Чои кори холи дар сугд

Чои кори холи дар сугд thumbnail

Роҳнамо

Роҳнамо барои шахсони аз маҳбас озодшуда

Чои кори холи дар сугд

Роҳнамо барои шахсони аз маҳбас озодшуда

Роҳнамо барои шахсони аз маҳбас озодшуда

04/07/2018
Тафсир

Чои кори холи дар сугд

Путеводитель для лиц, освободившихся из мест лишения свободы

Путеводитель для лиц, освободившихся из мест лишения свободы

04/07/2018
Тафсир

Паёмҳо

Чои кори холи дар сугд

Ролики тарғиботӣ доир ба «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»

Ролики тарғиботӣ доир ба «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»

12/02/2020
Тафсир

Чои кори холи дар сугд

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ 26.2019

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ 26.12.2019 13:02, шаҳри Душанбе

27/12/2019
Тафсир

Чои кори холи дар сугд

СОЛҲОИ 2019-2021 СОЛҲОИ РУШДИ ДЕҲОТ, САЙЁҲИ ВА ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ

СОЛҲОИ 2019-2021 СОЛҲОИ РУШДИ ДЕҲОТ, САЙЁҲИ ВА ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ

04/01/2019
Тафсир

Чои кори холи дар сугд

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомали Рахмон (12.2018)

Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо вуҷуди тағйирёбии вазъи сиёсиву иқтисодӣ ва амниятии ҷаҳон, дар роҳи пешрафти бемайлони иқтисодӣ, расидан ба

04/01/2019
Тафсир

Чои кори холи дар сугд

КОДЕКСИ МЕҲНАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Кодекси мазкур муносибатҳои меҳнатӣ ва дигар муносибатҳои бевосита ба онҳо алоқамандро ба танзим дароварда, барои ҳифзи ҳуқуқу озоди

04/07/2018
Тафсир

Чои кори холи дар сугд

СТРАТЕГИЯИ МИЛЛИИ РУШДИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ ДАВРАИ ТО СОЛИ 2030

Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 (минбаъд-СМР-2030)

04/07/2018
Тафсир

Cомонаҳои ҳаммазмун

Чои кори холи дар сугд

Чои кори холи дар сугд

Чои кори холи дар сугд

Чои кори холи дар сугд

Чои кори холи дар сугд

Чои кори холи дар сугд

Версияи мобилии системаи kor.tj

Чои кори холи дар сугд
Чои кори холи дар сугд

Шарикони мо

Источник

28-уми сентябри соли 2016

МАРКАЗИ МИЛЛИИ ТЕСТИИ

НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИТОҶИКИСТОН

Эълон дар бораи ҷойҳои кории холӣ

Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ишғоли вазифаҳои зерин озмун эълон менамояд:

1. Сармутахассиси фанни таърихи халқи тоҷик (таърихи умумӣ)

Шумораи ҷойҳо: 1

Реҷаи корӣ: дар рӯзҳои корӣ аз соати 08:00 то 17:00

Талаботи тахассусӣ:

Сармутахассиси фанни таърихи халқи тоҷик (таърихи умумӣ) барои таҳияи тестҳо аз фанни мазкур масъул буда, бояд ба талаботи тахассусии зерин ҷавобгӯй бошад:

– маълумоти олӣ дар соҳаи таърих (таҳсилоти баъд аз муассисаи олии таълимӣ бартарӣ дониста мешавад);

– таҷрибаи омӯзгории на кам аз 6 сол;

– таҷрибаи корӣ ҳамчун омӯзгор-таҳиягари тестҳо на кам аз 2 сол;

– донистани равишҳои нави тестгузаронӣ ва таълим;

– дониш ва қобилияти зуд аз худ кардани назарияи классикӣ ва муосири тестҳо;

– малакаи баланди муошират;

– малакаи хуби кор бо компютер;

– нутқу саводи хуби хаттӣ аз забонҳои тоҷикӣ ва русӣ (ба донандагон забонҳои хориҷӣ афзалият дода мешавад);

Ба шахсоне, ки бо Марказ ҳамчун корманди муваққатӣ (муқарриз, таҳиягари тестҳо) ҳамкорӣ кардаанд ва ё дар таҳияи супоришу тестҳо барои олимпиадаҳои ҷумҳуриявии фаннӣ иштирок доштаанд, бартарӣ дода мешавад.

2. Сармутахассиси хизматрасонии техникӣ ва шабакаҳои маҳаллӣ

Шумораи ҷойҳо: 1

Реҷаи корӣ: дар рӯзҳои корӣ аз соати 08:00 то 17:00

Талаботи тахассусӣ:

Сармутахассиси хизматрасонии техникӣ ва шабакаҳои маҳаллӣ барои сари вақт гузаронидани ташхиси техникӣ, корҳои профилактикӣ, таъмири асосӣ, таҷдиди қисматҳои таҷҳизот ва версияҳои таъминоти барномавӣ нисбат ба техника ва шабакаи компютерии дар Марказ истифодашаванда масъул буда, бояд ба талаботи тахассусии зерин ҷавобгӯй бошад:

– маълумоти олии касбӣ дар соҳа (ҳадди ақал доштани дараҷаи бакалавр; таҳсилоти иловагии такмили ихтисос бартарӣ дониста мешавад);

– собиқаи кории на кам аз 3 сол дар самти хизматрасонии таҷҳизот ва таъминоти барномавии компютерҳо ва шабакаҳои компютерӣ;

– таҷрибаи корӣ дар насбу танзим, хизматрасонӣ ва ташхиси таҷҳизоти компютерӣ ва офисӣ, таъминоти барномавӣ бо назардошти версияҳои шабакавии онҳо;

– маҳорати ташкил ва гузаронидани дарс (машварат)-ҳои фосилавӣ бо кормандони бахшҳои минтақавӣ дар самти дастгирии техникӣ;

– мустақилият дар ҳалли масъалаҳои бамиёномада ва қобилияти зуд азхудкунии системаҳои мураккаб;

– қобилияти кор ҳамчун узви гурӯҳи корӣ ва доштани малакаи хуби муошират;

– донистани забонҳои тоҷикӣ ва русӣ (донистани забонҳои хориҷӣ дар сатҳи техникӣ, аз ҷумла забони англисӣ).

Донистани низоми имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ бартарӣ дониста мешавад.

3. Мутахассис-барномасоз

Шумораи ҷойҳо: 1

Реҷаи корӣ: дар рӯзҳои корӣ аз соати 08:00 то 17:00

Талаботи тахассусӣ:

Мутахассис-барномасоз барои иштирок дар равандҳои гуногуни коркарди коркарди иттилоот, аз ҷумла таҳияи қолабҳои ҳуҷҷатҳо дар намуди электронӣ, қабул ва назорати иттилооти воридшаванда, омода кардани додашудаҳои аввалия, тавлиди ҳисоботҳо, нашри ҳуҷҷатҳои содиротӣ ва ғайра масъул буда, бояд ба талаботи тахассусии зерин ҷавобгӯй бошад:

– маълумоти олии касбӣ дар соҳа (ҳадди ақал доштани дараҷаи бакалавр; таҳсилоти иловагии такмили ихтисос бартарӣ дониста мешавад);

– собиқаи кории на кам аз 3 сол дар самтҳои: барномасозӣ дар муҳит ва забонҳои муосири барномасозӣ; истифодаи системаҳои амалиётии муосир ва дастаи барномаҳои амалӣ;

– малакаи хуби корӣ дар самти насбу танзим ва таҷдиду истифодаи таъминоти барномавӣ, таҷҳизоти компютерӣ ва шабакаҳои компютерӣ;

– фаҳмиши назария ва технологияҳои пойгоҳҳои додаҳо: забонҳои дархостӣ, коркарди додаҳо, системаҳои идоракунии пойгоҳҳои додаҳо;

– дониши назариявӣ ва маҳорати амалӣ кардани усулҳои санҷиши таъминоти барномавии таҳия ва таҷдидшаванда барои рафъи камбудиҳои ҷойдошта;

– малакаи таҳияи ҳуҷҷатҳои техникӣ;

– маҳорати хуби таҳлилӣ дар азхудкунӣ ва таҳлили масъалаҳои бамиёномада ва мустақилият дар ҳалли онҳо;

– қобилияти кор ҳамчун узви гурӯҳи корӣ ва доштани малакаи хуби муошират;

– донистани забонҳои тоҷикӣ ва русӣ (донистани забонҳои хориҷӣ дар сатҳи техникӣ, аз ҷумла забони англисӣ).

Донистани низоми имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ бартарӣ дониста мешавад.

4. Мутахассиси технологияи иттилоотӣ-коммуникатсионии бахши минтақавии шуъбаи ташкил ва имтиҳони Марказ дар шаҳри Хуҷанд

Шумораи ҷойҳо: 1

Реҷаи корӣ: дар рӯзҳои корӣ аз соати 08:00 то 17:00

Талаботи тахассусӣ:

Мутахассиси технологияи иттилоотӣ-коммуникатсионӣ (ТИК)-и бахши минтақавӣ барои таъмини кори доимии таҷҳизоти компютерӣ, таъминоти барномавӣ ва шабакаи компютерии бахши минтақавии Марказ дар шаҳри Хуҷанд, насбу танзим, ташхису таҷдид ва хизматрасонии онҳо, инчунин таъмини машварат ва дастгирии техникии кормандони асосӣ ва муваққатӣ дар минтақа вобаста ба масъалаҳои истифодаи ТИК масъул буда, бояд ба талаботи тахассусии зерин ҷавобгӯй бошад:

– маълумоти олии касбӣ дар соҳа (ҳадди ақал доштани дараҷаи бакалавр);

Читайте также:  Аллергическая реакция после прививки от кори

– собиқаи кории на кам аз 3 сол дар самти насбу танзим, таҷдиду ташхис ва хизматрасонию истифодаи таъминоти барномавӣ (системаҳои амалиётии муосир, дастаи барномаҳои амалӣ ва ғайра), таҷҳизоти компютерию офисӣ ва шабакаҳои компютерӣ;

– қобилияти хуби корӣ ва малакаи хуби муошират;

– донистани забонҳои тоҷикӣ ва русӣ (донистани забонҳои хориҷӣ дар сатҳи техникӣ, аз ҷумла забони англисӣ).

Донистани низоми имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ бартарӣ дониста мешавад.

5. Посбони бахши минтақавии Марказ дар шаҳри Хуҷанд

Шумораи ҷойҳо: 1

Реҷаи корӣ:

– дар рӯзҳои корӣ аз соати 17:00 то 08:00;

– дар рӯзҳои истироҳат аз соати 08:00 то 08:00-и рӯзи дигар.

Талаботи тахассусӣ:

Посбони бахши минтақавии Марказ дар шаҳри Хуҷанд барои муҳофизати кормандон, бино ва таҷҳизот дар дохили бахши минтақавӣ, танзиму риояи тартибот дар дохили муассиса, назорати риояи қоидаҳои зиддисӯхтор ва санитарӣ, бақайдгирии шаҳрвандони ба Марказ муроҷиаткунанда ва амнияти бахши минтақавӣ масъул буда, бояд ба талаботи тахассусии зерин ҷавобгӯй бошад:

– маълумоти миёна ва ё миёнаи махсус;

– собиқаи корӣ дар соҳаи бехатарӣ (ба шахсони синнашон то 50-сола афзалият дода мешавад);

– малакаи хуби муошират;

– малакаи кори хаттӣ.

Хоҳишмандон дар озмун тибқи тартиби муқарраргардида қабул карда мешаванд. Хоҳишмандон барои иштирок дар озмун бояд ҳуҷҷатҳояшонро (ариза, нусхаи шиноснома, дафтарчаи меҳнатӣ, маълумотнома оид ба доғи судӣ (ИЦ) ва резюме бо забони тоҷикӣ) ба Марказ бо нишонии зерин пешниҳод намоянд:

Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон:

734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ, 192

Телефон: (+992 37) 224 53 67, 224 53 68

Факс: (+992 37)  224 53 66

Нишонии электронӣ: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.

Шахси мутасаддӣ: Г. Давлатова

Муҳлати ниҳоии пешниҳоди ҳуҷҷатҳо: 17-уми октябри соли 2016, то соати 16:00

Источник

ҶСП «Индиго Тоҷикистон» муҳити кориеро фароҳам оварда, дастгирӣ мекунад, ки он ҳар як кормандро барои ноил шудан ба дастовардҳои бузург таҳрик медиҳад ва шароити ҳамкориро беҳтар сохта, мутобиқи меъёрҳои муосир барои одамони дорои ҳадафҳои олии касбӣ роҳ мекушояд. Кормандони мо бояд аснои интихоби андеша ва амал озод ва ҳамзамон барои қабули навгониҳо ва тағйирот омода бошанд.

for-tcell-carerra04.jpgШумо дарTcell шароити муносиби кории иборат аз: ҷойи кории муҷаҳҳаз бо технология ва коммуникатсияи муосир, макони мулоқот ва табодули афкору ахборро пайдо менамоед. Мо ба кормандони мақсаддор, доно ва фаъол ниёз дорем. Tcell имконияти бештарро барои рушди касбу кор, инчунин камолоти касбии корманд дар фаъолияти тиҷоратӣ ва техникӣ фароҳам меорад.

Муҳим нест, ки мақсаду мароми касбияти Шумо дар куҷост, дар Tcell Шумо имконият пайдо мекунед, ки маҳорату малакаатонро барои мақсади умумӣ равона созед.

Бо мо бипайвандед! Мо хушҳол хоҳем шуд, агар Шуморо дар қатори дастаи мутахассисони касбии Tcell бубинем.

Мавқеи кории холӣ

Номзади муҳтарам!

Хуш омадед ба саҳифаи мо таҳти унвони “Ҷойи холии корӣ дар Tcell”! Аз таваҷҷуҳи Шумо ба ҷойҳои холии корӣ дар Ширкат хеле хушҳол ҳастем ва инак, Шуморо бо тартиби пешниҳоди дархост шинос менамоем.

Барои Шумо рӯйхати ҷойҳои холии корӣ дар Тcell-ро пешниҳод мекунем. Барои ирсоли дархост ба ҷойи холии кории зарурӣ ишораро пахш карда, шакли дархостро пур кунед.

Номгӯи ҷойҳои холии корӣ:

  • Менеджер по мобильным финансовым услугам (MFS)

    Основные направления оказания услуг:

    – Реализует стратегию развития мобильных финансовых услуг для развития каналов продаж (включая онлайн продажи), направленные на привлечение новых абонентов и поддержанию лояльности существующих абонентов;
    – Планирует и реализует проекты, связанные с продажей мобильных услуг через онлайн каналы продаж;
    – Работает и контролирует деятельность партнеров (дилеров/дистрибьюторов/партнеров по приему платежей/агентов/волонтеров и др.). Участвует в определении партнеров для сотрудничества в других проектах;
    – Управляет процессом и администрированием продукта ТезСум на всей территории РТ;
    – Внедряет и обеспечивает реализацию стратегии каналов продаж через мобильный кошелек;
    – Формирует все виды периодических и специальных отчетов по каналам продаж;
    – Координирует действия с финансовым департаментом и банком-партнером для обеспечения того, чтобы отчетность о доле доходов была точной, а также своевременность их начисления;
    – Реализовывает проект по внедрению классических денежных переводов в текущую схему работы дилеров и агентов Компании;
    – Отвечает за внедрение и реализацию проектов по мобильной (электронной) коммерции;
    – Реализует общую идею по продвижению оплаты по безналичному методу.

    Основные требования:

    – Высшее профессиональное в сфере экономики, управления, финансов или коммерции;
    – 5 (пять) и более лет опыта работы в сфере маркетинга/продаж/обслуживания, в том числе на руководящей позиции;
    – Знание рынка, практика и теория менеджмента, знания в области маркетинга, общие технические знания, современные методы управления бизнесом;
    – Знание основ телекоммуникаций, 2G, 3G, 4G, SMS, USSD, IP, Web, ИТ, бухгалтерского учета и финансов;
    – Опытный пользователь ПК;
    – Русский язык – свободный уровень (письменный и устный), английский язык – рабочий уровень.

    Специальные условия:

    Место работы: Tcell, Душанбе.
    Последний срок подачи заявок:  21.09.2020

Эзоҳ: Ҳамаи муроҷиатҳо оид ба мавқеъҳои кории холӣ танҳо тибқи қоидаҳои дар боло зикргардида қабул карда мешаванд. CV ва аризаҳо оид ба кортаъминкунии бевосита ба идора ё ба суроғаи почтаи электронии кормандони ширкат ирсолгардида мавриди баррасӣ қарор дода намешаванд!

Таҷрибаомӯзӣ дар Тcell

Донишҷӯёни арҷманд!

Агар дар барномаи таълимии Шумо таҷрибаомӯзии истеҳсолӣ, таълимӣ ва пешаздипломӣ пешбинӣ шуда бошад ва агар Шумо ҳадафи расидан ба қуллаҳои баланди касбиро дошта бошед, агар ёфтани мавқеъи муносиб дар ҳаётро доред, пас Тcell ин имкониятро ба Шумо фароҳам оварда, дар интихоб барои гузаштани таҷрибаомӯзиатонро дар пешқадамтарин ширкати телекоммуникатсионӣ муҳайё месозад.

Шумо беҳтарин имконро барои оғоз намудани фаъолияти касбӣ дар яке аз бомасъулияттарин ва боэътимодтарин корфармоҳо дар бозори меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон доред, ки ҳамеша дар бораи насли ояндаи мутахассисони ҷавони миллӣ ғамхорӣ зоҳир менамояд.

Читайте также:  Вакцины против краснухи паротита кори и краснухи

Таҷрибаомӯзӣ дар Tcell – гарави оғози муваффақонаи фаъолияти кории Шумост!

printer.png

Печать страницы

Источник

muhojir yrmarkaКодекси андозро бояд ислоҳ кард ва то сохтани “Роғун набояд мунтазир нишаст

Дар натиҷаи таҳримҳои Ғарб нисбат ба Русия ва паст шудани қимати нафт дар бозорҳои ҷаҳонӣ, иқтисоди Русия ба мушкилоти ҷиддӣ рӯ ба рӯ шудааст. Рубли Русия тақрибан ду баробар беқурб шуда, иқтисодаш қариб аз рушд  мондааст.

Ин ҳама мушкилот дар иқтисоди Русия, ки иқтисоди мо аз он вобастагиҳои зиёд дорад, нигаронии коршиносонро ба бор овардааст. Гумон меравад, дар ҳолати аз рушд мондани иқтисоди Русия ва боз ҳам беқурб шудани рубл муҳоҷирони мо, ки асоси пойдории иқтисоди ватанӣ маҳсуб меёбанд ба мушкилоти ҷиддии корёбӣ ва камшавии маош рӯ ба рӯ мешаванд. Бар замми ин, мувофиқи қоидаи нави ҷорикардаи Ҳукумати Русия,  сар аз соли нави 2015 муҳоҷирон дигар бо шиносномаҳои дохилии Тоҷикистон дар қаламрави Русия иҷозати ҳузур доштан надоранд ва онҳо барои дар сари вақт гирифтани шиносномаҳои хориҷӣ мушкилӣ мекашанд. Ин ҳама сабаб мешавад, ки қисме аз муҳоҷирон қаламрави Русияро тарк карда, ба ватан баргарданд.

“Ярмаркаи ҷойҳои кори холӣ” роҳи ҳал нест

Дар чунин шароит масъалаи асосӣ дар назди кишвари мо ташкили ҷойҳои кории нав ва ба кор ҷалб кардани аҳолӣ мебошад. Ҷойҳои корие, ки қувваи кории бозгашта ба ватан дар он кор кунанд ва ба хонавода ва буҷаи давлат фоида биёранд. “Ярмаркаи ҷойҳои кори холӣ”, ки ҳар сол гузаронида мешавад, ба кор намеравад. Роҳи аз ҳама пурсамар ва ҷавобгӯ ба талаботи иқтисоди бозорӣ, сохтани шароити мувофиқ барои рушди соҳибкорӣ дар дохили кишвар мебошад. Барои иҷрои ин кор бояд мушкилот дар ин ҷода дуруст омӯхта шуда, монеаҳо бартараф карда шаванд.

Андозҳои гарони миёншикан монеъи пешрафт

Мушкилиҳои пеш бурдани фаъолияти соҳибкорӣ дар кишвари мо бисёранд. Чор мушкили асосии онро ин ҷо дида мебароем:

1. Норасоии қувваи барқ;

2. Гаронии андозҳо ва мушкилот дар ҳуҷҷатгузории он;

3. Фасод;

4. Рақобати носолим ва фаъолияти ношаффоф.

Дар асри 21 бе таъмини пурраи кишвар бо барқи доимӣ рушди босифати  иқтисодиро интизор шудан номумкин аст. Соҳибкорон ва сармоядорон ҳам ин мушкилиро мебинанд ва ҳангоми тасмимгирӣ барои сохтани корхонаҳои истеҳсолӣ ва маишӣ онро нодида гирифта наметавонанд. Ҳама техника ва технологияи муосир бо барқ кор мекунад ва камбудии он монеи асосӣ ба шумор меравад.

Низоми андозбандӣ ва фоизи андозҳо дар тасмимгирии соҳибкорон ва сармоягузорон барои таъсиси корхонаҳо нақши бузург дорад. Кам будани монеаҳо ҳангоми таъсис додан ва бастани корхонаҳо, гирифтани шаҳодатномаи соҳибкорӣ ва тартиби супоридани ҳисоботҳо ба нозирони андоз, бешак, ба манфиати кор хоҳад буд ва боиси кушодашавии корхонаҳои нав мегардад. Солҳои охир дар кишвари мо бо чанд ислоҳот, таъсис додани корхонаҳо ва гирифтани шаҳодатномаи соҳибкорӣ осон шудааст ва дар муддати чанд рӯз кор ҳал мешавад. Аммо дар барҳам додани он монеаҳои зиёде аст, ки моҳҳо вақти соҳибкоронро мегирад. Тартиби супоридани ҳисоботҳо ҳам мушкил ва дилсардкунанда аст. Фоизҳои андозҳо ҳам гаронӣ мекунанд. Ҳарчанд шумораи андозҳо кам шудаанд, аммо гаронии андозҳо зиёд шудааст, на кам. Баъди эътибори қонунӣ гирифтани Кодекси нави андоз, баҳсҳо дар масъалаи андозбандӣ зиёд шудаанд. Дар ин мавзуъ иқтисодшиносон ва коршиносони дигар дар матбуот матлабҳоеро ба нашр расонидаад. Дар матлабҳои худ аз мушкилоти ин соҳа сухан ронда, камбудиҳои қоидаҳои нави андозбандиро ёдовар шуда, зарурати аз нав баррасӣ кардани қоидаҳои андозбандиро дар кишвар ёдрас карданд. Ин матлабҳо дар матбуот ва эътирози соҳибкорон дар ҳамон замон, баёнгари он ҳастанд, ки низоми андозбандии мо номукаммал буда, гаронии он садди роҳи рушди соҳибкорӣ дар кишвар мегардад.

Фасод, яъне истисмор

Тоҳири Абдуҷаббор дар яке аз матлабҳои худ таъкид дошт: “Фасод яке аз шаклҳои зуҳуроти бедод аст, истисмор аст. Василаи расидан ба ҳадафҳои нопок аст. Роҳест, ки гурӯҳеро ба рифоҳи моддӣ мерасонад, вале ҷомеаро – ба таназзул, ба табоҳӣ.” (Меъмори истиқлоли Тоҷикистон. Саҳ. 391.) Бале, фасод ҷомеаро ба таназзул, ба табоҳӣ мебарад ва зарбаи сахттаринро ба рушди фаъолияти соҳибкорӣ мезанад. Имрӯз ин зуҳуроти номатлуб дар ҳама соҳаҳо реша давондааст ва соҳибкорӣ ва истеҳсоли маҳсулоту хидматрасониҳо ҳам эмин нестанд. Ин мушкилест, ки монеи рушди соҳибкорӣ мешавад ва имкони сохтани ҷойҳои кор барои аҳолиро кам мекунад. Ҳарчанд солҳои охир дар кишвари мо мубориза бар зидди  фасоду ришвахорӣ пурзӯр шудааст, аммо ҳамоно Тоҷикистон дар шохисҳои байналмиллалӣ ҷойи пастро ишғол мекунад ва фасоду ришвахорӣ зиёд аст. Зеро мубориза бо фасодкорӣ иллатҳои онро аз байн бурда наметавонад. Барои решакан кардани фасод, зарур аст, ки аввал иллатҳои онро аз байн бурд. Сабаби асосияш, ин маоши ками масъулини давлатӣ аст, ки навобаста ба ин мехоҳанд зиндагии сатҳи аврупоӣ дошта бошанд. Пеш аз ҳама, шумораи хидматгарони давлатиро бояд кам кард ва маоши онҳоро баланд бардошт. Сабаби дигар, девонсолории барзиёд аст, ки корафтодаҳоро маҷбур месозад барои раҳоӣ аз ин саргардониҳо ва сарфаи вақти худ пора пешниҳод кунанд. “Порадиҳӣ санги хороро об мекунад”. Барои бартараф кардани ин иллати фасод бояд ҳар чӣ зудтар ба низоми электронӣ дар низоми андозбандӣ гузарем ва девонсолорию коғазбозӣ ҳангоми пешбарии фаъолияти соҳибкорӣ кам шавад.

Сабаби асосии сар задани рақобати носолим даст задани баъзе масъулини ниҳодҳои давлатӣ ба фаъолияти соҳибкорӣ аст, ки албатта ба воситаи хешу наздиконашон ин корро анҷом медиҳанд. Фаъолияти чунин субъектҳои соҳибкорӣ ношаффоф аст ва бо истифода аз мақоми худ онҳо имтиёзҳо ба даст оварда, рақибонро ба танг меоранд. Рақобат омили таҳрикдиҳандаи рушди иқтисод аст. Барои таъмини рақобати солим бояд кори ҳамаи субъектҳои амалкунандаи соҳибкорӣ дар бозор шаффоф бошад ва шаффофият омили нигаҳдорандаи рақобати солим аст, ки дар кишвари мо ба таври лозимӣ бо сабабҳои гуногун таъмин нест. Сабаби дигар, ҳамон фасод аст, ки баъзе соҳибкорон бо роҳи додани пора ба масъулини давлатӣ имтиёз ба даст меоранд ва бо ин роҳ дар бозор бартарӣ пайдо мекунанд.

Читайте также:  Во сколько детям делают прививку от кори краснухи

Барои таъмини рушди иқтисод ва ба ҷойи кор таъмин кардани аҳолӣ, зарур аст, ки мушкилоти номбаршуда ҳал шаванд ва ин боиси зиёд шудани корхонаҳои истеҳсолӣ ва маишӣ шуда, ҷойҳои корӣ пайдо шуда, шумораи анзозсупорандаҳо зиёд гардад.

yrmarka 1То сохтани НБО-и “Роғун” набояд бекор нишаст

Албатта, нуқтаи охиринро дар таъмини пурраи кишвар бо нируи барқ НБО-и “Роғун” мегузорад. Аммо то замони сохтани он имкон аст, ки бо сохтани ниругоҳҳои хурди обӣ ва истифода аз энергияҳои офтобӣ, бодӣ, биомасса ва геотермалӣ, бо иштироки соҳибкорон ва сармоягузорони дохилӣ то дараҷае ин мушкилро ҳал кард. Зарур аст механизми дурусти ҷавобгӯ ба талаботи бозор барои ҷалби соҳибкорон ва сармоягузорони дохилӣ коркард карда шавад. Ҳама мавзеъҳое, ки дар онҳо имконияти сохтани ниругоҳҳои барқӣ-обии хурд (ё дигар намуд) ҳаст, ба як рӯйхати умумӣ дохил карда шуда, бо иштироки коршиносон бизнесплан барои онҳо тартиб дода шавад ва пешкаши соҳибкорон ва сармоягузорон гардад. Дар баробари ин қоидаҳои кори оянда равшан бошад ва соҳибкор боварӣ дошта бошад, ин қоидаҳо ақаллан дар панҷ соли оянда дигар намешаванд. Механизми додугирифти барқ миёни моликони ин ниругоҳҳо ва шабакаҳои барқии ҷумҳурӣ дуруст ба роҳ монда шаванд, то ки ҳангоми барқи зиёд доштан ба дигар минтақаҳо расонида шаванд. Агар соҳибкорон дар пайи иҷрои ин амалҳо ба маълумоти дақиқ дастрасӣ пайдо кунанд ва бехатарии сармояи худро эҳсос кунанд, боварӣ ҳаст, ки даст ба сохтани чунин ниругоҳҳо мезананд ва ҳам худ фоида ба даст меоранд, ҳам ҷойҳои корӣ пайдо мешавад, ҳам мушкили бебарқӣ то дараҷае ҳал мешавад ва ҳам даромад ба буҷа меоранд.

Дар ҷамъоврии андоз аз ширкатҳои мобилӣ бояд ибрат гирифт

Барои осон кардани мушкилоти соҳибкорон дар андоз ва андозбандӣ, зарур аст, ки Кодекси андоз аз нав таҳия шавад ва дар таҳияи он аз дониши коршиносони баландихтисос, меҳандӯст ва солимфикр истифода шавад. Ҳангоми таҳияи қонуну қоидаҳои нав ҳатман бояд принсипи “андоз мувофиқи даромад” риоя шавад ва танҳо баъди гирифтани даромад, дар асоси он андоз муайян шуда, аз соҳибкорон ситонида шавад. Агар даромад ҳаст, андоз месупоранд ва агар нест, намесупоранд. Ё агар даромад кам аст, андоз кам ва агар зиёд аст, андоз мувофиқи он зиёд мешавад. Чунки ҳангоми кушодани бизнеси нав, ҳар як соҳибкор таваккал ё худ риск мекунад. Ҳоло маълум нест, ки ӯ аз ин риски худ бурд мекунад ё бохт. Имрӯз дар оғози кор бояд баъзе андозҳоро супорад ва агар кораш бебарор шуд ва фаъолиятро қатъ карданӣ шавад, то баъзе андозҳоро насупорад аз қайд бароварда намешавад. Ин ҳам албатта дар тасмимгирии соҳибкорон барои кушодани корхонаҳои нав нақши манфӣ мебозад. Дигар ин ки Кодекси анзоз ҳатман бояд бо забони содда навишта шавад, то ки талаботи он ба осонӣ аз тарафи соҳибкорон дарк карда шавад ва меъёру фоизҳои андозҳо дақиқ бошанд. Соҳибкор бояд бидонад, ки кадом намуди андоз бевосита аз худи ӯ ситонида мешавад ва кадом намуди дигар ба воситаи ӯ аз истеъмолкунанда гирифта мешавад. Чизе ки имрӯз нест ва биёре аз соҳибкорон фикр мекунанд, ҳама андозҳоро аз фоидаи софи худ месупоранд ва ҳангоми баланд шудани андоз эътироз мекунанд. Сеюм ин, ки дар ҷамъоварии андоз бояд аз таҷрибаи Ширкатҳои мобилӣ, ки дар ҷамъоварии ҳаққи хидматрасонии худ касб кардаанд, истифода бурд. Онҳо шароити хеле мувофиқе барои муштариёни худ муҳайё кардаанд, ки бе ягон мушкилӣ муштарӣ ҳар замоне, ки хоҳад маблағро пардохт мекунад ва ин ширкатҳо онро сари вақт ҷамъоварӣ мекунанд. Ҳарчи зудтар ҷорӣ кардани ин таҷриба дар ҷамъоварии андоз ҳам ба манфиати кор хоҳад буд. Риояи принсипҳои овардашуда имкон медиҳад, ки баъзе монеаҳо бартараф шаванд ва қонуну қоидаҳои нав боиси рушди фаолияти соҳибкорӣ шавад. 

Тадбир чист?

Барои решакан кардани фасод, пеш аз ҳама, бояд иллатҳои дар боло зикршуда бартараф шаванд. Баъдан дар баробари мубориза бо ин зуҳуроти номатлуб, чуноне ки Тоҳири Абдуҷаббор дар ҳамон матлаби худ мегӯяд: “Хело муҳим аст, ки фаъолияти ҳукумат комилан шаффоф бошад, озодии андешаю  баён ва озодии матбуот таъмин карда шавад. Дар ҷое ки матбуоти озоду мустақил масоили зиндагии ҷомеа ва фаъолияти ҳукуматдоронро холисона бозтоб менамояд ва мардум аз чигунагии корҳо ба хубӣ огоҳ мешаванд ва аҳзобу созмонҳои иҷтимоӣ фаъолона ба корҳои ҳукумат назорат ва айбҳои онро ошкору интиқод мекунанд, имкони каҷравию фасодкорӣ камтар мешавад”. Яъне назорати мардумӣ ҳам аз болои фаъолияти ниҳодҳои давлатӣ ба роҳ монда шавад, ки дар кам кардани сатҳи фасоду ришвахорӣ метавонад саҳми худро гузорад.

Сари вақт бартараф кардани мушкилоти ҷойдошта дар фаъолияти соҳибкорӣ имкон медиҳад, ки ҳам ҷойҳои нави корӣ бо маоши арзанда пайдо шаваду шумораи муҳоҷирон кам шавад. Ҳам доираи андозсупорандаҳо зиёд шавад ва даромади буҷа зиёд гардад. Ва ҳам  сармоягузорони хориҷӣ бевосита сармояи худро вориди бозори мо карда, корхонаҳои истеҳсолӣ ва маишӣ бисозанду дар рушди иқтисоди мо саҳмгузор бошанд.

Бинобар ин, барои рушди иқтисод ва расидан ба як зиндагии шоистаи ҷавонон дар ватан аз имрӯз бояд ислоҳотро оғоз кард ва мушкилоти ҷойдошта дар фаъолияти соҳибкориро ҳарчи зудтар ҳал кард. Соҳибкорон аз талаботу таклифоти бозор огоҳӣ доранд ва худ чӣ истеҳсол карданро медонанд ва фаъолияти пурсамари онҳо метавонад вобастагии кишварро аз маҳсулоти воридотӣ (либос, хурока, масолеҳи сохтмонӣ…) кам кунад. Аз ин ҷиҳат Тоҷикистон аз назари иқтисодию сиёсӣ ҳам истиқлолияташро тақвият медиҳад. Дигар баргашти муҳоҷирон мушкилӣ намеорад, балки баргашти онҳо ва ба ватан овардани сармояи зеҳнӣ, молиявӣ ва касбияшон боиси рушди иқтисод ва мустаҳкам гардидани муносибатҳои иҷтимоӣ мегардад.

Меҳр Собириён, корманди Маркази омӯзиши

равандҳои муосир ва оянданигарии илмӣ, АИ ҶТ

Источник