннодӣ, корхонаи истеҳсоли профилҳо ва конструксияҳои металлӣ, корхонаи коркарди сангҳои ранга ва худҷило, корхонаи истеҳсоли маснуоти ҳифзкунанда, васлкунандаҳои барқӣ ва таҷҳизоти барқӣ, корхонаи истеҳсоли чароғпояҳои светодиодӣ ва лампаҳоро бунёд менамоянд.
Ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки бо инобати талаботи аҳолӣ ва афзоиш бахшидани иқтидори содиротии мамлакат дар ин корхонаҳо молу маҳсулоти дар бозори ҷаҳонӣ рақобатпазир истеҳсол карда шуда, дар марҳилаи аввал беш аз 3000 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин мегарданд.
Калонтарин корхонаи дар Минтақаи саноатии шаҳри Душанбе бунёдшаванда – корхонаи коркарди пахта то ҳадди ниҳоӣ ва истеҳсоли маҳсулоти пахтагин мебошад, ки бо харҷи 50 миллион сомонӣ сохта шуда, дар он зиёда аз 2000 нафар соҳиби ҷойи кор мешаванд.
Дар маҷмӯъ, барои бунёду муҷаҳҳазгардонии нуҳ корхонаи нави саноатӣ сарфи қариб 150 миллион сомонӣ пешбинӣ гардидааст.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбат бо роҳбарони ширкатҳо ва соҳибкорон изҳор доштанд, ки дар шароити имрӯза воридоти технологияи нави инноватсионӣ имкон медиҳад, ки раванди саноатикунонӣ таъмин гардад. Бо таваҷҷуҳ ба рушди соҳаи саноат, аз ҷумла тавлиди молу маҳсулоти рақобатпазир таъкид гардид, ки дар корхонаҳои Минтақаи саноатии “Душанбе” технологияи муосири истеҳсоли бонуфузтарин ширкатҳои Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Мардумии Чин, Германия, Италия, Белгия, Кореяи Ҷанубӣ ва Туркия васлу насб карда мешаванд.
Масъулони ҷамъиятҳои дорои масъулияти маҳдуди “Ваҳдат”, “Шаҳзода”, “Грин Голд”, “Норд Азия Металл”, “Асрори Санг”, “Ноқили Талко” ва “Технологияи барқӣ ва бехатарӣ” ба Сарвари давлат ваъда доданд, ки марҳила ба марҳила то ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ корхонаҳои нав мавриди баҳрабардорӣ қарор мегиранд.
Ёдовар мешавем, ки ҳадафи асосии Ҳукумати ҷумҳурӣ аз таъсиси минтақаҳои саноатию иқтисодӣ дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат фароҳам овардани шароити мусоид барои фаъолияти соҳибкорӣ, коркарди ашёи хом то ҳадди ниҳоӣ, таъмини бозори дохилӣ бо маҳсулоти хушсифат, афзоиш бахшидани иқтидори содиротӣ ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ ба ҳисоб меравад.
Источник
Таҳлил
17:48 28.03.2017(Таҷдидшуда 12:46 29.03.2017)
Гирифтани линки кӯтоҳ
130672
Дар замони Шуравӣ барои бештар кардани ҳосили пахта дар Тоҷикистон аз маводи кимиёӣ истифода мекарданд
ДУШАНБЕ, 28 мар — Sputnik, Андрей Захватов. Ҳафтаи гузашта ҳукумати Тоҷикистон бо қарори махсус феҳристи корҳоеро тасвиб кард, ки баҳрагирӣ аз кӯдакону наврасони то 18 сола дар онҳо мамнуъ аст.
Ин феҳрист корҳое чун кандани нақб, истихроҷи нафту гозу кониҳо ва ҳамчунин корҳои сангину хатарноку осебрасонро дар бар мегирад. Вале ин санад баҳрагирӣ аз заҳмати кӯдакону наврасон дар кишоварзӣ, ба вижа дар бардошти ҳосил ва пахтачиниро манъ накардааст.
Кӯшиш ё кушиш
Кӯдаконе, ки қодир ба кори ҷисмонӣ ҳастанд, ҳатто фарзандони милёрдерҳову сарони кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон, кор мекунанд то арзиши пули коркардаашонро дар ёбанд. Вале, таъйини чорчӯбу андозаи кори кӯдакон, ки фаротар аз он коромӯзӣ ба кӯдакон табдил ба коркашӣ аз онҳо мешавад, бисёр мушкил ва ҳатто номумкин аст.
©
Sputnik / Роман Денисов
Тоҷикистон, ки аз соли 1993 узви Созмони байнулмилалии кор аст, ҳар ҳашт паймонномаи аслии он, аз ҷумла паймонномаи № 182 дар бораи манъи коркашӣ аз кӯдаконро ки соли 1999 тасвиб ва аз соли 2000 иҷроӣ шуда, тасвиб кардааст.
Моддаи севуми ин Паймоннома қотеъона анҷоми ҳаргуна кореро, ки “ба саломатӣ, эминӣ ва отифаи кӯдаконро осеб мерасонад” мамнуъ кардааст.
Тоҷикистон бо ин ки дар замони шуравӣ саноъеи нисбатан пешрафтае дошт, аз дидгоҳи торихӣ ҳамвора кишваре кишоварзӣ буда ва мемонад.
Аз кори кӯдакон ҳамеша барои ҷамъоварии пахта дар Тоҷикикстон ва дигар кишварҳои ҳамсоя истифода мешуд ва мардуми бумӣ ҳаргиз чидани пахтаро кори сангине барои кӯдакон намешумурданд. Аз ин рӯ, рустоиёни Тоҷикистон манъи истифода аз кори кӯдаконро шояд дар наёбанд ва шигифтзада ҳам шаванд.
Ин кӯдакон чандон нотавон ҳам нестанд
Дар торихи шуравии Тоҷикистон қаҳрамонии духтараки 11-сола Мамлакат Наҳангова сабт шуда, ки нахустин касе дар Осиёи Марказӣ буда ки дудаста пахта чиданро роиҷ кард. Ӯро барои рекурдшиканӣ дар пахтачинӣ соли 1935 бо нишони Ленин — болотарин нишони давлатии Иттиҳоди Шуравӣ сарфароз карда буданд. Замоне, ки меъёри чиниши якрӯза 20 килуграм пахта буд, Мамлакат ҳар рӯз ба хирман 60 то 70 килуграм пахта меовард.
©
Sputnik / Алексей Куденко
Сбор хлопка. Архивное фото
Дар солҳои баъдӣ дар Тоҷикистони Шуравӣ тавлиди пахта сол аз сол бештар мешуд ва дар солҳои 1980-ум ҳаҷми он ба як милюн тон расид ки то кунун болотарин рақам аст. Пеш аз фурӯпошии Иттиҳоди Шуравӣ дар Тоҷикистон дар фасли ҷамъоварии пахта дар манотиқи панбакор сад дарсади донишомӯзони макотиби миёна, омӯзишгоҳҳо, ҳунаристонҳо, донишкадаҳо ва донишгоҳҳо як то ду моҳ аз дарсҳо озод ва ба пахтачинӣ бурда мешуданд. Ҳар сол дар ин фасл аз 5 милюн аҳолии минтақаҳои пахтакор, 1 то 1,2 милюн кӯдаку наврас низ ба ин кори иҷборӣ-ихтиёрӣ машғул мешуд.
Саҳми кӯдакон ва наврасон дар бардоштҳои рекордӣ, ки аз барояшон раисҳои колхозҳо ситораи Қаҳрамони кори сусёлистӣ мегирифтанд, бисёр бузург буд. Бино ба гузоришҳо, шуруъ аз солҳои 1960-ум то мустақил шудани Тоҷикикстон на камтар аз 7 — 8 милюн кӯдаку навраси тоҷик, ки боре пахта чидаанд, аз доруҳои кимиёӣ заҳролуд шудаанд.
Заҳре ки дар ҷонварон озмуда мешуд
Шуруъ аз солҳои 1960-ум ҷумҳуриҳои шуравии Осиёи Маркзӣ ҷамъоварии мошинии пахтаро сол аз сол бештар мекарданд. Ҷамъоварии мошинӣ дар гузоришҳои ҳаррӯзаи иҷрои нақшаи пахтачинӣ ҷудогона сабт мешуд ва ҷоизааш бисёр калон буд.
Барои пешгирӣ аз талафи “тиллои сафед” ва пок буданаш ҳангоми чидан бо мошин, пахтазорҳо аз пеш омода карда мешуданд. Чунончи, пахтазорҳоро дефоилант — маводи кимиёии баргрез мепошиданд то барг аз поя ҷудо шаваду чидани пахта барои мошин осон шавад.
Кӯдакони тоҷик дар моҳҳои сентябр — октябр пахтачинӣ бурда мешуданд ва ин дақиқан замоне буд ки пахтазорҳоро дефолиант мепошиданд. Бе муболиға метавон гуфт, ки кӯдакони тоҷик пас аз се моҳи гарми тобистон се — чаҳор ҳафта ҳавоеро нафас мекашиданд, ки аз кудҳои кимиёӣ заҳролуд шуда буд.
Аз онҷое ки рустоҳои пурҷамъият дар канори пахтазорҳо ҷой доранд, ҳавои заҳролудро ҳама — аз навзодон то пиронсолон — нафас мекашиданд. Манобеъи оби ошомиданӣ ва обёрӣ низ аз заҳролуд шудан дар амон набуданд.
Яке дигар аз маводи баргрез “Agent Orange” буд, ки солҳои 1960-ум нерӯҳои ҳавоии ИМА онро барои нобуд кардани ҷангалзорҳое ба кор мебурданд, ки виетнамиҳо онҷо пинҳон мешуданд.
©
Flickr / Kimberly Vardeman
Хлопок, архивное фото
Маълум аст дар давоми чанд сол нерӯҳои мусаллаҳи Амрико бар ҷангалҳои Виетнам 72 милюн литр дефолиант, аз ҷумла 44 милюн литр маҳлуле пошидаанд, ки дар таркибаш диоксин дошта, боиси бемории ҷигар, хун таваллуд шудани кӯдакони маъюб ва ҳомиладории ғайримуқаррарӣ шуда буд.
Шумораи нафароне, ки аз диоксин заҳролуд шуда буданд, о 4,8 миллион нафар расида буд ва баъди ба итмом расидани ҷанг аз таъсири заҳр зиёда аз 10 ҳазор нафар ба ҳалокат расид.
Соли 2007-ум дар шҳари Тошканд монографияи олими узбак Т.И. Турахоҷаев нашр шуд, ки аз ҷониби коршиносон баҳои баланд гирифт. Муаллиф дар ин гузориши худ, истифодаи дефолианти пахтаро таҳқиқ кардааст. Тибқи тадқиқоти ин олим ба сифати деволиант дар даврони Шӯравӣ зиёда аз 300 навъи маҳлулро санҷида шуданд, ки истифодаи қисме аз онҳо дар соҳаи кишоварзӣ иҷозат дода шуд.
Дар қатори чунин маҳлулҳо “Бутифос”-маҳлули қаҳваранг низ бду. Ин маҳлул бо об худ ҳамл мешуд ва ба эмулсия бадал гашта, ҳангоми аз ҳавопаймо рехтан зуд ба барги патха мечаспид.
Чӣ тавре, ки олими узбак “Бутифос”-ро ба тасвир додааст, ин навъи маҳлул ба саломатии инсон зарар доштааст, чунки ба осонӣ аз пӯсти одам гузашта ва хеле заҳрлолуд буда бӯйи нохуше дорад, ки метавонад одаммро аз ҳуш бибарад.
Бӯйяш-Шанели №5 нест
Номбар кардани дефолиантҳоеро, ки дар маркази таҳқиқотии “Селхозхимия” омода мешуданду ба фазои Тоҷикистон роҳ меёфтанд, мукил аст, чун маълумот оиди онҳо вуҷуд надорад. Вале инро аниқ гуфтан мумкин аст, ки ҳамаи маводҳои кимиёвӣ, ки дар ҳудуди заминҳои пахтакории Иттиҳоди Шӯравӣ аз ҳамон як завод бароварда мешуданд.
©
Sputnik / Алексей Куденко
Мувофиқи эҳсосоти шахсии муаллиф, бӯйи тези дефолиант касро беҳуш мекунад, махсусан замоне, ки сарнишинон дар баландии панҷ метр парвоз карда ба сари кӯдакони пахтачин савори ҳавопаймои Ан-2 ин7и маҳлулро мерехтанд.
Нафароне, ки аз замини пахта дар вақташ гурехта намерафтанд, ҳамчун баъди оббозӣ менамуданд ва аз бӯйи ғализ сари онҳо ба дард даромада дилбеҳазӯрӣ онҳоро уқубат медод.
Бино ба маълумоти Турахоҷаев дар кишвари ҳамсояи Узбакистон “Бутифос” васеъ истифода мешуд. Онро аз соли 1982-1985 ҳамасола дар заминҳои кишти пахта дар 1,2 то 1,4 гектар замин истифода мебурданд. Баҳори соли 1987 бошад, истифодаи “Бутифос” чун маҳлули заҳролуд дар Узбакистони Советӣ мамнӯъ гардид.
Асри нав-қонунҳои ҷадид
Шумораи нафароне, ки дар даврони Шӯравӣ ва дар солҳои соҳибистиқлолӣ аз маҳлулҳои химиявӣ дар Тоҷиккистон заҳролуд шудаанд, номаълум аст. Вале бино ба таҳқиқотҳои шахсии муаллиф, дар байни шаҳрвандони русзабони Тоҷикистон, ки солҳои 90-ум бо сабаби ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон кишварро тарк карданду дар дигар мамолики дунё ба сар мебаранд, бемориҳои анкологӣ хеле зиёд дучор мешавад.
Аз пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ чоряки аср сипарӣ шуд. Шурӯъ аз солҳои аввали арси ҷадид майдони кишти пахтаи кишварҳои соҳибистиқлол дигар шуд. Бо сабаби паст шудани нархи ҷаҳонии пахта майдонҳои кишт низ то рафт тангтар шуданд. Арзиши 1 тонна пахта дар давоми 7 соли охир дар бозори ҷаҳонӣ аз 5 ҳазор доллар то 1,7 ҳазор доллари амрикоӣ паст шуд.
©
REUTERS / Stringer
Пахтачинӣ
Патха барои Тоҷикитсон баъди алюминий дуюмин маҳсулоти содиротӣ мемонад. Вале натиҷаҳои рекордии истеҳсоли пахта дар асри гузашта боқӣ монаданд. Имрӯзҳо ҳаҷми истеҳсоли умумии пахтаи Тоҷикистон 30%-и ҳаҷми 1 тоннаро ташкил медиҳад. Ҳавопаймоҳои Ан-2 низ бо маҳлулҳои заҳролуд дар асри гузашта монданд.
Моҳи майи соли 2004 раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон қонун “Дар бораи маориф”-ро имзо кард, ки мувофиқи он истифодаи меҳнати кӯдакон, наврасон ва донишҷӯён, ки ба таҳсили онҳо ратбе надорад, манъ карда шудааст. Меҳнати кӯдакон дар ҷамъоварии пахта танҳо дар сурате ҷоиз аст, ки хоҳиши худи онҳо бошад ва ба хотири кӯмак ба водилон равона шуда, музди меҳнат бигиранд.
Имрӯзҳо метавон гуфт, ки замони заҳролудшавӣ дар майдони пахта аз байн рафт. Вале имрӯз боз ду таҳдиди дигар барои ҳукумати Тоҷикикстон ташвишовар боқӣ мемонанд, ин партовҳои маводҳои кимиёвӣ дар ноҳияҳои Вахш ва Конибодом мебошад.
Источник