Чои кори холи дар палатаи хисоб

Чои кори холи дар палатаи хисоб thumbnail

Роҳнамо

Роҳнамо барои шахсони аз маҳбас озодшуда

Чои кори холи дар палатаи хисоб

Роҳнамо барои шахсони аз маҳбас озодшуда

Роҳнамо барои шахсони аз маҳбас озодшуда

04/07/2018
Тафсир

Чои кори холи дар палатаи хисоб

Путеводитель для лиц, освободившихся из мест лишения свободы

Путеводитель для лиц, освободившихся из мест лишения свободы

04/07/2018
Тафсир

Паёмҳо

Чои кори холи дар палатаи хисоб

Ролики тарғиботӣ доир ба «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»

Ролики тарғиботӣ доир ба «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»

12/02/2020
Тафсир

Чои кори холи дар палатаи хисоб

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ 26.2019

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ 26.12.2019 13:02, шаҳри Душанбе

27/12/2019
Тафсир

Чои кори холи дар палатаи хисоб

СОЛҲОИ 2019-2021 СОЛҲОИ РУШДИ ДЕҲОТ, САЙЁҲИ ВА ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ

СОЛҲОИ 2019-2021 СОЛҲОИ РУШДИ ДЕҲОТ, САЙЁҲИ ВА ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ

04/01/2019
Тафсир

Чои кори холи дар палатаи хисоб

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомали Рахмон (12.2018)

Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо вуҷуди тағйирёбии вазъи сиёсиву иқтисодӣ ва амниятии ҷаҳон, дар роҳи пешрафти бемайлони иқтисодӣ, расидан ба

04/01/2019
Тафсир

Чои кори холи дар палатаи хисоб

КОДЕКСИ МЕҲНАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Кодекси мазкур муносибатҳои меҳнатӣ ва дигар муносибатҳои бевосита ба онҳо алоқамандро ба танзим дароварда, барои ҳифзи ҳуқуқу озоди

04/07/2018
Тафсир

Чои кори холи дар палатаи хисоб

СТРАТЕГИЯИ МИЛЛИИ РУШДИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ ДАВРАИ ТО СОЛИ 2030

Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 (минбаъд-СМР-2030)

04/07/2018
Тафсир

Cомонаҳои ҳаммазмун

Чои кори холи дар палатаи хисоб

Чои кори холи дар палатаи хисоб

Чои кори холи дар палатаи хисоб

Чои кори холи дар палатаи хисоб

Чои кори холи дар палатаи хисоб

Чои кори холи дар палатаи хисоб

Версияи мобилии системаи kor.tj

Чои кори холи дар палатаи хисоб
Чои кори холи дар палатаи хисоб

Шарикони мо

Источник

28-уми сентябри соли 2016

МАРКАЗИ МИЛЛИИ ТЕСТИИ

НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИТОҶИКИСТОН

Эълон дар бораи ҷойҳои кории холӣ

Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ишғоли вазифаҳои зерин озмун эълон менамояд:

1. Сармутахассиси фанни таърихи халқи тоҷик (таърихи умумӣ)

Шумораи ҷойҳо: 1

Реҷаи корӣ: дар рӯзҳои корӣ аз соати 08:00 то 17:00

Талаботи тахассусӣ:

Сармутахассиси фанни таърихи халқи тоҷик (таърихи умумӣ) барои таҳияи тестҳо аз фанни мазкур масъул буда, бояд ба талаботи тахассусии зерин ҷавобгӯй бошад:

– маълумоти олӣ дар соҳаи таърих (таҳсилоти баъд аз муассисаи олии таълимӣ бартарӣ дониста мешавад);

– таҷрибаи омӯзгории на кам аз 6 сол;

– таҷрибаи корӣ ҳамчун омӯзгор-таҳиягари тестҳо на кам аз 2 сол;

– донистани равишҳои нави тестгузаронӣ ва таълим;

– дониш ва қобилияти зуд аз худ кардани назарияи классикӣ ва муосири тестҳо;

– малакаи баланди муошират;

– малакаи хуби кор бо компютер;

– нутқу саводи хуби хаттӣ аз забонҳои тоҷикӣ ва русӣ (ба донандагон забонҳои хориҷӣ афзалият дода мешавад);

Ба шахсоне, ки бо Марказ ҳамчун корманди муваққатӣ (муқарриз, таҳиягари тестҳо) ҳамкорӣ кардаанд ва ё дар таҳияи супоришу тестҳо барои олимпиадаҳои ҷумҳуриявии фаннӣ иштирок доштаанд, бартарӣ дода мешавад.

2. Сармутахассиси хизматрасонии техникӣ ва шабакаҳои маҳаллӣ

Шумораи ҷойҳо: 1

Реҷаи корӣ: дар рӯзҳои корӣ аз соати 08:00 то 17:00

Талаботи тахассусӣ:

Сармутахассиси хизматрасонии техникӣ ва шабакаҳои маҳаллӣ барои сари вақт гузаронидани ташхиси техникӣ, корҳои профилактикӣ, таъмири асосӣ, таҷдиди қисматҳои таҷҳизот ва версияҳои таъминоти барномавӣ нисбат ба техника ва шабакаи компютерии дар Марказ истифодашаванда масъул буда, бояд ба талаботи тахассусии зерин ҷавобгӯй бошад:

– маълумоти олии касбӣ дар соҳа (ҳадди ақал доштани дараҷаи бакалавр; таҳсилоти иловагии такмили ихтисос бартарӣ дониста мешавад);

– собиқаи кории на кам аз 3 сол дар самти хизматрасонии таҷҳизот ва таъминоти барномавии компютерҳо ва шабакаҳои компютерӣ;

– таҷрибаи корӣ дар насбу танзим, хизматрасонӣ ва ташхиси таҷҳизоти компютерӣ ва офисӣ, таъминоти барномавӣ бо назардошти версияҳои шабакавии онҳо;

– маҳорати ташкил ва гузаронидани дарс (машварат)-ҳои фосилавӣ бо кормандони бахшҳои минтақавӣ дар самти дастгирии техникӣ;

– мустақилият дар ҳалли масъалаҳои бамиёномада ва қобилияти зуд азхудкунии системаҳои мураккаб;

– қобилияти кор ҳамчун узви гурӯҳи корӣ ва доштани малакаи хуби муошират;

– донистани забонҳои тоҷикӣ ва русӣ (донистани забонҳои хориҷӣ дар сатҳи техникӣ, аз ҷумла забони англисӣ).

Донистани низоми имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ бартарӣ дониста мешавад.

3. Мутахассис-барномасоз

Шумораи ҷойҳо: 1

Реҷаи корӣ: дар рӯзҳои корӣ аз соати 08:00 то 17:00

Талаботи тахассусӣ:

Мутахассис-барномасоз барои иштирок дар равандҳои гуногуни коркарди коркарди иттилоот, аз ҷумла таҳияи қолабҳои ҳуҷҷатҳо дар намуди электронӣ, қабул ва назорати иттилооти воридшаванда, омода кардани додашудаҳои аввалия, тавлиди ҳисоботҳо, нашри ҳуҷҷатҳои содиротӣ ва ғайра масъул буда, бояд ба талаботи тахассусии зерин ҷавобгӯй бошад:

Читайте также:  Когда ревакцинация корь краснуха паротит

– маълумоти олии касбӣ дар соҳа (ҳадди ақал доштани дараҷаи бакалавр; таҳсилоти иловагии такмили ихтисос бартарӣ дониста мешавад);

– собиқаи кории на кам аз 3 сол дар самтҳои: барномасозӣ дар муҳит ва забонҳои муосири барномасозӣ; истифодаи системаҳои амалиётии муосир ва дастаи барномаҳои амалӣ;

– малакаи хуби корӣ дар самти насбу танзим ва таҷдиду истифодаи таъминоти барномавӣ, таҷҳизоти компютерӣ ва шабакаҳои компютерӣ;

– фаҳмиши назария ва технологияҳои пойгоҳҳои додаҳо: забонҳои дархостӣ, коркарди додаҳо, системаҳои идоракунии пойгоҳҳои додаҳо;

– дониши назариявӣ ва маҳорати амалӣ кардани усулҳои санҷиши таъминоти барномавии таҳия ва таҷдидшаванда барои рафъи камбудиҳои ҷойдошта;

– малакаи таҳияи ҳуҷҷатҳои техникӣ;

– маҳорати хуби таҳлилӣ дар азхудкунӣ ва таҳлили масъалаҳои бамиёномада ва мустақилият дар ҳалли онҳо;

– қобилияти кор ҳамчун узви гурӯҳи корӣ ва доштани малакаи хуби муошират;

– донистани забонҳои тоҷикӣ ва русӣ (донистани забонҳои хориҷӣ дар сатҳи техникӣ, аз ҷумла забони англисӣ).

Донистани низоми имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ бартарӣ дониста мешавад.

4. Мутахассиси технологияи иттилоотӣ-коммуникатсионии бахши минтақавии шуъбаи ташкил ва имтиҳони Марказ дар шаҳри Хуҷанд

Шумораи ҷойҳо: 1

Реҷаи корӣ: дар рӯзҳои корӣ аз соати 08:00 то 17:00

Талаботи тахассусӣ:

Мутахассиси технологияи иттилоотӣ-коммуникатсионӣ (ТИК)-и бахши минтақавӣ барои таъмини кори доимии таҷҳизоти компютерӣ, таъминоти барномавӣ ва шабакаи компютерии бахши минтақавии Марказ дар шаҳри Хуҷанд, насбу танзим, ташхису таҷдид ва хизматрасонии онҳо, инчунин таъмини машварат ва дастгирии техникии кормандони асосӣ ва муваққатӣ дар минтақа вобаста ба масъалаҳои истифодаи ТИК масъул буда, бояд ба талаботи тахассусии зерин ҷавобгӯй бошад:

– маълумоти олии касбӣ дар соҳа (ҳадди ақал доштани дараҷаи бакалавр);

– собиқаи кории на кам аз 3 сол дар самти насбу танзим, таҷдиду ташхис ва хизматрасонию истифодаи таъминоти барномавӣ (системаҳои амалиётии муосир, дастаи барномаҳои амалӣ ва ғайра), таҷҳизоти компютерию офисӣ ва шабакаҳои компютерӣ;

– қобилияти хуби корӣ ва малакаи хуби муошират;

– донистани забонҳои тоҷикӣ ва русӣ (донистани забонҳои хориҷӣ дар сатҳи техникӣ, аз ҷумла забони англисӣ).

Донистани низоми имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ бартарӣ дониста мешавад.

5. Посбони бахши минтақавии Марказ дар шаҳри Хуҷанд

Шумораи ҷойҳо: 1

Реҷаи корӣ:

– дар рӯзҳои корӣ аз соати 17:00 то 08:00;

– дар рӯзҳои истироҳат аз соати 08:00 то 08:00-и рӯзи дигар.

Талаботи тахассусӣ:

Посбони бахши минтақавии Марказ дар шаҳри Хуҷанд барои муҳофизати кормандон, бино ва таҷҳизот дар дохили бахши минтақавӣ, танзиму риояи тартибот дар дохили муассиса, назорати риояи қоидаҳои зиддисӯхтор ва санитарӣ, бақайдгирии шаҳрвандони ба Марказ муроҷиаткунанда ва амнияти бахши минтақавӣ масъул буда, бояд ба талаботи тахассусии зерин ҷавобгӯй бошад:

– маълумоти миёна ва ё миёнаи махсус;

– собиқаи корӣ дар соҳаи бехатарӣ (ба шахсони синнашон то 50-сола афзалият дода мешавад);

– малакаи хуби муошират;

– малакаи кори хаттӣ.

Хоҳишмандон дар озмун тибқи тартиби муқарраргардида қабул карда мешаванд. Хоҳишмандон барои иштирок дар озмун бояд ҳуҷҷатҳояшонро (ариза, нусхаи шиноснома, дафтарчаи меҳнатӣ, маълумотнома оид ба доғи судӣ (ИЦ) ва резюме бо забони тоҷикӣ) ба Марказ бо нишонии зерин пешниҳод намоянд:

Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон:

734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ, 192

Телефон: (+992 37) 224 53 67, 224 53 68

Факс: (+992 37)  224 53 66

Нишонии электронӣ: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.

Шахси мутасаддӣ: Г. Давлатова

Муҳлати ниҳоии пешниҳоди ҳуҷҷатҳо: 17-уми октябри соли 2016, то соати 16:00

Источник

Дар иҷлосияи ғайринавбатии МН қарор аст сохтор ва ҳайати кории Палатаи ҳисоб мушаххас ва тасдиқ шавад.

/images/stories/2012/08/15_majlisi-milli-150812.jpgДар бораи ташкили ин ниҳоди нав дар сохтори идории Тоҷикистон пештар фармони раиси ҷумҳурии ин кишвар содир шуда ва Маҷлиси намояндагон низ Қонуни танзими фаъолияти ин ниҳодро дар соли гузашта қабул карда буд. Аммо коршиносон ва таҳлилгарон мегӯянд, ки салоҳият ва вазифаҳои ин ниҳод такрори салоҳият ва вазифаҳои Оҷонси назорати давлати молиявӣ ва мубориза бо фасоди Тоҷикистон аст ва имкон дорад Оҷонси мубориза бо фасод аз байн биравад.

Читайте также:  Прививка от кори цена взрослым москва

Палатаи ҳисоб як ниҳоди нав дар ҳукумати Тоҷикистон хоҳад гашт, ки роҷеъ ба ташкил ва ба фаъолият шурӯъ кардани он аз як сол ба ин сӯ дар маҳофил ва расонаҳои кишвар сӯҳбатҳо идома дошт. Зеро гуфта мешуд, ки ин ниҳод ҷойгузини Оҷонси  мубориза бо фасоди Тоҷикистон хоҳад шуд ва бо оғози кори он Оҷонси мубориза бо фасод аз байн бурда мешавад.

​​Аммо Фаттоҳ Сайидов, раиси Оҷонси мубориза бо фасоди Тоҷикистон дар сӯҳбат бо радиои «Озодӣ» ин хабарҳоро бепоя хонд. Ҷаноби Сайидов гуфт, ки Палатаи ҳисоби Тоҷикистон танҳо тарзи ташкил ва харҷи буҷаи давлатиро бозрасӣ ва таҳлил хоҳад кард, дар ҳоле ки доманаи фаъолияти Оҷонсӣ васеътар  аз ин чаҳорчӯба аст: «Дар мо ягон навигарӣ намешавад. Мо бо ҳамин тарзе ки ҳоло фаъолият дорем ва бо ҳамин воҳидҳои корӣ корро идома медиҳем»

Палатаи ҳисоб дар ҳоле ба фаъолият мепардозад, ки дар Тоҷикистон бо дастури раиси ҷумҳурӣ раванди ихтисори 15-дарсадии кормандони сохторҳои давлатӣ идома дорад. Ин ҳам дар ҳолест, ки таҳлилгарон ташкили Палатаи ҳисобро як иқдоми нозарур мешуморанд чун салоҳият ва вазифаҳои онро Оҷонси мубориза бо фасоди Тоҷикистон  иҷро мекунад.

Ойниҳол Бобоназарова, таҳлилгари тоҷик мегӯяд дар ҳолате, ки ин ду ниҳод ҳамзамон як вазифа шаффофият ва дурусти харҷи бюҷет ва фаъолиятҳои молиявии муассисаҳои давлатиро назорат ва тафтиш мекунанд, зарурати яке аз онҳо боқӣ намемонад. Хонум Бобоназарова афзуд тақлид ба кишварҳои дигаре, ки зарфиятҳои бештари иқтисодӣ  доранд барои Тоҷикистон комилан номумкин аст:

“Коре, ки инҳо мекунанд, додситонӣ ҳам мекунад. Вақте мегӯянд, маблағҳои буҷетиро бояд назорат кунад, пеш аз ҳама додситонӣ вуҷуд дорад ва ин кори ин мақомот аст. Ин боз як органест, ки ман намедонам, бо чӣ кор машғул мешавад. Агентии мубориза бо коррупсия ва додситонӣ ин корро мекунанд. Ҳатто онҳо якдигарро такрор мекунанд. Сохторҳо ҳар қадар кам бошанду сифати корашон хуб бошад, беҳтар аст, яъне як корманд бояд тариқи озмун гирифта шавад, ҷавобгарӣ ҳис кунад, ҳирфаӣ бошад, дар кори ӯ шаффофият бояд бошад».

Бо ин ҳол Муҳаммадалӣ Ватанов, Раиси Кумитаи қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон дар Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон гуфт, дафъатан бо ташкили Палатаи ҳисоб  аз салоҳиятҳои Оҷонси мубориза бо фасод ба манфиати он коҳиш дода намешавад, вале дар ояндаи наздик ин тағйир сурат хоҳад гирифт:

«Баъзе аз салоҳиятҳои он бо салоҳиятҳои Оҷонсии мубориза бо фасод  дар ҳақиқат мувофиқ меояд. Лекин ҳоло ба салоҳиятҳои Оҷонсӣ тағйирот ворид намешавад. ​​Лекин бо боварӣ гуфтан мумкин аст, ки вақте он ба фаъолият мепардозад ва дар ҷараёни он худро нишон дода метавонад, баъзе аз тағйирот дар салоҳиятҳо ворид карда мешавад».

Зимнан Раис, муовини раис ва панҷ аудити Палатаи ҳисоби Тоҷикистон аз сӯи  раиси ҷумҳур пешниҳод ва аз ҷониби парлумон ба мансаби худ таъйин мешаванд. Раиси ҷумҳури Тоҷикистон музди кори моҳонаи кормандони Палатаи ҳисобро таъйин мекунад.

Раис, муовини раис ва ҳафт аудитори Палатаи ҳисоб аз дахлнопазирӣ бархӯрдор хоҳанд буд. Як нафар бар асоси қонун бештар аз ду навбат ҳуқуқи узвияти Палатаи ҳисобро нахоҳад дошт. Раиси палатаи ҳисоб касе хоҳад шуд, ки бештар аз 35 сол ва таҳсилоти ҳуқуқӣ ё иқтисодӣ дошта бошад ва забони давлатиро бидонад. Панҷ аудитори ин ниҳоди молӣ низ бояд ҳамин мушаххасотро доро бошанд.

Як манбаи наздик ба парлумони Тоҷикистон гуфт, ки номзадии раис ва муовини ӯ дар Палатаи ҳисоб барои баррасӣ ва таъйид пешниҳод шудааст. Аммо номи онҳо танҳо дар рӯзи иҷлосия эълон мешавад. Бархе аз манбаъҳо тахмин задаанд, ки раиси Оҷонси хариди давлатии амвол Дилмурод Давлатов, раиси Палатаи ҳисоби Тоҷикистон таъйин хоҳад шуд.

Абдуқаюми Қаюмзод, «Озодӣ»

Источник

Дар иҷлосияи ғайринавбатии МН қарор аст сохтор ва ҳайати кории Палатаи ҳисоб мушаххас ва тасдиқ шавад.

Дар бораи ташкили ин ниҳоди нав дар сохтори идории Тоҷикистон пештар фармони раиси ҷумҳурии ин кишвар содир шуда ва Маҷлиси намояндагон низ Қонуни танзими фаъолияти ин ниҳодро дар соли гузашта қабул карда буд. Аммо коршиносон ва таҳлилгарон мегӯянд, ки салоҳият ва вазифаҳои ин ниҳод такрори салоҳият ва вазифаҳои Оҷонси назорати давлати молиявӣ ва мубориза бо фасоди Тоҷикистон аст ва имкон дорад Оҷонси мубориза бо фасод аз байн биравад.

Читайте также:  Ребенок до года и вспышка кори

Палатаи ҳисоб як ниҳоди нав дар ҳукумати Тоҷикистон хоҳад гашт, ки роҷеъ ба ташкил ва ба фаъолият шурӯъ кардани он аз як сол ба ин сӯ дар маҳофил ва расонаҳои кишвар сӯҳбатҳо идома дошт. Зеро гуфта мешуд, ки ин ниҳод ҷойгузини Оҷонси мубориза бо фасоди Тоҷикистон хоҳад шуд ва бо оғози кори он Оҷонси мубориза бо фасод аз байн бурда мешавад.

Фаттоҳ Саидов

Аммо Фаттоҳ Сайидов, раиси Оҷонси мубориза бо фасоди Тоҷикистон дар сӯҳбат бо радиои «Озодӣ» ин хабарҳоро бепоя хонд. Ҷаноби Сайидов гуфт, ки Палатаи ҳисоби Тоҷикистон танҳо тарзи ташкил ва харҷи буҷаи давлатиро бозрасӣ ва таҳлил хоҳад кард, дар ҳоле ки доманаи фаъолияти Оҷонсӣ васеътар аз ин чаҳорчӯба аст: «Дар мо ягон навигарӣ намешавад. Мо бо ҳамин тарзе ки ҳоло фаъолият дорем ва бо ҳамин воҳидҳои корӣ корро идома медиҳем»

Палатаи ҳисоб дар ҳоле ба фаъолият мепардозад, ки дар Тоҷикистон бо дастури раиси ҷумҳурӣ раванди ихтисори 15-дарсадии кормандони сохторҳои давлатӣ идома дорад. Ин ҳам дар ҳолест, ки таҳлилгарон ташкили Палатаи ҳисобро як иқдоми нозарур мешуморанд чун салоҳият ва вазифаҳои онро Оҷонси мубориза бо фасоди Тоҷикистон иҷро мекунад.

Ойниҳол Бобоназарова, таҳлилгари тоҷик мегӯяд дар ҳолате, ки ин ду ниҳод ҳамзамон як вазифа шаффофият ва дурусти харҷи бюҷет ва фаъолиятҳои молиявии муассисаҳои давлатиро назорат ва тафтиш мекунанд, зарурати яке аз онҳо боқӣ намемонад. Хонум Бобоназарова афзуд тақлид ба кишварҳои дигаре, ки зарфиятҳои бештари иқтисодӣ доранд барои Тоҷикистон комилан номумкин аст:

“Коре, ки инҳо мекунанд, додситонӣ ҳам мекунад. Вақте мегӯянд, маблағҳои буҷетиро бояд назорат кунад, пеш аз ҳама додситонӣ вуҷуд дорад ва ин кори ин мақомот аст. Ин боз як органест, ки ман намедонам, бо чӣ кор машғул мешавад. Агентии мубориза бо коррупсия ва додситонӣ ин корро мекунанд. Ҳатто онҳо якдигарро такрор мекунанд. Сохторҳо ҳар қадар кам бошанду сифати корашон хуб бошад, беҳтар аст, яъне як корманд бояд тариқи озмун гирифта шавад, ҷавобгарӣ ҳис кунад, ҳирфаӣ бошад, дар кори ӯ шаффофият бояд бошад».

Бо ин ҳол Муҳаммадалӣ Ватанов, Раиси Кумитаи қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон дар Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон гуфт, дафъатан бо ташкили Палатаи ҳисоб аз салоҳиятҳои Оҷонси мубориза бо фасод ба манфиати он коҳиш дода намешавад, вале дар ояндаи наздик ин тағйир сурат хоҳад гирифт:

«Баъзе аз салоҳиятҳои он бо салоҳиятҳои Оҷонсии мубориза бо фасод дар ҳақиқат мувофиқ меояд. Лекин ҳоло ба салоҳиятҳои Оҷонсӣ тағйирот ворид намешавад.

Маҳмадалӣ Ватанов

Лекин бо боварӣ гуфтан мумкин аст, ки вақте он ба фаъолият мепардозад ва дар ҷараёни он худро нишон дода метавонад, баъзе аз тағйирот дар салоҳиятҳо ворид карда мешавад».